Сделай Сам Свою Работу на 5

Гар ба пушт то Маккатуллояш барем





Пеши як рўз заҳмати ў камтарем.

Мо, бародарҳо, ба ҳам азме кунем

Хизмати модар, падар иҷро кунем.

Бо дуои волидон гардем сабз

Пас аз он бо меҳр сар боло кунем.

ПАДАР

(Ба Саидмунир)

Ба сўи осмон наззора дорам,

Ба фикри ту, падарҷон, дилфигорам.

Намехоҳам туро озурда бинам

Хато кардам, худам ҳам саргаронам.

Падарҷон, дар ҳаётат ранҷ дидӣ,

Вафою бевафоӣ чанд дидӣ,

Басе дидӣ хиёнатҳои дунё

Зи пастиву баландиҳо раҳидӣ.

Ҳама рўзони торат пушти сар шуд,

Ниҳоли киштаи ту пурсамар шуд,

Зи некиҳои умр шукронамон буд

Фалокат сар заду андўҳ афзуд.

Намехоҳам туро маъзур бинам

Зи кори кардаам ноҷўр бинам,

Маро дар қисматам имрўз будаст

Ба бист мондам қадам, маҳбаснишинам

Фақат аз ту, падарҷон, узр хоҳам

Дигар пеши касе сар хам наорам,

Ягона орзуи ман ҳамин аст

Сарамро пеши ту бар саҷда орам.

ТЎҲФА

Ман ин шеърам зи хуни дил нависам.

Ба номардони дунё ҳадя орам.

Намехоҳам битарсонам касеро

Фақат хоҳам каме ҳушдор созам.

Ту ҳоло мардро аз по фитонӣ,



Бисўзӣ хонааш бе як гаронӣ,

Насозӣ раҳм баҳри кўдаконаш

Ту захме бар дили он мард монӣ.

Кунун тоқӣ ба пешат монда як дам

Зи кори кардаат андешае кун,

Барои нафси худ охир чӣ кардӣ

Ҷавонеро ба маҳбас зору мазлум.

Машав, аблаҳ, зи кори хеш мамнун

Ту ҷав кишта, лаин, мехоҳӣ гандум.

Накардӣ раҳм бар бечора акнун

Худо хоҳад, шавӣ расвои мардум.

МЕКУШАД

Оҳ, торикии зиндон мекушад охир маро,

Нолаҳои сарди борон мекушад охир маро,

Даст кўтоҳ аст гирам аз гиребони фалак

Қатра-қатра заҳри ҳиҷрон мекушад охир маро.

Гарчи дурии висоли ёр дардам медиҳад

Дидани ашкаш ба мижгон мекушад охир маро

Пораи ноне, ки гирам аз гулўям нагзарад

Фикри ризқи кўдаконам мекушад охир маро.

Ман намедонам чи сон сўзи диламро рў кунам,

Андарунам дарди пинҳон мекушад охир маро.

Гар зи ҳолам дўстонам бехабар буд фарқ нест,

Огаҳии душманонам мекушад охир маро.

Пой дар банд. Шеър дар дил. Хок бар сар, Шаҳриёр,

Байтҳои ин замонам мекушад охир маро.



МЕРАСАД

Зиндагии мо ба поён мерасад,

Навниҳолему зимистон мерасад.

Буд аз мо пеш дар даҳр одамӣ

Аз паси мо насли инсон мерасад.

Бехабар даври ҷавониҳо гузашт,

Майда - майда даври пирӣ мерасад,

Тансиҳат будем, бепарво будем,

Нотавониву ҳақирӣ мерасад.

Аз паси айшу тараб, нокомиҳо

Ҳар яке бо навбат ин дам мерасад,

Гар набудем меҳрубон бо волидон

Пас зи фарзандон ба мо ҳам мерасад

Рўзу шаб дар фикри молу манзилӣ,

Шукр кун, ризқ аз Таоло мерасад.

Гар тавонӣ, тухми некиро бикор

Бар ту ҳам некии дунё мерасад.

ДИЛАМ САРД АСТ

Маро ғам ёру ғурбат ҷуфти ҷон аст,

Ҳамеша ашк аз чашмам равон аст.

Дилам сард аст аз ин сон зиндагонӣ,

Кунун ҷонам ба тан бори гарон аст.

Ба дил гирам ҳама дарди замона,

Зи дарди худ вале бошам канора.

Агарчи хастаам аз сўзи ҳиҷрон,

Наорам пеши нокас як ибора.

Агар ашкам ниҳон андар гулў аст,

Наменолам, агарчи дард зўр аст,

Намехоҳам шавам вирди забонҳо,

Нагўяндам ҳақиру носабур аст.

Маро талх аст танҳоӣ кашидан,

Ҳаме заҳри ҷудоиҳо чашидан.

Тараҳҳум кун, ки ман дигар натонам,

Дар ин олам нафас бе ту кашидан.

