Сделай Сам Свою Работу на 5

Пас, Худо ба азоби бузургтар азобаш мекунад.





25.Албатта, бозгашташон ба сӯи Мост.

26.Сипас, албатта, ҳисобашон бо Мост.

Сураи ФАҶР1

(сапедаи субҳ)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Савганд ба сапедаи субҳ

2.ва савганд ба шабҳои даҳгона (яъне, ашараи зулҳиҷҷа ё даҳҳаи охири моҳи Рамазон)

3.ва савганд ба ҷуфту тоқ

4.ва савганд ба шаб, чун рӯй ба рафтан ниҳад.

5.Оё дар ин зикркардашудаҳо хирадмандро савгандҳои кофист?

6.Оё надидаӣ, ки Парвардигори ту бо қавми Од чӣ кард?

7.Бо Ирам2, ки сутунҳо дошт?

8.Ва монанди он дар ҳеҷ шаҳре офарида нашуда буд.

9.Ва қавми самуд, ки дар он водӣ сангро мебуриданд.

10.Ва қавми Фиръавн, он дорандаи мехҳо, (мурод, аҳромҳову қасрҳо ё чаҳормех кардани мӯъминони мазлум аст)

11.онҳо дар шаҳрҳо аз ҳад таҷовуз карданд

12.ва дар онҳо фасод афзуданд.

Ва Парвардигори ту тозиёнаи азобро бар сарашон фуруд овард.

14.ҳаройна, Парвардигорат ба камингоҳ аст.

15.Аммо одамӣ, чун Парвардигораш биёзмояд ва гиромиаш дорад ва неъматаш диҳад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро гиромӣ дошт».



16.Ва чун биёзмоядаш ва ризқ бар ӯ танг гирад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро хор сохт».

17.На чунин аст (ки мепиндоред). Шумо ятимро гиромӣ намедоред

18.ва якдигарро ба таъом додани мискин тарғиб намекунед

19.ва меросро ҳарисона мехӯред

20.ва молро фаровон дӯст доред.

На чунин аст (ки мепиндоред), чун замин шикофта шавад шикофташудане

22.ва Парвардигори ту биёяд ва фариштагон саф дар саф ҳозир оянд

23.ва дар он рӯз ҷаҳаннамро ҳозир оранд, одамӣ панд гирад. Ва чи ҷои панд гирифтан бошад?

24.(Дар ҳолати ҳасрат ва пушаймонӣ) Мегӯяд: «Эй кош, ки барои ҳаёти ҷовидонаи хеш пешопеш чизе мефиристодам».

25.Дар он рӯз (ки чунин аҳвол ва авзоъ рух медиҳад) касе чун азоби Худо азоб накунад

26.ва монанди занҷири Худованд ба занҷир накашад (ва ҷазои халоиқи муҷрим (гунаҳкор) чунин аст ва аммо нафси пок мавриди истиқбол қарор гирифта ва ба он гуфта мешавад).

27.Эй рӯҳи оромишёфта (имрӯз ҳеҷ гуна ҳаросе надорӣ),

28.хушнуду писандида ба сӯи (ризо ва биҳишти) Парвардигорат бозгард (ва аз он чӣ ба ту ато кардааст хушнӯд ва розӣ бош)



29.ва дар зумраи бандагони (солеҳи) Ман дохил шав

30.ва ба биҳишти Ман (яъне, қароргоҳи родмардони солеҳ) дарой.

Сураи БАЛАД1

(шаҳр)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Қасам ба ин шаҳр (Макка)!

2.Ва ту дар ин шаҳр ҳалол хоҳӣ шуд2.

3.Ва қасам ба падару фарзандони ӯ, (Одам ва насли ӯ )

4.ки одамиро дар ранҷу меҳнат биёфаридаем.

5.Оё мепиндорад, ки кас бар ӯ қодир нагардад?

6.Мегӯянд: «Моле фаровонро харҷ кардам!»

7.Оё мепиндорад, ки касе ӯро надидааст?

8.Оё барои ӯ ду чашм наёфаридаем?

Ва як забону ду лаб?

10.Ва ду роҳ (хайру шар) ба ӯ далолат накардем?

11.Ва ӯ дар он гузаргоҳи сахт қадам наниҳод.

12.Ва ту чӣ медонӣ, ки гузаргоҳи сахт чист?

Озод кардани банда аст,

14.ё таъом додан дар рӯзи қаҳтӣ,

Хоса ба ятиме, ки хешованд бошад,

16.ё ба мискине хокнишин ( мӯҳтоҷ).

Баъд аз он касоне бошанд, ки имон овардаанд ва якдигарро ба сабр супориш карданду ба бахшоиш.

18.Ин ҷамоъат, эшонанд некбахтон.

19.Ва касоне, ки ба оёти Мо кофиранд, аз аҳли шақоватанд (бадбахтанд).

