Сделай Сам Свою Работу на 5

Нимае аз онро ё андаке аз нима кам кун,





4.ё андаке бар нима бияфзой ва Қуръонро шумурдаву (бо диққат) равшан бихон.

5.Мо ба ту сухане душворро илқо (андохтан, омӯхтан) хоҳем кард.

6.Албатта, шабҳангом аз бистар бархостан мувофиқати забону дилро афзояндатар аст ва баёни суханро устувордорандатар,

7.ки албатта, корҳои ту дар рӯз бисёр аст.

8.Ва номи Парвардигоратро ёд кун ва аз ҳама бибур ва ба ӯ бипайванд:

9.Парвардигори машриқу мағриб. Ҳеҷ Худое барҳақ ҷуз ӯ нест. ӯро корсози хеш интихоб кун!

10.Ва бар он чӣ мегӯянд, сабр кун ва ба ваҷҳе писандида аз онҳо дурӣ ҷӯй.

11.Дурӯғшуморандагони соҳибнеъматро ба Ман вогузор. Ва андаке мӯҳлаташон деҳ.

12.ҳаройна, назди Мост бандҳои гарон ва дӯзах

13.ва таъоме гулӯгиру азобе дардовар,

14.рӯзе, ки замину кӯҳҳо ба ларза оянд ва кӯҳҳо теппае аз реги равон гарданд!

15.ҳаройна, Мо бар шумо паёмбаре фиристодем, ки бар аъмолатон гувоҳ аст, ба он сон, ки ба Фиръавн ҳам паёмбаре фиристодем.

16.Ва Фиръавн аз паёмбар фармон набурд. Мо низ ӯро ба сахтӣ фурӯ гирифтем.



17.Агар кофир бошед, дар рӯзе, ки кӯдаконро пир мегардонад, чӣ гуна дар амон монед?

18.Дар он рӯз осмон бишикофад ва ваъдаи Худо ба вуқӯъ пайвандад.

19.ҳаройна, ин пандест. Пас, ҳар кӣ бихоҳад, роҳе ба сӯи Парвардигораш оғоз кунад.

20. ҳаройна, Парвардигори ту медонад, ки ту ва гурӯҳе аз онон, ки бо ту ҳастанд, наздик ба ду саввуми шаб ё нисфи он ва ё сеяки шабро ба намоз меистед2. Ва Худост, ки андозаи шабу рӯзро муъайян мекунад. Ва медонад, ки шумо ҳаргиз ҳисоби онро натавонед дошт. Пас, тавбаи шуморо бипазируфт. Ва ҳар чӣ муяссар шавад, аз Қуръон бихонед. Медонад чӣ касоне аз шумо бедор хоҳанд шуд ва гурӯҳе дигар ба талаби рӯзии Худо ба сафар мераванд ва гурӯҳи дигар дар роҳи Худо ба ҷанг мераванд. Пас ҳар чӣ муяссар шавад, аз он (қуръон) бихонед. Намоз бигузореду закот бидиҳед ва ба Худо қарзи некӯ диҳед. Ва ҳар хайреро, ки барои худ пешопеш бифиристед, онро назди Худо хоҳед ёфт. Ва он мукофоти беҳтар аст ва подоше бузургтар (дар назди Худо). Ва аз Худо омурзиш бихоҳед, ҳаройна, Худо омурзандаву меҳрубон аст!



Сураи МУДДАССИР1

(ҷомадарсаркашида)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Эй ҷома дар сар кашида,

2.бархезу бим деҳ!

3.Ва Парвардигоратро такбир гӯй!

4.Ва ҷомаатро покиза дор!

5.Ва аз палидӣ, дурӣ ҷӯй!

6.Ва чизе мадеҳ, ки беш аз он чашм дошта бошӣ (базл ва бахшиш барои зиёдталабӣ макун).

7.Барои (ҳукми) Парвардигорат собир бош!

8.Ва он гоҳ ки дар сур дамида шавад,

9.он рӯз, рӯзе сахт хоҳад буд.

Ва барои кофирон душвор.

11. Маро бо он ки танҳояш офаридаам, вогузор2.

12. ӯро моле бисёре додам.

13. Ва писароне ҳама дар назди ӯ ҳозир

14. Ва (васоили зиндагиро)аз ҳар ҷиҳат барои ӯ фароҳам сохтаам.

