Сделай Сам Свою Работу на 5

Оё ба азоби мо мешитобанд?





205. Дидӣ, ки ҳарчанд солҳо баҳрамандашон сохтем,

206. боз ҳам азобе, ки ба онҳо ваъда шуда буд, бар сарашон омад.

207. Он баҳрамандиҳо ба ҳолашон суд накард?

208. Мо ҳеҷ аҳли ободӣ ва шаҳреро ҳалок накардем, ҷуз он ки барояшон бимдиҳандагоне буданд,

209. То пандашон диҳанд. Зеро мо ситамкор нестем.

210. Ва ин Қуръонро шайтонҳо нозил накардаанд.

211. Онон на лоиқи ин коранд ва на тавони он доранд.

212. ҳаройна, шайтонҳоро аз шунидани ваҳй дур доштаанд.

213. Пас ба Худои якто худои дигареро махон, то мабодо дар шумори азобшавандагон дароӣ.

Хешовандони наздикатро битарсон.

215. Дар баробари ҳар як аз мӯъминон, ки аз ту пайравӣ мекунад, хоксор бош.

216. Ва агар бар ту нофармонӣ карданд, бигӯ: «ҳаройна, ман аз корҳои шумо безорам!»

217. Ва бар Худои пирӯзманду меҳрубон таваккул кун.

218. Он, ки туро мебинад, он гоҳ бармехезӣ

Ва намоз хонданатро бо дигар намозгузорон мебинад.

220. Албатта, ӯст шунавою доно!

221. Оё шуморо огоҳ кунам, ки шайтонҳо ба назди киҳо меоянд?

222. Бар ҳар дурӯғгӯи гунаҳкор меоянд.



223. Гӯш фаро медиҳанд ва бештаринашон дурӯғгӯёнанд.

224. Ва гумроҳон аз паи шоъирон мераванд.

225. Оё надидаӣ, ки шоъирон дар ҳар водие саргаштаанд?

226. Ва чизҳо мегӯянд, ки худ амал намекунанд?

227. Магар онон, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд ва Худоро фаровон ёд карданд ва чун мавриди ситам воқеъ шуданд, интиқом гирифтанд. Ва ситамкорон ба зудӣ хоҳанд донист, ки ба чӣ маконе бозмегарданд.

Сураи НАМЛ1

(Мӯрча)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.То, син. Ин аст оёти Қуръон ва китоби равшангар.

2.Раҳнамун ва хушхабарест барои мӯъминон:

3.Онон, ки намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва ба рӯзи қиёмат яқин доранд.

4.Аъмоли онҳоеро, ки ба охират имон надоранд, дар назарашон биёростем. Аз ин рӯ, саргашта мондаанд.

5.Онҳо ҳамон касонанд, ки азоби сахт аз они онҳост ва дар охират зиёнкортаранд.

6.Ту касе ҳастӣ, ки Қуръон аз ҷониби Худои ҳакиму доно ба ту нозил мешавад.

7.Мӯсо ба хонаводаи худ гуфт: «Ман аз дур оташе дидам, ба зудӣ, ки аз он бароятон хабаре биёварам ё пораи оташе. Шояд гарм шавед».



8. Чун ба оташ расид, нидояш доданд, ки баракат дода шуда он, ки даруни оташ аст (мурод фариштагон аст) ва он, ки дар канори он аст. Ва пок аст Худои якто, он Парвардигори ҷаҳониён!

9. «Эй Мӯсо, Ман Худои пирӯзманди ҳаким ҳастам.

10. Асоятро бияфкан!» Чун дидаш, ки монанди море меҷунбад, гурезон бозгашт ва ба ақиб нанигарист. «Эй Мӯсо, матарс. ҳаройна, паёмбарон набояд, ки дар назди ман битарсанд,

11. магар касе, ки гуноҳе карда бошад ва пас аз бадкорӣ некӯкор шавад. Пас, ҳаройна, Ман омурзандаву меҳрубонам!

12. Дастатро дар гиребон бибар, то бе ҳеҷ осебе сафед берун ояд. Бо нӯҳ нишона2назди Фиръавн ва қавмаш бирав, ки мардуме исёнгаранд».

13. Чун нишонаҳои равшангари Моро диданд, гуфтанд: « Ин ҷодуе ошкор аст!»

14. Бо он, ки дар дил ба он яқин оварда буданд, вале аз рӯи ситаму бартариҷӯӣ инкораш карданд. Пас бингар, ки оқибати табаҳкорон чӣ гуна бувад!

15. Мо ба Довуду Сулаймон дониш додем. Гуфтанд: «Сипос аз они Худо аст, ки моро бар бисёре аз бандагони мӯъмини худ бартарӣ дод!»

16. Ва Сулаймон вориси Довуд шуд ва гуфт: «Эй мардум, ба мо забони мурғон омӯхтанд ва аз ҳар неъмате арзонӣ доштанд. Ва ин иноятест ошкор!»

17. Сипоҳиёни Сулаймон аз ҷинну одамӣ ва парранда гирд омаданд ва онҳо саф ороста рафтанд,

18. то ба водии мӯрчагон расиданд. Мӯрчае гуфт: « Эй мӯрчагон, ба лонаҳои худ дароед, то Сулаймону лашкариёнаш шуморо бехабар помол накунанд».



19. Сулаймон аз сухани ӯ лабханд заду гуфт: « Эй Парвардигори ман, маро водор, то шукри неъмати туро, ки бар ман ва падару модари ман арзонӣ доштаӣ, ба ҷой оварам ва корҳои шоистае кунам, ки ту хушнуд шавӣ ва маро ба раҳмати худ дар шумори бандагони шоистаат даровар!»

20. Дар миёни мурғон ҷустуҷӯ кард ва гуфт: «Чаро ҳудҳудро3намебинам. Ё аз ғоибшудагон аст?

21. ҳатман, Ба сахттарин тарзе азобаш мекунам ё сарашро мебурам, магар он, ки барои ман далеле равшан биёварад».

