Сделай Сам Свою Работу на 5

Агар хостори бозича мебудем, Худ онро меофаридем.





18.Балки ҳақро бар сари ботил мезанем, то онро дар ҳам кӯбад ва ботил нобудшаванда аст. Ва вой бар шумо аз он чӣ ба Худо нисбат медиҳед.

19.Аз они ӯст, ҳар кӣ дар осмонҳову замин аст. Ва онон, ки дар назди ӯ ҳастанд, аз ибодаташ ба такаббур сар наметобанд ва хаста намешаванд.

20.Шабу рӯз, бе он ки сустие дар онон падид ояд, тасбеҳ мегӯянд.

21.Оё дар замин худоёне интихоб кардаед, ки мурдагонро аз гӯр бармеангезанд?

22.Агар дар замину осмон худоёне ҷуз Аллоҳи барҳақ мебуд, ҳар ду (замину осмон) табоҳ мешуданд. Пас Аллоҳ, Парвардигори Арш аз ҳар чӣ ба васфаш мегӯянд, пок аст.

23.ӯ дар баробари ҳеҷ як аз корҳое, ки мекунанд, бозхост намешавад, вале мардум бозхост мешаванд.

24.Оё ба ҷуз ӯ (Худои барҳақ) худоёнеро интихоб кардаед? Бигӯ: «Ҳуҷҷати хеш биёваред. Дар ин китоб сухани касонест, ки бо ман ҳастанд ва сухани касоне, ки пеш аз ман будаанд», На, бештаринашон чизе аз ҳақ намедонанд, пас, аз он рӯй мегардонанд.

25.Мо пеш аз ту ҳеҷ паёмбаре нафиристодем, ҷуз он ки ба ӯ ваҳй кардем, ки ҷуз Ман худое барҳақ нест. Пас, Маро бипарастед.



26.Ва гуфтанд, ки Худои Раҳмон фарзанд ихтиёр кардааст. Пок аст ӯ. Балки онон (фариштагон) бандагоне гиромӣ ҳастанд2.

27.Дар сухан бар ӯ пешӣ намегиранд ва ба фармони ӯ кор мекунанд.

28.Медонад ҳар чӣ дар баробари онҳост ва ҳар чӣ пушти сари онҳост. Ва онон ҷуз касонеро, ки Худо аз онҳо хушнуд аст (ва иҷозаи шафоъатро додааст), шафоъат намекунанд ва аз бими ӯ ларзонанд.

29.Ҳар кас аз онҳо, ки бигӯяд: «Ман ғайри ӯ (Худои барҳақ) худоям», ҷазои чунин касеро ҷаҳаннам медиҳад ва золимонро чунин ҷазо медиҳем.

30.Оё кофирон намедонанд, ки осмонҳову замин баста буданд, Мо онҳоро кушудем3 ва ҳар чизи зиндаеро аз об падид овардем? Чаро имон намеоваранд?

31.Ва бар замин кӯҳҳо биёфаридем, то (замин қарор гирад ва) онҳоро наларзонад. Ва дар он (куҳҳо) роҳҳои фарох сохтем, бошад, ки роҳи хеш биёбанд.

32.Ва осмонро сақфе нигоҳдошташуда кардем ва боз ҳам аз ибратҳои он рӯй мегардонанд.



33.ӯст, ки шабу рӯз ва офтобу моҳро, ки ҳар як дар фалаке шиноваранд, биёфарид.

34.Мо пеш аз ту ҳеҷ башареро ҷовидон насохтаем. Чӣ сон агар ту низ бимирӣ, онҳо ҷовидон бимонанд?

35.Ҳар кас таъми маргро мечашад. Ва шуморо ба хайру (осудагӣ) шар (сахтӣ) меозмоем. Ва ҳама ба назди Мо бозмегардед.

36.Кофирон чун туро бубинанд, бешак масхараат хоҳанд кард, ки оё ин ҳамон мардест, ки аз худоёнатон ба бадӣ ёд мекунад? Ва инҳо худ ёди Худои Раҳмонро мункиранд.

37.Одамӣ, шитобкор офаридашудааст. Оёти худро ба шумо нишон хоҳам дод, шитоб макунед.

38.Мегӯянд: «Агар рост мегӯед, пас он ваъда куҷост?»

39.Кофирон он гоҳ, ки натавонанд оташро аз чеҳраву пушти хеш боздоранд ва касе ба ёриашон барнахезад, хоҳанд донист.

40.Аммо (қиёмат) ногаҳон биёяд ва ҳайронашон созад ва аз ӯҳдаи бозгардонидани он барнаёянд ва мӯҳлаташон дода намешаванд.

