Сделай Сам Свою Работу на 5

Эй касоне, ки имон овардаед, медонед, ки набояд ба Худову паёмбар хиёнат кунед ва дар амонат хиёнат варзед.





28. Бидонед, ки дороиҳо ва фарзандон василаи озмоиши шумоянд ва подоши бузург дар назди Худост.

29. Эй касоне, ки имон овардаед, агар аз Худо битарсед, шуморо биноии шинохти ҳақ аз ботил диҳад ва гуноҳонатонро бизудояд ва шуморо биёмурзад, ки соҳиби фазлу караме бузург аст!

30. Ва он ҳангомро (ба ёд овар), ки кофирон дар бораи ту нақша мекашиданд, то дар бандат афкананд ё бикушандат ё аз шаҳр (Макка) берунат созанд. Онон нақша мекашиданд ва Худо низ макру ҳиллаи онҳоро ботил мекард ва Худо беҳтарини тадбиркунандагон аст.

31. Чун оёти Мо бар онҳо хонда шуд, гуфтанд: «Шунидем. Ва агар бихоҳед, монанди он мегӯем, ки ин чизе ҷуз афсонаҳои пешиниён нест!»

32. Ва он ҳангомро (ба ёд овар), ки гуфтанд: «Бор Худоё, агар ин аз ҷониби Ту омадаву ҳақ аст, бар мо аз осмон бороне аз санг бибор ё азобе дардоваре бар мо бифирист».

33. То он гоҳ, ки ту дар миёнашон ҳастӣ, Худо азобашон накунад ва то он гоҳ, ки аз Худо омурзиш металабанд, низ Худо азобашон нахоҳад кард.

34. Чаро Худо азобашон накунад, ҳол он ки мардумро аз Масҷиду-л-ҳаром бозмедоранд ва соҳибони он нестанд? Соҳибони он танҳо парҳезгоронанд, вале бештаринашон намедонанд!



35.Ва дуъояшон дар назди хонаи Каъба ҷуз ҳуштак кашидан ва кафкубӣ ҳеҷ набуд. Пас ба подоши куфратон азобро бичашед!

36.Кофирон амволашонро харҷ мекунанд, то мардумро аз роҳи Худо боздоранд. Молҳояшонро харҷ хоҳанд кард ва ҳасрат хоҳанд бурд, сипас мағлуб мешаванд. Ва кофиронро дар ҷаҳаннам гирд меоваранд!

37.То Худо нопокро аз пок бознамоёнад ва нопоконро баъзеро бо баъзеи дигар даромезад. Он гоҳ ҳамаро гирд оварад ва ба ҷаҳаннам афканад. Инҳо зиёнкоронанд!

38.Ба кофирон бигӯй, ки агар даст бардоранд, гуноҳони гузаштаи онҳо омурзида мешавад ва агар бозгарданд, донанд, ки бо пешиниён чӣ рафторе шудааст.

39.Бо онон набард кунед, то дигар фитнае (ширк) набошад ва дин, ҳама дини Худо гардад. Пас агар бозистоданд (аз ширк), Худо кирдорашонро мебинад.

40.Ва агар сарпечӣ кунанд, бидонед, ки Худо мавлои шумост, ӯ мавло ва ёридиҳандаи некӯст!



41. Ва агар ба Худо ва он чӣ бар бандаи Худ дар рӯзи фурқон7 , ки ду гурӯҳ ба ҳам расиданд (мӯъминон ва кофирон), нозил кардаем, имон овардаед, бидонед, ки ҳар гоҳ чизе ба ғанимат гирифтед, аз панҷ як ҳиссаи он аз они Худову паёмбар ва хешовандон8 ва ятимон ва мискинону дар роҳ мондагон аст. Ва Худо ба ҳар чизе тавоност!

42. Шумо дар каронаи наздиктари биёбон будед ва онҳо дар каронаи дуртар буданд ва он қофила дар маконе фурӯтар аз шумо буд. Агар шумо бо якдигар замони ҷангро таъйин мекардед, боз ҳам аз он хилоф меварзидед, то коре, ки Худо муқаррар кардааст, воқеъ шавад, то ҳар кӣ ҳалок мешавад, ба далеле ҳалок шавад ва ҳар кӣ зинда мемонад, ба далеле зинда монад. Ҳаройна Худо шунавову доност!

43. Дар хоб Худо теъдодашонро ба ту андак нишон дод. Агар теъдоди онҳоро бисёр нишон дода буд, аз тарс нотавон мешудед ва дар тасмим ба ҷанг ба низоъ бармехостед, вале Худованд шуморо аз душманон дар амон дошт, ки ӯ ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст!

44. Ва он гоҳ, ки чун ба ҳам расидед, ононро дар чашми шумо андак намуд ва шуморо низ дар чашми онон андак, то он кор, ки муқаррар дошта буд, воқеъ гардад. Ва ҳамаи корҳо ба Худо бармегардад!

45. Эй касоне, ки имон овардаед, агар ба гурӯҳе аз душман бархӯрдед, пойдорӣ кунед ва Худоро фаровон ёд кунед, бошад, ки пирӯз шавед.

46. Аз Худову паёмбараш итоъат кунед ва бо якдигар ба низоъ барнахезед, ки нотавон шавед ва шаън (шавкат) аз шумо биравад. Сабр пеша гиред, ки Худо ҳамроҳи собирон аст!

47.Монанди он касон мабошед, ки сармасти ғурур ва барои худнамоӣ аз диёри хеш берун омаданд ва дигаронро аз роҳи Худо боздоштанд. Ва Худо ба ҳар коре, ки мекунанд, иҳота (огоҳии комил) дорад.



48.Шайтон кирдорашонро дар назарашон биёрост ва гуфт: «Имрӯз аз мардум касе бар шумо пирӯз намешавад ва ман паноҳдиҳандаи шумоям». Вале чун ду гурӯҳ рӯ ба рӯ шуданд, ӯ бозгашту гуфт: «Ҳаройна ман аз шумо безорам, дар ҳакикат ман чизҳоеро мебинам (нусратеро, ки иборат аз фавҷи малоика буд), ки шумо намебинед, ман аз Худо метарсам, ки ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад!»

