Сделай Сам Свою Работу на 5

Касест, ки бимирад ва фарзанду падару модар надошта бошад. 5 глава





157. Агар дар роҳи Худо кушта шавед, ё бимиред, омурзиш ва раҳмати Худо аз он чӣ дар ин ҷаҳон гирд меоваред, беҳтар аст.

158. Ва агар бимиред, ё кушта шавед, албатта, дар пешгоҳи Худованд маҳшур мешавед.

159. Ба сабаби раҳмати Худост, ки ту бо онҳо инчунин хушхӯю меҳрубон ҳастӣ. Агар тундхӯву сахтдил мебудӣ, аз гирди ту пароканда мешуданд. Пас бар онҳо бубахшой ва бар онҳо омурзиш бихоҳ ва дар корҳо бо эшон машварат кун ва чун қасди коре кунӣ, бар Худо таваккул кун, ки Худо таваккулкунандагонро дӯст дорад.

160. Агар Худо шуморо ёрӣ кунад, ҳеҷ кас бар шумо ғалаба нахоҳад кард. Ва агар шуморо хор дорад, чӣ касе аз он пас ёриатон хоҳад кард? Пас мӯъминон бояд, ки бар Худо таваккул кунанд!

161. Ҳеҷ паёмбаре хиёнат накунад ва ҳар кӣ ба чизе хиёнат кунад, онро дар рӯзи қиёмат бо худ оварад. Сипас ҷазои амали ҳар кас ба тамомӣ дода хоҳад шуд ва бар касе ситаме нашавад!

162. Оё он кас, ки ба роҳи хушнудии Худо меравад, монанди касест, ки ба хашми ӯ боз мегардад ва макони ӯ ҷаҳаннам аст ва он бадтарин бозгаштгоҳ аст.



163. Ин ду гурӯҳро назди Худо дараҷотест гуногун ва ӯ ба корҳояшон огоҳ аст!

164. Худо бар мӯъминон инъом фармуд, он гоҳ, ки аз ҷинси худашон ба миёни худашон паёмбаре равон кард, то оёташро бар онҳо бихонад ва покашон созад ва китобу ҳикматашон биёмӯзонад, ҳарчанд аз он пеш дар гумроҳии ошкоре буданд.

165. Ва оё ҳангоме ки осебе ба шумо расид, ки шумо худ дучанди он расонда будед, гуфтед: «Ин осеб аз куҷо расид?» Бигӯ: «Аз ҷониби худатон». Ҳар ойна Худо бар ҳар чизе тавоност!20

166. Он чӣ дар рӯзи бархӯрди он ду гурӯҳ ба шумо расид, ба изни (ризои) Худо буд, то мӯъминонро ошкор созад.

167. Ва ононро (мунофиқонро) низ, ки нифоқ варзиданд, ошкор созад. Ба онҳо гуфта мешуд: «Биёед, дар роҳи Худо ҷанг кунед ё ба дифоъ пардозед». Мегуфтанд: «Агар яқин доштем, ки ҷанге дармегирад, бо шумо меомадем». Онон ба куфр наздиктаранд, то ба имон. Ба забон чизҳое мегӯянд, ки ба дил эътиқод надоранд ва Худо ба он чӣ дар дил пинҳон медоранд, огоҳтар аст!



168. Ба онон, ки аз ҷанг бозистоданд ва дар бораи бародарони худ гуфтанд, ки агар сухани моро шунида буданд, кушта намешуданд, бигӯ: «Агар рост мегӯед, маргро аз худ биронед!»21

169. Касонеро, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд, мурда мапиндор, балки зиндаанд ва назди Парвардигорашон рӯзӣ дода мешаванд.

170. Аз фазилате, ки Худо насибашон кардааст, шодмонанд. Ва барои онҳо, ки дар паяшон ҳастанд ва ҳанӯз ба онҳо напайвастаанд, хушдиланд, ки биме бар онҳо нест ва андӯҳгин намешаванд!

171. Ононро муждаи неъмату фазли Худо медиҳанд ва Худо подоши мӯъминонро бекор намекунад.

172. Аз миёни он касон, ки пас аз захм хӯрдан боз ҳам фармони Худо ва расулашро иҷобат карданд, онон, ки некӯкор бошанд ва аз Худо битарсанд, музде бузург доранд.