22.Дер карданаш ба дарозо накашид. Биёмаду гуфт: «Ба чизе даст ёфтаам, ки ту даст наёфта будӣ ва аз Сабо4бароят хабаре дуруст овардаам.

23. Занеро5ёфтам, ки бар онҳо подшоҳӣ мекунад. Ва аз ҳар неъмате бархурдор аст ва тахте бузург дорад.

24. Дидам, ки худ ва мардумаш ба ҷои Худои якто офтобро саҷда мекунанд. Ва шайтон аъмолашонро дар назарашон биёростааст ва аз роҳи Худо гумроҳашон кардааст, чунонки рӯи ҳидоят нахоҳанд дид.

25. Чаро Худоеро, ки ниҳони осмонҳову заминро ошкор мекунад ва ҳарчиро пинҳон медоред ё ошкор месозед, медонад, саҷда накунанд?

26. Худои якто, ки ҳеҷ худое барҳақ ҷуз ӯ нест. Парвардигори арши азим».

27. Гуфт (Сулаймон): «Акнун бингарем, ки рост гуфтаӣ ё дар шумори дурӯғгӯёнӣ.

28. Ин номаи маро бибар ва бар онҳо афкан, сипас як сӯ шав ва бингар, ки чӣ ҷавоб медиҳанд»,

29. Зан гуфт: «Эй бузургон, номае гиромӣ ба сӯи ман афканда шуд.

30. Нома аз Сулаймон аст ва ин аст: «Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон».

31. «Бар ман бартарӣ маҷӯед ва ба таслим назди ман биёед».

32. Зан гуфт: «Эй бузургон, дар кори ман раъй бидиҳед, ки то шумо ҳозир набошед, ман ҳеҷ кореро ҳал натавонам кард».

33. Гуфтанд: «Мо қудратмандон ва соҳибони набарди сахт ҳастем. Корҳо ба дасти туст. Бингар, ки чӣ фармон медиҳӣ».

34. Зан гуфт: «Подшоҳон чун ба шаҳре дароянд, вайронаш мекунанд ва азизонашро хор месозанд. Оре, чунин кунанд.

35. Ман, ҳатман, ҳадяе наздашон мефиристам ва менигарам, ки қосидон чӣ ҷавоб меоваранд».

36. Чун қосид назди Сулаймон омад, Сулаймон гуфт: «Оё мехоҳед ба мол маро ёрӣ кунед? Он чӣ Худо ба ман дода, аз он чӣ ба шумо дода беҳтар аст. Балки, шумо ба ҳадяи хеш шодмон ҳастед.

37. Акнун ба наздашон бозгард. Сипоҳе ба сарашон мекашем, ки ҳаргиз тоқати онро надошта бошанд. Ва хору зор аз он ҷо берунашон мекунем».

38. Гуфт: « Эй бузургон, кадом аз шумо тахти ӯро пеш аз он, ки ба таслим назди ман ояд, бароям меоваред?»

39. Ифрите аз миёни ҷинҳо гуфт: « Ман қабл аз он, ки аз ҷоят бархезӣ, онро назди ту ҳозир мекунам, ки ман бар ин кор ҳам тавонояму ҳам амин».

40. Ва он кас, ки аз илми китоб баҳрае дошт, гуфт: « Албатта, ман, пеш аз он, ки чашм барҳам занӣ (мижа занӣ), онро назди ту меоварам». Чун онро назди худ дид, гуфт: « Ин бахшиши Парвардигори ман аст, то маро биёзмояд, ки сипосгузорам ё кофири неъмат. Пас ҳар кӣ сипос гӯяд, барои худ гуфтааст ва ҳар кӣ ношукрӣ кунад, ҳаройна, Парвардигори ман бениёзу карим аст».

41. Гуфт: тахташро дигаргун кунед, бубинем онро мешиносад ё аз онҳост, ки бознатавонанд шинохт».

42. Чун омад, гуфтандаш: «Оё тахти ту чунин буд?» Гуфт: «Гӯё ҳамон аст. Ва мо пеш аз ин огоҳ шуда будем ва таслим будаем»

43. Ва ӯро аз ҳар чӣ ба ҷуз Худои якто мепарастид, боздошт. Зеро ӯ дар зумраи кофирон буд.

44. Гуфтанд (ба Билқис): «Ба саҳни қаср дарой!» Чун бидидаш, пиндошт, ҳавзи пур аз об аст. Доман аз соқҳояш баргирифт. Сулаймон гуфт: «Саҳнаест соф аз шиша»6. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ҳаройна, ман ба хештан ситам кардаам ва инак, бо Сулаймон дар баробари Парвардигори ҷаҳониён таслим шудам».

45. Ва ба қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем, ки Худои якторо бипарастед. Ногаҳон ду гурӯҳ шуданд ва бо якдигар ба хусумат бархостанд.

46. Гуфт: «Эй қавми ман, чаро пеш аз некӣ бар бадӣ мешитобед? Чаро аз Худо омурзиш намехоҳед? Шояд бар шумо раҳмат оварад».

47. Гуфтанд: « Мо туро ва ёронатро ба фоли бад гирифтаем». Гуфт: «Ҷазои шумо назди Худост. Инак, мардуме фиребхӯрда ҳастед!»

48. Дар шаҳр нӯҳ марди носолеҳ буданд, ки дар он сарзамин фасод мекарданд, на ислоҳ.

49. Гуфтанд: « Ба Худо савганд хӯред, ки бар ӯ ва касонаш шабохун занем. Ва чун касе бар талаби хунаш бархезад, бигӯем: « Мо ба ҳангоми ҳалокати касони он ҷо набудем ва мо ростгуфторем».

50. Ва ғофил буданд, ки агар онҳо ҳилае андешидаанд, мо низ чорае андешидаем.

51. Бингар, ки оқибати макрашон чӣ шуд: ҳаройна, Мо онҳо ва қавмашонро ба тамомӣ ҳалок кардем.