49.Мунофиқон ва он касоне, ки дар дил беморие доранд, гуфтанд: «Инҳоро динашон фирефта аст». Ва ҳар кас, ки ба Худо таваккул кунад, ӯро пирӯзманд ва ҳаким хоҳад ёфт!

50.Агар бубинӣ он замонро, ки фариштагон ҷони кофиронро меситонанд ва ба рӯю пушташон мезананд ва мегӯянд: «Азоби сӯзонро бичашед!»

51.Ин ба ҷазои аъмоле буд, ки пеш аз ин карда будед ва Худо ба бандагонаш ситам раво намедорад.

52.Ва ин ба шеваи хонадони Фиръавн буд ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд, онҳо ба оёти Худо кофир шуданд. Пас Худо онҳоро ба ҷазои гуноҳонашон азоб кард, ки Худо нерӯманд ва сахтуқубат аст!

53.Зеро Худо неъматеро, ки ба қавме арзонӣ доштааст, дигаргун насозад, то он қавм худ дигаргун шаванд. Ва Худо шунаво ва доност!

54.Ва ин ба шеваи хонадони Фиръавн буд ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд, онҳо оёти Парвардигорашонро дурӯғ шумориданд ва Мо ба ҷазои гуноҳонашон ҳалокашон кардем ва хонадони Фиръавнро ғарқа сохтем, зеро ҳама ситамгор буданд.

55.Албатта, бадтарин ҷунбандагон (инсонҳо) дар назди Худо онҳоянд, ки кофир шудаанд ва имон намеоваранд.

56.Касоне, ки ту аз онон паймон гирифтӣ, сипас паёпай паймони хешро мешикананд ва ҳеҷ парво намекунанд,

57.пас агар онҳоро дар ҷанг биёбӣ, парокандаашон соз (бо куштан), то пайравонашон низ пароканда шаванд, бошад, ки ибрат гиранд.

58.Агар медонӣ, ки гурӯҳе дар паймон хиёнат меварзанд, ба онон эълон кун, ки (байни ману шумо паймоне боқӣ намондааст, яъне ҳар ду гурӯҳ донанд, ки байнашон паймоне намондааст) монанди худашон амал хоҳӣ кард. Зеро Худо хоинонро дӯст надорад!

59.Онон, ки кофир шудаанд, напиндоранд, ки пешдастӣ кардаанд (яъне, аз қудрати Худованд берун шудаанд ва ӯ онҳоро ҷазо дода наметавонад), зеро Худоро нотавон карда наметавонанд.

60.Ва дар баробари онҳо метавонед нерӯ ва аспони саворӣ омода кунед, то душманони Худо ва душманони худ ва ғайри онҳоро, ки шумо онҳоро намешиносед ва Худо мешиносад, битарсонед. Ва он чиро, ки дар роҳи Худо харҷ мекунед, ба тамомӣ ба шумо бозгардонда шавад ва ба шумо ситам нашавад.

61. Ва агар ба сулҳ майл кунанд, ту низ ба сулҳ майл кун ва бар Худо таваккал кун ки ӯст шунаво ва доно!

62. Ва агар хостанд, ки туро бифиребанд, Худо барои ту кофист. ӯст, ки туро ба ёрии хеш ва ёрии мӯъминон қувват додааст.

63.Дилҳояшонро ба якдигар меҳрубон сохт. Агар ту ҳамаи он чиро, ки дар рӯи замин аст, харҷ мекардӣ, дилҳои онҳоро ба якдигар меҳрубон намекардӣ. Вале Худо дилҳояшонро ба якдигар меҳрубон кард, ки ӯ пирӯзманду ҳаким аст!

64.Эй паёмбар, Худо туро ва мӯъминонеро, ки аз ту пайравӣ мекунанд, басанда аст.

65.Эй паёмбар, мӯъминонро ба ҷанг барангез. Агар аз шумо бист тан бошанд ва дар ҷанг пойдорӣ кунанд, бар дусад тан ғалаба хоҳанд ёфт. Ва агар сад тан бошанд, ба ҳазор тан аз кофирон пирӯз мешаванд. Зеро онон мардуме маҳрум аз фаҳманд.

66.Акнун Худо бор аз дӯшатон бардошт ва аз нотавониятон огоҳ шуд. Агар аз шумо сад тан бошанд ва дар ҷанг пой фушуранд, бар дусад тан пирӯз мешаванд. Ва агар аз шумо ҳазор тан бошанд, ба ёрии Худо бар ду ҳазор тан пирӯз мешаванд. Ва Худо бо онҳост, ки пойдорӣ мекунанд!

67.Барои ҳеҷ паёмбаре насазад, ки асирон дошта бошад, то ки дар рӯи замин куштори бисёр кунад. Шумо матоъи ин ҷаҳониро мехоҳед ва Худо маслиҳати охиратро мехоҳад. Ва ӯ пирӯзманду ҳаким аст!7

68.Агар пеш аз ин аз ҷониби Худо ҳукме нашуда буд, ба сабаби он чӣ гирифта будед, азобе бузург ба шумо мерасид.

69.Аз он чӣ ба ғанимат гирифтаед, ки ҳалол асту покиза, бихӯред. Ва аз Худо битарсед. Албатта, Худо омурзандаву меҳрубон аст!

70.Эй паёмбар, ба асироне, ки дар дасти шумо ҳастанд, бигӯ: «Агар Худо дар дилҳоятон нишони имон бубинад, беҳтар аз он чӣ аз шумо гирифта шуда, арзониятон хоҳад дошт ва меомурзадатон ва Худо омурзандаву меҳрубон аст!».