173. Касоне, ки мардум гуфтандашон, ки мардум барои ҷанг бо шумо гирд омадаанд, аз онҳо битарсед ва ин сухан бар имонашон бияфзуд ва гуфтанд: «Худо моро басанда аст ва чӣ некӯ ёварест!»

21. Муҷоҳид аз ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят кардааст, ки ин оят дар шаъни Абдуллоҳ ибни Убай ибни Салули мунофиқ ва ёронаш нозил шудааст.

174. Пас аз ҷанг бозгаштанд, дар ҳоле ки неъмату фазли Худоро ба ҳамроҳ доштанд ва ҳеҷ осебе ба онҳо нарасида буд. Инҳо ба роҳи хушнудии Худо рафтанд ва Худоро бахшоише азим аст!

175. Он шайтон аст, ки дар дили дӯстони худ бим меафканад. Агар имон овардаед, аз онҳо матарсед, аз ман битарсед!

176. Онон, ки ба куфр мешитобанд, туро ғамгин насозанд. Инҳо ҳеҷ зиёне ба Худо намерасонанд. Худо мехоҳад онҳоро дар охират бебаҳра гардонад ва барояшон азобест бузург!



177. Ҳар ойна, онон, ки имон доданд ва куфр хариданд, ҳеҷ зиёне ба Худо намерасонанд ва барояшон азобе дарднок аст!

178. Кофирон мапиндоранд, ки дар мӯҳлате, ки ба онҳо медиҳем, хайри онҳост. Ба онҳо мӯҳлат медиҳем, то бештар ба гуноҳашон бияфзоянд ва барои онҳост азобе хоркунанда!

179. Худо бар он нест, ки шумо мӯъминонро ба ин ҳол, ки акнун ҳастед, раҳо кунад. Меозмояд, то нопокро аз пок ҷудо созад. Ва Худо бар он нест, ки шуморо аз ғайб биогоҳонад, вале бархе аз паёмбаронашро, ки худ бихоҳад, бармегузинад. Пас ба Худо ва паёмбаронаш имон биёваред. Ва агар имон биёваред ва парҳезгорӣ кунед, аҷре азим ёбед!

180. Онон, ки дар неъмате, ки Худо ба онҳо ато кардааст, бахилӣ мекунанд, мепиндоранд, ки дар бухл варзидан барояшон хайр аст. На, шарр аст! Дар рӯзи қиёмат он чиро, ки дар бахшидан бухл меварзиданд, чун тавқе ба гарданашон хоҳанд овехт. Ва аз они Худост мероси (марҷаъ, бозгашти ) осмонҳову замин ва ӯ ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст!

181. Ҳар ойна Худо шунид сухани он касонро, ки мегуфтанд: «Худо бенавост ва мо тавонгарем». Гуфторашонро ва низ ин ки паёмбаронро ба ноҳақ мекуштанд, хоҳем навишт ва гӯем: «Бичашед азоби оташи сӯзонро!»

182. Ин подоши аъмолест, ки пешопеш ба ҷой овардед, вагарна Худованд ба бандагонаш ситам раво намедорад.

183. Касоне гуфтанд: «Моро бо Худо аҳдест, ки ба ҳеҷ паёмбаре имон наёварем, магар барои мо қурбоние биёварад, ки оташ онро бихӯрад». Бигӯ: «Пеш аз ман паёмбароне бо мӯъҷизаҳо ва он чӣ акнун мехоҳед, омадаанд, агар рост мегӯед, чаро онҳоро куштед?»

184. Агар туро дурӯғгӯ бароварданд, паёмбароне ҳам, ки пеш аз ту бо мӯъҷизаҳо ва навиштаҳо ва китоби равшангар омада буданд,такзиб шудаанд.

185. Ҳама кас маргро мечашад ва дар ҳақиқат дар рӯзи қиёмат музди аъмоли шуморо ба камол хоҳанд дод. Ва ҳар касро аз оташ дур созанд ва ба биҳишт дароваранд, ба пирӯзӣ расидааст. Ва ин зиндагии дунё ҷуз матоъе фиребанда нест.

186. Шуморо ба молу ҷон озмоиш хоҳанд кард. Ва аз забони аҳли китоб ва мушрикон озори фаровон хоҳед шунид. Агар сабр кунед ва парҳезгор бошед, нишони қудрати иродаи шумост.