52. Он хонаҳои онҳост, ки ба ҷазои зулме, ки мекарданд, холӣ (аз сокинонаш) мондааст. ҳаройна, дар он доноёнро ибратест.

53. Онҳоеро, ки имон оварда буданд ва парҳезгор буданд, наҷот додем.

54. Ва Лутро (ба ёд ор). Он гоҳ, ки ба қавми худ гуфт: «Корҳои зишт мекунед, дар ҳоле, ки худ ба зиштии он огоҳед?

55. Чаро аз рӯи шаҳват ба ҷои занон ба мардон мегироед? Шумо мардуме нодон ҳастед!»

56. Ҷавоби қавми ӯ ин буд, ки гуфтанд: « Хонадони Лутро аз шаҳри худ берун кунед. Онон даъвои покӣ мекунанд».

57.ӯ ва касонаш, ҷуз занашро, наҷот додем. Чунон хостем, ки он зан аз бозмондагон бошад.

58. Бороне бар онҳо боронидем ва борони таҳдидшудагон чӣ бад боронест!

59. Бигӯ: « Сипос Аллоҳро ва салом бар бандагони интихоб кардаи ӯ. Оё Аллоҳ беҳтар аст ё он чизҳо, ки шарики ӯ қарор медиҳанд?

60. Ё кист он, ки осмонҳову заминро офарид ва аз осмон бароятон об фиристод ва бо он бӯстонҳое хушманзар рӯёнидем, ки шуморо тавони рӯёнидани дарахте аз он нест. Оё маъбуди дигаре ҳаст бо Худо? На, онҳо мардуме ҳастанд аз ҳақ каҷрав!

61. Ё кист он, ки заминро оромгоҳ сохт ва дар он рӯдҳо падид оварду кӯҳҳо ва миёни ду баҳр монеъае қарор дод. Оё маъбуди дигаре ҳаст бо Худо? На, бештаринашон намедонанд!

62. Ё кист он, ки дармондаро чун бихонадаш, посух медиҳад ва ранҷ аз ӯ дур мекунад ва шуморо дар замин ҷонишини пешиниён месозад. Оё маъбуди дигаре ҳаст бо Худо? Чӣ андак панд мегиред!

63. Ё кист он, ки шуморо дар торикиҳои биёбону дарё роҳ менамояд ва он кӣ пеш аз борони раҳматаш бодҳоро ба мужда мефиристад. Оё маъбуди дигаре ҳаст бо Худо? Аллоҳ бартар аст аз ҳар чӣ шарики ӯ месозанд!

64. Ё кист он, ки махлуқотро меофаринад, сипас онҳоро бозмегардонад ва он, ки аз осмону замин ба шумо рӯзӣ медиҳад. Оё маъбуди дигаре ҳаст бо Худо? Бигӯ: « Агар рост мегӯед: далели хеш биёваред!»

65. Бигӯ: «Ҳеҷ кас дар осмонҳову замин ғайбро намедонад, магар Аллоҳ. Ва низ намедонанд чӣ вақт зинда мешаванд!»

66. Дар боби охират ба яқин расиданд? На, ҳамчунон дар шак ҳастанд, ки мардуме нобиноянд.

67. Кофирон гуфтанд: «Чӣ гуна агар мову падаронамон хок шудем, моро аз қабр берун меоваранд?

68. Ба мо ва падаронамон ҳам пеш аз ин чунин ваъдае дода буданд. Инҳо чизе ҷуз афсонаҳои пешиниён нест»

69. Бигӯ: « Дар замин сайр кунед ва бингаред, ки поёни кори гунаҳгорон чӣ гуна будааст!»

70. Барояшон андӯҳгин мабош ва аз ҳилае, ки меандешиданд, тангдил машав.

71. Мегӯянд: «Агар рост мегӯед, он ваъдаи қиёмат чӣ вақт хоҳад буд?»

72. Бигӯ: «Шояд баъзе аз он чӣ ба шитоб металабед, наздики шумо бошад».

73. Ва Парвардигори ту фазли худро бар мардум арзонӣ медорад, вале бештаринашон шукр намегӯянд!

74. Ва ҳаройна, Парвардигори ту медонад, ки чӣ чизро дар дил ниҳон кардаанд ва чӣ чизро ошкор месозанд!

75. Ва дар осмонҳову замин ҳеҷ розе нест, магар он, ки дар китоби мубин7омадааст

76. ҳаройна, ин Қуръон бисёре аз чизҳоеро, ки бани Исроил дар он ихтилоф доранд, барояшон ҳикоят мекунад

77. Ва барои мӯъминон, албатта, ҳидояту раҳмат аст.

78. Албатта, Парвардигори ту ба раъйи хеш миёнашон ҳукм хоҳад кард, ки ӯ пирӯзманду доност!

79. Пас ба Худо таваккул кун, ки бе шак, ту ҳамроҳ ба ҳақиқате равшан ҳастӣ!

80. ҳаройна, ту наметавонӣ мурдагонро шунаво созӣ ва овози худро ба гӯши кароне, ки аз ту рӯй мегардонанд, бирасонӣ.

81. Ту наметавонӣ кӯронро аз гумроҳияшон роҳ намоӣ. Овози худро танҳо ба гӯши касоне тавонӣ расонд, ки ба оёти Мо имон овардаанд ва мусалмон ҳастанд.

82.Чун фармони (вуқӯъи) қиёмат муқаррар гардад, барояшон ҷунбандае8аз замин берун меоварем, ки бо онон сухан бигӯяд, ки он мардум, ҳаройна, ба оёти Мо яқин намеоваранд.

83. Рӯзе, ки аз ҳар миллате гурӯҳеро аз онон, ки оёти Моро дурӯғ мебароварданд, гирд меоварем ва ононро ба саф биронанд,

84. то чун ба маҳшар бирасанд гӯянд: «Оё шумо оёти Моро дурӯғ мебаровардед ва ҳол он, ки дониши шумо ба он иҳота наёфта буд? Он чӣ коре буд, ки мекардед?»