20.Насиби онҳост оташе, ки аз ҳар сӯ сараш пӯшида аст.

Сураи ШАМС1

(офтоб)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Савганд ба офтоб (ки манбаи нур аст) ва савганд ба партави он (ки сарчашмаи ҳаёт аст) ба ҳангоми чошт

2.ва савганд ба моҳ, чун аз паи он барояд

3.ва савганд ба рӯз, чун дунёро равшан кунад

4.ва савганд ба шаб, чун фурӯ пӯшадаш



Ва савганд ба осмону он ки онро бино карда

Ва савганд ба замину он ки онро бигустурда

7.ва савганд ба нафсу он ки некӯяш биёфарида,

8.сипас бадиҳову парҳезгориҳояшро ба ӯ илҳом карда,

9.ба таҳқиқ, ҳар кӣ дар покии нафс кӯшид, наҷот ёфт

10.ва ба таҳқиқ, ҳар кӣ дар палидиаш фурӯ пӯшид, зиён кард.

11.Қавми Самуд аз рӯи саркашӣ дурӯғ шумориданд.

12.Он гоҳ ки бадбахттаринашон бархост.

13.Паёмбари Худо ба онҳо гуфт, ки модашутури Худоро ва навбати оби ӯро бигузоред!

14.дурӯғгӯяш шумориданд ва шутурро куштанд. Пас, Парвардигорашон ба сабаби гуноҳашон бар сарашон азоб овард ва бо хок яксонашон сохт.

15. Ва Худо аз саранҷоми он бимнок нест.

Сураи ЛАЙЛ1

(шаб)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Савганд ба шаб, он гоҳ ки ҷаҳонро дар худ фурӯ пӯшад

2.ва савганд ба рӯз, он гоҳ ки ошкор шавад

Ва савганд ба он зоте, ки нару модаро биёфарид.

4.ки ҳаройна, ҳосили кӯшишҳои шумо гуногун аст.

5.Аммо касе, ки бахшоишу парҳезгорӣ кард

6.ва он беҳтаринро тасдиқ кард (калимаи тайибаро),

7.пас, барои биҳишт омодааш мекунем.

8.Аммо он кас кӣ бухлу бениёзӣ кард

9.ва он беҳтаринро такзиб кард (дурӯғ шумурд),

10.ӯро барои дӯзах омода месозем.

11.Ва ҳаройна, чун ҳалокаташ даррасад, дороияш ба ҳолаш суд набахшад.

12.Ва ҳаройна, он чӣ, бар Мост, роҳнамоист.

13.Ва он чӣ аз Мост он ҷаҳону ин ҷаҳон аст.

Пас, шуморо аз оташе, ки забона мезанад, метарсонам,

15.ҷуз бадбахттарин (инсонҳо) ба он дар наяфтанд,

16.он ки дурӯғ шуморид ва рӯй гардонид.

17.Ва парҳезгортарин мардумро аз он (дӯзах) дур доранд,

18.он ки моли хеш мебахшояд ва покӣ меҷӯяд.

19.Ва ҳеҷ касро бар ӯ ҳаққе набошад, ки инак, подош хоҳад,

20.магар ҷустани хушнудии Парвардигори волои хеш.

21.Ва ҳаройна, ба зудӣ хушнуд шавад.

Сураи ЗУҲО1

(оғози рӯз)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Савганд ба вақти чошт,

2.ва савганд ба шаб, чун бипӯшад (бо торикии худ аторфро),

3. ки Парвардигорат туро тарк накарда ва душман ҳам нагирифтааст.

4.албатта, охират барои ту беҳтар аз дунёст.

5.Ва ҳаройна, ба зудӣ Парвардигорат туро ато хоҳад дод, то хушнуд шавӣ.

6.Оё туро ятим наёфт ва паноҳат дод?

7.Оё туро гумгашта наёфт ва ҳидоятат кард?

Оё туро дарвеш наёфт ва тавонгарат гардонид?

Пас, ятимро маёзор

Ва гадоро марон

11. ва неъматҳои Парвардигоратро бозгӯ намо.

Сураи ИНШИРОҲ1

(кушудан)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

Оё синаатро накушудем?

Ва бори гаронатро аз пуштат бар надоштем?

3.Боре, ки бар пушти ту вазнинӣ мекард?

Оё туро баландовоза насохтем?

5.Пас, ҳаройна, аз паи душворӣ осонист!

6.Албатта, аз паи душворӣ осонист.

7.Чун аз кор фориғ шавӣ, ба ибодат кӯш

8. ва ба Парвардигорат рағбат намо (рӯй биёр).

1.Номи ин сура аз ояти нахустини он гирифта шуда, дар Макка нозил шудааст ва ҳашт оят дорад.

Сураи ТИН1

(анҷир)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1. Савганд ба анҷиру зайтун2

Савганд ба Тури муборак3,

3. савганд ба ин шаҳри эмин4,

4. ки ба таҳқиқ, Мо одамиро дар некӯтарин сурате биёфаридем.