71.Агар қасди хиёнат ба ту дошта бошанд, пеш аз ин ба Худо хиёнат варзидаанд ва Худо туро бар онҳо нусрат додааст, ки донову ҳаким аст!

72.Онон, ки имон овардаанд ва муҳоҷират кардаанд ва бо молу ҷони хеш дар роҳи Худо ҷиҳод кардаанд ва онон, ки ба муҳоҷирон ҷой дода ва ёриашон кардаанд, хешовандони якдигаранд. Ва онон, ки имон овардаанд, ва муҳоҷират накардаанд, хешовандони шумо нестанд, то он гоҳ, ки муҳоҷират кунанд. Вале агар шуморо ба ёрӣ талабиданд, бояд ба ёриашон бархезед, магар он, ки бар зидди он гурӯҳе бошад, ки миёни шумо ва онҳо паймоне баста шуда бошад. Ва Худо ба корҳое, ки мекунед, биност!

73.Кофирон низ хешовандони якдигаранд. Агар муроъоти он накунед, фитнаву фасоде бузург дар ин сарзамин падид хоҳад омад.

74.Онон, ки имон овардаанд ва муҳоҷират карданд ва дар роҳи Худо ҷиҳод кардаанд ва онон, ки ҷояшон додаанд ва ёриашон кардаанд, ба ҳақиқат мӯъминонанд, омурзиш ва рӯзии некӯ аз они онҳост.

75.Ва касоне, ки баъдан имон овардаанд ва муҳоҷират кардаанд ва ҳамроҳи шумо ҷиҳод кардаанд, аз шумо ҳастанд. Ба ҳукми китоби Худо хешовандон ба якдигар сазовортаранд. Ва Худо бар ҳар чизе доност!

Сураи ТАВБА1

1. Худову паёмбараш безоранд аз мушриконе, ки бо онҳо паймон бастаед.

2. Пас чаҳор моҳ ба шумо2мӯҳлат дода шуд, ки дар ин сарзамин сайр кунед ва бидонед, ки аз Худо натавонед гурехт ва ӯст, ки кофиронро расво месозад!

3. Дар рӯзи ҳаҷҷи бузург3аз ҷониби Худову паёмбараш ба мардум эълон мешавад, ки Худову паёмбараш аз мушрикон безоранд. Пас агар тавба кунед, бароятон беҳтар аст. Вале агар сарпечӣ кунед, бидонед, ки аз Худо натавонед гурехт. Ва кофиронро ба азобе дардовар хабар деҳ.

4. Магар он гурӯҳ аз мушрикон, ки бо онҳо паймон бастаед ва дар паймони худ камбудие наёвардаанд ва бо ҳеҷ кас бар зидди шумо ҳамдаст нашудаанд. Бо инҳо ба паймони хеш то поёни муддаташ вафо кунед, зеро Худо парҳезгоронро дӯст дорад!

5. Ва чун моҳҳои ҳаром4 ба поён расид, ҳар ҷо, ки мушриконро ёфтед, бикушед ва бигиреду ба ҳабс афканед ва дар ҳама ҷо дар каминашон нишинед. Аммо агар тавба карданд ва намоз хонданд ва закот доданд, аз онҳо даст бардоред, зеро Худо омурзандаву меҳрубон аст!

6. Ва ҳар гоҳ яке аз мушрикон ба ту паноҳ овард, паноҳаш деҳ, то каломи Худоро (қуръонро) бишнавад, сипас ба макони амнаш бирасон, зеро инҳо мардуме нодонанд.

7.Чӣ гуна мушриконро бо Худо ва паёмбари ӯ паймоне бошад? Магар онҳое, ки назди Масҷиду-л-ҳаром бо онҳо паймон бастед, агар бар сари паймонашон истоданд, бар сари паймонатон биистед. Худо парҳезгоронро дӯст дорад!

8.Чӣ гуна паймоне бошад, ки агар бар шумо пирӯз шаванд, ба ҳеҷ аҳду савганд ва хешовандӣ вафо накунанд. Бо забон хушнудатон месозанд ва дар дил сар мепечанд ва бештарин исёнгаронанд.

9.Оёти Худоро ба баҳои андак фурӯхтанд ва мардумро аз роҳи Худо боздоштанд ва бадкорӣ карданд.

10.Аҳду савганд ва хешовандии ҳеҷ мӯъминеро риоят намекунанд ва мардуме таҷовузкоранд.

11.Пас агар тавба карданд ва намоз ба ҷой оварданд ва закот доданд, бародарони динии шумо ҳастанд. Мо оёти Худоро барои мардуме, ки аз доноӣ бархӯрдоранд, баён мекунем.

12.Агар пас аз бастани паймон савгандҳои худ шикастанд ва дар дини шумо таън заданд, бо пешвоёни куфр қитол кунед, ки онҳоро расми савганд нигоҳ доштан нест. Бошад, ки аз кирдори худ бозистанд.

13.Оё ба мардуме, ки савганди худро шикастанд ва оҳанги бадарғаи паёмбар карданд ва онҳо бар зидди шумо аввалин шуда душманӣ (азият, озор ва таъаддӣ) оғоз карданд, намеҷангед? Оё аз онҳо метарсед ва ҳол он ки агар имон оварда бошед, сазовортар аст, ки аз Худо битарседу бас.

14.Бо онҳо биҷангед. Худо ба дасти шумо азобашон мекунад ва хорашон месозад ва шуморо пирӯзӣ медиҳад ва дилҳои мӯъминонро шифо мебахшад,

15.ва кина аз дилҳояшон дур кунад ва Худо тавбаи ҳар киро, ки бихоҳад, мепазирад. Ва Худост донову ҳаким!

16. Оё пиндоштаед, ки шуморо ба ҳоли худ вомегузоранд, бе он ки Худо касоне аз шуморо, ки ҷиҳод мекунанд ва ҷуз Худову паёмбараш ва мӯъминонро ба ҳамрозӣ (маҳрами асрор) намегиранд, маълум дорад? Ва Худо ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст!

