Сделай Сам Свою Работу на 5

Касест, ки бимирад ва фарзанду падару модар надошта бошад. 10 глава





26.Эй фарзандони Одам, барои шумо ҷомае фиристодем, то шармгоҳатонро бипӯшад ва низ ҷомаи зинат. Ва ҷомаи парҳезгорӣ аз ҳар ҷомае беҳтар аст. Ва ин яке аз оёти Худост, бошад, ки панд гиранд.

27.Эй фарзандони Одам, шайтон шуморо нафиребад, ҳамчунон ки падару модаратонро аз биҳишт берун ронд, либос аз танашон канд, то шармгоҳашонро ба онҳо бинамоёнад. ӯ ва ҳампешагонаш аз ҷое, ки онҳоро намебинед, шуморо мебинанд. Мо шайтонҳоро дӯстони касоне қарор додем, ки имон намеоваранд.

28.Чун кори зиште кунанд, гӯянд: «Падарони худро низ чунин ёфтаем ва Худо моро ба он фармон додааст». Бигӯ: «Худо ба зишткорӣ фармон намедиҳад.Чаро чизҳое ба Худо нисбат медиҳед, ки намедонед?»

29.Бигӯ: «Парвардигори ман ба адл фармон додааст ва ба ҳангоми ҳар намоз рӯй ба ҷониби ӯ доред ва ӯро бо имони холис бихонед. Ва ҳамчунон ки шуморо офаридааст, бозмегардед.

30. Гурӯҳеро ҳидоят карда ва фирқае гумроҳиро лоиқанд. Инҳо шайтонҳоро ба ҷои Худо дӯст гирифтанд ва мепиндоранд, ки ҳидоят ёфтаанд».

31. Эй фарзандони Одам, ба ҳангоми ҳар ибодат либоси худ бипӯшед. Ва низ бихӯреду биёшомед, вале исроф макунед, ки Худо исрофкоронро дӯст намедорад.



32. Бигӯ: «Чӣ касе либосҳоеро, ки Худо барои бандагонаш падид оварда ва хӯрданиҳои хуштаъмро ҳаром кардааст?» Бигӯ: «Ин чизҳо дар ин дунё барои касонест, ки имон овардаанд ва дар рӯзи қиёмат низ хосси онҳо бошад». Оёти Худоро барои доноён инчунин ба тафсил баён мекунем.

33. Бигӯ: «Парвардигори ман, зишткориҳоро, чи ошкор бошанд ва чи пинҳон ва низ гуноҳону афзунӣ ҷустан ба ноҳақро ҳаром кардааст ва низ ҳаром аст, чизеро шарики Худо созед, ки ҳеҷ далеле бар вуҷуди он нозил нашудааст ё дар бораи Худо чизҳое бигӯед, ки намедонед.

34. Ҳар умматеро муддати умрест. Чун аҷалашон бирасад, як соат пешу пас нашаванд».

35. Эй фарзандони Одам, ҳар гоҳ паёмбароне аз худи шумо биёянд ва оёти Маро бар шумо бихонанд, касоне, ки парҳезгорӣ кунанд ва ба салоҳ оянд, тарсе бар онҳо нест ва низ ғамгин намешаванд!



36. Ва онҳо, ки оёти Моро ба дурӯғ нисбат дода ва саркашӣ карданд, аҳли ҷаҳаннаманд ва ҷовидона дар он хоҳанд буд!

37. Кист ситамкортар аз он, ки ба Худо дурӯғ бандад ё оёти ӯро дурӯғ пиндорад? Насибе, ки барояшон муқаррар шуда, ба онҳо хоҳад расид. Он гоҳ, ки фиристодагони мо биёянд, то ҷонашонро бигиранд мепурсанд: «Он чизҳое, ки ба ҷои Худо парастиш мекардед, акнун куҷоянд?» Гӯянд: «Табоҳ шуданд ва аз дасти мо рафтанд!» Ва дар ин ҳол ба зиёни худ шаҳодат диҳанд, ки кофир будаанд.