85. Ба ҷазои ситаме, ки мекарданд, ҳукми азоб бар онҳо муқаррар шавад, бе он ки сухане бигӯянд.

86. Оё намебинанд, ки шабро падид овардем, то дар он биороманд ва рӯзро равшанӣ бахшидем. Албатта, дар ин барои мӯъминон ибратҳост.

87. Рӯзе, ки дар сур дамида шавад ва ҳамаи касоне, ки дар осмонҳову замин ҳастанд, магар он ки Худо бихоҳад, битарсанд ва ҳама хору залил ба сӯи ӯ равон шаванд.

88. Ва кӯҳҳоро бинӣ, пиндорӣ, ки беҷонанд, ҳол он, ки ба суръати абр мераванд. Кори Худованд аст, ки ҳар чизеро ба камол падид овардааст. Албатта, ӯ ба ҳар чӣ мекунед, огоҳ аст.

89. Ҳар кас, ки кори неке кунад (чун имон ба Худо ва ихлос дар тоъат), беҳтар аз онро мукофот гирад (ки ризо ва хушнудии парвардигор аст) ва некӯкорон аз ваҳшати он рӯз (ки қиёмат фаро мерасад ва тарсу хавф мардумро фаро мегирад) дар амон бошанд (ва ғаму андӯҳ ва нигарониҳо аз онҳо дур бошад).

90. Ва ононро, ки корҳои бад мекунанд (чун ширк ва маъсият), сарнагун дар оташ андозанд, оё ҷуз мувофиқи корҳое, ки кардаед ҷазо ёбед?

91. ҳаройна, ба ман фармон шуда, ки танҳо ва танҳо, Парвардигори ин шаҳрро (Маккаро) бипарастам. Шаҳреро, ки Худованде, ки ҳама чиз аз они ӯст, ҳурматаш ниҳода (ва онро ҳарами амн ва амон сохтааст ва дар он куштани инсоне ё зулм ба касе ва ё забҳи ҳайвон ва ҷонвари паноҳанда ба он ё кандани гиёҳу дарахти он ҳаром ҳукм гардидааст, аммо тасаввур нашавад, ки танҳо ҳамин сарзамин мулки Худо аст, балки дар олами ҳастӣ ҳама чиз аз они ӯст) ва амр шудаам, ки аз мусалмонон бошам,

92. ва (амр шудаам) ин ки Қуръонро тиловат кунам. Пас ҳар кӣ ҳидоят ёфт, ба суди худ ҳидоят ёфтааст ва ҳар кӣ гумроҳ шуд, бигӯ «ҳаройна, ман аз бимдиҳандагон ҳастам».

93. Ва бигӯ: «Сипос Худорост. Оёти худро ба шумо хоҳад намуд, то онҳоро бишносед. Ва Парвардигори ту аз ҳар коре, ки мекунед, бехабар нест».

Сураи ҚАСАС1

(Достон)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

То, син, мим.

2.Ин аст оёти ин китоби равшангар (яъне қуръони маҷид, ки бо мӯҳтавои равшанаш ҳақро аз ботил ва роҳи ростро аз бероҳа намудор месозад ва роҳи саъодатро барои инсонҳо нишон медиҳад).

3.Барои онҳо, ки имон меоваранд, достони ростини Мӯсо ва Фиръавнро бар ту мехонем.

4.Фиръавн дар он сарзамин (Миср) бартарӣ ҷӯст ва мардумашро фирқа –фирқа сохт (яъне, мардуми Мисрро ба ду гурӯҳ: қибтиён ва сибтиён тақсим кард). Фирқаеро (сибтиён, ки бани Исроил буданд) хор медошт ва писаронашонро мекушт ва занонашонро зинда мегузошт, ки ҳаройна, ӯ аз табаҳкорон буд.

5.Ва Мо бар он ҳастем, ки бар бечорагони рӯи замин неъмат медиҳем ва ононро пешвоён созем ва ворисон гардонем.

6.Ва онҳоро дар он сарзамин обрӯву қудрат бахшидем ва ба Фиръавну Ҳомон (вазири Фиръавн) ва лашкариёнашон чизеро, ки аз он метарсиданд, нишон диҳем.

7.Ва ба модари Мӯсо ваҳй кардем, ки шираш бидеҳ ва агар бар ӯ бимнок шудӣ ба дарёаш биандоз ва матарсу ғамгин машав, ӯро ба ту, ҳатман, бозмегардонем ва дар шумори паёмбаронаш меоварем.

8.Хонадони Фиръавн ёфтандаш, то душманашон ва сабаби андӯҳашон гардад. ҳаройна, Фиръавну Ҳомон ва лашкариёнашон хатокор буданд.

9.Зани Фиръавн (Осия) гуфт: «Ин мояи шодмонии ману туст. ӯро макушед, шояд ба мо суде бирасонад ё ӯро ба фарзандӣ гирем». Ва намедонистанд, ки чӣ мекунанд.

10. Модари Мӯсоро дил танг шуд. Ва агар дилашро қавӣ накарда будем, ки аз мӯъминон бошад, наздик буд, ки он розро фош созад.

11. Ва ба хоҳари ӯ гуфт: «Аз пайи ӯ бирав». Ва зан бе он ки онон дарёбанд, аз дур дар ӯ менигарист.

12. Пистони ҳамаи доягонро аз пеш бар ӯ ҳаром карда будем. Он зан гуфт: «Оё мехоҳед шуморо ба хонаводае раҳнамоӣ кунам, ки ӯро бароятон нигоҳ доранд ва некхоҳаш бошанд?»

13. Пас, ӯро назди модараш баргардонидем, то чашмони он зан (аз дидори тифлаш) равшан гардад ва ғамгин набошад ва бидонад, ки албатта, ваъдаи Худо ҳақ аст, вале бештаринашон намедонанд!