17.Мушриконро лоиқ нест, ки дар ҳоле, ки ба куфри худ иқрор мекунанд, масҷидҳои Худоро иморат кунанд5. Аъмоли онҳо ночиз шуда ва дар оташ ҷовидонанд!

18.Масҷидҳои Худоро касоне ободон мекунанд, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон овардаанд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва ҷуз аз Худо наметарсанд. Умед аст, ки инҳо аз ҳидоятёфтагон бошанд!

19.Оё об додан ба ҳоҷиён ва сохтани Масҷидулҳаромро бо кардаи касе, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон оварда ва дар роҳи Худо ҷиҳод карда, баробар медонед? Назди Худо баробар нестанд ва Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад!

20.Онон, ки имон оварданд ва муҳоҷират карданд ва дар роҳи Худо бо молу ҷони хеш ҷиҳод карданд, дар назди Худо дараҷоте азимтар доранд ва комёфтагонанд.

5. Иморат кардани масҷид, яъне ибодат кардан дар он.

21.Парвардигорашон ба раҳмату хушнудии худ ва ба биҳиште, ки дар он неъматҳои ҷовид бошад, хушхабарашон медиҳад.

22. Дар он биҳишт ҷовидон бимонанд. Зеро аҷру музди бузург дар назди Худованд аст!

23. Эй касоне, ки имон овардаед, агар падарону бародаронатон дӯст доранд, ки куфрро ба ҷои имон интихоб кунанд, онҳоро дӯст магиред ва ҳар кас аз шумо дӯсташон бидорад, аз ситамкорон хоҳад буд.

24.Бигӯ: «Агар падаронатону фарзандонатон ва бародаронатону занонатон ва хешовандонатону амволе, ки касб кардаед ва тиҷорате, ки аз касоди он бим доред ва хонаҳое, ки ба он дилхуш ҳастед, барои шумо аз Худову паёмбараш ва ҷиҳод кардан дар роҳи ӯ маҳбубтар аст, мунтазир бошед, то Худо фармони хеш биёварад». Ва Худо нофармононро ҳидоят нахоҳад кард!

25. Худо шуморо дар бисёре аз ҷойҳо ёрӣ кард. Ва низ дар рӯзи Ҳунайн5он гоҳ, ки фузунии лашкаратон шуморо ба шигифт оварда буд, вале барои шумо суде надошт ва замин бо ҳамаи фарохияш бар шумо танг шуд ва бозгаштед ва ба душман пушт кардед.

26.Сипас, Худо оромиши хешро бар паёмбараш ва бар мӯъминон нозил кард ва лашкариёне, ки онҳоро намедидед, фурӯ фиристод ва кофиронро азоб кард ва ин аст ҷазои кофирон.

27.Аз он пас Худо тавбаи ҳар касро, ки бихоҳад, мепазирад, ки омурзанда ва меҳрубон аст!

28.Эй касоне, ки имон овардаед, мушрикон палиданд ва аз соли баъд аз ин сол набояд ба Масҷиду-л-ҳаром наздик шаванд. Ва агар аз бенавоӣ метарсед, Худо агар бихоҳад, ба фазли хеш тавонгаратон хоҳад кард. Зеро Худо донову ҳаким аст!

29.Бо касоне ки аз аҳли Китоб, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон намеоваранд ва чизҳоеро, ки Худову паёмбараш ҳаром кардааст, бар худ ҳаром намекунанд ва дини ҳақро намепазиранд, ҷанг кунед, то он гоҳ ки ба дасти худ, дар айни хорӣ ҷизя бидиҳанд (ба ғайри ин ки касеро вакил кунанд).

30.Яҳуд гуфтанд, ки Узайр писари Худост ва насоро гуфтанд, ки Исо писари Худост. Ин суханест, ки асл надорад, монанди гуфтори касонест, ки пеш аз ин кофир буданд. Худо нобудашон кунад. Пас чӣ гуна аз ҳақ баргардонида мешаванд?

31.Олимону обидони хеш ва Масеҳ писари Марямро ба ҷои Аллоҳ ба худоӣ гирифтанд ва ҳол он, ки маъмур буданд, ки танҳо як худоро бипарастанд, ки ҳеҷ худое барҳақ ҷуз ӯ нест. Пок аст аз он чӣ шарикаш месозанд!

32. Мехоҳанд нури Худоро (дини Худо, яъне Ислом) бо даҳони худ (бо суханони дурӯғ ва шубҳаҳояшон) хомӯш кунанд ва Худо намехоҳад магар ба камол расонидани нури худро . Ҳарчанд кофиронро хуш наёяд.

33. ӯ касест, ки паёмбари худро барои ҳидояти мардум фиристод бо дине дурусту барҳақ, то ӯро бар ҳамаи динҳо пирӯз гардонад, ҳарчанд мушриконро хуш наёяд.

34. Эй касоне, ки имон овардаед, бисёре аз олимону обидон амволи мардумро ношоиста мехӯранд ва дигаронро аз роҳи Худо бозмедоранд. Ва касонеро, ки тиллову нуқра захира мекунанд ва дар роҳи Худо харҷаш намекунанд, ба азобе дардовар хабар деҳ,

35.рӯзе, ки дар оташи ҷаҳаннам гудохта шавад ва пешониву паҳлӯ ва пушташонро бо он доғ кунанд. Ин аст он чизе, ки барои худ андӯхта будед. Ҳоло таъми андӯхтаи хешро бичашед!

36.Шумораи моҳҳо дар ҳукм ва тақдири Худо, дар китоби Худо- аз он рӯз, ки осмонҳову заминро биёфарида, -дувоздаҳ аст. Чаҳор моҳ7моҳҳои ҳароманд. Ин аст шеваи дуруст. Дар он моҳҳо бар хештан ситам макунед (аз фармони Худо сар мепечед). Ва ҳамчунон, ки мушрикон ҳамагӣ ба ҷанги шумо бархостанд, ҳамагӣ ба ҷанги онҳо бархезед. Ва бидонед, ки Худо бо парҳезгорон аст!

