Сделай Сам Свою Работу на 5

Ва агар ба (паёмбарии) ман имон намеоваред, аз ман канор гиред».





22. Пас, Парвардигорашро хонд, ки инон мардуме гунаҳкоранд.

23. Бандагони Маро шабҳангом равона кун, ҳаройна, шумо дунболагирӣ карда мешавед.

24. Баҳрро ором пушти сар гузор, (яъне, ҳангоми убури шумо баҳр ба ду ним тақсим шуда буд, онро ҳамон тавр гузор ва аз убури фиръавниён матарс) ки ҳаройна, он сипоҳ (сипоҳи фиръавн) ғарқшудагонанд.

25. Баъд аз худ чӣ боғҳову чашмасорҳо бар ҷой гузоштанд,

26. бо киштзорҳову хонаҳои некӯ,

27. бо неъмате, ки дар он ғарқи шодмонӣ буданд.

28. Ба ин сон буданд ва Мо он неъматҳоро ба мардуме дигар вогузоштем.

29. На осмон бар онҳо гирист ва на замин ва на ба онҳо мӯҳлат дода шуд.

30. Ва ҳаройна, мо бани Исроилро аз он азоби хоркунанда раҳонидем,

31. аз Фиръавн, ҳаройна, ӯ аз бартарӣҷӯёни (мутакаббир) ситамкор буд.

32. ҳаройна, онҳоро (бани Исроилро) дониста бар оламиён баргузидем. (ва ононро миллати баргузидаи асри худашон кардем)

33. Ва оёте ба онҳо ато кардем, ки дар он имтиҳоне ошкор буд.

34.Албатта, инҳо мегӯянд:

35. «Поёни кор ҷуз ҳамин марги нахустин нест ва мо дигар бор зинда намешавем.



36. Ва агар рост мегӯед, падарони моро ба ҷаҳон бозоваред».

37. Оё инҳо беҳтаранд ё қавми Туббаъ3ва касоне, ки пеш аз он қавм буданд? Ҳамаро ҳалок кардем, ки ҳаройна, онҳо гунаҳгорон буданд.

38. Мо ин осмонҳову замин ва он чиро миёни онҳост, ба бозича наёфаридаем.

39. Онҳоро барҳақ офаридаем, вале бештаринашон намедонанд.

40. Ҳаройна, Ваъдагоҳи ҳама дар рӯзи доварӣ, қиёмат аст.

41. Рӯзе, ки ҳеҷ дӯсте барои дӯсти худ судманд набошад ва аз сӯи касе ёрӣ нашавад,

42. магар касе, ки Худо бар ӯ бубахшояд, ҳаройна, ӯст пирӯзманду меҳрубон.

43. Ҳаройна, дарахти Заққум

44. таъоми гунаҳкорон аст.

45. Монанди миси гудохта дар шикамҳо меҷӯшад.

46. Монанди ҷӯшидани оби сӯзон.

47. Бигиредаш ва ба сахтӣ ба миёни ҷаҳаннамаш бикашед

48. ва бар сараш оби ҷӯшон бирезед, то шиканҷа шавад.

49.(ба гунаҳкор гӯем), бичаш, (ин азобро) ки ту пирӯзманду бузургворӣ! (ба гумони худат)



50.ҳаройна, ин ҳамон чизест, ки дар он шак мекардед.

51. ҳаройна, Парҳезкорон дар ҷои амне ҳастанд,

52.дар боғҳову чашмасорҳо

53. либосҳои аз сундусу истабрақ4мепӯшанд ва рӯ ба рӯи ҳамдигар менишинанд.

54.Ҳамчунин ҳурулъийнро (ҳурони шаҳлочашм) ба ҳамсарияшон дароварем.

55. Дар эминӣ ҳар меваеро, ки бихоҳанд, металабанд.

56. Дар он ҷо таъми маргро намечашанд, ғайри ҳамон марги нахустин. Ва онҳоро Худо аз азоби ҷаҳаннам нигоҳ доштааст.

57. Ин бахшишест аз ҷониби Парвардигорат ва ин пирӯзии бузургест!

58. ҳаройна, Мо адои сухани хеш ба забони ту осон кардем, то, ки панд гиранд!

59. Ту мунтазир бош, ки ҳаройна, онҳо низ мунтазиранд.

