Сделай Сам Свою Работу на 5

Ва савганд ба шаб, чун торик шавад





18.ва савганд ба субҳ, чун бидамад

19.ки ин сухани расуле бузургвор ( Ҷабраил (а)) аст,

20.нерӯманд, дар назди Худованди арши соҳибмаконат,

21.он ҷо (ки малакути аъло ва олами фариштагон аст) фармонравои амин аст.

22.Ва ҳамсӯҳбати шумо3девона нест.

23.Албатта, ӯро ( Ҷабраилро) дар уфуқи равшан дидааст.

24.Ва он чиро аз ғайб ба ӯ гӯянд, дареғ намедорад.

25.Ва он сухан сухани шайтони раҷим нест.

26.Пас, ба куҷо меравед?

27.Ин китоб пандест барои ҷаҳониён,

28.барои ҳар кас аз шумоён, ки бихоҳад ба роҳи рост афтад.

29.Ва ҳол он ки наметавонед, бихоҳед, ҷуз чизҳеро, ки Парвардигори ҷаҳониён хоста бошад.

Сураи ИНФИТОР1

(шикофтан)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Он гоҳ ки осмон шикофта шавад

2.ва он гоҳ ки ситорагон пароканда шаванд

3.ва он гоҳ ки баҳрҳо ба ҳам бипайванданд

4. ва он гоҳ ки қабрҳо зеру забар (шикофта) гарданд,

5. ҳар кас медонад, чӣ чиз пешопеш фиристода ва чӣ чиз бар ҷой гузоштааст.

6.Эй одамӣ, чӣ чиз туро ба Парвардигори каримат мағрур кардааст?

7.Он кӣ туро биёфарид ва аъзоят дуруст кард ва туро мӯътадилқомат кард.



8.Ба ҳар сурате, ки хост, аъзои туро ба ҳам андохт (таркиб дод).

9.На чунин аст, (ки мепиндоред) ва шумо рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобед.

10.Ҳол он ки бар шумо муҳофизоне (фариштагоне) вобаста шудаанд:

Котибоне2бузургвор

12. медонанд, ки шумо чӣ мекунед.

13.Албатта, некӯкорон дар неъматанд

14. ва гунаҳкорон дар ҷаҳаннам!

15. Дар рӯзи шумор (қиёмат) ба ҷаҳаннам дароянд

16. ва аз он ғойиб нашаванд.

17. Ту чӣ донӣ, ки рӯзи шумор чист?

18. Боз ҳам ту чӣ донӣ, ки рӯзи шумор чист?

19. Рӯзест, ки касе барои каси дигар ҳеҷ коре натавонад кард ва дар он рӯз фармон фармони Худо бошад.

Сураи МУТАФФИФИН1

(камфурӯшон)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Вой бар камфурӯшон,

2.онон, ки чун аз мардум кайл (паймона) меситонанд, онро ба пуррагӣ мегиранд

Ва чун барои мардум (паймона) мепаймоянд ё бармекашанд, аз он кам мекунанд

4.Оё инҳо намедонанд, ки ҳаройна, онҳо зинда мешаванд



5.дар он рӯзи бузург?

6.Рӯзе, ки мардум дар пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён меистанд.

7. На чунин аст (ки мепиндоранд), ҳаройна, аъмоли бадкорон навишташуда дар сиҷҷин аст.

8.Ту чӣ медонӣ, ки сиҷҷин чист?

9.Китобест навишта!

10.Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон (дурӯғшуморандагон),

11.онон, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобанд!

12.Ва он рӯзро фақат аз ҳад гузарандаи гунаҳкор дурӯғ меҳисобад.

13.Чун оёти Мо бар ӯ хонда шуд, гуфт: «Афсонаҳои пешиниён аст!»

14.На чунин аст (ки мепиндоранд), балки ба сабаби корҳое, ки карда буданд, дилҳояшон занг бастааст.

15.На чунин аст (ки мепиндоранд), ҳаройна, онҳо дар он рӯз аз (дидори) Парвардигорашон маҳҷуб (маҳрум) бошанд.

16.Пас, онҳо ба ҷаҳаннам дароянд.

17.Ва онҳоро гӯянд: « Ин аст он чӣ дурӯғаш мешумурдед!»

18.На чунин аст(ки мепиндоранд), ҳаройна, аъмоли некон дар иллийин мактуб аст.

19.Ва ту чӣ медонӣ, ки иллийин чист?

20.Китобест навишташуда!

21.Ки муқаррабони Худо онро мушоҳида мекунанд.

Албатта, некон дар неъматанд,

23.бар тахтҳо нишаста ва наззора мекунанд.