7. Муҳаррам, раҷаб, зулқаъда ва зулҳиҷҷа.

37.Ба таъхирандохтани моҳҳои ҳаром афзунӣ дар куфр аст8ва мӯҷиби гумроҳии кофирон. Онон як сол он моҳро ҳалол мешуморанд ва як сол ҳаром, то бо он шумор, ки Худо ҳаром кардааст, тавофуқ ёбанд, пас он чиро, ки Худо ҳаром карда, ҳалол мешуморанд, кирдори нописандашон дар назарашон ороста гардида ва Худо кофиронро ҳидоят намекунад!

38.Эй касоне, ки имон овардаед, чист, ки чун ба шумо гӯянд, ки дар роҳи Худо шитобон берун оед, гарону беҳавсала ба сӯйи замин майл мекунед? Оё ба ҷои зиндагии ухравӣ ба зиндагии дунё розӣ шудаед? Матоъи ин дунё дар баробари матоъи охират ҷуз андаке нест.

39.Агар ба ҷанг ҷамъ нашавед, Худо шуморо ба шиканҷае дарднок азоб мекунад ва қавми дигареро ба ҷои шумо бармегузинад ва ба Худо низ зиёне намерасонед, ки Худо бар ҳар коре тавоност!

40.Агар шумо ёриаш накунед, он гоҳ, ки кофирон берунаш карданд, Худо ёриаш кард. Яке аз он ду ба ҳангоме, ки дар ғор буданд, ба рафиқаш мегуфт: «Андӯҳгин мабош, Худо бо мост!». Худо ба дилаш оромиш бахшид ва бо лашкарҳое, ки шумо онро намедидед, қувваташ дод. Ва каломи кофиронро паст гардонид, зеро каломи Худо болост ва Худо пирӯзманду ҳаким аст!

8. “Насй”, яъне ба қафо андохтани моҳҳои ҳаром ва тағйир додани мавзеъи онҳост, мисли моҳи муҳаррамро сафар месохтанд ва сафарро муҳаррам ва ҷанги худро давом медоданд. Вақте ки Ислом зуҳӯр кард ин кори онҳоро зиёдаравӣ дар куфр донист.

41.Ба ҷанг шитобон биравед, хоҳ бар шумо осон бошад, хоҳ душвор ва бо молу ҷони хеш дар роҳи Худо ҷиҳод кунед. Агар бидонед, хайри шумо дар ин аст!

42.Агар матоъе даст ёфтанӣ бувад ё сафаре бувад на чандон дароз, аз пайи ту меомаданд, вале акнун, ки роҳ дароз шудааст, паймуданашро душвор меҳисобанд. Ва ба Худо қасам мехӯранд, ки агар метавонистем, ҳамроҳи шумо берун меомадем. Инҳо тан ба ҳалокат месупоранд (бо он савганди дурӯғашон). Худо медонад, ки дурӯғ мегӯянд.

43. Худоят афв кунад, Чаро ба онон рухсати мондан додӣ? Мебоист онҳо, ки рост мегуфтанд, ошкор шаванд ва ту дурӯғгӯёнро ҳам бишносӣ.

44.Онон, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд, ҳаргиз барои ҷиҳод кардан бо молу ҷонашон аз ту рухсат намехоҳанд ва Худо парҳезгоронро мешиносад!

45.Касоне, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон надоранд ва дилҳояшонро шак фаро гирифтааст ва ин шак онҳоро ба ҳайронӣ афкандааст, аз ту рухсат мехоҳанд.

46.Агар мехостанд, ки ба ҷанг берун шаванд, барои хеш асбоби сафар омода карда буданд, вале Худо сафарбар шудани ононро нохуш дошт ва аз ҷангашон боздошт (бо заиф кардани хоҳиш ва рағбаташон ба ҷанг) ва ба онҳо гуфта шуд, ки ҳамроҳи касоне, ки бояд дар хона бинишинанд, дар хона бинишинед.

47.Агар бо шумо ба ҷанг берун омада буданд, чизе ҷуз фасод миёни шумо намеафзуданд ва албатта маркаб метохтанд (кӯшиш мекарданд, ки дар байни шумо фасод ва фитна ангезанд) миёни шумо фитнаҷуён дар ҳаққи шумо. Ва дар миёни шумо суханчинонест барои онҳо. Ва Худо ба ситамкорон огоҳ аст!

48.Пеш аз ин ҳам фитнагарӣ мекарданд ва корҳоро барои ту вожгуна ҷилва медоданд (яъне, кӯшиш мекарданд, ки ба ҳар роҳ аз пешрафти динат пешгирӣ кунанд) то он гоҳ, ки ҳақ ғолиб омад ва фармони Худованд ошкор шуд, дар ҳоле, ки аз он нописандӣ (нохушнудӣ) доштанд.

49.Баъзе аз онҳо мегӯянд: «Маро рухсат деҳ (боқӣ мондан дар Мадинаро) ва ба гуноҳ маяндоз»9. Огоҳ бош, ки инон худ дар гуноҳ афтодаанд ва ҷаҳаннам бар кофирон иҳота дорад.

50.Агар хайре ба ту расад, андӯҳгинашон созад ва агар ба ту мусибате расад, мегӯянд: «Мо чораи кори хеш пеш аз ин андешидаем». Он гоҳ шодмон бозмегарданд.

51.Бигӯ: «Мусибате ҷуз он чӣ Худо барои мо муқаррар кардааст, ба мо нахоҳад расид. ӯ мавлои мост ва мӯъминон бар Худо таваккул мекунанд».

52.Бигӯ:«Оё ҷуз яке аз он ду некӣ10 чизи дигареро барои мо интизорӣ доред? Вале мо мунтазирем, ки азоби Худо ё аз ҷониби ӯ ё ба дасти мо ба шумо бирасад. Пас шумо мунтазир бошед, мо низ бо шумо мунтазир мемонем».