Сураи ҶОСИЯ1

(зонузананда)

Ба номи Худо бахшояндаи меҳрубон!

1.Ҳо, мим.

2. Нозил шудани ин китоб аз ҷониби Худои пирӯзманду ҳаким аст.

3. Албатта, дар осмонҳову замин нишонаҳои ибратест барои мӯъминон!

4.Ва дар офариниши шумо ва пароканда шудани ҷунбандагон (ҷонварон) ибратҳост барои аҳли яқин.

5. Омаду шуди шабу рӯз ва ризқе, ки Худо аз осмон мефиристад ва замини мурдаро ба он зинда мекунад ва низ дар вазиши бодҳо, ибратҳост барои оқилон.

6.Инҳо оёти Худост, ки ба ростӣ бар ту тиловат мекунем. Ҷуз Худову оёташ ба кадом сухан имон меоваранд?

7. Вой, ба ҳар дурӯғпардози гунаҳкоре!

8. Оёти Худоро, ки бар ӯ хонда мешавад, мешунавад. Он гоҳ ба гарданкашӣ пой мефишурад, чунонки гӯйи ҳеҷ нашунидааст. Пас, ба азобе дардовар башораташ деҳ.



9. Чун чизе аз оёти Моро фаро гирад, онро барои масхара фаро мегирад, инҳо сазовори азобе хоркунандаанд.

10. Пеши рӯяшон ҷаҳаннам аст. Ва моле, ки ба даст овардаанд, ва касоне, ки ғайри Худои (барҳақ) ба худоӣ гирифтаанд, ба ҳолашон суд накунад. Онҳорост азобе бузург!

11.Ин раҳнамудест. Ва онон, ки ба оёти Парвардигорашон имон намеоваранд, барояшон азобест аз (навъи) сахттарин азобҳои дардовар.

12. Худост, ки баҳрро роми шумо кард, то дар он ба фармони ӯ киштиҳо равон бошанд ва талаби маъишат кунед, то ки сипосгузор бошед!

13.Роми шумо сохт он чӣ дар осмонҳост ва он чӣ дар замин аст. Ҳама аз они ӯст. Ҳаройна, дар ин барои андешамандон ибратҳоест.

14. Ба касоне, ки имон овардаанд бигӯ: «Аз хатои касоне, ки ба рӯзҳои (муносибатҳои) Худо бовар надоранд (яъне, мӯътақид нестанд, ки ҳодисаҳо ҷазои аъмоли эшон аст) даргузаред, то Худо он мардумро ба ҷазои аъмоле, ки муртакиб шудаанд, подош диҳад.

15. Ҳар кас кори шоистае кунад, ба суди худи ӯст ва ҳар кас муртакиби кори баде шавад, ба зиёни ӯст. Сипас ҳама ба сӯи Парвардигоратон бозгардонда мешавед.

16.Мо бани Исроилро китоб ва илми довариву нубувват ато кардем ва аз чизҳои покизаву хуш рӯзиашон додем. Ва бар ҷаҳониён (асри худашон) бартариашон додем.

17.Ва онҳоро дар бораи он амр (кори нубувват ва шариъат) далелҳое равшан додем. Ва дар он аз рӯи ҳасаду кина ихтилоф накарданд, магар он гоҳ ки дониш (дар бораи ҳақиқати дин ва аҳкоми он) ёфтанд. Худо дар рӯзи қиёмат дар он чӣ ихтилоф мекарданд, доварӣ хоҳад кард.

18. Пас, туро ба роҳи зоҳир аз дин (яъне, шариъат) андохтем. Пас, аз он роҳ бирав ва аз хоҳишҳои нодонон пайравӣ макун.

19. Ҳаройна, инҳо туро ҳеҷ аз Худо бениёз намекунанд ва ҳаройна, золимон дӯстдорони якдигаранд ва Худо дӯстдори парҳезгорон аст.

20. Ин Қуръон мояи басирати мардум ва ҳидояту раҳматест барои аҳли яқин.

21.Оё онон, ки муртакиби бадиҳо мешаванд, мепиндоранд, ки дар шумори касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд қарорашон медиҳем? Ва оё зиндагиву маргашон яксон аст? Чӣ бад доварӣ мекунанд.

