Сделай Сам Свою Работу на 5

Гуфтанд: «Боке нест, мо назди Парвардигорамон бозмегардем.





51.Мо умед дорем, ки Парвардигорамон хатоҳои моро бубахшад, ки мо нахустин касоне ҳастем, ки имон овардем».

52.Ва ба Мӯсо ваҳй кардем, ки шабҳангом бандагони Маро берун бибар, ки аз паи шумо биёянд.

53.Ва Фиръавн гирдоварандагони сипоҳро ба шаҳрҳо фиристод.

54.ҳаройна, ки инҳо гурӯҳе андаканд

55.ва моро ба таҳқиқ, ба хашм овардаанд

56.ҳаройна, ва мо ҳамагӣ омодаи ҷангем.

57.Пас онҳоро аз боғҳову чашмасорҳо берун кардем

58.ва аз ганҷҳову хонаҳои некӯ,

59.ба ин сон ҳамаро ба бани Исроил вогузоштем4.

60.Фиръавниён ба ҳангоми баромадани офтоб аз паи онҳо рафтанд.

61.Чун он ду гурӯҳ якдигарро диданд, ёрони Мӯсо гуфтанд: «ҳаройна, гирифтор шудем!»

62.Гуфт: «ҳаргиз, Парвардигори ман ҳаройна, бо ман аст ва маро роҳнамоӣ хоҳад кард».

63.Пас ба Мӯсо ваҳй кардем, ки асоятро ба баҳр бизан. Баҳр аз ҳам бишикофт ва ҳар пора чун кӯҳе азим гашт.

64.Ва он гурӯҳи дигарро низ ба баҳр расонидем.

65.Мӯсо ва ҳамаи ҳамроҳонашро раҳонидем.

66.Ва он дигарро ғарқ сохтем.



67.Албатта, дар ин ибратест ва бештаринашон имон наоварданд!

68.Ҳаройна, Парвардигори ту пирӯзманду бахшанда аст!

69. Ва достони Иброҳимро барояшон тиловат кун!

70.Он гоҳ, ки ба падару қавми худ гуфт: «Чӣ мепарастед?»

71.Гуфтанд: «Бутонеро мепарастем ва муқими остонашон ҳастем».

72. Гуфт: «Оё вақте онҳоро мехонед, садоятонро мешунаванд?

Барои шумо суду зиёне доранд?»

Гуфтанд: «На, падаронамонро дидаем, ки чунин мекардаанд».

75. Гуфт: «Оё медонед, ки чӣ мепарастидаед

Шумо ва ниёгонатон?

77.Онҳо душманони мананд, вале Парвардигори ҷаҳониён дӯсти ман аст.

78.Он, ки маро биёфарида, сипас роҳнамоиям мекунад

79.ва он, ки ба ман таъом медиҳад ва маро сероб месозад

Ва чун бемор шавам, шифоям мебахшад

Ва он, ки маро мемиронад ва сипас зинда мекунад

82.ва он, ки умед медорам, ки дар рӯзи қиёмат хатоямро бибахшояд.

83.Эй Парвардигори ман, маро ҳикмат бахш ва маро ба шоистагон бипайванд.

84.Ва зикри ҷамили маро дар даҳони ояндагон андоз



85.ва маро аз ворисони биҳишти пурнеъмат қарор деҳ

86.ва падарамро5биёмурз, ки аз гумроҳон аст

87.ва дар рӯзи қиёмат маро расво масоз,

88.рӯзе, ки на мол суд медиҳад ва на фарзандон,

89.магар он кас, ки бо қалбе раста аз ширк ба назди Худо биёяд!»

90.Ва биҳиштҳоро барои парҳезгорон наздик оранд.

91.Ва ҷаҳаннамро дар назари кофирон ошкор кунанд.

92.Ба онҳо гӯянд: «Чизҳое, ки мепарастидед (ғайри Аллоҳ), куҷоянд?

93.(Маъбудҳое), ғайр аз Худо оё ёриатон мекунанд (дар баробари азоби Худо) ё худ ёрӣ меҷӯянд?»