187. Худо аз аҳли Китоб паймон гирифт, ки китоби Худоро барои мардум ошкор созанд ва пинҳонаш макунанд, вале онҳо онро пушти сар афканданд ва дар муқобил баҳои андаке гирифтанд. Чӣ бад мӯъомалае карданд!

188. Ононро, ки аз корҳое, ки кардаанд, шодмон шудаанд ва дӯст доранд ба сабаби корҳои нокардаи хеш ҳам мавриди ситоиш қарор гиранд, мапиндор, ки дар паноҳгоҳе дур аз азоби Худо бошанд. Барояшон азобе дардовар муҳайёст!

189. Аз они Худост фармонравоии осмонҳову замин ва Худо бар ҳар чизе тавоност!

190. Ҳар ойна дар офариниши осмонҳову замин ва омаду шуди шабу рӯз хирадмандонро ибратҳост,

191. онҳо, ки Худоро истодаву нишаста ва ба паҳлӯ хуфта, ёд мекунанд ва дар офариниши осмонҳову замин меандешанд: «Эй Парвардигори мо, ин ҷаҳонро ба беҳуда наёфаридаӣ, ту покӣ, моро аз азоби оташ боздор!

192. Эй Парвардигори мо, ҳар касро, ки ба оташ афканӣ, расвояш кардаӣ ва золимонро ҳеҷ ёваре нест!

193. Эй Парвардигори мо, шунидем, ки нидокунандае ба имон фаро мехонд, ки ба Парвардигоратон имон биёваред! Ва мо имон овардем. Пас, эй Парвардигори мо, гуноҳони моро биёмурз ва бадиҳои моро аз мо дур кун ва моро бо некон бимирон!

194. Эй Парвардигори мо, ато кун ба мо он чиро, ки ба забони паёмбаронат ба мо ваъда додаӣ ва моро дар рӯзи қиёмат расво макун, ки Ту ваъдаи хеш хилоф намекунӣ».

195. Парвардигорашон дуъояшонро иҷобат фармуд, ки ман кори ҳеҷ коргузореро аз шумо, чи зан ва чи мард, ҳама аз якдигаред, ночиз намесозам. Пас гуноҳони касонеро, ки муҳоҷират кардаанд ва аз хонаҳояшон ронда шудаанд ва дар роҳи Ман озор дидаанд ва ҷангидаанд ва кушта шудаанд, мағфират мекунам ва ононро дар биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дохил мекунам. Ин подошест аз ҷониби Худо ва подоши некӯ назди Худост.

196. Омаду рафти кофирон дар шаҳрҳо туро нафиребад!

197. Ин бархурдории андакест. Пас аз он ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст ва ҷаҳаннам бад ҷойгоҳест!

198. Аммо барои онон, ки аз Парвардигорашон метарсанд, биҳиштҳоест, ки дар он наҳрҳо ҷорист. Ҳамеша дар он ҷо меҳмони Худо ҳастанд. Ва он чӣ назди Худост, барои некон беҳтар аст!

199. Баъзе аз аҳли Китоб ба Худо ва китобе, ки бар шумо нозил шуда ва китобе, ки бар худашон нозил шудааст, имон доранд. Мутеъи фармони Худоянд. Оёти Худоро ба баҳои андак намефурӯшанд. Музди онҳо назди Парвардигорашон аст. Албатта, Худо ҳисобҳоро зуд хоҳад расид.

200. Эй касоне, ки имон овардаед, бурдбор бошед ва дигаронро ба бурдборӣ фаро хонед ва дар ҷангҳо пойдорӣ кунед ва аз Худо битарсед, шояд, ки растагор шавед!

Сураи Нисо1

(Занон)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Эй мардум, битарсед аз Парвардигоратон, он ки шуморо аз як тан биёфарид ва аз он як тан2ҳамсари ӯро ва аз он ду мардону занони бисёр падид овард. Ва битарсед аз он Худое, ки бо савганд ба номи ӯ аз якдигар чизе мехоҳед ва зинҳор аз хешовандон мабуред. Ҳар оина Худо назораткунандаи шумост!