22.Ва Худо осмонҳову заминро барҳақ биёфарид, то ҳар касеро баробари коре, ки кардааст, подош диҳад ва ба онҳо ситам нашавад.

23. Оё он касро, ки ҳавасашро чун худои худ гирифт ва Худо бо вуҷуди огоҳии он кас (аз ҳаққу ботил) гумроҳаш кард ва бар гӯшу дилаш мӯҳр ниҳод ва бар дидагонаш парда афканд, дидаӣ? Агар Худо ҳидоят накунад, чӣ касе ӯро ҳидоят хоҳад кард? чаро панд намегиред?

24.Ва гуфтанд: «Ҷуз зиндагии дунявии мо ҳеҷ нест. Мемирему зинда мешавем ва моро ҷуз даҳр ҳалок накунад». Ононро ба он донише нест ва ҷуз дар пиндоре нестанд.

25. Ва чун оёти равшангари Мо тиловат шавад, ҳуҷҷаташон ин аст, ки мегӯянд: «Агар рост мегӯед, падарони моро зинда кунед».

26. Бигӯ: «Худост, ки шуморо зинда мекунад, пас мемиронад ва сипас ҳамаро дар рӯзи қиёмат, ки шакке дар он нест, гирд меоварад. Вале бештари мардум намедонанд!»

27.Аз они Худованд аст фармонравоии осмону замин. Ва он рӯз, ки қиёмат барпо шавад, аҳли ботил зиён хоҳанд кард.

28. Ҳар умматеро бубинӣ, ки ба зону даромадааст ва ҳар умматеро барои гирифтани номаи аъмолаш бихонад. Дар чунин рӯзе дар баробари аъмоле, ки кардаед, подош мебинед.

29. Ин навиштаи Мост, ки барҳақ сухан мегӯяд, ҳаройна, Мо корҳоеро, ки мекардаед, менавиштем.

30.Аммо касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд, Парвардигорашон дохил дар раҳмати Хеш мекунад ва ин комёбии ошкор аст.

31. Аммо, касоне, ки кофир мешаванд (ба онҳо гуфта мешавад), магар оёти Мо бар шумо хонда намешуд ва шумо такаббур меварзидед ва мардуме гунаҳкор будед?

32. Чун гуфта мешуд, ки ҳаройна, ваъдаи Худо ҳақ аст ва дар қиёмат шакке нест, мегуфтед: «Мо намедонем қиёмат чист? Ҷуз гумоне намебарем ва ба яқин нарасидаем».

33.Аъмоли зишташон дар баробарашон ошкор шуд ва он чизе, ки масхарааш мекарданд (азоби дӯзах), гирд ба гирдашонро бигирифт.

34.(Аз сӯйи Худо) ба онҳо гуфта шавад: «Имрӯз фаромӯшатон мекунем (ва дар азоб раҳоятон месозем), ҳамчунон, ки шумо дидори чунин рӯзатонро, фаромӯш карда будед (ва Моро аз ёд бурдед ва масоил ва ҳаводиси қиёматро нодида гирифтед). Ҷойгоҳатон дар оташ аст ва шуморо ҳеҷ ёваре нест.

35. Ва ин (гирифтор шуданатон ба ин сарнавишти асафнок) ба ҷазои он аст, ки оёти Худоро ба масхара мегирифтед ва ҳаёти дунё шуморо бифирефт». Пас, имрӯз аз ин оташ касе берунашон набарад ва касе узрашонро напазирад.

36.Ситоиш аз они Худост, Парвардигори осмонҳову Парвардигори замин ва Парвардигори ҷаҳониён (ки ҷуз ӯ аҳаде шоистаи он нест, чунки ӯ холиқ ва молики ҷамеъи махлуқот ва коинот аст).

37.Бузургворӣ (шукуҳу бақову пойдориву камол) дар осмонҳову замин (дар ҳама умур) хоси ӯст ва ӯст пирӯзманду ҳаким, (ки дар сунъ ва амал соҳибтадбир аст).!

Сураи АҲҚОФ1

(регистонҳо)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Ҳо мим.

2.Нозил шудани ин китоб аз ҷониби Худои пирӯзманду ҳаким аст.

3.Мо осмонҳову замин ва он чиро, ки дар миёни он ду аст, ҷуз барҳақ ва дар муддате муъайян наёфаридаем. Ва кофирон аз он чӣ бимашон медиҳанд рӯй мегардонанд.