41.Паёмбаронеро, ки пеш аз ту буданд, низ ба масхара гирифта буданд, вале азобе, ки масхарааш мекарданд, бар сари масхаракунандагон фурӯд омад.

42.Бигӯ: «Кист, он ки шуморо шабу рӯз аз қаҳри Худои Раҳмон ҳифз мекунад?» Бо ин ҳама аз ёд кардани Парвардигорашон рӯйгардонӣ мекунанд.

43.Ё он ки худоёне доранд, ки ба ҷои мо ононро аз ҳодисаҳо нигоҳ медоранд? На, он худоён ёрии хештан натавонанд ва на дар баробари мо паноҳида шаванд.

44.Балки мо онҳо ва падаронашонро баҳраманд кардем, то умрашон ба дарозо кашид. Оё намебинанд, ки қасди ин сарзамин мекунем ва аз атрофи он мекоҳем? Оё боз ҳам онҳо пирӯзанд?



45.Бигӯ: «Ман шуморо бо ваҳй бим медиҳам», вале каронро чун бим диҳанд, намешунаванд.

46.Ва агар андаке аз азоби Парвардигорат ба онҳо бирасад, хоҳанд гуфт: «Вой бар мо, ки ситамкор будаем!»

47.Барои рӯзи қиёмат тарозуҳои адлро омода мекунем ва ба ҳеҷ кас чизе (камтарин) ситам намешавад. Агар чи амале ба вазни як хардал ҳам бошад, ба ҳисобаш меоварем, ки мо ҳисобро басандаем!

48.Ба Мӯсо ва Ҳорун китобе додем, ки ҳаққу ботилро аз якдигар ҷудо мекунад ва равшаниву панд аст барои парҳезгорон.

49.Онон, ки аз Худои хеш дар ниҳон метарсанд ва аз рӯзи қиёмат ҳаросноканд.

50.Ин Қуръони муборак аст. ки нозил кардаем. Оё мункири он ҳастед?

51.Пеш аз ин ба Иброҳим нерӯи шинохташро ато кардем ва ба ӯ огоҳ будем.

52.Он гоҳ, ки ба падараш ва қавмаш гуфт: «Ин суратҳо, ки ба парастиши онҳо дил ниҳодаед, чистанд?»

53.Гуфтанд: «Падаронамонро дидем, ки онҳоро мепарастиданд».

54.Гуфт: «Албатта, шумо ва падаронатон дар гумроҳии ошкоро будаед».

55.Гуфтанд: «Барои мо сухани ҳаққе овардаӣ ё моро ба бозӣ гирифтаӣ?»

56.Гуфт: «На, Парвардигори шумо, Парвардигори осмонҳову замин аст. Он, ки онҳоро биёфаридааст. Ва ман бар ин сухан, ки мегӯям, гувоҳӣ медиҳам.

57.Ва ба Худо савганд, ки чун шумо биравед, чораи ин бутонатонро хоҳам кард».

58.Онҳоро пора –пора кард. Магар бузургтаринашонро, шояд, бар он руҷӯъ кунанд.

59.Гуфтанд: «Чӣ кас ба худоёни мо чунин кардааст? Албатта, ӯ аз ситамкорон аст!»

60.Гуфтанд: «Шунидаем, ки ҷавоне ба номи Иброҳим (мухолифати) аз онҳо сухан мегуфтааст».

61.Гуфтанд: «ӯро ба назди мардум биёваред, то шаҳодат диҳанд».

62.Гуфтанд: «Эй Иброҳим, оё ту бо худоёни мо чунин кардаӣ?»

63.Гуфт: «Балки бузургтаринашон чунин кардааст. Агар сухан мегӯянд, аз онҳо бипурсед».

64.Бо худашон гуфтугӯ карданд ва гуфтанд: «Шумо худ ситамкор ҳастед».

65.Он гоҳ ба ҳайрат сар фурӯ доштанд ва гуфтанд: «Ту худ медонӣ, ки инҳо сухан намегӯянд».

66.Гуфт: «Оё ғайри Аллоҳ чизеро мепарастед, ки шуморо на суд мерасонад, на зиён.

67.Безорам аз шумо ва аз он чизҳое, ки аз ғайри Аллоҳ мепарастед. Оё ба ақл дарнамеёбед?

68.Гуфтанд: «Агар мехоҳед коре бикунед, бисӯзонедаш ва худоёни худро нусрат диҳед».

69.Гуфтем: «Эй оташ, бар Иброҳим сард ва саломат бош!»

70.Мехостанд барои ӯ (Иброҳим) макре бияндешанд, вале мо зиёнкорашон гардонидем.