15. Он гоҳ тамаъ мебандад, ки (бар неъматаш) биафзоям.

16. Ҳаргиз, ки ҳаройна, ӯ дар баробари оёти Мо ситеза ҷӯст.

17. ӯро ба машаққате меандозам.

18.Ҳаройна, ӯ андешид ва тарҳе афканд (нақшае кашид).

19.Марг бар ӯ бод, чӣ гуна тарҳе афканд?

20.Боз ҳам марг бар ӯ бод, чӣ тарҳе афканд?

21.Он гоҳ нигарист.

22.Сипас рӯй турш кард ва пешонӣ дарҳам кашид.

23.Сипас рӯй гардониду гарданкашӣ кард,

24.гуфт: «Ин (Қуръон) ҷуз ҷодуе, манқул (аз пешиниён ривоят шуда), ҳеҷ нест.

25.Ин ҷуз сухани одамӣ ҳеҷ нест».

26.Ба зудӣ ӯро ба сақар (дӯзах) бияфканам.

27.Ту чӣ медонӣ, ки сақар чи гуна аст?

28.На, (чизеро) боқӣ мегузорад ва на (чизеро) раҳо месозад.

29.Сӯзонандаи пӯст аст .



30.Нуздаҳ фаришта бар он муваккаланд.

31.Муваккалони дӯзахро ҷуз аз фариштагон қарор надодем. Ва шумори онҳо ҷуз барои имтиҳони кофирон нест. То аҳли китоб яқин кунанд ва бар имони мӯъминон бияфзояд ва аҳли китобу мӯъминон шак накунанд. Ва то онон, ки дар дилҳояшон маразест, ва кофирон бигӯянд: «Худо аз ин мисол чӣ мехостааст?» Худо инчунин ҳар касро, ки бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар касро, ки бихоҳад роҳ менамояд. Ва шумори лашкари Парвардигоратро ҷуз ӯ касе надонад. Ва ин сухан ҷуз панде аз барои мардум нест.

32.Инчунин нест, ки онҳо мепиндоранд, савганд ба моҳ!

33.Ва савганд ба шаб, чун пушт кунад (рӯй ба рафтан орад)

34.ва савганд ба субҳ, чун парда барафканад,

35.ки ҳаройна, ин (дӯзах) яке аз ҳодисаҳои бузург аст.

Тарсонандаи одамиён аст

37.барои ҳар кас аз шумо, ки хоҳад, пеш ояд (бо амали нек) ё бозпас монад (бо куфру нофармонӣ).

38.Ҳар кас гаравгони корест, ки кардааст,

39.ғайри аҳли саъодат,

40.ки дар биҳиштҳо нишастаанд ва мепурсанд,

41.аз гунаҳкорон,

42.ки чӣ чизҳое шуморо ба ҷаҳаннам кашонид?

43.Мегӯянд: «Мо аз намозгузорон набудем

Ва ба дарвешон таъом намедодем

45.ва бо онон, ки сухани ботил мегуфтанд, ҳамовоз мешудем

46.ва рӯзи қиёматро дӯруғ мешуморидем,

То марги мо фаро расид».

Пас, шафоъати шафоаткунандагон фоидаашон набахшад3.

49.Онҳоро чӣ шудааст, ки аз панд (Қуръон) рӯй гардонанд?

Монанди харони рамида,

Ки аз шер мегурезанд,

52.балки ҳар як аз онҳо мехоҳанд, ки (аз сӯйи Худо) номаҳое кушода ба ӯ дода шавад.

53. На чунин аст, ки онҳо мепиндоранд, онҳо аз охират наметарсанд.

54.На чунин аст, (ки онҳо дар бораи Қуръон меандешанд) албатта, ки ин Қуръон пандест (агар саъодати худро бихоҳанд),

55.ҳар ки хоҳад онро бихонад (ва аз он андарз бигирад ва аз ҳидояташ суд бибарад).

56.Ва панд нагиранд, магар ин ки Худо хоҳад (ҳидояти онҳоро). ӯ шоёни он аст, ки аз ӯ битарсанд. Ва ӯ шоёни омурзидан аст!