2.Моли ятимонро ба ятимон диҳед ва ҳаромро бо ҳалол бадал макунед. Ва амволи онҳоро ҳамроҳ бо амволи хеш махӯред, ки ин гуноҳе бузург аст!

3. Агар шуморо бими он аст, ки дар кори ятимон адолат наварзед, аз занон ҳар чӣ шуморо писанд афтад, ду, се ва чаҳор ба никоҳ дароваред. Ва агар бими он доред, ки ба адолат рафтор накунед, танҳо як зан бигиред ё ҳар чӣ молики он шавед. Ин роҳи беҳтар аст, то муртакиби ситам нагардед3.

4. Маҳри занонро ба тиби (майли) хотир ба онҳо бидиҳед. Ва агарпорае аз онро ба ризоят ба шумо бахшиданд, бигиред, ки хушу гувороятон хоҳад буд.

5. Молҳоятонро, ки Худо сабаби зиндагии шумо сохтааст, ба дасти беақлҳо мадиҳед, вале аз он хӯроку либосашон диҳед ва бо он сухан ба некӣ гӯед.

6. Ятимонро биёзмоед, то он гоҳ, ки ба синни заношӯӣ расанд, пас агар дар онон рушде ёфтед, амволашонро ба худашон вогузоред. Ва аз бими он, ки мабодо ба синни рушд расанд, амволашонро ба ноҳақ ва шитоб махӯред. Ҳар кӣ тавонгар аст, бипарҳезад ва ҳар кӣ бенавост4, ба он андоза, ки урф тасдиқ кунад, бихӯрад. Ва чун амволашонро таслимашон кардед, касонеро бар онон ба шоҳидӣ гиред ва Худо барои ҳисоб кардан кофист.

7. Аз ҳар чӣ падару модар ва хешовандон ба мерос мегузоранд, мардонро насибест. Ва аз он чи падару модар ва хешовандон ба мерос мегузоранд, чӣ андак ва чӣ бисёр, занонро низ насибест. Насибе муайян.

8. Ва чун ба ҳангоми тақсими (ирс) хешовандону ятимон ва мискинон ҳозир омаданд, ба онон низ чизе арзонӣ доред ва бо онон ба некӯӣ сухан гӯед.

9. Бояд аз Худо битарсанд касоне, ки агар пас аз хеш фарзандоне нотавон бар ҷой мегузоранд, аз сарнавишти онон бимноканд. Бояд, ки аз Худой битарсанд ва сухани одилона ва босавоб гӯянд!

10. Онон, ки амволи ятимонро ба ситам мехӯранд, шиками хеш пур аз оташ мекунанд ва ба оташе фурӯзон хоҳанд афтод!

11. Худо дар бораи фарзандонатон ба шумо супориш мекунад, ки саҳми писар баробари саҳми ду духтар аст. Ва агар духтар бошанд ва беш аз ду тан, аз се ду ҳиссаи мерос аз онҳост. Ва агар як духтар бувад, нисф барад ва агар мурдаро фарзанде бошад, ҳар як аз падару модар аз шаш як ҳиссаи меросро барад. Ва агар мурда фарзанде надошта бошад ва меросбарон танҳо падару модар бошанд, модар аз се як ҳиссаи меросро барад, (боқии мерос аз они падар аст). Аммо агар мурда бародарон дошта бошад, саҳми модар пас аз анҷоми васияте, ки карда ва баъди пардохти қарзи ӯ аз шаш як ҳисса бошад. Ва шумо намедонед, ки аз падарону писаронатон кадом як шуморо судмандтар аст. ҳисса муъайян карда шуд аз ҷониби Худо. Албатта, Худо донову ҳаким аст!