71.ӯ ва Лутро раҳонидаем ва ба сарзамине, ки онро баракати ҷаҳониён қарор додаем, бурдем.

72.Ва ба ӯ Исҳоқ ва фарзандзодае чун Яъқубро бахшидем. Ва ҳамаро аз шоистагон гардонидем.

73.Ва ҳамаро пешвоёне сохтем, ки ба амри Мо ҳидоят мекарданд. Ва анҷом додани корҳои нек ва барпой доштани намоз ва додани закотро ба онҳо ваҳй кардем ва ҳама парастандаи Мо буданд.

74.Ва ба Лут ҳукму илм додем ва аз он ободӣ ва шаҳре, ки мардумаш корҳои палид мекарданд, наҷоташ бахшидем. ҳаройна, онҳо мардуме баду фосиқ буданд!

75.ӯро дар раҳмати хеш дохил кардем, ки бе шак, ӯ аз шоистагон буд.

76.Ва Нӯҳро (ёд кун), ки пеш аз он Моро нидо дод ва Мо ба ӯ посух додем ва ӯву хонадонашро аз ранҷи бузург раҳонидем.

77.Ва ӯро бар мардуме, ки оёти Моро дурӯғ мебароварданд, пирӯзӣ додем. Онон мардуми бад буданд ва Мо ҳамаро ғарқ сохтем.

78.Ва Довуду Сулаймонро (ёд кун), он гоҳ ки дар бораи киштзоре доварӣ карданд, ки гӯсфандони он қавм шабона дар он ҷо мечариданд. Ва Мо шоҳиди доварии онҳо будем.

79.Ва ин шеваи довариро ба Сулаймон омӯхтем ва ҳар якеро ҳукму илм додем ва кӯҳҳоро мутеъи Довуд гардонидем, ки онҳо ва паррандагон бо ӯ тасбеҳ мегуфтанд ва ин ҳамаро Мо кардем.

80.Ва ба ӯ омӯхтем, то бароятон зиреҳ бисозад. То шуморо ба ҳангоми ҷангиданатон ҳифз кунад. Оё сипосгузорӣ мекунед?

81.Ва тундбодро фармонбардори Сулаймон кардем, ки ба амри ӯ дар он сарзамин, ки баракаташ дода будем, ҳаракат мекард. Ва мо ба ҳар чизе огоҳем.

82.Ва гурӯҳе аз шайтонҳо (девон) барояш дар баҳр шиноварӣ мекарданд ва ҷуз он ба корҳои дигар машғул буданд ва Мо ҳофизи онҳо будем.

83.Ва Айюбро (ёд кун), он гоҳ, ки Парвардигорашро нидо дод: «Ба ман беморӣ ва ранҷ расидааст ва Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ».

84.Дуъояшро иҷобат кардем. Ва озор аз ӯ дур кардем ва хонадонашро ва монанди онҳоро бо онҳо ба ӯ бозгардонидем. Ва ин раҳмате буд аз ҷониби Мо, то худопарастон ҳамеша ба ёд дошта бошанд.

85.Ва Исмоил ва Идрис ва Зулкифлро (ёд кун), ки ҳама аз собирон буданд.

86.Ононро сазовори бахшоиши хеш гардонидем ва ҳама аз шоистагон буданд.

87. Ва Зуннунро4(ёд кун) он гоҳ, ки хашмнок бирафт ва пиндошт, ки ҳаргиз бар ӯ танг намегирем. Ва дар торикӣ нидо дод: «Ҳеҷ худое барҳақ ҷуз Ту нест. Ту пок ҳастӣ ва ман аз ситамкорон ҳастам».

88.Дуъояшро мустаҷоб кардем ва ӯро аз андӯҳ раҳонидем ва мӯъминонро инчунин мераҳонем.

89.Ва Закариёро (ёд кун), он гоҳ ки Парвардигорашро нидо дод: «Эй Парвардигори ман, маро танҳо магузор. Ва Ту беҳтарини ворисонӣ!»

90.Дуъояшро мустаҷоб кардем ва ба ӯ Яҳёро бахшидем ва занашро барояш шоиста гардонидем. Инҳо дар корҳои нек шитоб мекарданд ва ба биму умед Моро мехонданд ва дар баробари Мо фурӯтан буданд.

91.Ва он занро (ёд кун), ки шармгоҳи худро нигоҳ дошт ва Мо аз рӯҳи Худ дар ӯ дамидем, ӯ ва фарзандашро барои ҷаҳониён ибрате гардонидем.

92.Ин миллати шумост, миллати ягона. Ва Ман Парвардигори шумоям, Маро бипарастед!