Сураи ҚИЁМАТ1

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Қасам мехӯрам ба рӯзи қиёмат

2.ва қасам мехӯрам ба нафси маломатгар!

3.Оё одамӣ мепиндорад, ки Мо ҳаргиз, устухонҳояшро гирд нахоҳем овард?

4.Оре, мо қодир ҳастем, ки сарангуштҳояшро баробар кунем.

5.Балки, одамӣ мехоҳад, ки дар оянда низ ба корҳои ношоиста пардозад.

6.Мепурсад (инсони кофир): «Рӯзи қиёмат чӣ вақт хоҳад буд?»

7.Рӯзе, ки чашмҳо хира шавад

8.ва моҳ тира шавад

9.ва офтобу моҳ дар як ҷой гирд оянд.

10.Инсон дар он рӯз мегӯяд: «Роҳи гурез куҷост?»

11.Ҳаргиз паноҳгоҳе нест!

12.Қароргоҳи ҳама дар ин рӯз назди Парвардигори туст!

13. Дар ин рӯз одамиро аз он чӣ пешопеш2фиристода ва он чӣ баъд аз хеш гузоштааст, хабар дода мешаванд.

14.Балки одамӣ хештани хешро нек мешиносад,

15. ҳар чанд ба забон узрҳо оварад.

16. Ба шитоб забон ба хондани Қуръон маҷунбон,

17. ки ҳаройна, ҷамъ овардану хонданаш бар ӯҳдаи Мост,

18. чун хондемаш, ту он хонданро пайравӣ кун,

19. сипас баёни он бар ӯҳдаи Мост.

20. Оре, шумо ин ҷаҳони зудгузарро дӯст медоред

Ва охиратро тарк мекунед.

22. Дар он рӯз чеҳраҳое ҳаст зебову дурахшон,

23. ки сӯи Парвардигорашон назар мекунанд

24. ва чеҳраҳое ҳаст абусу туруш(пешонӣ дар ҳам кашида, чин ба абрӯ даровардан),

25. ки медонад он азоби камаршикан бар ӯ фуруд ояд.

26. Оре, чун ҷон ба ҳалқум расад

27. ва гуфта шавад, ки чӣ касест, ки афсун бихонад?

28. Ва яқин кунад, ки замони ҷудоӣ фаро расида

29. ва соқҳои по дар ҳам печида шаванд,

30. он рӯз, рӯзи ронданаш ба сӯи Парвардигори туст.

31. На тасдиқ кардааст ва на намоз гузоридааст.

32. Аммо дурӯғ бароварда ва рӯй гардонидааст.

33. Он гоҳ хиромон назди касонаш (аҳлаш) рафтааст.

34. Вой бар ту, пас вой бар ту!

35. Боз ҳам вой бар ту, пас вой бар ту!

36. Оё инсон мепиндорад, ки ӯро ба ҳоли худ вогузоштаанд?

37. Оё ӯ нутфае аз манӣ, ки дар раҳме (бачадоне) рехта шуда, набудааст?

38. Сипас лахтае хун? Он гоҳ ба андоми дурусташ биёфарид.

39. Ва онҳоро ду даста кард: нару мода.

40. Оё Худованд қодир нест, ки мурдагонро зинда созад?

Сураи Инсон1

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Оё муддате бар инсон (дар раҳми модар ба гунаи нутфа ва ҷанин) гузаштааст2ва ӯ чизи қобили зикр набудааст?!

2.ҳаройна, Мо одамиро аз нутфае омехта офаридем, то ӯро имтиҳон кунем. Ва шунавою бинояш сохтаем.

3.ҳаройна, роҳро ба ӯ нишон додем. Ё шукргузор бошад ё ношукр.

4.ҳаройна, Мо барои кофирон занҷирҳову ғулҳо ва оташи афрӯхта омода кардем.

5.ҳаройна, некон аз ҷомҳое менӯшанд, ки омехта ба кофур аст,

6.чашмае, ки бандагони Худо аз он менӯшанд ва онро бар ҳар ҷое, ки мехоҳанд, равон месозанд.

7.Ба назр вафо мекунанд ва аз рӯзе, ки шарри он ҳама ҷоро гирифтааст, метарсанд.