12. Агар занонатон фарзанде надоштанд, нисфи меросашон аз они шумост. Ва агар фарзанде доштанд, пас барои шумост, аз чаҳор як ҳиссаи он чи гузоштаанд, баъд аз анҷом додани васияте ки кардаанд ва пас аз пардохти қарзи онҳо. Ва агар шуморо фарзанде набуд, аз чаҳор як ҳиссаи меросатон аз они занонатон аст. Ва агар дорои фарзанде будед, барои занонатон аст аз ҳашт як ҳиссаи он чи гузоштаед, пас аз анҷом додани васияте ки кардаед ва пардохти қарзҳоятон. Ва агар мард ё зане бимирад ки (калола) бошад, (яъне падару фарзанд ва бародару хоҳари танӣ надорад) агар ӯро бародар ё хоҳаре (ахёфӣ) яъне модарӣ бошад ҳар як аз он ду аз шаш як ҳисса барад. Ва агар (ахёфиён) бештар бошанд, ҳама дар сеяки (аз се як ҳисса) мерос шарик ҳастанд, пас аз анҷом додани васияте, ки кардааст ба ғайри он ки барои ворисашон зиёновар бошад (яъне васияте ки зиёда аз се яки мерос бувад эътибор надорад) ва низ пас аз адои қарзашон. Ин ҳукмест аз ҷониби Худо ба шумо ва Худо донову бурдбор аст!

13. Инҳо аҳкоми Худост. Ҳар кас аз Худо ва паёмбараш фармон барад, ӯро ба биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дароварад ва ҷовидон дар он ҷо хоҳад буд ва ин комёбии бузургест!

14. Ва ҳар кӣ аз Худову расулаш фармон набарад ва аз аҳкоми ӯ берун барояд, ӯро дохил дар оташ кунад ва ҷовидон дар он ҷо хоҳад буд ва барои ӯст азобе хоркунанда.

15. Ва аз занони шумо он, ки муртакиби фаҳш (гуноҳ) мешаванд, аз чаҳор тан аз худатон бар зидди онҳо шаҳодат бихоҳед. Агар шаҳодат доданд, занонро дар хона маҳбус доред, то маргашон фаро расад ё Худо роҳе барояшон муқаррар кунад.

16. Ва он ду танро, ки муртакиби он амал шудаанд, биёзоред. Ва чун тавба кунанд ва ба салоҳ оянд, аз озорашон даст бардоред, зеро Худо тавбапазиру меҳрубон аст.

17. Ҷуз ин нест, ки қабули тавба барои касонест, ки ба нодонӣ муртакиби коре зишт мешаванд ва зуд тавба мекунанд. Худо тавбаи инҳоро мепазирад ва Худо донову ҳаким аст.

18. Тавбаи касоне, ки корҳои зишт мекунанд ва чун марги яке аз онҳо фаро расад, мегӯяд, ки акнун тавба кардам ва низ онҳо, ки кофир бимиранд, пазируфта нахоҳад шуд. Барои инҳо азобе дардовар муҳайё кардаем.

19. Эй касоне, ки имон овардаед, шуморо ҳалол нест, ки занонро бар хилофи майлашон мерос бибаред. Ва то қисмате аз он чиро, ки ба онҳо додаед, бозпас ситонед, бар онҳо сахт магиред, магар он ки муртакиби фаҳшои ошкоре шаванд ва зиндагонӣ кунед бо занон ба ваҷҳе писандида. Ва агар шуморо аз занон хуш наёмад, чӣ басо чизе, ки шуморо аз он хуш намеояд, дар ҳоле, ки Худо хайри бисёре дар он ниҳода бошад.

20. Агар хостед, зане ба ҷои зане дигар бигиред ва ӯро моли бисёре додаед, набояд чизе аз ӯ бозситонед. Оё ба занони худ зулм ва дурӯғ раво медоред5, то маҳрашонро бозпас гиред? Ин гуноҳе ошкор аст!

21. Ва чӣ гуна он молро бозпас мегиред ва ҳол он ки ҳар як аз шумо аз дигаре баҳраманд шудааст ва занон аз шумо паймоне устувор гирифтаанд.

22. Бо заноне, ки падаронатон ба ақди хеш даровардаанд заношӯӣ макунед, магар он ки пеш аз ин чунон карда бошед6. Зеро ин кори бад ва мавриди хашми Худост ва шеваест нописанд.

23. Модаронатон ва духтаронатон ва хоҳаронатон ва аммаҳоятон ва холаҳоятон ва духтарони бародаронатон ва духтарони хоҳаронатон ва заноне, ки шуморо шир додаанд ва хоҳарони ширхораатон ва модарони занонатон бар шумо ҳаром шудаанд. Ва духтарони занонатон, ки дар канори шумо ҳастанд7, ҳар гоҳ бо он занон ҳамбистар шудаед, бар шумо ҳаром шудаанд. Вале агар ҳамбистар нашудаед, гуноҳе муртакиб нашудаед. Ва низ занони писароне, ки аз пушти шумо ҳастанд, бар шумо ҳаром шудаанд. Ва набояд ду хоҳарро дар як замон ба занӣ гиред, магар он ки пеш аз ин чунин карда бошед8. Албатта, Худо омурзанда ва меҳрубон аст.