93.Ва дар дини хеш фирқа-фирқа шуданд. Ҳама ба назди Мо бозмегарданд!

94.Ҳар кас, ки коре шоиста кунад ва имон оварда бошад, кӯшиши ӯро носипосӣ нест ва Мо аъмолашонро менависем.

95.Ва ободӣ ва шаҳреро, ки ба ҳалокат расонидаем (мардумашро), муҳол аст, ки бозгашт дошта бошанд5.

96.То он гоҳ, ки Яъҷуҷу Маъҷуҷ кушуда шаванд ва онон аз баландиҳо ба шитоб фароянд.

97.Ва он ваъдаи ростин наздик гардад ва чашмони кофирон ҳамчунон хира монад: «Вой бар мо, дар ҳақиқат мо аз ин ҳол ғофил будем. Балки ситамкор будем!»

98. Шумо ва он чизҳое, ки ғайри Аллоҳ мепарастидед, ҳезумҳои ҷаҳаннамед. Шумо ба ҷаҳаннам хоҳед рафт!

99.Агар инҳо худоён мебуданд, ба ҷаҳаннам намерафтанд ва ҳол он ки ҳама дар ҷаҳаннам ҷовидонанд.

100. Онон (бутпарастон) дар ҷаҳаннам фарёд мекашанд ва ҳол он ки онҳо дар он ҷо ҳеҷ намешунаванд (фарёди якдигарашонро).

101. Касоне, ки пеш аз ин муқаррар кардаем, ки ба онҳо некӯӣ кунем, аз ҷаҳаннам барканоранд.

5. Яъне ба ин дунё бозгаште надоранд, набозгашти миъодӣ.

102. Инҳо садои дӯзахро намешунаванд ва дар биҳишт, ки ҳар чӣ хоҳад, муҳайёст, ҷовидонаанд.

103. Он ваҳшати бузург ғамгинашон накунад ва фариштагон ба дидорашон оянд, ки ин ҳамон рӯзест, ки ба шумо ваъда дода буданд.

104. Рӯзе, ки осмонро чун тӯморе навишта дар ҳам печонем. Ва чунон ки нахустин бор биёфаридем, офариниш аз сар гирем. Ин ваъдаест, ки бароварданаш бар ӯҳдаи Мост ва Мо чунон хоҳем кард.

105. Ва пас аз Таврот, мо дар Забур, навиштаем, ки ин заминро бандагони солеҳи Ман6ба мерос хоҳанд бурд.

106. Ва дар ин китоб таблиғест барои мардуми худопараст!

107. Ва нафиристодем туро ҷуз он, ки ба мардуми ҷаҳон раҳмате арзонӣ дорем.

108. Бигӯ: «Ба ман ваҳй шуда, ки Худои шумо Худоест якто, оё ба он гардан мениҳед?»

109. Пас агар рӯй гардониданд, бигӯ: «Шуморо хабар додам, то ҳама дар огоҳӣ яксон бошед. Ва ман намедонам, он чӣ шуморо ваъда кардаанд, наздик аст ё дур.

110. ӯст, ки медонад ҳар суханеро, ки ба овози баланд гӯед ё дар дил пинҳон доред.

111. Ва намедонам шояд ин озмоише барои шумо ва баҳрамандӣ, то ба ҳангоми марг бошад».

112. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба ҳақ доварӣ кун. Ва Парвардигори мо бахшоянда аст ва бо вуҷуди он чӣ мегӯед, ҳама аз ӯ ёрӣ меҷӯянд».

6. Яъне, дар охирзамон паёмбаре мабъус шавад ва уммати ӯ бар замин ғолиб шавад.

Сураи ҲАҶ1

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Эй мардум, аз Парвардигоратон битарсед, ки албатта, зилзилаи қиёмат ҳодисаи бузургест!

2.Он рӯз, ки бубинедаш, ҳар ширдиҳандае ширхораашро аз ёд бибарад ва ҳар ҳомилае бори худро бар замин гузорад ва мардумро чун мастон бинӣ, ҳол он ки маст нестанд, балки азоби Худо сахт аст.

3.Баъзе аз мардум бе ҳеҷ донише дар бораи Худо баҳс мекунанд ва аз ҳар шайтони саркаше пайравӣ мекунанд.

4.Бар шайтон чунин муқаррар шуда, ки ҳар касро, ки дӯсташ бидорад, гумроҳ кунад ва ба азоби оташи сӯзонаш кашонад.