24.Бар чеҳраашон таровати неъматро мешиносӣ.

25.Аз шаробе холис, ки бар сари он мӯҳр ниҳодаанд, сероб мешаванд.

26.Мӯҳри он аз мушк аст ва пешдастикунандагон дар он бар якдигар пешдастӣ мекунанд.

Омезаи он тасним аст,

28.чашмаест, ки муқаррабони (наздикони) даргоҳи Худо аз он меошоманд.

29.Ҳаройна, гунаҳкорон бар мӯъминон (дар дунё) механдиданд.

30.Ва чун бар онҳо мегузаштанд, бо чашму абрӯ ишора (масхара) мекарданд



31.ва чун назди касонашон (аҳлашон) бозмегаштанд, шодмона бозмегаштанд.

32.Ва чун ононро медиданд, мегуфтанд, ки инҳо, ҳаройна, гумроҳонанд.

33.Ва ҳол он ки ононро ба нигаҳбониву муҳофизати аъмоли мӯъминон нафиристода буданд.

34.Ва имрӯз мӯъминон ба кофирон механданд,

35.бар тахтҳо такя задаанд ва менигаранд.

36.Оё кофирон баробари аъмолашон ҷазо ёфтаанд?

Сураи ИНШИҚОҚ1

(шикофта шудан)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

Чун осмон шикофта шавад

2.ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад

3.ва чун замин мунбасит (кашида ва паҳн) шавад

4.ва ҳар чиро, ки дар дарун дорад, берун афканад ва холӣ гардад

5. ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад.

6.Эй инсон, ҳаройна, ту дар роҳи Парвардигорат ранҷи фаровон мекашӣ, пас мукофоти онро хоҳӣ дид.

7.Ҳар кас, ки номаашро ба дасти росташ диҳанд.

8. Пас, ба зудӣ осон аз ӯ ҳисоб гиранд

9.ва шодмон назди касонаш (аҳлаш) бозгардад.

10.Аммо ҳар кас, ки номааш аз пушти сар дода шавад,

11.ба зудӣ, ки бигӯяд: «Вой бар ман, ки ҳалок шудаам».

12. Ва ба оташи афрӯхта дарояд.

13.Ҳаройна, ӯ дар дунё назди касонаш шодмон зиста буд.

14.Ва мепиндоштааст, ки ҳаргиз бознахоҳад гашт.

15.Оре, ҳаройна, Парвардигораш ӯро медидааст.

16.Пас, ба шафақ савганд мехӯрам

17.ва савганд ба шаб ва ҳар чиро фурӯ пӯшад

18.ва савганд ба моҳ, чун фурӯғаш (нураш) комил шавад,

19.ки ба ҳоле баъд аз ҳоли дигар хоҳем расид.

20.Чӣ шудааст онҳоро, ки имон намеоваранд?

21.Ва чун Қуръон бар онҳо хонда шавад, саҷда намекунанд?2

22.Балки кофирон такзиб мекунанд (дурӯғ мешуморанд).

23.Ва Худо барон чӣ дар дил доранд, огоҳ аст.

24.Пас, ононро ба азобе дардовар мужда деҳ,

25.ғайри онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ки мукофоташонро поёне нест.

Сураи БУРУҶ1

(бурҷҳо)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Қасам ба осмон, ки дорандаи бурҷҳост

2.ва қасам ба рӯзи мавъуд2

3.ва қасам ба шаҳодатдиҳанда ва он чӣ ба он шаҳодат диҳанд,

4.ки асҳоби ухдуд3ба ҳалокат расиданд.

5.Оташе афрӯхта аз ҳезумҳо,

6.он гоҳ ки бар канори он оташ нишаста буданд

7.ва бар он чӣ бар сари мӯъминон меоварданд, шоҳид буданд.

8.Ва ҳеҷ айбе дар онҳо наёфтанд, ҷуз он ки ба Худои пирӯзманди лоиқи ситоиш, имон оварда буданд,

9.он Худое, ки фармонравоии осмонҳову замин аз они ӯст ва бар ҳар чизе нозир аст.

10. Албатта, онон, ки мардону занони мӯъминро шиканҷа кардаанд ва тавба накардаанд, азоби ҷаҳаннам ва азоби оташ барои онҳост.

11.Албатта, барои касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, биҳиштҳоест, ки дар он наҳрҳо ҷорист ва он комёбии бузургест!

Албатта, ба азоб гирифтани Парвардигори ту сахт аст.

13.Албатта, ӯст, ки нахуст меофаринад ва пас аз марг зинда месозад.

14.ӯ омурзандаву дӯстдоранда аст.

15.ӯст соҳиби арши бузург.

16.Ҳар чиро ирода кунад, ба анҷом мерасонад.