24. Ва низ занони шавҳардор бар шумо ҳаром шудаанд, магар онҳое, ки ба тасарруфи шумо даромада бошанд9. Аз китоби Худо пайравӣ кунед. Ва ҷуз инҳо занони дигар ҳар гоҳ дар талаби онон аз моли хеш маҳре бипардозед ва онҳоро ба никоҳ (никоҳи доимии шаръӣ) дароваред на ба зино, бар шумо ҳалол шудаанд. Ва занонеро, ки аз онҳо лаззат мегиред (бо никоҳи доимии шаръӣ), воҷиб аст, ки маҳрашонро бидиҳед. Ва пас аз маҳри муайян дар қабули ҳар чӣ ҳар ду ба он ризо бидиҳед, гуноҳе нест. Ҳар ойна Худо донову ҳаким аст!

25. Ҳар касро, ки тавонгарӣ набошад, то озодзанони мӯъминаро ба никоҳи худ дароварад, аз канизони мӯъминае, ки молики онҳо ҳастед, ба занӣ гиред. Ва Худо ба имони шумо огоҳтар аст. Ҳама аз ҷинси якдигаред. Пас бандагонро ба изни соҳибонашон никоҳ кунед ва маҳрашонро ба наҳви шоистае бидиҳед. Ва бояд, ки покдомон бошанд, на зинокор ва на аз онҳо, ки ба пинҳон дӯст мегиранд. Ва чун шавҳар карданд, ҳар гоҳ муртакиби фаҳшо шаванд, шиканҷаи онон нисфи шиканҷаи озодзанон аст. Ва ин барои касонест10 аз шумо, ки бим доранд, ки ба гуноҳ афтанд. Бо ин ҳама агар сабр кунед, бароятон беҳтар аст ва Худо омурзандаву меҳрубон аст.

26. Худо мехоҳад барои шумо ҳама чизро ошкор кунад ва ба суннатҳои пешиниёнатон роҳ бинамояд ва тавбаи шуморо бипазирад, ки Худо донову ҳаким аст.

27. Худо мехоҳад тавбаи шуморо бипазирад. Вале онон, ки аз паи шаҳват мераванд, мехоҳанд, ки шумо ба каҷравии азиме афтед.

28. Худо мехоҳад бори шуморо сабук кунад, зеро одамӣ нотавон офарида шудааст.

29. Эй касоне, ки имон овардаед, амволи якдигарро ба ноҳақ махӯред, ғайри молҳои тиҷоратӣ, ки ҳар ду тараф ба он ризоят дода бошед. Ва худатонро макушед. Ҳар ойна Худо бо шумо меҳрубон аст!

30. Ва ҳар кӣ ин корҳо аз рӯи таҷовузу ситам кунад, ӯро дар оташ хоҳем афканд ва ин бар Худо осон аст!

31. Агар аз гуноҳони бузурге, ки шуморо аз он манъ кардаанд, парҳез кунед, аз дигар гуноҳонатон дармегузарем ва шуморо ба маконе некӯ дармеоварем.

32. Орзу макунед он чизҳоеро, ки ба онҳо Худо баъзе аз шуморо бар баъзе дигар бартарӣ додааст. Мардонро аз он чи кунанд, насибест ва занонро аз он чӣ кунанд, насибе. Ва рӯзӣ аз Худо хоҳед, ки Худо бар ҳар чизе огоҳ аст!

33. Барои ҳама, дар он чи падару модар ва хешовандони наздик ба мерос мегузоранд, меросбароне қарор додаем. Ва баҳраи ҳар касро, ки бо ӯ қароре ниҳодаед, бипардозед, ки Худо бар ҳар чизе гувоҳ аст!