38. Гӯяд: «ҳамроҳи умматҳое, ки пеш аз шумо будаанд, аз ҷинну инс дар оташ дохил шавед. Ҳар уммате, ки ба оташ дохил шавад, уммати ҳамкеши худро лаънат кунад. То чун ҳамагӣ дар он ҷо гирд оянд, гурӯҳҳое, ки пайрав будаанд, дар бораи гурӯҳҳое, ки пешво будаанд, гӯянд: «Парвардигоро, инҳо моро гумроҳ карданд, дучандон дар оташ азобашон кун». Гӯяд: «Азоби ҳама дучандон аст, вале шумо намедонед!»

39. Пешвоён ба пайравон гӯянд: «Шуморо бар мо ҳеҷ бартарӣ нест, инак, ба ҷазои корҳое, ки карда будед, азобро бичашед!»

40. Дарҳои осмон бар рӯи касоне, ки оёти Моро дурӯғ шуморидаанд ва аз онҳо саркаши кардаанд, кушуда нахоҳад шуд ва ба биҳишт дохил нахоҳанд шуд, то он гоҳ, ки шутур аз сӯрохи сӯзан бигзарад4. Ва муҷримонро инчунин ҷазо медиҳем!

41. Бистаре аз оташи ҷаҳаннам дар зер ва пӯшише аз оташи ҷаҳаннам бар рӯй доранд. Ва ситамкоронро инчунин ҷазо медиҳем!

42. Ба ҳеҷ кас ҷуз андозаи тавонаш таклиф намекунем. Онон, ки имон овардаанд ва корҳои некӯ кардаанд, аҳли биҳиштанд ва дар он ҷо ҷовидонанд.



43. Ва ҳар гуна кинаеро аз дилашон бармеканем. Наҳрҳо дар зери пояшон ҷорист. Гӯянд: «Сипос Худойро, ки моро ба ин роҳ раҳбарӣ карда ва агар моро раҳбарӣ накарда буд, роҳи хеш намеёфтем. Расулони Парвардигори мо ба ҳақ омаданд. Ва он гоҳ ононро нидо диҳанд, ки ба подоши корҳое, ки мекардед, ин биҳиштро ба шумо додаанд!»

44. Биҳиштиён дӯзахиёнро овоз диҳанд, ки мо ба ҳақиқат ёфтем он чиро, ки Парвардигорамон ваъда дода буд, оё шумо низ ба ҳақиқат ёфтаед он чиро, ки Парвардигоратон ваъда дода буд? Гӯянд: «Оре». Он гоҳ нидодиҳандае дар он миён овоз диҳад, ки лаънати Худо бар кофирон бод!

45. Онон, ки аз роҳи Худо рӯй бармегардонанд ва онро каҷравӣ мепиндоранд (яъне, мехостанд, ки бо шубҳаҳо роҳи ҳақро ботил созанд) ва ба қиёмат имон надоранд!

46. Ва миёнашон (биҳишт ва дӯзах) деворест (он аъроф аст) ва бар аъроф5мардоне ҳастанд, ки ҳамаро аз симояшон мешиносанд ва аҳли биҳиштро овоз медиҳанд, ки салом бар шумо бод. Инҳо ҳарчанд умеди биҳишт доранд, вале ҳанӯз ба он дохил нашудаанд.

47. Чун чашм ба ҷониби дӯзахиён гардонанд, гӯянд: «Эй Парвардигори мо, моро дар шумори ситамкорон қарор мадеҳ!»

48. Сокинони аъроф мардонеро, ки аз симояшон мешиносанд, овоз диҳанд ва гӯянд: «Он мол, ки гирд оварда будед ва он ҳама саркашӣ, ки доштед шуморо фоидае набахшид!