4.Бигӯ: «Аз онҳое, ки ҷуз Аллоҳ ба худоӣ мехонед, хабар медиҳед. Ба ман нишон диҳед, ки аз ин замин чӣ чизро офаридаанд? Ё дар хилқати (офаридани) осмонҳо ширкат доштаанд? Агар рост мегӯед, барои ман китобе, ки пеш аз ин Қуръон омада бошад ё агар донише аз пешиниён мондааст, биёваред!

5. Ва кист гумроҳтар аз он, ки ба ҷуз Аллоҳ чизеро ба худоӣ мехонад, ки то рӯзи қиёмат ба ӯ ҷавоб намедиҳад ва бутон аз дуъои бутпарастон бехабаранд.

6. Ва чун дар қиёмат мардумро гирд оранд, бутон бо парастандагони хеш душман бошанд ва ибодаташонро инкор кунанд.

7. Чун оёти равшани Мо ба онон хонда шавад, кофирон ҳақиқатеро, ки барояшон нозил шудааст, гӯянд: «Ҷодуи ошкор аст».

8.Ё мегӯянд: «Ин китоб дурӯғест, ки худ бофтааст!» Бигӯ: «Агар ман онро чун дурӯғе ба ҳам бофта бошам, шумо наметавонед хашми Худоро аз ман боздоред. Худо аз он таънаҳо, ки ба он мезанед, огоҳтар аст. Ва шаҳодати ӯ миёни ману шумо кофист. Ва ӯст омурзандаи меҳрубон!»

9. Бигӯ: «Ман аз миёни дигар паёмбарон бидъате тоза нестам (яъне, пеш аз ман низ дигар паёмбарони Худо гузаштаанд ва шумо медонед, пас чаро аз паёмбарии ман ҳайрон шуда инкор мекунед) ва намедонам, ки бар ман ё бар шумо (дар дунё) чӣ хоҳад расид (чунки ғайбдон нестам). Ман аз чизе ҷуз он чӣ ба ман ваҳй мешавад, пайравӣ намекунам ва ман ҷуз бимдиҳандае ошкор нестам».

10.Бигӯ: «Чӣ кор хоҳед кард агар Қуръон аз ҷониби Худо бошад ва шумо ба он имон наоваред? Ва яке аз (уламои) бани Исроил ба он шаҳодат дод ва имон овард. Вале шумо гарданкашӣ кардед. Албатта, Худованд мардуми ситамкорро ҳидоят намекунад!»

11.Кофирон мӯъминонро гуфтанд: «Агар дар он хайре мебуд, инҳо дар пазируфтанаш бар мо сабқат намегирифтанд2». Ва чун ба василаи он роҳи ҳидоят наёфтанд, хоҳанд гуфт, ин дурӯғе дерина аст.

12.Ва пеш аз он (қуръон) китоби Мӯсо роҳнамову раҳмат буд. Ва ин китобест тасдиқкунандаи он ба забони арабӣ, то ситамкоронро биме ва некӯкоронро муждае бошад.

13. Албатта, онон, ки гуфтанд, ки Парвардигори мо Аллоҳ аст ва сипас пойдорӣ варзидаанд, биме дар онҳо нест ва андӯҳгин намешаванд.

14.Инҳо ба подоши аъмолашон аҳли биҳиштанд ва дар он ҷо ҷовидонаанд.

15.Одамиро ба некӣ кардан бо падару модари худ супориш кардем. Модараш ӯро бо душворӣ бардошт (ҳангоми ҳомилагӣ) ва ба душворӣ ба замин ниҳод (яъне, таваллуд кард). Ва муддати ҳамл ва то аз шир боз гирифтанаш, сӣ моҳ аст, то чун ба синни ҷавонӣ расад ва ба чиҳилсолагӣ дарояд, гӯяд: «Эй Парвардигори ман, ба ман биёмӯз, то шукри неъмате, ки бар ман ва бар падару модарам арзонӣ доштаӣ, ба ҷой орам. Коре шоиста бикунам, ки Ту аз он хушнуд шавӣ ва фарзандони маро ба салоҳ овар (яъне, фарзандони солеҳ гардон). Ман ба ту бозгаштам ва аз таслимшудагонам».