34. Мардон аз он ҷиҳат, ки Худо баъзеро бар баъзе бартарӣ додааст ва аз он ҷиҳат, ки аз моли худ нафақа медиҳанд, бар занон сардорӣ доранд. Пас занони шоиста фармонбардоранд ва дар ғайбати шӯй афифанд (пок) ва фармони Худоро нигоҳ медоранд. Ва он занонро, ки аз нофармонияшон бим доред, панд диҳед ва аз хобгоҳашон дурӣ кунед ва бизанедашон. Агар фармонбардорӣ карданд, аз он пас дигар роҳи зулм пеш магиред. Ва Худо баландпояву бузург аст!

35. Агар аз ихтилофи миёни зану шӯй огоҳ шудед, доваре аз касони мард ва доваре аз касони зан баргузинед. Агар он дуро қасди ислоҳ бошад, Худо миёнашон мувофиқат падид меоварад, ки Худо донову огоҳ аст!

36. Худоро бипарастед ва ҳеҷ чиз шарики ӯ масозед ва ба падару модар ва хешовандону ятимон ва бенавоёну ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи бегона ва ёри мусоҳибу мусофири раҳгузар ва бандагони худ некӣ кунед. Албатта, Худо мутакаббирону фахрфурӯшонро дӯст надорад,

37. Онон, ки бухл меварзанд ва мардумро ба бухл вомедоранд ва молеро, ки Худо ба онҳо додааст, пинҳон мекунанд ва мо барои кофирон азобе хоркунанда муҳайё сохтаем.

38. Ва низ касонеро, ки амволи хеш барои худнамоӣ харҷ мекунанд ва ба Худову рӯзи қиёмат имон намеоваранд. Ва ҳар кӣ шайтон қарини ӯ бошад, қарине бад дорад!

39. Чӣ зиён будашон, агар ба Худову рӯзи қиёмат имон оваранд ва аз он чӣ Худо ба онҳо рӯзӣ додааст, инфоқ (садақа) кунанд? Худо ба корашон доност!

40. Худо заррае ҳам ситам намекунад. Агар некие бошад, онро ду баробар мекунад ва аз ҷониби худ музде бузург медиҳад.

41. Чӣ гуна хоҳад буд он рӯз, ки аз ҳар уммате гувоҳе биёварем ва туро бар ин уммат ба гувоҳӣ фаро хонем?

42. Дар он рӯз кофирон ва онон, ки бар расул исён варзидаанд, орзу кунанд, ки бо хоки замин яксон мебуданд. Ва ҳеҷ суханеро аз Худо пинҳон натавонанд кард!

43. Эй касоне, ки имон овардаед, он гоҳ, ки маст ҳастед, ба намоз (ва ҷои намозхонӣ, яъне масҷид) наздик нашавед11, то (он гоҳ ки) бидонед, чӣ мегӯед. Ва низ дар ҳоли ҷанобат, то (он гоҳ ки) ғусл кунед, магар он ки роҳгузар бошед. Ва агар бемор ё дар сафар будед ё аз макони қазои ҳоҷат бозгаштаед ё бо занон (ҳамсарони боникоҳи шаръӣ) ҷимоъ кардаед ва об наёфтед, бо хоки пок таяммум кунед ва рӯю дастҳоятонро бо он хок масҳ кунед. Ҳаройна Худо афвкунанда ва омурзанда аст!

44. Оё он касонеро, ки аз китоб баҳрае дода шудаанд, надидаӣ, ки гумроҳӣ мехаранд ва мехоҳанд, ки шумо низ гумроҳ шавед?

45. Худо душманони шуморо беҳтар мешиносад ва дӯстии ӯ шуморо кифоят хоҳад кард ва ёрии ӯ шуморо басанда аст.

46. Баъзе аз яҳудиён каломро ба маънӣ дигаргун мекунанд ва мегӯянд: «Шунидем ва нофармонӣ мекунем ва бишнав ношуниданиеро ва «роъино» ба луғати хеш забонро пахш мекарданд ва ба дини Ислом таъна мезананд. Агар мегуфтанд, ки шунидем ва итоъат кардем ва «унзурно»12, барояшон беҳтару босавобтар буд. Худо ононро ба сабаби куфрашон лаънат карда ва ҷуз андаке имон наёваранд.