49. Оё инҳо6ҳамон касонанд, ки шумо7савганд хӯрда будед, ки раҳмати Худованд насибашон намешавад? Дохил дар биҳишт шавед8, на тарсе бар шумост ва на ғамгин мешавед!»

50. Дӯзахиён биҳиштиёнро овоз диҳанд, ки андаке об ё аз чизҳое, ки Худо ба шумо арзонӣ кардааст, бар мо фурӯ резед! Гӯянд «Худо онҳоро бар кофирон ҳаром кардааст!

51. Имрӯз ононро, ки дини хеш лаҳву бозича пиндоштанд ва зиндагии дунё фиребашон дода буд, тарк мекунем онҳоро, ҳамчунон ки онҳо амалкардан барои ин рӯзро тарк карда буданд ва оёти Моро такзиб мекарданд!

52.Барои ҳидояти мӯъминон ва бахшоиш ба онҳо китобе овардем, ки дар он ҳар чизеро аз рӯи дониш ба тафсил баён кардаем.

53.Оё ҷуз далели сидқи ин ваъдаро интизорӣ доранд? Рӯзе ки далели сидқаш падидор шавад, касоне, ки он рӯзро аз ёд бурда буданд, мегӯянд: «Паёмбарони Парвардигори мо ба ҳақ омаданд. Оё шафеъоне ҳастанд, ки моро шафоъат кунанд? Ё он ки касе ҳаст, ки моро бозгардонад, то корҳои дигаре ҷуз он корҳо , ки мекардем, анҷом диҳем?» Ба худ зиён расонданд ва он бутонро, ки ба дурӯғ сохта буданд, инак, аз даст додаанд.

54.Парвардигори шумо Аллоҳ аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид. Пас бар Арш муставӣ шуд9. Рӯзро шаб ба мепӯшонад ва шаб шитобон онро металабад (инчунин рӯз ҳам шабро мепӯшонад ва шитобон онро металабад). Ва офтобу моҳ ва ситорагон мусаххари фармони ӯ ҳастанд. Огоҳ бошед, ки ӯрост офаринишу фармонравоӣ. Худо, он Парвардигори ҷаҳониён, бағоят бузург аст!

55.Парвардигоратонро бо тазаррӯъ (зорӣ) ва дар ниҳон бихонед, зеро ӯ аз ҳадгузарандагони саркашро дӯст надорад!

56.Дар замин он гоҳ , ки ба салоҳ омадааст, фасод макунед! Ва Худоро аз рӯи тарсу умед бихонед! Ва раҳмати Худо ба некӯкорон наздик аст.

57.Ва ӯст, ки пешопеши раҳмати10 худ бодҳоро ба башорат мефиристад. Чун бодҳо абрҳои гаронборро бардоранд, Мо онро ба сарзаминҳои мурда равон созем ва аз он борон мефиристем ва бо борон ҳар гуна самареро мерӯёнем. Мурдагонро низ инчунин зинда мегардонем, шояд панд гиранд!

58. Ва сарзамини хуб, гиёҳи он ба фармони Парвардигораш мерӯяд ва замини бад, ҷуз андак гиёҳи бефоидае аз он падид намеояд. Барои мардуме, ки сипос мегӯянд, оёти Худоро инчунин гуногун баён мекунем!

59. Нӯҳро бар қавмаш ба рисолат фиристодем. Гуфт: “Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед, шуморо Худое барҳақ ҷуз ӯ нест, ман аз азоби рӯзи бузург бар шумо бимнокам».

60. Бузургони қавмаш гуфтанд: «Туро ошкоро дар гумроҳӣ мебинем».

61. Гуфт: «Эй қавми ман, гумроҳиро дар ман роҳе нест, ман паёмбаре аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониёнам.

62.Паёмҳои Парвардигорамро ба шумо мерасонам ва шуморо панд медиҳам ва аз Худо онро медонам, ки шумо намедонед.