14. Чун ба ҳадди балоғат расид ва барӯманд шуд, ӯро фарзонагиву дониш додем ва некӯкоронро чунин подош медиҳем.

15. Бехабар аз мардуми шаҳр ба шаҳр дохил шуд. Ду танро дид, ки бо ҳам ҷанг мекунанд. Ин як аз пайравонаш буд ва он як аз душманонаш. Он кӣ аз пайравонаш буд, бар зидди он дигар, ки аз душманонаш буд, аз ӯ ёрӣ хост. Мӯсо муште бар ӯ зад ва ӯро кушт. Гуфт: «Ин кори шайтон буд. ҳаройна, ӯ душмани гумроҳкунандаи ошкор аст».

16. Гуфт: «Эй Парвардигорам, ҳаройна, ман ба худ ситам кардам. Маро биёмурз». Ва Худояш биёмурзид. Албатта, ӯ омурзандаву меҳрубон аст!

17. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба сипоси неъмате, ки бар ман ато кардӣ, ҳаргиз пуштибони гунаҳкорон нахоҳам шуд!»

18. Дигар рӯз дар шаҳр тарсон ва чашм ба роҳи ҳодиса мегардид. Марде, ки дирӯз аз ӯ мадад хоста буд, боз ҳам аз ӯ мадад хост. Мӯсо ба ӯ гуфт: «ҳаройна,Ту гумроҳи ошкор ҳастӣ”!

19. Чун хост мардеро, ки душмани ҳардуи онҳо буд, бизанад, гуфт: «Эй Мӯсо, оё мехоҳӣ ҳамчунон, ки дирӯз якеро куштӣ, маро низ бикушӣ? Ту мехоҳӣ, ки дар ин сарзамин золиме бошӣ ва намехоҳӣ, ки аз солеҳон бошӣ».

20. Марде аз дурдасти шаҳр давон омаду гуфт: «Эй Мӯсо, сардорони шаҳр дар бораи ту раъй мезананд, то бикушандат. Берун бирав. Ман, ҳаройна, хайрхоҳи ту ҳастам!»

21. Тарсону нигарон аз шаҳр берун шуд. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро аз ситамкорон раҳоӣ бахш!»

22. Чун ба ҷониби Мадян2равон шуд, гуфт: «Шояд Парвардигори ман маро ба роҳи рост раҳбарӣ кунад».

23. Чун ба оби Мадян расид, гурӯҳе аз мардумро дид, ки чорпоёни худро об медиҳанд ва пушти сарашон ду занро дид, ки гӯсфандони худро бозмеронанд. Гуфт: «Шумо чӣ мекунед?» Гуфтанд: «Мо об намедиҳем, то он гоҳ ки чӯпонон бозгарданд, ки падари мо пири бузургвор аст»

24. Гӯфсандонро об дод. Сипас ба соя бозгашту гуфт: «Эй Парвардигори ман, ман, ба таҳқиқ, ба он неъмате, ки бароям мефиристӣ, мӯҳтоҷам».

25. Яке аз он ду зан, ки шармида роҳ мерафт, назди ӯ омад ва гуфт: «ҳаройна, падарам туро мехонад, то музди об доданатро бидиҳад». Чун назди ӯ омад ва саргузашти хеш бигуфт, гуфт: «Матарс, ки ту аз мардуми ситамкор наҷот ёфтаӣ».

26. Яке аз он ду гуфт: «Эй падар, ӯро мардикор гир, ки агар чунин кунӣ, беҳтарин марди нерӯманди аминест, ки муздур кардаӣ».

27. Гуфт: «ҳаройна, мехоҳам яке аз ин ду духтарамро зани ту кунам, ба шарти он, ки ҳашт сол мардикори ман бошӣ. Ва агар даҳ солро тамом кунӣ, худ хидматест ва ман намехоҳам, ки туро ба машаққат афканам. Иншоаллоҳ, маро аз солеҳон хоҳӣ ёфт».

28. Гуфт: «Ин аст паймон миёни ману ту. Ҳар як аз ду муддатро, ки сипарӣ созам, бар ман ситаме нахоҳад рафт ва Худо бар он чӣ мегӯем, вакил аст».

29. Чун Мӯсо муддатро ба сар овард ва бо занаш равон шуд, аз сӯи Тур оташе дид. Ба аҳли худ гуфт: «Ин ҷо истед. Оташе дидам. Шояд аз он хабаре ё пораи оташе биёварам, то гарм шавед».

30.Чун назди оташ омад, аз канораи рости водӣ, дар он сарзамини муборак, аз он дарахт нидо дода шуд, ки эй Мӯсо, албатта, ман Худои барҳақу Парвардигори ҷаҳониёнам.

31. Асоятро бияндоз! Чун дидаш, ки монанди море меҷунбад, гурезон бозгашт ва ба ақиб нанигарист. «Эй Мӯсо, пеш ой ва матарс. ҳаройна,Ту дар амон ҳастӣ.

32. Дасти худ ба гиребон бибар, то сафед берун ояд, бе ҳеҷ осебе. Ва то аз ваҳшат биоромӣ, дасти худ дар бағал кун. Ин ду (асо ва яди байзо) аз ҷониби Парвардигорат ҳуҷҷатҳои ту барои Фиръавн ва атрофиёни ӯст, ки онон мардуме саркашанд».

33. Гуфт: «Эй Парвардигорам, ман яке аз онҳоро куштаам ва метарсам маро бикушанд.

34. Ва бародарам Ҳорун ба забон аз ман фасеҳтар аст. ӯро ба мадади ман бифирист, то маро тасдиқ кунад, ҳаройна, бими он дорам, ки дурӯғгӯям мешуморанд».

35. Гуфт: «Туро бо бародарат қавидаст хоҳем кард ва бароятон ҳуҷҷате қарор медиҳем. Ба сабаби нишонаҳое, ки шуморо додаем, ба шумо даст нахоҳанд ёфт. Шумо ва пайравонатон пирӯз хоҳед буд».