94.Онҳо (бутҳо) ва кофиронро сарнагун дар ҷаҳаннам андозанд

95.Ва ҳамаи лашкари Иблисро.

96.Ва дар ҳоле, ки дар ҷаҳаннам бо якдигар ба низоъ пардохтаанд, мегӯянд:

97.«Ба Худо савганд, ки мо дар гумроҳии ошкор будем,

98. он гоҳ, ки шуморо бо Парвардигори ҷаҳониён баробар медонистем.

99. Ва моро бадкорон гумроҳ сохтанд

Ва акнун моро шафеъоне нест

101. ва моро дӯсти меҳрубоне нест.

102. Кош бори дигар ба дунё бозгардем, то аз мӯъминон гардем».

103. Ба таҳқиқ, дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд.

104. Албатта, Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст!

105. Қавми Нӯҳ паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд.

106. Он гоҳ ки бародарашон Нӯҳ ба онҳо гуфт: «Магар парҳезгорӣ намекунед?

107. Ба таҳқиқ, ман барои шумо паёмбаре амин ҳастам.

Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед.

109. Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст.



110. Пас аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед!»

111. Гуфтанд: «Оё ба ту имон биёварем ва ҳол он ки бенавоён (бечизу бемақом) пайрави ту ҳастанд?»

112. Гуфт: «дониши ман ба корҳое, ки мекунанд, намерасад.

113. Агар мефаҳмед, ҳисобашон танҳо бо Парвардигори ман аст.

114. Ва ман мӯъминонро дур намекунам.

115. Бимдиҳандае ошкор ҳастам».

116. Гуфтанд: «Эй Нӯҳ, агар бас накунӣ, сангсор мешавӣ».

117. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, қавми ман маро дурӯғгӯ мебароранд.

118. Миёни ману онҳо роҳе баркушой ва марову мӯъминони ҳамроҳи маро раҳоӣ бахш».

119. ӯ ва ҳамроҳонашро дар он киштии пур наҷот додем.

120. Ва боқиро ғарқ кардем.

Албатта, дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд.

122. Албатта, Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст!

123. Қавми Од паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд.

124. Он гоҳ, ки бародарашон Ҳуд гуфт: «Оё наметарсед?

125. ҳаройна, ман барои шумо паёмбаре амин ҳастам.

Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед.

127. Ман аз барои ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст.

128. Оё бар сари ҳар баландӣ ба беҳудагӣ бурҷе месозед?

129. Ва ба ин пиндор, ки ҳамеша зиндаед, қасрҳое бино мекунед?

130. Ва чун интиқом гиред, бераҳмона интиқом мегиред?

Пас аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед.

Ва битарсед аз он Худое, ки он чиро, ки медонед, ба шумо ато кардааст.

133. Ва ба шумо чорпоёну фарзандон арзонӣ доштааст

134. ва боғҳову чашмасорон.

135. Ман аз азоби рӯзи бузург бар шумо бимнокам».

136. Гуфтанд: «Барои мо яксон аст, ки моро панд диҳӣ ё панд надиҳӣ.

137. Инҳо ҷуз ҳамон дурӯғу найранги пешиниён нест.

138. Ва мо азоб нахоҳем шуд».

139. Пас дурӯғгӯяш бароварданд ва Мо ононро ҳалок кардем. Албатта, дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд!

140. Ҳаройна, Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст!

141. Қавми Самуд6паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд.

142. Он гоҳ ки бародарашон Солеҳ гуфт: «Оё наметарсед?

143. ҳаройна, ман барои шумо паёмбаре амин ҳастам.

144. Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед!

145. Ман аз шумо барои ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст!

146. Оё пиндоред, ки шуморо дар ин неъматҳо эмин раҳо мекунанд?

147. Дар боғҳову чашмасорҳо?

148. Ва киштзорҳову нахлҳо бо он шукуфаҳои нарму латиф?

149. Ва шодмон дар кӯҳҳо хонаҳое метарошед?

150. Пас аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед!

Ва фармони ин исрофкоронро мапазиред,

152. Инҳо, ки дар замин ба ҷои ислоҳ фасод мекунанд»

153. Гуфтанд: «Ҷуз ин нест, ки туро ҷоду кардаанд.