53.Бигӯ: «Худо аз шумо намепазирад, чӣ аз рӯи ризо харҷ кунед11 чӣ аз рӯи норизоӣ, ҳаройна шумо қавми фосиқ (нофармон ва саркаш) ҳастед».

54.Ҳеҷ чиз монеъи қабули харҷҳояшон нашуда, магар он ки ба Худову паёмбараш имон надоранд ва бо бемайлӣ ба намоз ҳозир мешаванд ва ба норизоӣ инфоқ мекунанд.

55.Дороиву фарзандонашон туро ба ҳайрат наяфканад. Ҷуз ин нест, ки Худо мехоҳад бо онҳо дар ин дунё азобашон кунад ва дар ҳоле, ки ҳанӯз кофиранд, ҷонашон барояд.

56.Ба Худо савганд мехӯранд, ки аз шумоянд ва ҳол он ки аз шумо нестанд, инҳо аз шумо бимноканд.

57.Агар паноҳгоҳ ё ғор ё ниҳонгоҳе меёфтанд, шитобон ба он ҷо рӯй меоварданд.

58.Баъзе аз онҳо туро дар тақсими садақот ба зулм айб мегиранд, агар ба онҳо ато кунанд, хушнуд мешаванд ва агар ато накунанд, хашм мегиранд.

59.Чӣ мешавад, агар ба он чӣ Худову паёмбараш ба онон ато мекунад, хушнуд бошанд ва бигӯянд: «Худо моро басанда аст ва Худову паёмбараш моро аз фазли хеш бенасиб нахоҳанд гузошт ва мо ба Худо рағбат меварзем.»

60.Садақот (закот), барои фақирон асту мискинон ва коргузорони ҷамъоварии он. Ва низ барои ба даст овардани дили мухолифон ва озод кардани бандагону қарздорон ва харҷ дар роҳи Худо ва мусофирони мӯҳтоҷ ва он фаризаест аз ҷониби Худо. Ва Худо донову ҳаким аст!

61.Баъзе аз онҳо паёмбарро озор медиҳанду мегӯянд, ки ӯ ба сухани ҳар кас гӯш медиҳад (суханрав аст). Бигӯ: «ӯ барои шумо шунавандаи сухани хайр аст. Ба Худо имон дорад ва мӯъминонро бовар дорад ва раҳматест барои онҳое, ки аз миёни шумо имон овардаанд. Ва онон, ки Расули Худоро биёзоранд, ба шиканҷае дардовар гирифтор хоҳанд шуд.

62.Дар баробари шумо ба Худо савганд мехӯранд, то хушнудатон созанд ва ҳол он ки агар имон овардаанд, шоистатар аст, ки Худову расулашро хушнуд созанд.

63.Оё намедонанд, ки ҳар кас, ки ба Худову паёмбараш мухолифат мекунад, ҷовидона дар оташи ҷаҳаннам хоҳад буд ва ин расвоии бузургест?

64.Мунофиқон метарсанд, ки мабодо аз осмон дар бораи онҳо сурае нозил шавад ва аз он чӣ дар дил пинҳон кардаанд, бохабарашон созад. Бигӯ: “ҳар қадар мехоҳед масхара кунед, ки Худо он чиро, ки аз он метарсед, ошкор хоҳад сохт».

65.Агар аз онҳо бипурсӣ, ки чӣ мекардед? Мегӯянд: «Мо бо ҳам ҳарф мезадем ва бозӣ мекардем». Бигӯ: «Оё Худо ва оёти ӯ ва паёмбарашро масхара мекардед?»

66Узр маёваред. Пас аз имон кофир шудаед. Агар аз тақсири гурӯҳе аз шумо бигзарем, гурӯҳи дигарро, ки гунаҳкор будаанд, азоб хоҳем кард.

67.Мардони мунофиқ ва занони мунофиқ ҳама монанди якдигаранд. Ба корҳои зишт фармон медиҳанд ва аз корҳои нек манъ мекунанд ва мушти худро аз харҷ дар роҳи Худо мебанданд. Худоро фаромӯш кардаанд12. Худо низ онҳоро фаромӯш кардааст (раҳматашро аз онҳо бурида ва ҳидояташро аз онҳо дареғ доштааст), зеро мунофиқон фармоннопазир ҳастанд.

68.Худо бар мардони мунофиқу занони мунофиқ ва кофирон ваъдаи оташи ҷаҳаннам додааст. Дар он ҷовидонаанд. Ҳамин барояшон бас аст. Лаънати Худо бар онҳо бод ва ба азобе пойдор гирифтор хоҳанд шуд.

12. Мунофиқон тоъату зикри Худоро тарк карданд Худованд (ҷ) онҳоро тарк кард ва онҳоро аз ҳидоят ёфтан маҳрум сохт ва аз раҳматаш бенасиб гардиданд

69.Монанди касоне, ки пеш аз шумо буданд, бо нерӯи бештар ва дороиву фарзандони бештар. Онҳо аз насиби хеш баҳраманд шуданд (дар дунё). Шумо низ аз насиби хеш баҳраманд шудаед, ҳамчунон, ки касоне, ки пеш аз шумо будаанд, аз насиби хеш баҳраманд шуда буданд (дар дунё). Шумо суханони нописанд гуфтед, ҳамчунон, ки онҳо сухани нописанд мегуфтанд. Аъмоли онон дар дунёву охират ночиз гардид ва зиёнманд шуданд.

70. Оё хабари касоне, ки пеш аз онҳо будаанд, чун қавми Нӯҳ ва Оду Самуд ва қавми Иброҳиму асҳоби Мадяну (қавми Шуъайб) муътакифотро13 нашунидаанд, ки паёмбаронашон бо нишонаҳои ошкор ба сӯяшон омаданд. Худо ба онҳо ситам намекард, онон худ бар худ ситам мекарданд!