36. Чун Мӯсо оёти равшани Моро наздашон овард, гуфтанд: « Ин ҷодуест бархоста, мо аз ниёгонамон чунин чизҳое нашунидаем».

37. Ва Мӯсо гуфт: «Парвардигори ман ба он касе, ки аз ҷониби ӯ ба ҳидоят омадааст ва оқибати писандида дар он сарой аз они ӯст, огоҳтар аст. Албатта, ситамкорон растагор (наҷотёфта) намешаванд!»

38. Фиръавн гуфт: «Эй ҷамоъат, ман барои шумо худое ҷуз худ намешиносам. Эй Ҳомон, барои ман хишт бипаз ва баланд манорае бисоз, шояд худои Мӯсоро бубинам, ҳаройна, ман дурӯғгӯяш мепиндорам».

39. ӯ (Фиръавн) ва лашкарҳояш ба ноҳақ дар замин саркашӣ карданд ва пиндоштанд, ки онҳо ба назди мо бозгардонида намешаванд.

40. Пас, ӯ ва лашкарҳояшро гирифтем ва ба баҳр афкандем. Бингар, ки оқибати кори ситамкорон чӣ гуна буд.

41. Ва ононро аз он гуна пешвоёне сохтем, ки мардумро ба оташ (оташи ҷаҳаннам) даъват мекунанд ва дар рӯзи қиёмат касе ёриашон намекунад.

42. Дар ин дунё аз паяшон лаънат равона сохтем ва дар рӯзи қиёмат аз зиштрӯёнанд.

43. Пас, аз он, ки мардуми рӯзгори пешинро ҳалок сохтем, ба Мӯсо китоб додем, то мардумро ибрату ҳидоят ва раҳмат бошад. Шояд панд гиранд.

44. Он гоҳ ки ба Мӯсо фармони амри пайғамбариро ваҳй кардем, ту на дар ҷониби ғарбии (кӯҳи Тур) будӣ ва на аз ҳозирон.

45. Вале Мо аз он пас наслҳоеро биёфаридем, ки умрашон ба дарозо кашид. Ва ту дар миёни мардуми Мадян муқим набудӣ, ки оёти Моро бар онҳо бихонӣ. Вале Мо будем, ки паёмбароне мефиристодем.

46. Ту дар канори Тур набудӣ, он гоҳ ки Мӯсоро нидо дардодем. Вале ин раҳматест аз ҷониби Парвардигорат, то мардумеро, ки пеш аз ту бимдиҳандае надоштанд, бим диҳӣ. Бошад, ки онҳо пандпазир шаванд.

47. Ва чун ба сабаби аъмоле, ки кардаанд, мусибате ба онҳо расад, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, чаро паёмбаре бар мо нафиристодӣ, то аз оёти Ту пайравӣ кунем ва аз мӯъминон бошем?»

48. Чун паёмбари ростгӯй аз ҷониби Мо бар онон мабъус шуд, гуфтанд: «Чаро он чӣ ба Мӯсо дода шуда, ба ӯ дода нашуда?» Оё инҳо пеш аз ин ба он чӣ ба Мӯсо дода шуда буд, кофир нашуда буданд? Ва гуфтанд, ки ин ҳарду, ду ҷодуст пуштибони ҳам ва мо ба ҳеҷ як имон намеоварем.

49. Бигӯ: «Агар рост мегӯед, аз ҷониби Худованд китобе биёваред, ки аз ин ду3беҳтар роҳ бинамояд, то ман ҳам аз он пайравӣ кунам!»

50. Пас, агар иҷобатат накарданд, бидон, ки аз пайи ҳавои нафси хеш мераванд ва кист гумроҳтар аз он кас, ки бе он, ки раҳнамоӣ аз Худо хоҳад, аз пайи ҳавои нафси худ равад? ҳаройна, Худо мардуми ситамкорро ҳидоят намекунад.

51. Барояшон сухан дар сухан пайвастем (яъне, пай дар пай оёти қуръонро нозил кардем), бошад, ки пандпазир гарданд.

52. Касоне, ки пеш аз ин китоб (қуръон) китобашон дода будем, ба он имон меоваранд.

53. Ва чун бар онҳо тиловат шуд гуфтанд: «Ба он имон овардем. Ҳаққест аз ҷониби Парвардигори мо ва мо пеш аз он таслим будаем».

54. Онҳо ба сабаби сабре, ки кардаанд, ду бор подош дода шаванд. Инҳо бадиро ба некӣ дур мекунанд ва низ аз он чӣ рӯзиашон додаем, садақа мекунанд.

55. Ва чун сухани беҳудае бишнаванд, аз он рӯйгардонӣ мекунанд ва мегӯянд: «Кирдорҳои мо аз они мо ва кирдорҳои шумо аз они шумо. Ба саломат бимонед. Мо хостори ҷоҳилон нестем!»

56. ҳаройна, Ту ҳар касро, ки бихоҳӣ, ҳидоят намекунӣ. Худост, ки ҳар киро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва ӯ ҳидоятёфтагонро беҳтар мешиносад.

57. Гуфтанд: «Агар аз дини ту пайравӣ кунем, моро аз сарзаминамон бармекананд». Оё онҳоро дар ҳараме амн ҷой надодаем, ки ҳама гуна меваҳо дар он фароҳам мешавад ва ин ризқест аз ҷониби Мо? Вале бештаринашон намедонанд.

58. Чӣ басо мардуми шаҳреро ҳалок сохтем, ки аз зиндагии хеш дучори сармастӣ шуда буданд ва ин хонаҳои онҳост, ки баъд аз онҳо, андак замоне кас дар онҳо сукно (маскан) гирифт ва Мо вориси онҳо будем.