154. Ту низ инсоне монанди мо ҳастӣ. Агар рост мегӯӣ, нишонае биёвар».

155. Гуфт: «Ин модашутури ман аст. Як рӯз об хӯрдан ҳаққи ӯ бошад ва як рӯз ҳаққи шумо.

156. Ба он осебе марасонед, ки азоби рӯзи бузург ба саратон меояд».

Онро куштанд ва пушаймон шуданд.

158. Пас азоб онҳоро фурӯ гирифт. Албатта, дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд

159. Албатта, Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст!

160. Қавми Лут паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд.

161. Он гоҳ, бародарашон Лут гуфт: «Оё наметарсед?

162. ҳаройна, ман барои шумо паёмбаре амин ҳастам.

163. Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед!

164. Ман аз шумо барои ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст!

165. Чаро аз миёни мардуми ҷаҳон бо мардон меомезед?

166. Ва ҳамсаронеро, ки Парвардигоратон офаридааст, тарк мегӯед? Балки, шумо мардуми таҷовузкор ҳастед!»

167. Гуфтанд: «Эй Лут, агар бас накунӣ, ҳатман, аз шаҳр берунат мекунем».

168. Гуфт: «ҳаройна, ман ба кори шумо душманам.

169. Эй Парвардигори ман, маро ва касонамро аз оқибати амале, ки мекунанд, раҳоӣ бахш!»

170. ӯ ва ҳамаи касонашро раҳонидем,

171. ғайри пиразане, ки хост бимонад.

172. Сипас дигаронро ҳалок кардем,

173. Бар онҳо бороне боронидем ва чӣ бад буд борони таҳдидшудагон!

174. Ҳаройна, дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд.

175. Ҳаройна, Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст!

176. Мардуми Айка7паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд.

177. Он гоҳ, ки Шуъайб ба онҳо гуфт: «Оё аз Худо наметарсед?

178. ҳаройна, ман барои шумо паёмбаре амин ҳастам.

179. Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед!

180. Ман аз шумо барои ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст.

181. Паймонаро тамом бипардозед ва камфурӯшӣ макунед.

Ва бо тарозуи дуруст вазн кунед.

183. Ба мардум кам мадиҳед ва бебокона дар замин фасод макунед.

184. Аз он Кас, ки шумо ва халоиқи пеш аз шуморо офаридааст, битарсед».

185. Гуфтанд: «Ҷуз ин нест, ки туро ҷоду кардаанд.

186. Ту низ инсоне монанди мо ҳастӣ ва мепиндорем, ки дурӯғ мегӯӣ.

187. Агар рост мегӯӣ, порае аз осмонро бар сари мо андоз».

Гуфт: «Парвардигори ман ба коре, ки мекунед, донотар аст».

189. Пас дурӯғгӯяш бароварданд ва дар он рӯзи абрнок азоб ононро фурӯ гирифт. Он ҳаройна, азоби рӯзи бузург буд!

Албатта, дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд.

191. Албатта, Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст.

192. Ва ҳаройна, ин китоб нозилшуда аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст.

193. Онро Рӯҳуламин8нозил кардааст.

194. Бар дили ту, то аз бимдиҳандагон бошӣ,

Ба забони арабии равшан.

196. Ва ҳаройна, он дар навиштаҳои пешиниён низ ҳаст.

197. Оё ин нишона бар онҳо басанда нест,ки уламои бани Исроил аз он огоҳанд?

198. Агар онро бар яке аз аҷамиён ( ғайри арабҳо) нозил карда будем

Ва барояшон онро мехонд, ба он имон намеоварданд.

200. Ба ин сон Қуръонро дар дилҳои гунаҳгорон роҳ додем.

Ба он имон намеоваранд, то азоби дардоварро бингаранд.

202. Ва он азоб ногаҳон ва бехабар бар онон фурӯд меояд.

203. Мегӯянд: «Оё моро мӯҳлате хоҳанд дод?»

 








Не нашли, что искали? Воспользуйтесь поиском по сайту:



©2015 - 2024 stydopedia.ru Все материалы защищены законодательством РФ.