71.Мардони мӯъмин ва занони мӯъмин дӯстони якдигаранд. Ба некӣ фармон медиҳанд ва аз ношоиста бозмедоранд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва аз Худову паёмбараш фармонбардорӣ мекунанд. Худо инҳоро раҳмат хоҳад кард, Худо пирӯзманду ҳаким аст!

72.Худо бар мардони мӯъмин ва занони мӯъмин биҳиштҳоеро ваъда додааст, ки ҷӯйҳо дар он ҷорист ва биҳиштиён ҳамеша дар он ҷоянд ва низ хонаҳое некӯ дар биҳишти ҷовид. Ва хушнудии Худо аз ҳама бартар аст. Ин аст комёбии бузург (яъне, ноил шудан ба биҳишт ва неъматҳои он ва розигии Худованд)!

73.Эй паёмбар, (бо олоти ҷангӣ) бо кофирону (бо забон) бо мунофиқон биҷанг ва бо онон ба шиддат рафтор кун, ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст, ки бад саранҷомест!

74.Ба Худо савганд мехӯранд, ки нагуфтаанд, вале калимаи куфрро бар забон рондаанд. Ва пас аз он ки Ислом оварда буданд, кофир шудаанд. Ва қасдкорӣ карданд, аммо ба он ноил нашуданд (қасди шикаст ва зарар ба паёмбарро доштанд). Инкор ва айбҷӯи накарданд, магар ин ки Худову паёмбараш аз ғаниматҳо бениёзашон карданд. Пас, агар тавба кунанд, хайрашон дар он аст ва агар рӯй гардонанд, Худо ба азоби дардноке дар дунёву охират азобашон хоҳад кард ва онҳоро дар рӯи замин на дӯстдоре хоҳад буд ва на мададгоре!

75.Баъзе аз онҳо бо Худо паймон бастанд, ки аз фазли худ моле насибамон кунад, закот медиҳем ва дар зумраи солеҳон дармеоем.

76.Чун Худо аз фазли худ моле насибашон кард, бухл варзиданд, сарпечӣ карданд ва рӯй гардонданд.

77.Ва аз он пас, то рӯзе, ки ҳамроҳ бо он хилофи ваъдаи бо Худо ва он дурӯғҳо, ки мегуфтанд, бо ӯ мулоқот мекунанд, нифоқро дар дилҳояшон падидор ва пойдор сохт.

78.Оё намедонанд, ки Худо рози дили онҳоро медонад ва аз зери лаб сухан карданашон огоҳ аст? Зеро ӯст, ки донои ниҳонҳост.

79.Худованд ба масхара мегирад касонеро, ки бар мӯъминоне, ки ба рағбат садақа медиҳанд ва беш аз тавоноии хеш чизе намеёбанд, айб мегиранд ва масхараашон мекунанд. Ва онҳоро азобе дардовар аст14.

14. Ба сабаби ин ки онҳо аз мӯъминон тамасхур карданд, Худованд низ тамасхурашон кард.

80.Мехоҳӣ барояшон омурзиш бихоҳ, мехоҳӣ омурзиш нахоҳ. Агар ҳафтод бор ҳам барояшон омурзиш бихоҳӣ, Худояшон нахоҳад омурзид, зеро ба Худову паёмбараш имон надоранд ва Худо мардуми нофармонро ҳидоят намекунад!

81.Онон, ки дар хона нишастаанд ва аз ҳамроҳӣ бо расули Худо хилоф варзидаанд, хушҳоланд. Ҷиҳод бо молу ҷони хешро дар роҳи Худо нохуш шумурданду гуфтанд: «Дар ҳавои гарм ба ҷанг наравед!» Агар мефаҳманд, бигӯ: «Гармои оташи ҷаҳаннам бештар аст!»

82.Ба сазои аъмоле, ки анҷом додаанд, бояд, ки андак биханданд ва фаровон бигирянд!

83.Агар Худо туро аз ҷанг бозгардонид ва бо гурӯҳе аз онҳо дидор кардӣ ва аз ту хостанд, ки барои ҷанги дигар берун оянд, бигӯ: «Шумо ҳаргиз бо ман ба ҷанг берун нахоҳед шуд ва ҳамроҳи ман бо ҳеҷ душмане набард нахоҳед кард, зеро шумо аз нахуст ба нишастан дар хона хушнуд будаед. Пас акнун ҳам бо онон, ки аз фармон сарпечӣ кардаанд, дар хона бимонед!»

84.Чун бимиранд, бар ҳеҷ як аз онон намоз макун ва бар сари қабрашон маист. Инҳо ба Худо ва расулаш кофир шудаанд ва нофармон мурдаанд!

85.Амволу авлодашон ба ҳайратат наяфкананд, Худо мехоҳад ба сабаби онҳо дар дунё азобашон кунад ва дар айни куфр ҷон бисупоранд.

86.Чун сурае нозил шуд, ки ба Худо имон биёваред ва бо паёмбараш ба ҷанг биравед, тавонгаронашон аз ту рухсат хостанду гуфтанд: «Моро бигзор, то бо онҳое, ки бояд дар хона нишинанд, дар хона бинишинем!»

87. Ба он розӣ шудаанд, ки ҳамроҳи бозмондагон (занони хонанишин, кӯдакон ва пирони барҷомонда) дар хона бимонанд, бар дилҳояшон мӯҳр ниҳода шуда ва намефаҳманд.

88. Вале паёмбар ва касоне, ки бо ӯ имон оварданд, бо молу ҷони худ дар роҳи Худо ҷиҳод карданд. Некиҳо аз они онҳост ва онҳоянд, ки наҷотёфтагонанд!

89. Худо барояшон биҳиштҳое, ки ҷӯйҳо дар он равон аст ва дар он ҷо ҷовидонанд, омода кардааст. Ин аст наҷоти бузург!