59. Парвардигори ту мардуми шаҳрҳоро ҳалок накард, то он гоҳ, ки аз худашон паёмбаре бар онҳо фиристод ва ӯ оёти Моро бар онҳо бихонд. Ва мо шаҳрҳоро нобуд накардаем, магар он, ки мардумаш ситамкор будаанд.

60. Чизҳое, ки ба шумо дода шудааст, бархурдорӣ ва ороиши ин зиндагии дунявист. Ҳол он ки он чӣ назди Худост, беҳтару монданитар аст. Чаро дарнамеёбед?

61. Оё он кас, ки ӯро ваъдаҳои нек додаем ва он ваъдаҳоро хоҳад дид, ва монанди касест, ки ӯро аз моли инҷаҳонӣ баҳраманд кардаем ва дар рӯзи қиёмат ҳам бозхосташ фаро мехонем?

62. Ва рӯзе, ки ононро нидо медиҳад ва мегӯяд: «Шариконеро, ки барои Ман мепиндоштаед, куҷоянд?»

63. Онон, ки ҳукм дар бораашон таҳқиқ шуда мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, инҳо касоне, ҳастанд, ки мо гумроҳашон кардем. Аз он рӯ гумроҳашон кардем, ки худ гумроҳ будем. Аз онҳо безорӣ меҷӯем ва ба ту мегаравем. Инҳо моро намепарастидаанд».

64. Ва гуфта шавад: «Акнун шариконатонро фарёд кунед». Садо мекунанд, вале ба онҳо посух намедиҳанд. Ва чун азобро бубинанд, орзу мекунанд, ки кош аз ҳидоятёфтагон мебуданд.

65. Ва рӯзе, ки Худо нидояшон кунад ва гӯяд: «Паёмбаронро чӣ гуна қабул кардед?»

66. Дар ин рӯз хабарҳо бар онҳо пӯшида шавад ва аз якдигар низ натавонанд пурсид.

67. Аммо он кас, ки тавба карда ва имон оварда ва амали солеҳ ба ҷой оварда, шояд ки аз растагорон бошад.

68. Парвардигори ту ҳар чиро, ки бихоҳад, меофаринад ва ихтиёр мекунад. Вале онҳоро тавони ихтиёр нест. Пок аст Худо ва аз ҳар чӣ барояш шарик месозанд, бартар аст.

69. Ва Парвардигори ту ҳар чиро, ки дар дил пинҳон доштаанд ё ошкор кардаанд, медонад.

70. ӯст Худои якто. Ҳеҷ Худое барҳақ ғайри ӯ нест. Ситоиш хоси ӯст, чи дар ин ҷаҳон ва чи дар ҷаҳони дигар. Ва фармон, фармони ӯст. Ва ҳамагон ба ӯ бозгардонда мешавед.

71. Бигӯ: «Чӣ тасаввур мекунед, агар Аллоҳ шабатонро то рӯзи қиёмат тӯлонӣ созад? Ҷуз ӯ кадом худост, ки шуморо равшанӣ арзонӣ дорад? Магар намешунавед?»

72. Бигӯ: «Чӣ тасаввур мекунед, агар Аллоҳ рӯзатонро то рӯзи қиёмат тӯлонӣ созад? Ҷуз ӯ кадом худост, ки шуморо шаб арзонӣ дорад, ки дар он биёсоед? Магар намебинед?

73. Ва аз раҳмати ӯ он ки барои шумо шабу рӯзро падид овард, то дар он (шаб) биёсоед ва дар ин (рӯз) ба талаби рӯзӣ бархезед, бошад, шукр гӯед».

74. Ва рӯзе, ки Худо нидояшон диҳад ва гӯяд: «Шариконе, ки барои Ман тасаввур мекардед, куҷоянд?”

75. Ва аз ҳар миллате шоҳиде биёварем ва гӯем: «Далели хеш биёваред. Он гоҳ бидонанд, ки ҳақ аз они Аллоҳ аст ва онҳоеро (бутон), ки ба дурӯғ худо мехонанд, нобуд шаванд».

76.ҳаройна, Қорун аз қавми Мӯсо буд, ки бар онҳо афзунӣ ҷуст. Ва ба ӯ чунон ганҷҳое додем, ки бе шак, ҳамли калидҳояш бар гурӯҳе аз мардуми нерӯманд душвор менамуд. Он гоҳ, ки қавмаш ба ӯ гуфтанд: «Сармаст мабош, зеро Худо сармастонро дӯст надорад.

77. Дар он чӣ Худоят арзонӣ дошта, сарои охиратро биҷӯй ва баҳраи хешро аз дунё фаромӯш макун. Ва ҳамчунон ки Худо ба ту некӣ карда, некӣ кун ва дар замин аз пайи фасод марав, ки ҳаройна, Худо фасодкунандагонро дӯст надорад!»

78. Гуфт: «Он чӣ ба ман дода шуда, ба сабаби дониши ман будааст». Оё надонистааст, ки ба таҳқиқ, Худо пеш аз ӯ наслҳоеро ҳалок карда, ки қувваташон аз ӯ афзунтар ва шумораашон бештар будааст? Ва ин гунаҳкоронро (ки гуноҳашон муайян аст), аз гуноҳашон намепурсанд (зеро ҳоҷати пурсиш нест).

79. Ороста ба зеварҳои худ (қорун) ба миёни мардумаш омад. Онҳо, ки хостори зиндагии дунявӣ буданд, гуфтанд: «Эй кош, он чӣ ки ба Қорун дода шуда, моро низ мебуд, ки ӯ сахт бархурдор аст».

80. Аммо донишёфтагон гуфтанд: «Вой бар шумо. Барои онҳо, ки имон меоваранд ва корҳои шоиста мекунанд, савоби Худо беҳтар аст. Ва ба ин савоб сабркунандагон расанд».

81. Пас, ӯ (қорун) ва хонаашро дар замин фурӯ бурдем ва дар баробари Худо ҳеҷ гурӯҳе надошт, ки ёриаш кунад ва худ ёрӣ кардани хеш наметавонист.