8.Ва таъомеро дар ҳоле худ дӯсташ доранд, ба мискину ятим ва асир мехӯронанд,

9.(Ба забони ҳол мегӯянд) ҷуз ин нест, ки шуморо барои Худо таъом медиҳем ва аз шумо на подоше мехоҳем на сипосе.

10. Ҳаройна, Мо аз Парвардигори худ метарсем, дар рӯзе, ки он рӯз рӯйҳо турш мешаванд ва тарснок аст.

11.Худо онҳоро аз шарри он рӯз нигаҳ дошт ва ононро таровату шодмонӣ бахшид.

12. Ба мукофоти сабре, ки кардаанд, биҳишту ҳарир дод.

13. Дар он ҷо бар тахтҳо такя задаанд, на (гармии) офтоберо мебинанд ва на хунукие сахтеро.

14. Сояҳои дарахтонаш бар сарашон афтода ва меваҳояш ба фармонашон бошад.

15. Косаҳои нуқрагину кӯзаҳои шароб миёнашон ба гардиш дармеоянд.

16. Кӯзаҳое аз нуқра, ки онҳоро ба андоза пур кардаанд.

17. Дар он ҷо ҷоме бинӯшонандашон, ки омехта бо занҷабил бошад,

18. аз чашмае, ки онро салсабил мегӯянд.

19. Ҳамвора писароне ба гирдашон мечарханд, ки чун онҳоро бубинӣ, пиндорӣ марвориди парокандаанд.

20. Чун бингарӣ, ҳар чӣ бингарӣ, неъмат фаровон аст ва фармонравоии бузург.

21. Бар танашон ҷомаҳоест аз сундуси2 сабз ва истабрақ3. Ва бо дастбандҳое аз нуқра ороста шудаанд ва бинӯшонад онҳоро Парваридигорашон шароби покро.

22.Ҳаройна, ин подоши шумост ва аз кӯшишатон сипосгузорӣ шудааст.

23.Ҳаройна, Мо Қуръонро бар ту нозил кардем, нозил кардане некӯ!

24. Дар баробари фармони Парвардигорат собир бош ва аз ҳеҷ гунаҳкор ё носипосе итоъат макун!

25. Ва бомдоду шомгоҳон номи Парвардигоратро ба забон биёвар.

26. Дар қисме аз шаб саҷдааш кун (Худоро) ва дар ҳама дарозии шаб (вақте ки мардум дар хобанд) тасбеҳаш гӯй (ва бисёр ӯро биситой)!

27. Ҳаройна, инҳо (кофирон ва мушрикон) ин дунёи зудгузарро дӯст доранд ва он рӯзи душворро пушти сар мепартоянд (ҳол он ки ҳавлу тарси он бисёр азим аст).

28. Мо (ба қудрати Худ) одамиёнро (аз адам) офаридаем ва аъзову пайвандҳояшонро (ба василаи рагу пайҳо) нерӯманд гардонидем (то ки нерӯманд шаванд) ва агар хоҳем, ба ҷои онҳо қавме монандашон биёварем (ки бандаи мутеъи Худо шаванд).

29. Ҳаройна, ин (оёти шариф) пандест (ки инсони оқил ба василаи он панд мегирад ва аз каҷӣ бозмегардад). Пас, ҳар кӣ хоҳад, (аз ин оёт ибрат бигирад ва аз нур ва фурӯғаш рушноӣ биҷӯяд ва) роҳе ба сӯи Парвардигори хеш интихоб кунад.

30. Ва шумо ҷуз он наметавонед бихоҳед, магар ин ки Худо хоста бошад4, зеро Худо донову ҳаким ҳаст.

31.Ҳар касро, ки бихоҳад, шомили раҳмати худ созад ва барои ситамкорон азобе дардовар омода кардааст.

Сураи МУРСАЛОТ1

(бодҳо)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Савганд ба бодҳое, ки аз паи ҳам меоянд

2.ва савганд ба бодҳои сахти вазанда

3.ва савганд ба бодҳои бороновар

4.ва савганд ба онҳо, ки ҳақро аз ботил ҷудо мекунанд

5.ва савганд ба онҳо, ки ваҳйи Худоро мефароранд,

 








Не нашли, что искали? Воспользуйтесь поиском по сайту:



©2015 - 2024 stydopedia.ru Все материалы защищены законодательством РФ.