16.Инҳо касоне ҳастанд, ки корҳои некашонро мепазирем ва аз гуноҳашон дармегузарем. Дар зумраи аҳли биҳиштанд. Ҳар ваъде, ки ба онҳо додашуда, рост аст.

17.Ва он ки ба падару модараш гуфт: «Уф бар шумо, оё ба ман ваъда медиҳед, ки аз гӯрам бархезонанд ва ҳоло он ки мардуме пеш аз ман будаанд, ки барнахостаанд? Ва он ду ба даргоҳи Худо истиғоса (додхоҳӣ) мекунанд ва гӯянд: «Вой бар ту3, имон биёвар, ки албатта, ваъдаи Худо ҳақ аст!» Мегӯяд: «Инҳо чизе ҷуз ҳамон афсонаҳои пешиниён нест!»

18. Дар бораи инҳо ҳамон сухан, ки дар бораи умматҳои пешин аз ҷинну инс гуфта шуда буд, ба ҳақиқат мепайвандад. Ҳаройна, инҳо зиёнкунандагонанд.

19.Ва ҳар якро нисбат ба коҳоре, ки кардааст, дараҷотест, то ки Худо подоши корҳояшонро ба тамомӣ бидиҳад ва ба онон ситам нашавад.

20.Ва рӯзе, ки кофиронро бар оташ арза кунанд: дар зиндагии дунявӣ аз чизҳои покиза ва хуш баҳраманд шудед, имрӯз ба азоби хорӣ подошатон медиҳанд. Ва ин ба он сабаб аст, ки дар замин бе ҳеҷ ҳаққе гарданкашӣ мекардед ва исёнгарӣ пеш гирифта будед.

21.Бародари қавми Одро4(ба ёд биёвар), ки чун қавми худро дар Аҳқоф бим дод ва пеш аз ӯ паёмбароне буданд ва рафтанду пас аз ӯ паёмбароне омаданд, ки ҷуз Худои якторо напарастед, ки ҳаройна, ман аз азоби рӯзе бузург бар шумо бимнокам.

22.Гуфтанд: «Оё омадаӣ, то моро аз худоёнамон рӯйгардон созӣ? Агар рост мегӯӣ, ҳар чӣ ба мо ваъда додаӣ, биёвар».

23.Гуфт: «Инро Худо медонад ва ман он чиро ба он фиристода шудаам, ба шумо мерасонам. Вале мебинам, ки мардуме нодон ҳастед».

24.Чун абре диданд, ки аз ҷониби рӯдхонаҳошон меояд, гуфтанд: « Ин абре боронзост». На, ин ҳамон чизест, ки онро ба шитоб металабидед. Бод аст ва дар он бод азобе дардовар,

25.ва бо фармони Парвардигораш ҳама чизро ҳалок мекунад. Чунон шуданд, ки акнун ҷуз хонаҳояшонро набинӣ. Ва мо гунаҳгоронро ин сон ҷазо медиҳем.

26.Ба онҳо чунон тавону қудрат дода будем, ки ба шумо надодаем. Барояшон гӯшу чашму дил қарор додем. Вале гӯшу чашму дилашон ба ҳолашон ҳеҷ суде накард, зеро оёти Худоро инкор мекарданд, ва он азоберо, ки ба масхарааш мегирифтанд, онҳоро фурӯ гирифт.

27.Ба таҳқиқ, Мо ҳамаи деҳаҳоеро, ки дар атрофи шумо буданд, ҳалок кардем ва оётро гуногун баён кардем, бошад, ки бозгарданд.

28.Пас, аз чӣ рӯй он худоёне, ки ғайри Аллоҳ барои наздикӣ ба худоӣ гирифта буданд, ёриашон накарданд, балки аз назарашон гум шуданд? Ин аст дурӯғу бофтаҳояшон!

29.Ва гурӯҳе аз ҷинро назди ту равона кардем, то Қуръонро бишнаванд. Чун ба наздаш расиданд, гуфтанд: «Гӯш фаро диҳед! Чун (тилвати қуръон) ба поён омад монанди бимдиҳандагоне назди қавми худ бозгаштанд.