5.Эй мардум, агар аз рӯзи қиёмат (рӯзи растохез) дар шубҳа ҳастед, Мо шуморо аз хок ва сипас аз нутфа, он гоҳ аз лахтаи хуне ва сипас аз порагӯште тамом офарида, гоҳ нотамом биёфаридаем, то қудрати худро бароятон ошкор кунем. Ва то замоне муъайян ҳар чиро хоҳем, дар раҳмҳо нигаҳ медорем (сипас берун меоварем шуморо кӯдаке). Он гоҳ шумо, то ба ҳадди зӯрмандии худ расед. Баъзе аз шумо мемиранд ва баъзе ба солхӯрдагӣ бурда мешаванд, то он гоҳ ки ҳар чӣ омӯхтаанд, фаромӯш кунанд. Ва ту заминро хушкида мебинӣ. Чун борон бар он бифиристем, дар ҷунбиш ояд ва нумӯъ кунад ва аз ҳар гуна гиёҳи боравнақ бирӯёнад.

6.Ва инҳо далел бар онанд, ки Худо ҳақ аст, мурдагонро зинда месозад ва бар ҳар коре тавоност.

7.Ва низ қиёмат хоҳад омад, шубҳае дар он нест. Ва Худо ҳамаи касонеро, ки дар қабрҳо ҳастанд, зинда мекунад.

8.Ва аз миёни мардум касест, ки бе ҳеҷ донише ва ҳеҷ роҳнамоӣ ва ҳеҷ китоби равшанибахше дар бораи Худо баҳс мекунад.

9.Гарданро ба такаббур ба як сӯ мепечонад, то мардумро аз роҳи Худо гумроҳ созад. Насиби ӯ дар дунё хорист ва дар рӯзи қиёмат азоби оташро ба ӯ мечашонем.

10.Ин ҷазои корҳоест, ки пеш аз ин кардаӣ ва Худо ба бандагонаш ситам намекунад.

11.Ва аз миёни мардум касест, ки Худоро бо шубҳа мепарастад. Агар хайре ба ӯ расад, дилаш ба он ором гираду мутмаин шавад ва агар озмоише пеш ояд, рӯй бартобад. Дар дунёву охират зиён бинад ва он зиёне ошкор аст.

12.Ғайри Худо касеро мехонад, ки на зиёне ба ӯ мерасонад ва на суде ва ин гумроҳиест беинтиҳо.

13.Касеро мехонад, ки зиёнаш наздиктар аз суди ӯст. Чӣ бад дӯстдорест ва чӣ бад ҳамсӯҳбат (мурод аз ин бутҳояшон аст).

14.Худо касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста кардаанд, ба биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дохил месозад ва Худо ҳар чӣ хоҳад, ҳамон мекунад.

15.Касе мепиндорад, ки Худо дар дунёву охират, ҳаргиз, ёриаш нахоҳад кард, хештанро бо ресмоне аз сақф биёвезад, то худро хафа кунад ва бингарад, ки оё ин ҳила хашмашро аз миён хоҳад бурд.

16.Ба ин сон Қуръонро нозил кардем бо оёте равшан. Ва Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ҳидоят мекунад.

17.Худо миёни онон, ки имон овардаанд ва инҳо, ки дини яҳуд ё собиён2 ё насоро ё маҷусият баргузидаанд ва онон, ки мушрик шудаанд, дар рӯзи қиёмат ҳукм мекунад. Зеро ӯ ба ҳар коре нозир аст!

18.Оё надидаӣ, ки ҳар кас дар осмонҳову ҳар кас, ки дар замин аст ва офтобу моҳ ва ситорагону кӯҳҳо ва дарахтону ҷунбандагон ва бисёре аз мардум Худоро саҷда мекунанд Ва бар бисёре азоб муқаррар шуда ва ҳар киро Худо хор созад, ҳеҷ кас гиромиаш намедорад?. Зеро Худо ҳар чӣ бихоҳад, ҳамон мекунад.

19.Ин ду гурӯҳ дар бораи Парвардигорашон ба хусумат бархостаанд. Барои онон, ки кофиранд, ҷомаҳое аз оташ бурида (ва духтаанд) ва аз боло бар сарашон оби ҷӯшон мерезанд.

20.Ба он (оби ҷӯшон) ҳар чӣ дар даруни шикам доранд ва низ пӯстҳояшон гудохта мешавад.

21.Ва низ барои онҳост гурзҳое оҳанин.

22.Ҳар гоҳ, ки хоҳанд аз он азоб, аз он андӯҳ берун оянд, бори дигар ононро ба он бозгардонанд, ки бичашед азоби оташи сӯзандаро.