ҒАМ МАХУР

Ғам махур, дунё намеарзад ба ғам,

Мебарад ғам одамиро то куҷо.

Кас надонад омади фардои худ,

Аз куҷо ояд фалокат, то куҷо?

Ёд дорӣ аз гузашти зиндагӣ,

Ту куҷо будиву ин зиндон куҷо?

Банд будӣ дар паи дунёи худ,

Он ҳама беҳуда рафторат чаро?.

Ин замон дур аз диёрат мондаӣ,



Ман намедонам, ки ёронат куҷо?

Ҳалқа гашта ашк дар чашмони ту,

Нола дорӣ, оҳу афғонат куҷо?

Як замон андеша кун, эй Шаҳриёр,

Бар сарат омад фалокат аз куҷо?

Ҳеҷ кас дар ин ҷаҳон бе айб нест,

Пас худат донӣ, хатоят аз куҷо?

НИГАҲ ДОР

Худовандо, худат моро нигаҳ дор,

Намон, к-аз душманон бинем озор.

Дар ин манзил ҳама бо ғам қаринанд,

Набошад ғайри ту мўнису ғамхор.

Бигир моро худат андар паноҳат,

Набин лоиқ ба мо ҷабру надомат.

Дар ин дунё гуноҳи мо зиёд аст,

Ту бошӣ қозии рўзи қиёмат.

Ба кунҷи маҳбаси торик ҳастем,

Валекин дар паноҳи ту нишастем.

Хато аз мо гузашт, авф аз ту бошад,

Ба уммеде сари таъзим ҳастем.

Нишаста гирди дастархон рафиқон

Ба ҳамдигар намоянд роз эшон.

Ҳама неъмат бувад ин ҷо муҳайё,

Ба ҷуз озодиву дидори хешон.

Худоҷонам ба мо сабре ато кун,

Зи қайду банди ғам моро раҳо кун.

Ба даргоҳат шабу рўзона нолем,

Дари озодиро бар мо ту во кун.

ТАВБА КАРДАМ

Дар паноҳи худ нигаҳ дорам, Худо

Худ сироти мустақиматро намо,

Дар ҳаётам бас хатоҳо кардаам,

Эй Худо, бахшо гунаҳҳои маро.

Ман мусулмонам, хатое кардаам

Пайравии роҳи шайтон кардаам,

Баҳри нафсам, баҳри нону зиндагӣ

Ҷои худро кунҷи зиндон кардаам.

Оҳ, акнун мекашам озори хеш,

Мондаам танҳо ба ҳоли зори хеш.

Фикр бандам мекунад шому саҳар

Ман намеёбам илоҷи кори хеш.

Гар хато кардам, Худоё, дидаӣ,

Оҳи фарзандони ман бишнидаӣ,

Худ раҳоям кун аз ин банду бало

Ту Раҳим астӣ, Худо, бахшандаӣ.

Пеши ту бошад ҳамин дам рози ман,

Нашнавад дигар касе овози ман,

Раҳми ман кун, раҳми фарзандам бикун

Ғайри ту ку дар ҷаҳон ҳамрози ман?

РОЗИ ЗИНДОНӢ

Бишнав, эй ҷон, бар ту гўям рўзгори талхро,

Рози ин зиндонии уфтодаву сарсахтро.

Ман ҳамехоҳам зи ҳолам пеши ту лаб во кунам,

Баски дурӣ аз барам, дардам ба коғаз ҷо кунам.

Кас набошад рўи олам бехато назди Худо,

Моҳи тобон айб дорад, ҷони ман, бовар намо.

Гар ба ҳар як айб инсонро ба маҳбас ҷо кунанд,

Пас намемонад дар озодӣ касе зери само.

Пеши Яздон бас гунаҳҳо кардаам, шармандаам,

Ман азобам мекашам то он даме, ки зиндаам.

Баъди мурдан рўзи машҳар боз мебинам ҷазо

Қозиям Парвардигору пеши ў ман бандаам.

Нек бингар сўи ман, монанди ту як одамам,

Гар хатое карда бошам, сар фуруд овардаам,

Дур кун теғи ҷаҳолат аз гулўям як замон

Бин, ки аз роҳи хатои зиндагӣ баргаштаам.

ДУХТАРАМ

Ба Худо шукр кунам, шоми сияҳ поён аст,

Фараҳи субҳ кунун дар баданам чун ҷон аст.

Дилам аз шавқ ба рақс омадаву шодам ман,

Ҷигарам, духтарам имрўз маро меҳмон аст.

Ту гули боғи манӣ, моҳи шабистони манӣ,

Моҳ бо ин ҳама нур пеши рухат ҳайрон аст.

Чу ба лаҳни шакаринат сухан оғоз кунӣ,

Булбул аз шарм ба кунҷе зи назар пинҳон аст.

Гарчи аз ғам дили ман пора шуда, боке нест,

Хандаи лаъли лабат қалби маро дармон аст.