30.Гуфтанд: «Эй қавми мо, ҳаройна, мо китоберо шунидем, ки баъд аз Мӯсо нозил шуда, китобҳои пешинро тасдиқ мекунад ва ба ҳақ ва роҳи рост роҳ менамояд.

31.Эй қавми мо, ин даъваткунандаи Худоро посух гӯед ва ба ӯ имон биёваред, то Худо гуноҳҳоятонро биёмурзад ва шуморо аз азобе дардовар дар амон дорад.

32.Ва ҳар касе, ки ба ин даъваткунанда ҷавоб нагӯяд, наметавонад, дар рӯйи замин аз Худои барҳақ бигурезад ва ӯро ҷуз Худои барҳақ ҳеҷ ёваре нест ва дар гумроҳии ошкорест!»

33.Оё намебинанд, Худое, ки осмонҳову заминро биёфарид, дар офаридани онҳо дарнамонд. ӯ метавонад мурдагонро зинда кунад. Бале, ӯ бар ҳар коре тавоност!

34.Рӯзе, ки кофирон бар оташи дӯзах арза шаванд, ки оё ин ҳақиқат нест? Гӯянд: «Бале, ба Парвардигорамон савганд!» Гӯяд: «Ба хотири куфре, ки меварзидаед, инак, азобро бичашед!»

35.Пас, пойдорӣ кун, ҳамчунон ки паёмбарони улулазм (боазм) пойдорӣ карда буданд. Ва дар ҷазо доданашон шитоб макун. Он рӯз, ки он ваъдаеро, ки ба онҳо дода шуда, бингаранд, пиндоранд, ки ҷуз ба қадри соате аз рӯз (дар дунё) диранг накардаанд. Ин таблиғи рисолат аст. Пас, оё ҷуз нофармонони саркаш ба ҳалокат мерасанд?

Сураи Муҳаммад 1

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Худо аъмоли (неки) касонеро, ки кофир шуданд ва мардумро аз роҳи Худо боз доштанд, ботил сохтааст.

2.Худо касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва ба он чӣ бар Муҳаммад нозил шуда, ки он ҳақ аст ва аз ҷониби Парвардигорашон омада, имон овардаанд, гуноҳонашонро аз онҳо дур кард ва корҳояшонро ба салоҳ овард.

3.Ва ин (зоеъ сохтани аъмоли неки кофирон ва бахшидани гуноҳи мӯъминон) ба он сабаб аст, ки кофирон аз ботил пайравӣ карданд ва онон, ки имон оварданд, аз ҳаққе, ки аз ҷониби Парвардигорашон омада буд, пайравӣ кардаанд. Худо барои мардум инчунин мисолҳои (некиҳо ва бадиҳояшонро) баён мекунад.

4.Чун бо кофирон рӯ ба рӯ шудед (дар майдони набард), гарданашонро бизанед. Ва чун онҳоро сахт фурӯ кӯфтед (бо куштан ва захмӣ кардан), асирашон кунед ва сахт бибандед (яъне, сахт назорат ва нигаҳбонияшон кунед). Он гоҳ ё ба миннат озод кунед ё ба фидя (ба ивази пул). То он гоҳ, ки ҷанг ба поён ояд. Ва ин аст ҳукми Худо. Ва агар Худо мехост (аз роҳҳои дигаре, мисли тӯфон, заминларза, сел, ғарқ сохтан ва дигар офатҳо) аз онон (кофирон) интиқом мегирифт, вале хост, то шуморо ба якдигар биёзмояд (ва мӯъминонро бо ҷиҳод кардан бар зидди кофирон, имтиҳон кунад). Ва онон, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд, ҳаргиз (савоби) аъмолашонро ботил намекунад.

5.Ба зудӣ, ки ҳидояташон кунад ва корҳояшонро ба салоҳ оварад.

6.Ва ба биҳиште, ки барояшон васф кардааст, дохилашон созад.

7.Эй касоне, ки имон овардаед, агар Худоро ёрӣ кунед, шуморо ёрӣ хоҳад кард ва пойдорӣ хоҳад бахшид.

8.Бар кофирон: “Ҳалокату шӯрбахтӣ бод”. Худо аъмолашонро ботил кардааст.

 








Не нашли, что искали? Воспользуйтесь поиском по сайту:



©2015 - 2024 stydopedia.ru Все материалы защищены законодательством РФ.