5. Он гоҳ ӯро фурӯтар аз ҳамаи фурӯтарон гардонидем,

6. ғайри онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ки подоши бепоён доранд.

7. Пас, чист, ки бо ин ҳол туро ба дурӯғ шуморидани қиёмат вомедоранд?

Оё Худо довартарини доварон нест?

Сураи АЛАҚ1

(хунлахта)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Бихон ба номи Парвардигорат, ки (ҳамаи ҷаҳонро) биёфарид,

Одамиро аз лахтаи хуне биёфарид.

3.Бихон! Ва Парвардигори ту арҷмандтарин аст.

4.Худое, ки ба воситаи қалам омӯзиш дод,

5.Ба одамӣ он чиро, ки намедонист, биёмӯхт.

6.На чунин аст (ки мепиндоред), ҳаққо, ки одамӣ нофармонӣ мекунад,

7.ҳар гоҳ ки хештанро тавонгар бинад.

8.ҳаройна, бозгашт ба сӯи Парвардигори туст.

9.Оё дидаӣ он касро, ки манъ мекунад,

Бандаеро ки намоз мехонад?

11.Чӣ мебинӣ, агар он мард бар тариқи ҳидоят бошад?

12.Ё ба парҳезгорӣ фармон диҳад?

13.Чӣ мебинӣ, агар дурӯғ шуморад ва рӯй гардонад?

Оё надонистааст, ки Худо мебинад?

15.На чунин аст (ки мепиндоред), ҳаққо, ки агар боз наистад, аз мӯйи пешониаш мегирему мекашем,

16.мӯйи пешонии дурӯғгӯи хатокорро.

17.Пас, ҳамдамони худро даъват кунад.

18.Мо низ коргузорони дӯзахро даъват мекунем!

19.На, ҳаргиз, аз ӯ пайравӣ макун ва саҷда куну ба Худо наздик шав!

Сураи ҚАДР1

(тақдир)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Мо дар шаби қадр2нозилаш кардем! (Қуръонро)

2.Ва ту чӣ донӣ, ки шаби қадр чист?

3.Шаби қадр (шабест, ки) беҳтар аз ҳазор моҳ аст3.

4.Дар он шаб фариштагону рӯҳ4ба фармони Парвардигорашон барои анҷом додани корҳо нозил мешаванд.

5.Он шаб то тулӯи бомдод ҳама салому эминӣ аст!

Сураи БАЙЙИНА1

(бурҳони равшан)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Кофирони аҳли китоб ва мушрикон даст барнадоранд (аз куфри худ), то барояшон ҳуҷҷате равшан биёяд-

2.паёмбаре аз ҷониби Худо, ки саҳифаҳои покро мехонад,

3.дар онҳо навиштаҳоест росту дуруст.

4.Ва аҳли китоб пароканда нашуданд, магар аз он пас, ки барояшон бурҳоне равшан омад.

5.Ва ононро фақат ин фармон доданд, ки Худоро бипарастанд, дар ҳоле ки дар дини ӯ ихлос меварзанд. Ва намоз гузоранду закот диҳанд. Ин аст дини дурусту рост!

6. Ҳаройна, аз аҳли китоб онҳо, ки кофиранд ва низ мушрикон дар оташи ҷаҳаннаманд ва дар он ҳамеша хоҳанд буд. Инҳо бадтарини офаридагонанд.

7.Ҳаройна, касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд, беҳтарини офаридагонанд.

8.Подошашон дар назди Парвардигорашон биҳиштҳоест ҷовид, ки дар он наҳрҳо ҷорист. То абад дар он ҷоянд. Худо аз онҳо хушнуд аст ва онҳо аз Худо хушнуданд. Ва ин хоси касест, ки аз Парвардигораш битарсад.

Сураи ЗИЛЗоЛ1

(ларзиш)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Он гоҳ замин ларзонда шавад ба сахтарин ларзаҳояш

2.ва замин борҳои вазнинашро берун резад

3.ва одамӣ бигӯяд, ки заминро чӣ расидааст?

4.Дар ин рӯз замин хабарҳои хешро ҳикоят мекунад,

5.аз он чӣ Парвардигорат ба ӯ ваҳй кардааст.

6.Дар он рӯз мардум пароканда аз қабрҳо берун меоянд, то аъмолашонро ба онҳо (Худо) бинамоёнад.

7.Пас, ҳар кас ба вазни заррае некӣ карда бошад, онро мебинад

8.Ва ҳар кас ба вазни заррае бадӣ карда бошад, онро мебинад.

Сураи ОДИЁТ1

(аспони даванда)

Ба номи Худои бахшандаи меҳрубон!

 








Не нашли, что искали? Воспользуйтесь поиском по сайту:



©2015 - 2024 stydopedia.ru Все материалы защищены законодательством РФ.