82. Рӯзи дигар он касон, ки дирӯз орзу мекарданд, ки ба ҷои ӯ мебуданд, мегуфтанд: «Аҷабо, ки Худо рӯзии ҳар касро, ки хоҳад фаровон кунад ё танг созад. Агар Худо ба мо низ неъмати фаровон дода буд, моро низ дар замин фурӯ мебурд. Аҷабо, намебинӣ, ки кофирон наҷот намеёбанд?»

83. Ин сарои охиратро аз они касоне сохтаем, ки дар ин ҷаҳон на хоҳони бартариҷӯӣ ҳастанд ва на хоҳони фасод. Ва саранҷоми нек аз они парҳезгорон аст?

84. Ҳар кас, ки кори неке ба ҷой орад, беҳтар аз онро подош меёбад ва ҳар кӣ гуноҳе кунад, пас аз онон, ки муртакиби гуноҳ мешаванд, ҷуз ба андозаи амалашон ҷазо дода намешаванд.

85.Он кас, ки (таблиғи) Қуръонро бар ту фарз кардааст, туро ба ваъдагоҳат4бозгардонад. Бигӯ: « Парвардигори ман беҳтар медонад, ки чӣ касе бар роҳи рост ва чӣ касе дар гумроҳии ошкор аст».

86. Агар раҳмати Парвардигорат набуд, умеди онро надоштӣ, ки ин китоб бар ту дода шавад (вале раҳмати Парвардигорат чунин иҷоб кард ва хост бо ирсоли қуръон барои паёмбари охирзамон, ин масъулияти вазнинро ба ту супорад). Пас, ҳаргиз, набояд пуштибони кофирон бошӣ (ва ёвару ҳамдасти онҳо шавӣ)!

87. Пас, аз он, ки оёти Худо бар ту нозил шуд, туро аз он бероҳа накунанд. Мардумро ба сӯи Парвардигорат бихон ва ҳаргиз, аз мушрикон мабош.

88. Бо Худои якто худои дигареро махон. Ҳеҷ Худое барҳақ, ҷуз ӯ нест. Ҳар чизе нобуд шуданӣ ҳаст, ғайри зоти ӯ. Фармон, фармони ӯст ва ҳама ба сӯйи ӯ бозгардонида шавед (ва ҳисобу китоби гуфтору кирдоратонро бозрасӣ мекунад ва дар миёнатон одилона доварӣ хоҳад кард!

Сураи АНКАБУТ1

(Тортанак)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

Алиф, лом, мим.

2.Оё мардум пиндоштаанд, ки чун бигӯянд: «Имон овардаем (ва ба ягонагии Худо ва рисолати паёмбар иқрор кардаем), раҳо шаванд ва дигар (бо таколиф ва вазоиф ва ранҷу сахтиҳое, ки бояд дар роҳи дини Худо таҳаммул кард) озмоиш нашаванд”.

3.Албатта, мардумеро, ки пеш аз онҳо буданд (бо навъҳои таколиф ва машаққатҳо ва бо неъматҳои гуногун ва сахтиҳо), озмудаем, то ба таҳқиқ, Худо касонеро, ки рост гуфтаанд, маълум дорад ва дурӯғгӯёнро ҷудо кунад.

4.Оё инҳо, ки муртакиби гуноҳ мешаванд, пиндоштаанд, ки аз Мо пешдастӣ мекунанд (ва аз ҳавзаи қудрати мо мегурезанд ва аз чанголи кайфари мо раҳоӣ меёбанд )? Чӣ бад доварӣ мекунанд!

5. Ҳар кас, ки ба дидори Худо2умед дорад, бидонад, ки ваъдаи

Худо, ҳатман, омаданист ва ӯ шунавову доност!

6. Ҳар кӣ (дар роҳи пешрафти дини Худо ва анҷоми ибодатҳо) ҷиҳод кунад, бе шак, ба суди худ кардааст. ба таҳқиқ Худо аз ҳамаи ҷаҳониён (ва тоъату ибодати онҳо) бениёз аст.

7. Гуноҳони ононро, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, ҳатман, нест мекунем ва албатта, беҳтар аз он чӣ амал кардаанд, подошашон медиҳем.

8.Ба одамӣ супориш кардаем, ки ба падару модари худ некӣ кунад. Ва агар он ду бикӯшанд, ки ту чизеро, ки ба он огоҳ нестӣ, шарики Ман қарор диҳӣ, итоъаташон макун. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст ва шуморо ба корҳое, ки мекардед, ҳатман, огоҳ мекунам!

9.Касонеро, ки имон овардаанд ва кирдорҳои шоиста кардаанд, дар гурӯҳи солеҳон даровардаем.

10. Баъзе аз мардум мегӯянд: «Ба Худо имон овардаем. Ва чун дар роҳи Худо озоре бубинанд, он озорро чун азоби Худо ба шумор меоваранд. Ва чун аз сӯи Парвардигори ту мададе расад, мегӯянд: «ҳаройна, мо низ бо шумо будаем».Оё Худо ба он чӣ дар дилҳои мардуми ҷаҳон мегузарад, огоҳтар нест?

11.Албатта, Худо медонад, ки мӯъминон чӣ касонанд ва мунофиқон чӣ касон.

12. Кофирон ба мӯъминон гуфтанд: «Ба роҳи мо биёед, бори гуноҳатон бар гардани мо. Ҳол он ки инҳо бори гуноҳи касеро бар гардан нахоҳанд гирифт ва ҳатман, дурӯғ мегӯянд.

13. Балки бори гуноҳи худ ва борҳое бо бори худ бар гардан хоҳанд гузошт ва дар рӯзи қиёмат ба сабаби дурӯғҳое, ки бар ҳам мебофанд, бозхост хоҳанд шуд.

 








Не нашли, что искали? Воспользуйтесь поиском по сайту:



©2015 - 2024 stydopedia.ru Все материалы защищены законодательством РФ.