90. Гурӯҳе аз арабҳои бодиянишин омаданд ва узр оварданд, то онҳоро рухсат диҳанд, ки ба ҷанг нараванд ва онҳое, ки ба Худову паёмбараш дурӯғ гуфта буданд, дар хона нишастаанд. Ба зудӣ ба кофиронашон азобе дардовар хоҳад расид!

91. Бар нотавонону беморон ва онон, ки маводи ҷангии хеш намеёбанд, ҳар гоҳ дар амал барои Худову паёмбараш ихлос варзанд, гуноҳе нест, агар ба ҷанг наёянд, ки бар некӯкорон ҳеҷ гуна итобе нест ва Худо омурзандаву меҳрубон аст!

92. Ва низ бар онон, ки назди ту омаданд, то маркаб барои набардашон диҳӣ ва ту гуфтӣ, ки маркабе надорам ва онҳо барои харҷ кардан ҳеҷ наёфтанд ва ашкрезону маҳзун бозгаштанд, гуноҳе нест.

93. Хашму азоби Худо бар касонест, ки дар айни тавонгарӣ аз ту рухсат мехоҳанд ва ба он хушнуданд, ки ҳамроҳи бозмондагон (занони хонанишин, кӯдакон ва пирони барҷомонда) дар хона бимонанд. Худо бар дилҳояшон мӯҳр ниҳодааст онҳо намедонанд.

94. Чун шумо ба наздашон бозгардед, меоянду узр меоваранд. Бигӯ: «Узр маёваред, гуфторатонро бовар надорем, ки Худо моро аз ахбори шумо огоҳ кардааст. Ба зудӣ Худову паёмбараш ба аъмоли шумо хоҳанд расид. Он гоҳ шуморо назди он Худованде, ки донои ниҳону ошкор аст, мебаранд, то аз натиҷаи аъмолатон огоҳатон созад!»

95. Чун ба наздашон бозгардед, бароятон савганд мехӯранд, то аз хатояшон даргузаред. Аз онҳо рӯй гардонед, ки мардуме палиданд ва ба хотири аъмолашон ҷой дар ҷаҳаннам доранд!

96. Бароятон савганд мехӯранд, то аз онон хушнуд шавед. Агар шумо ҳам хушнуд шавед, Худо аз ин мардуми нофармон хушнуд нахоҳад шуд!

97. Арабҳои бодиянишин кофиртару мунофиқтар аз дигаронанд ва ба бехабарӣ аз аҳкоме, ки Худо бар паёмбараш нозил кардааст, сазовортаранд. Ва Худо донову ҳаким аст!

98. Баъзе аз арабҳои бодиянишин он чиро ки харҷ мекунанд, чун зиёне мепиндоранд ва мунтазиранд, то ба шумо мусибатҳо бирасад. Мусибати бад бар худашон бод ва Худо шунавову доност!

99. Ва порае аз арабҳои бодиянишин ба Худову рӯзи қиёмат имон доранд ва он чиро, ки харҷ мекунанд, барои наздик шудан ба Худо ва ба хотири дуъои паёмбар харҷ мекунанд. Бидонед, ки ҳамин сабаби наздикияшон ба Худо хоҳад шуд ва Худо ба раҳмати хеш дохилашон хоҳад кард, зеро омурзандаву меҳрубон аст!

100. Аз он гурӯҳи нахустин аз муҳоҷирин ва аҳли Мадина, ки пешқадам шуданд ва онон, ки ба некӣ аз паяшон рафтанд, Худо хушнуд аст ва эшон низ аз Худо хушнуданд. Барояшон биҳиштҳое, ки дар онҳо наҳрҳо ҷорист ва ҳамеша дар он ҷо хоҳанд буд, омода кардааст. Ин аст комёбии бузург!

101. Гурӯҳе аз арабҳои бодиянишин, ки гирди шуморо гирифтаанд, мунофиқанд ва гурӯҳе аз мардуми Мадина низ дар нифоқ исрор меварзанд. Ту онҳоро намешиносӣ, мо мешиносемашон ва ду бор азобашон хоҳем кард (як бор дар дунё бо нобуд шудани молу фарзандонашон ва бори дуюм азоби қабр) ва ба азоби бузург гирифтор мешаванд.

102. Ва гурӯҳе дигар ба гуноҳи худ эътироф карданд, ки аъмоли некӯро бо корҳои зишт омехтанд. Шояд Худо тавбаашонро бипазирад, ҳамоно Худо омурзандаву меҳрубон аст!

103. Аз дороиҳояшон садақа биситон, то ононро поку муназзаҳ созӣ вамартабаашонро аз мартабаи мунофиқон баланд бардорӣ. Барояшон дуъо кун, зеро дуъои ту мояи оромиши онҳост ва Худо шунавову доност!

104. Оё ҳануз надонистаанд, ки Худост, ки тавбаи бандагонашро мепазирад ва садақотро меситонад ва Худост, ки тавбапазиру меҳрубон аст?

105. Бигӯ: «Амал кунед, Худову паёмбараш ва мӯъминон аъмоли шуморо хоҳанд дид ва шумо ба назди донои ниҳону ошкоро бозгардонида мешавед ва ӯ аз аъмолатон огоҳатон хоҳад кард».

106. Ва гурӯҳе дигар ба хости Худованд вогузошта шудаанд, ки ё азобашон мекунад ё тавбаашонро мепазирад. Ва Худо донову ҳаким аст!

107. Худо шаҳодат медиҳад: «Онҳое, ки масҷиде месозанд, то ба мӯъминон зиён расонанд15 ва миёнашон куфру тафриқа андозанд ва то барои касоне, ки мехоҳанд бо Худову паёмбараш ҷанг кунанд, камингоҳе бошад, он гоҳ савганд мехӯранд, ки моро қасде ҷуз некӯкорӣ набудааст, дурӯғ мегӯянд».

 








Не нашли, что искали? Воспользуйтесь поиском по сайту:



©2015 - 2024 stydopedia.ru Все материалы защищены законодательством РФ.