17.Оё достони лашкарҳоро шунидаӣ?

18.Лашкарҳои Фиръавну қавми Самуд,

19.Балки, онон, ки роҳи куфр пеш гирифтаанд, ҳамчунон дар дурӯғбарорӣ ҳастанд

20.ва Худо аз ҳама сӯ бар онҳо иҳота дорад.

21.Балки, ин Қуръони маҷид аст

22.дар лавҳи маҳфуз!

Сураи ТОРИҚ1

(он чӣ дар шаб ояд)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Савганд ба осмону ба он чӣ дар шаб ояд!

2.Ва ту чӣ донӣ, ки он чӣ дар шаб ояд, чист?

Ситораест дурахшанда.

4.Ҳеҷ кас нест, ки бар ӯ нигаҳбоне набошад.

5.Пас, одамӣ бингарад, ки аз чӣ офарида шудааст.

6.Аз обе ҷаҳанда офарида шудааст,

Ки аз миёни пушту сина берун меояд.

8.ҳаройна, Худо ба бозгардонидани ӯ тавоност,

9.рӯзе, ки розҳо ошкор мешаванд.

10.ӯро на қувватест ва на ёваре.

11.Қасам ба осмони баргардонанда ( мавҷ ва бухори об)

12.Қасам ба замини рӯёни шикофхӯрда,

13.ки ҳаройна, ин китоб ҳақро аз ботил ҷудо кунад

14.ва сухани ҳазл нест!

15.ҳаройна, онон ҳилае меандешанд

16.ва Ман ҳам тадбире меандешам.

17.Пас, кофиронро мӯҳлат деҳ, мӯҳлате андак!

Сураи АЪЛО1

(бартар)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Номи Парвардигори бузурги хешро ба покӣ ёд кун,

Он ки офарид ва дурустандом кард.

3.Ва он ки андоза муъайян кард. Сипас роҳ намуд.

4.Ва он чи чарогоҳҳоро рӯёнид,

5.сипас хушку сиёҳ гардонид.

6.Ба зудӣ барои ту бихонем, мабод, ки фаромӯш кунӣ,

7.магар он чи Худо бихоҳад. ҳаройна, ӯст, ки ошкору ниҳонро медонад.

8.Ва туро ба дини осон тавфиқ диҳем.

9.Агар панд доданат суд кунад, панд деҳ.

10.Он кӣ метарсад, панд мепазирад.

11.Ва бадбахт аз он дурӣ мегирад,

12. он ки ба оташи бузурги ҷаҳаннам дарафтад

13.ва дар он ҷо на бимирад ва на зинда бошад.

Албатта, покон растагор шуданд,

Онон, ки номи Парвардигори худро бар забон оварданд ва намоз гузориданд.

16. Балки, шумо зиндагии ин ҷаҳонро ихтиёр мекунед,

17. ҳол он ки охират беҳтару пояндатар аст.

18. ҳаройна, ин сухан дар саҳифаҳои нахустин аст,

19. саҳифаҳои Иброҳиму Мӯсо!

Сураи ғОШИЯ1

(пӯшида)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Оё достони ғошия2ба ту расидааст?

2.Дар он рӯз ваҳшат дар чеҳраҳо падидор аст,

3. талошкардаву ранҷдида

4.дар оташи сӯзон дарафтанд,

5.аз он чашмаи бисёр гарм обашон диҳанд,

6.таъоме ғайри зареъ3 надоранд,

7.ки на фарбеҳ мекунад ва на дафъи гуруснагӣ.

8.Ва дар он рӯз чеҳраҳое тоза бошанд,

Аз кори хештан хушнуд,

10.дар биҳиште олимақом,

11.ки дар он сухани беҳуда нашнавӣ

12.ва дар он чашмасорҳо равон бошад

13.ва тахтҳое баланд зада

14.ва кӯзаҳое ниҳода

15.ва болишҳое дар канори ҳам чида

16.ва фаршҳое густурда.

17.Оё ба шутур наменигаранд, ки чӣ гуна офарида шудааст?

18.Ва ба осмон, ки чӣ гуна барафрошта шудааст?

19.Ва ба кӯҳҳо, ки чи гуна баланд кашида шудааст?

Ва ба замин, ки чи сон густурда шудааст?

21.Пас, панд деҳ, ҳаройна, ки ту панддиҳандае ҳастӣ.

22.Ту бар онон фармонраво нестӣ.

23.Магар он кас, ки рӯй гардонд ва кофир шуд.

 








Не нашли, что искали? Воспользуйтесь поиском по сайту:



©2015 - 2024 stydopedia.ru Все материалы защищены законодательством РФ.