63.Оё аз ин ки бар марде аз худатон, аз ҷониби Парвардигоратон ваҳй нозил шудааст, то шуморо битарсонад ва парҳезгорӣ кунед ва коре кунад, ки мавриди раҳмат қарор гиред, ба шигифт омадаед?»

64.Пас дурӯғгӯ пиндоштанд ӯро ва Мо, ӯ ва касонеро, ки бо ӯ дар киштӣ буданд, раҳонидем ва ононро, ки оёти Моро дурӯғ мепиндоштанд, ғарқ сохтем, ки мардуми кӯрдил буданд!

65.Ва бар қавми Од11бародарашон Ҳудро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед, ки шуморо ҷуз ӯ Худое барҳақ нест ва чаро намепарҳезед?»

66.Бузургони қавми ӯ, ки кофир шуда буданд, гуфтанд: «Мебинем, ки ба бехирадӣ гирифтор шудаӣ ва пиндорем, ки аз дурӯғгӯён бошӣ».

67.Гуфт: «Эй қавми ман, дар ман нишонае аз бехирадӣ нест, ман паёмбари Парвардигори ҷаҳониёнам.

68.Паёмҳои Парвардигорамро ба шумо мерасонам ва шуморо андарзгӯи аминам.

69.Оё аз ин, ки бар марде аз худатон аз ҷониби Парвардигоратон ваҳй нозил шудааст, то шуморо битарсонад, таъаҷҷуб мекунед? Ба ёд оред он замонро, ки шуморо ҷонишини қавми Нӯҳ сохт ва ба ҷисм фузунӣ дод12. Пас неъматҳои Худоро ба ёд оваред, бошад, ки растагор гардед!»

70.Гуфтанд: «Оё назди мо омадаӣ, то танҳо Аллоҳро бипарастем ва он чиро, ки падаронамон мепарастиданд, раҳо кунем? Агар рост мегӯӣ, он чиро, ки ба мо ваъда медиҳӣ13, биёвар!»

71.Гуфт: «Азобу хашми Парвардигоратон ҳатман бар шумо нозил хоҳад шуд. Оё дар бораи ин бутҳое, ки худ ва падаронатон ба ин номҳо номидаед ва Худо ҳеҷ далеле бар онҳо нозил насохтааст, бо ман ситеза мекунед? Ба интизор бимонед, ман ҳам бо шумо ба интизор мемонам».

72. Ҳуд ва ҳамроҳонашро ба фазлу раҳмати хеш раҳонидем ва касонеро, ки оёти Моро такзиб карданд ва имон наёварда буданд, аз реша баркандем.

73.Бар қавми Самуд14бародарашон Солеҳро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед, шуморо ҳеҷ худое барҳақ ҷуз ӯ нест. Аз ҷониби Худо барои шумо нишонае ошкор омад. Ин модашутури Худо бароятон нишонаест. Раҳояш кунед, то дар замини Худо бичарад ва ҳеҷ осебе ба ӯ нарасонед, ки азобе дардовар шуморо фаро хоҳад гирифт.

74.Ба ёд оред он замонро, ки шуморо ҷонишинони қавми Од кард ва дар ин замин ҷой дод, то бар рӯи замини нармаш қасрҳо барафрозед ва кӯҳояшро тарошида хонаҳое бисозед. Неъматҳои Худоро ёд кунед ва дар замин табаҳкориву фасод макунед!»

75.Бузургони қавмаш, ки гарданкашӣ мекарданд, ба забуншудагони қавм, ки имон оварда буданд, гуфтанд: «Оё медонед, ки Солеҳ аз ҷониби Парвардигораш омада аст?» Гуфтанд: «Мо ба ойине, ки ба он амр шуда, имон дорем!»

 








Не нашли, что искали? Воспользуйтесь поиском по сайту:



©2015 - 2024 stydopedia.ru Все материалы защищены законодательством РФ.