23.Худо касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста кардаанд, ба биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дохил месозад. Дар он ҷо бо дастбандҳое аз тиллову марворид ороста шаванд ва либосашон дар он ҷо аз ҳарир (абрешим) аст.

24.Онон ба сӯи сухани пок (тавҳид) ва ба сӯи роҳи Худо (ислом) роҳнамоӣ шудаанд (дар дунё).

25.Онҳое, ки кофир шудаанд ва мардумро аз роҳи Худо ва Масҷиду-л-ҳаром, ки барои мардуми чи муқиму чи ғариб яксон аст, бозмедоранд ва низ ҳар киро дар он ҷо қасди каҷравӣ ё ситамкорӣ дошта бошад, азоби дардовар мечашонем.

26.Ва макони хонаро барои Иброҳим ошкор кардем ва гуфтем: «Ҳеҷ чизро шарики Ман масоз ва хонаи Маро барои тавофкунандагон ва ба намоз истодагон ва рукуъкунандаву саҷдакунандагон покиза бидор».

27.Ва мардумро ба ҳаҷ даъват кун, то пиёда ё савор бар шутурони лоғар (ки асари заҳмати сафар онҳоро хаста кардааст) аз роҳҳои дур назди ту биёянд.

28.То судҳоеро, ки аз они онҳост, бубинанд ва номи Худоро дар рӯзҳое муъайян ба ҳангоми забҳи чорпоёне, ки Худо ризқи онҳо сохта, ёд кунанд. Пас аз онҳо бихӯреду бенавоёни фақирро низ таъом диҳед.

29.Сипас чиркро (олудагиҳо ва чизҳои зиёдатии бадан, мисли нохун ва мӯй) аз худ дур кунанд ва назрҳои хешро адо кунанд ва бар он хонаи кӯҳансол тавоф кунанд.

30.Ин аст ҳукми (он чи гузашт) ва ҳар кас даст аз ҳаром бидорад, дар назди Парвардигораш барояш беҳтар аст. Ва чорпоён бар шумо ҳалоланд, магар онҳое, ки бароятон хонда шуда. Пас аз бутҳои палиду сухани ботилу дурӯғ парҳез кунед.

31.Рӯйовардагон ба Худо бошед ва ширкнаёвардагон ба ӯ ва ҳар кас, ки ба Худо ширк оварад, чун он касест, ки аз осмон фурӯ афтад ва паррандае ӯро бирабояд ё бодаш ба маконе дур андозад.

32.Оре, касоне, ки шиъорҳои Худоро бузург мешуморанд, корашон нишони парҳезгории дилҳояшон бошад.

33.Аз он шутурони қурбонӣ то замоне муъайян бароятон судҳост, сипас ҷои қурбониашон дар он хонаи кӯҳансол аст.

34.Барои ҳар уммате расми қурбонӣ кардане ниҳодем, то ба он сабаб, ки Худо аз чорпоён рӯзиашон додааст, номи ӯро бар забон ронанд. Пас Худои шумо яктост, дар баробари ӯ таслим шавед. Ва ибодаткунандагонро хушхабар деҳ,

35.онон, чун номи Худо бурда шавад, дар дил битарсанд ва ба он ҳангом, ки ба онҳо мусибате расад, собиранд ва намозгузоранд ва аз он чӣ рӯзиашон додаем, харҷ мекунанд.

36.Шутурони қурбониро барои шумо аз шаъоири Худо қарор додем. Шуморо дар он хайрест. Ва ҳамчунон ки бар пой истодаанд, номи Худоро бар онҳо бихонед ва чун паҳлӯяшон бар замин расид, аз онҳо бихӯред ва фақирони қонеъу гадоёнро бихӯронед. Инҳоро барои шумо ром кардем. Бошад, ки сипосгузорӣ кунед!

37.Гӯшту хуни ин шутурон ба Худо намерасад. Он чӣ ба ӯ мерасад, парҳезгории шумост. Ҳамчунин онҳоро роми шумо сохт, то Худоро ба шукронаи он, ки ҳидоятатон кардааст, ба бузургӣ ёд кунед. Ва некӯкоронро мужда деҳ!

38.Худо аз касоне, ки имон овардаанд, дифоъ мекунад ва Худо хиёнаткорони носипосро дӯст надорад!

39.Ба касоне, ки ба ҷанг ба сарашон тохт овардаанд ва мавриди ситам қарор гирифтаанд, рухсат дода шуд ва Худо бар пирӯз гардониданашон тавоност.