Набувад ҳадя маро беҳ зи ту рўи олам,

Ба раҳи омаданат ҷони падар қурбон аст.

РУБОИЁТ

Рўят, санамо, чу офтоби саҳарӣ,

Дил бурда зи ман сўи дигар менигарӣ.

Раҳме ту бикун ба ҳоли ин сўхтадил

Аз мо чи шуда, ки ноаён мегузарӣ.

Дар рўи замин шабнами тар мебинам,

Дар пеши шумо ёри дигар мебинам.

Ман содда будам, ки бар шумо дил додам

Аз дасти шумо сўзи ҷигар мебинам.

Аз ишқи ту бемору парешонам ман,

Аз дурии ту харобу гирёнам ман.

Рўзе бишавад, туро бигирам ба канор

Дар гўши ту сад рубоӣ мехонам ман.

Аз кўчаи мо гузар макун, ғам дорам,

Аз дурии ту азову мотам дорам.

Гар мегузарӣ, нигаҳ макун ҷониби ман,

Сўзон ҷигару дидаи пурнам дорам.

ДУБАЙТИҲО

Нигоҳат мекунам дил пора-пора,

Садоят мекушад, аммо чи чора.

Агар ҷаллоди ҷони ман ту бошӣ,

Бимирам дар раҳат боке надора.

Мусулмонон, дили ман нола дорад,

Ба даргоҳи Илоҳӣ зора дорад.

Бигўям рози худ бо ту, Худоҷон,

Рақибам бар ғамам парво надорад.

Нигоҳи чашми ту мастона бошад,

Лабони нозукат паймона бошад.

Аз он паймонаат хоҳам бинўшам,

Зи ту дурам дилам девона бошад.

Мусулмонон, бубинед ёри манро,

Қашангу ______________нозанин дилдори манро.

Ба кўи нокасе манзил гирифтаст,

Намепурсад дили ғамбори манро.

Ба ҷони ман ҷафо кардӣ, ситамгар,

Ба кўи ту равонам чун қаландар.

Таги дар омадам дар во намеша,

Хаёлам ёфтӣ ту ёри дигар.

Аз ин ҷо то Ҳисор роҳи дароз аст,

Фироқи ту пур аз сўзу гудоз аст.

Худовандам ба пеши ту расонад,

Ки васли ошиқон бас кори соз аст.

Ба кўят меравам ман баҳри дидор,

Худам донам, намеёбам туро, ёр.

Сари роҳат нишинам субҳ то шом,

Намеоӣ, зи ман гаштӣ ту безор.

Ба боғат сайр кардам, гул бичидам,

Садои форами булбул шунидам.

Ба гўшам гуфт булбул, ки дареғо,

Дар олам чун ту ошиқро надидам.

Рухат нозуктар аст аз барги гулҳо,

Ду чашмат ҷодусон бурда дили мо.

Қадат чун навниҳоли боғи Фирдавс,

Ба хушрўии худ дорӣ таманно.

Дилам хун шуд зи ғам, ёри ситамгар,

Надорам тоқати ҷабри ту дигар.

Гурезам аз ҷафоят гар бидонӣ,

Равам сўи нигори аз ту беҳтар.

Фидоят мешавам, ёри ягона,

Намо камтар ба пеши ман баҳона,

Ман имшаб то саҳар бедор будам

Намеоӣ чаро боре ба хона?

Ба чашмонат намудам ман назора

Наметонам назар созам дубора

Нигоҳи ту, адои ту дурўғ аст

Диламро бо дурўғат кардӣ пора

Нигорам дилнишину дилрабоӣ,

Ба парвозӣ чу мурғони ҳавоӣ,

Агар оиву дар наздам нишинӣ,

Намоям ҷони худ баҳрат Худоӣ.

Ба баҳри беканоре ғарқи ғамҳо,

Наҷотам деҳ, наҷотам деҳ Худоё,

Ба киштии муродат ҷой бинмо

Сафо бинмо, раҳо созам зи ғавҳо.

Туро, ишқи туро, бо ҷон харидам,

Зи сўзи ту суруде офаридам,

Намедонам, ки донӣ ё надонӣ

Дар олам чун ту зебое надидам.

Аз кўчаи мо гузар макун, ғам дорам,

Беморам ман, фикри ту дар сар дорам.

Гар мегузарӣ, нигаҳ макун ҷониби ман

Сўзон ҷигару дидаи пурнам дорам

Ба боғе дар қафас булбул нишаста,

Сарояд нағма бо овози хаста.

Биё, эй боғбон, ўро раҳо кун,

Нахонад сози хуш қалби шикаста.

Ҳаво сард ас (т) чаро борон намеша,

Дилам ғам дораду гирён намеша.

На борону на ашк аз чашм ҷорист,

 








Не нашли, что искали? Воспользуйтесь поиском по сайту:



©2015 - 2024 stydopedia.ru Все материалы защищены законодательством РФ.