47. Эй касоне, ки шуморо китоб дода шуда, ба китобе, ки нозил кардаем ва китоби шуморо низ тасдиқ мекунад, имон биёваред; пеш аз он ки нақши чеҳраҳоеро маҳв кунем ва рӯйҳоеро ба қафо баргардонем. Ё ҳамчунон, ки асҳоби сабтро13 лаънат кардем, шуморо ҳам лаънат кунем. Ва фармони Худо шуданист!

48. Албатта, Худо гуноҳи касонеро, ки ба ӯ ширк оваранд, намебахшад ва гуноҳони дигарро барои ҳар кӣ бихоҳад, меомурзад. Ва ҳар кӣ ба Худо ширк оварад, дурӯғе сохта ва гуноҳе бузург муртакиб шудааст.

49. Оё ононро надидаӣ, ки хештанро поку беайб ҷилва медиҳанд? Оре, Худост, ки ҳар киро хоҳад, аз айб пок мегардонад. Ва ба ҳеҷ кас, ҳатто ба қадри риштае, ки дар шикофи донаи хурмост, ситам нашавад.

50. Бингар, ки чӣ гуна ба Худо дурӯғ мебанданд ва ҳамин дурӯғ кофист, ки гуноҳи ошкоре бошад.

51. Оё касонеро, ки насибе аз китоб дода шудаанд, надидаӣ, ки ба Ҷибту Тоғут14имон меоваранд ва дар бораи кофирон мегӯянд, ки роҳи инҳо аз роҳи мӯъминон ба ҳидоят наздиктар аст?

52. Ин он касонанд, ки Худо лаънаташон кардааст; ва ҳар касро, Худо лаънат кунад, барои ӯ ҳеҷ ёваре наёбӣ!

53. Ё аз подшоҳӣ насибе бурдаанд, ки дар ин сурат ба қадри он нуқтаи хурде, ки бар пушти донаи хурмост, ба мардум суде намерасонанд?

54. Ё бар мардум ба хотири неъмате, ки Худо аз фазли хеш ба онҳо додааст, ҳасад мебаранд? Дар ҳоле, ки мо ба хонадони Иброҳим китобу ҳикмат додем ва фармонравоии бузург арзонӣ доштем.

55. Баъзе ба он имон оварданд ва баъзе аз он рӯй гардонданд. Дӯзах - он оташи афрӯхта онҳоро бас!

56. Ононро, ки ба оёти Мо кофир шудаанд, ба оташ хоҳем афканд. Ҳар гоҳ пӯсти танашон бипазад, пӯсти дигарашон диҳем, то азоби Худоро бичашанд. Худо пирӯзманду ҳаким аст!

57. Ва ононро, ки имон оварда ва корҳои некӯ кардаанд, ба биҳиштҳое, ки дар онҳо наҳрҳо ҷорист, дароварем, то абад дар он ҷо хоҳанд буд. Ва дар он ҷо соҳиби занони поку беайб шаванд ва дар сояҳои пайваста ва бароҳат ҷояшон медиҳем.

58. Худо ба шумо фармон медиҳад, ки амонатҳоро ба соҳибонашон бозгардонед. Ва чун дар миёни мардум ба доварӣ нишинед, ба адл доварӣ кунед. Худо шуморо чӣ некӯ панд медиҳад. Албатта, ӯ шунаво ва биност!

59. Эй касоне, ки имон овардаед, Худоро итоъат кунед ва аз расул ва сардорони хеш фармон баред. Ва чун дар коре ихтилоф кардед, агар ба Худову паёмбар руҷӯъ кунед, дар ин хайри шумост ва саранҷоме беҳтар дорад.

60. Оё ононро намебинӣ, ки мепиндоранд, ки ба он чи бар ту нозил шуда ва он чи пеш аз ту нозил шудааст, имон овардаанд, вале мехоҳанд, ки бутро ҳакам қарор диҳанд, дар ҳоле, ки ба онҳо гуфтаанд, ки бутро инкор кунанд. Шайтон мехоҳад гумроҳашон созад ва аз ҳақ дур гардонад.

61. Ва чун онҳоро гӯянд, ки ба он чи Худо нозил карда ва ба паёмбараш рӯй оред, мунофиқонро мебинӣ, ки сахт аз ту рӯйгардон мешаванд.

 








Не нашли, что искали? Воспользуйтесь поиском по сайту:



©2015 - 2024 stydopedia.ru Все материалы защищены законодательством РФ.