40.Онҳое, ки ба ноҳақ аз диёрашон ронда шудаанд, гуноҳашон танҳо ин буда, ки мегуфтанд: «Парвардигори мо Худои яктост?» Ва агар Худо баъзеро ба василаи баъзе дигар дафъ накарда буд, дайрҳову калисоҳо ва куништҳову масҷидҳое, ки номи Худо ба фаровонӣ дар он бурда мешавад, вайрон мегардид. Ва Худо ҳар касро, ки ёриаш кунад, ёрӣ мекунад ва Худо тавонову пирӯзманд аст!

41.Ҳамон касон, ки агар дар замин қудраташон диҳем, намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва амр ба маъруфу наҳй аз мункар мекунанд. Ва саранҷоми ҳамаи корҳо бо Худост!

42.Агар инҳо туро дурӯғгӯ баровардаанд, пеш аз онҳо қавми Нӯҳу Од ва Самуд низ такзиб кардаанд,

43.ва низ қавми Иброҳим ва қавми Лут,

44.ва мардуми Мадян ва Мӯсоро низ дурӯғгӯ шумориданд. Ман ба кофирон мӯҳлат додам, он гоҳ онҳоро фурӯ гирифтам. Ва уқубати Ман чӣ гуна буд?

45.Чӣ бисёр деҳаҳои золимро ҳалок кардем ва сақфҳояшон фурӯ рехт ва чӣ бисёр чоҳҳо, ки бекор монд ва қасрҳои баланди гаҷкоришуда бесоҳиб.

46.Оё дар замин сайр намекунанд, то соҳиби дилҳое гарданд, ки ба василаи онҳо хирадмандона биандешанд ва гӯшҳое, ки ба он бишнаванд? Зеро чашмҳо нестанд, ки кӯр мешаванд, балки дилҳое, ки дар синаҳо ҷой доранд, кӯр мешаванд.

47.Аз ту ба шитоб азоб металабанд ва Худо ҳаргиз ваъдаи худро хилоф намекунад. Ва як рӯз аз рӯзҳои Парвардигори ту баробар бо ҳазор сол аст, аз он сон, ки мешуморед.

48.Чӣ бисёр деҳаҳое, ки золим буданд ва Ман мӯҳлаташон додам, он гоҳ онҳоро вайрон кардам. Ва бозгашти ҳама назди Ман аст!

49.Бигӯ: «Эй мардум, ман барои шумо бимдиҳандае ошкорам».

50.Пас ононро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, омурзишу ризқе бузург аст.

51.Ва онон, ки дар радди оёти Мо мекӯшанд ва мехоҳанд Моро оҷиз кунанд, аҳли ҷаҳаннаманд.

52.Мо пеш аз ту ҳеҷ расул ё набиеро нафиристодаем, магар он, ки чун ба хондани оёт машғул шуд, шайтон дар сухани ӯ чизе (шубҳа) афканд. Ва Худо он чиро, ки шайтон афканда буд, насх (рад) кард, сипас оёти хешро устуворӣ бахшид ва Худо донову ҳаким аст!

53.Чунин шавад, то он чӣ шайтон дар сухани ӯ афканда, барои касоне, ки дар қалбҳояшон беморист ва низ сахтдилонро озмоише бошад ва ситамкорон дар ихтилофе бузург гирифторанд!

54.Ва то донишёфтагон бидонанд, ки Қуръон ба ростӣ аз ҷониби Парвардигори туст ва ба он имон биёваранд ва дилҳояшон ба он ором гирад. Ва Худо касонеро, ки имон овардаанд, ба роҳи рост ҳидоят мекунад.

55.Ҳамеша кофирон дар он шак мекунанд, то он гоҳ, ки қиёмат ногаҳон бар сарашон фаро расад ё ба азоби рӯзи наҳс гирифтор оянд.

56.Фармонравоӣ дар он рӯз аз они Худост. Миёнашон ҳукм мекунад. Пас касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар биҳиштҳои пурнеъматанд.

57.Ва касоне, ки куфр варзидаанд ва оёти Моро дурӯғ шумурдаанд, барояшон азобест хоркунанда!

58.Ва касонеро, ки дар роҳи Худо муҳоҷират кардаанд, сипас кушта шуданд ё худ мурданд, Худо ба ризқе некӯ рӯзӣ медиҳад. Зеро Худо ҳаройна, ӯ беҳтарин рӯзидиҳандагон аст.

59.Ононро ба ҷое дароварад, ки аз он хушнуд бошанд. Ва албатта, Худо донову бурдбор аст!

60.Ҳукм ин аст, ҳар кас уқубат кунад, ҳамчунон ки ӯро уқубат кардаанд, он гоҳ бар ӯ (дубора) ситам кунанд, Худо ёриаш хоҳад кард. Зеро Худо афвкунанда ва омурзанда аст.

61.Ин ба он сабаб аст, ки Худо аз шаб мекоҳад ва ба рӯз меафзояд ва аз рӯз мекоҳад ва ба шаб меафзояд. Ва Худо шунаво ва биност.

62.Ин ба он сабаб аст, ки Худо ҳақ аст ва он чӣ ҷуз ӯ ба худоӣ мехонанд, ботил аст ва ӯ баландмартабаву бузург аст.

63.Оё надидаӣ, ки Худо аз осмон борон фиристод ва замин пурсабза гардид? Албатта, Худо борикбину огоҳ аст!

64.Аз они ӯст он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст. ӯст бениёз ва сазовори ситоиш!

65.Оё надидаӣ, ки Худо ҳар чиро дар рӯи замин ҳаст, роми шумо кардааст ва киштиҳоро, ки дар баҳр ба фармони ӯ мераванд. Ва осмонро нигоҳ дошта, ки ҷуз ба фармони ӯ бар замин наафтад. Зеро Худо бар мардум раъуфу раҳим аст.

66.ӯст, он кӣ шуморо зиндагӣ бахшид ва сипас бимиронд ва боз зинда месозад. Ва одамӣ ношукр аст.

67.Барои ҳар уммате дине ниҳодем, то бар он дин бошад. Пас дар ин кор бо ту муҷодала накунад ва мардумро ба Парвардигори худ даъват кун, зеро ту ба ростӣ бар роҳи рост қадам мениҳӣ.

68.Ва агар бо ту муҷодала карданд, бигӯ: «Худо бар ҳар коре, ки мекунед, огоҳтар аст.

69.Дар он чӣ мавриди ихтилофи шумост. Худо дар рӯзи қиёмат ҳукм хоҳад кард».

70.Оё надонистаӣ, ки Худо ҳар чиро, ки дар осмонҳову замин аст, медонад. Ва ин дар китобе навиштааст ва корест бар Худо осон.

71.Ва ғайри Аллоҳ чизеро мепарастанд, ки ҳеҷ далеле бар вуҷудаш нозил нашудааст ва ҳеҷ донише ба он надоранд. Ва ситамкорон ёваре надоранд.

72.Чун оёти равшангари Мо бар онон хонда шавад, нишони инкорро бар чеҳраи кофирон мешиносӣ; чунон ки наздик бошад бар онон, ки оётро мехонанд, ҳамлавар шаванд. Бигӯ: «Оё шуморо бар чизе бадтар аз ин огоҳ кунам? Оташ. Худо онро бар касоне, ки имон наовардаанд, ваъда додааст ва оташ, бад саранҷомест!»

73.Эй мардум, мисоле оварда шуд. Ба он гӯш диҳед. Касоне, ки онҳоро ба ҷои Аллоҳ ба худоӣ мехонед, агар ҳама гирд оянд, магасеро нахоҳанд офарид ва агар магасе чизе аз онҳо бирабояд, бозситонданашро натавонанд. Толибу матлуб ҳарду нотавонанд!

74.Худоро, чунонки лоиқи ӯст, нашинохтанд. Ҳароина Худо нерӯманду пирӯз аст!

75.Худо аз миёни фариштагону мардумон расулоне ихтиёр мекунад. Албатта, Худо шунавову биност!

76.Он чиро, ки дар пеши рӯяшон аст ва он чиро, ки пӯшти сарашон аст, медонад. Ва ҳамаи корҳо ба ӯ бозмегарданд.

77.Эй касоне, ки имон овардаед, рукӯъ ва саҷда кунед ва Парвардигоратонро бипарастед ва корҳои нек ба ҷой оваред, то, ки наҷот ёбед3.

78.Дар роҳи Худованд, чунонки бояд ҷиҳод кунед. ӯ шуморо баргузид. Ва бароятон дар дин ҳеҷ тангное падид наёварад. Дини падаратон Иброҳим аст. ӯ пеш аз ин (дар китобҳои пешин) ва дар ин (вопасин китоби осмионӣ, қуръон) шуморо мусалмонон номид. То паёмбар бар шумо гувоҳ бошад ва шумо бар дигар мардум гувоҳ бошед. Пас намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва ба Худо ибодат кунед! ӯст мавлои шумо. Чӣ мавлое некӯ ва чӣ ёваре некӯ!

Сураи МӯЪМИНУН1

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Дар ҳақиқат наҷот ёфтанд мӯъминон:

 








Не нашли, что искали? Воспользуйтесь поиском по сайту:



©2015 - 2024 stydopedia.ru Все материалы защищены законодательством РФ.