Сделай Сам Свою Работу на 5

Васф мекарданду аммо хок бар чашмам заданд,





Нест аз онон касе имрўз дар пешу барам.

Хонаву ҷоям ҳама рафтанд ногаҳ бехабар,

Завҷаи дилҷўву фарзандон бигаштан дар ба дар.

Худ ба кунҷи маҳбас афтодам, Худо, бечораам,

Як гуноҳе, ки накардам, гашта манро дарди сар.

Гар намебуд завҷаву фарзанд, парвоям набуд,

Тарк мекардам ҳаёту фикри дунёям набуд.

Бар худам ҳаргиз надонам ман раво ин зиндагӣ,

Хотири он рўзгорам гар чӣ рўзгоре набуд.

Ман ба ёди он зану фарзанд тоқат мекунам,

Пеши ту, Аллоҳ, фақат сўзу надомат мекунам.

Гар Худо хоҳад, рахо аз банди ин зиндон шуда,

Пешашон меояму садҳо муҳаббат мекунам.

ҲИСОРАМ

Аз ин ҷо то Ҳисор роҳи дароз аст,

Ба дидори ватан манро ниёз аст.

Худовандо, маро он ҷо расонӣ,

Ҷигарбандам ба роҳам интизор аст.

Ҳисори ман аҷоиб сарзаминӣ,

Ту меҳмондўстӣ, одамқаринӣ.

Зи кўҳҳоят равон оби зулол аст,

Ту чун як боғи фирдавси заминӣ.

Ҳазорон шаҳрҳоро тай намудам,

Ҷавониям адо дур аз диёрам.

Намехоҳам дигар бошам зи ту дур,

Ҳамеша ҳамраҳат бошам Ҳисорам.

Равам ҷое, ки хуни нофи ман рехт,



Сари гўри падар, модар нишинам.

Зи фарзанди шаҳидам ёд орам,

Равад аз дил гиреҳу ормонам.

ҚАФАС

Яке чашми ман афтоде ба равзан.

Ба фикр овора дар зиндони пурнам,

Ду чуғзе байни худ бо баҳс саргарм.

Намуда сўи ман наззора ҳар дам.

Яке мегуфт сўи ҷуфташ ин сон:

"Аҷаб махлуқ бошад одамизод,

Ҳама ҳайвону парранда кунад банд,

Намемонад, ки мо бошем озод

Қафасҳо сохта тилову зарранг,

Ҳамесозад ҷудо модар зи фарзанд.

Яке буд дар қафас дар гўшаи бом,

Дигар буд пеши дар занҷир ба гардан.

Кунун мебинам ин иллат дар одам,

Фитода дар қафас ҳолаш шуда танг.

Намонда ҷонваре дар рўи дунё,

Ки одам одамиро мекунад банд".

БА ТАҚДИР ТОҚАТ МЕКУНАМ

Ман ба ҳар амрат ҷаноби қозӣ бовар мекунам,

Ҳар ______________кадом ҳукме раво бинӣ, итоат мекунам.

Кардаам содир гуноҳу пеши қисмат чора нест,

Аз азал дар қисматам будаст, тоқат мекунам.

Лек бовар кун, ҷаноб, арчи хато айби ман аст,



Ғурбату озори фарзанду зани манро нигар.

Ман ба маҳбас ҷой гашта, ҷои тинҷе ёфтам,

Кўдаки ман дар ба дар гардида хокаш бар сар аст.

Ман намесозам дигар такрор он саҳву хато,

Соли ман як ҷо расид, дигар намезебад маро.

Ними нон бо косаи об бас бувад манро дигар,

Пеши фарзандон будан беҳтар бувад аз дуриҳо.

ДИ ПАДАР

Падар хобам барад, хоби ту бинам,

Ба бедорӣ ба ёди ту нишинам.

Намедонам чи сон созам, ки ёдат,

Бувад доим ягона ҳамнишинам.

Ҷавон рафтӣ, падар, аз байни ёрон,

Ба ёди ту бирезам ашки сўзон.

Дар ин дунёи пур аз дарду мотам,

Маро танҳо бимондӣ, эй падарҷон.

Саҳаргоҳон равам ман бар мазорат,

Ба қабли хаста пеши ту зиёрат.

Намехоҳам туро ман мурда гўям,

Бихоҳам зинда гўям то қиёмат.

Падар хобам барад, хоби ту бинам,

Ба бедорӣ ба ёди ту нишинам.

Намедонам чи сон созам, ки ёдат,

Бувад доим ягона ҳамнишинам

МОДАРИ ҶОН

Салому сад салом, эй модари ҷон,

Фиристам ман паём аз кунҷи зиндон.

Гирифторе шудам аз дасти тақдир,

Дилам садпора шуд хотир парешон.

Нишаста назди ман ёру рафиқон,

Насиҳат мекунанд аз субҳ то шом.

Ки ин ҷо ҷои ғам хўрдан набошад,

Зи по афтӣ, ту гардӣ бесаранҷом.

Вале модар чӣ сон бефикр бошам,

Ба кӣ лаб во кунам, ки бегуноҳам.

Ба ғайри ман туро не дастёре,

Ки бошад такягоҳи ту дар ин дам.

Ба чашмам гашта ҳалқа ашк модар,

Надорам назди ту ёру бародар.

Худоё, ин чи рўзе бар сари ман,

Ки як фарзандаму дур аз ту модар.

Вале модар ту бояд зиқ набошӣ,



Дуоят мекунам пурсабр бошӣ.

Ту ҳам дар ҳаққи фарзандат дуо кун,

Агарчанде ки аз манн қаҳр бошӣ.

Худо хоҳад, ба пешат мебароям,

Дари шодӣ ба рўят мекушоям.

Чи озоре, ки дур аз ман кашидӣ,

Қасам бо ту, ки аз дил мебарорам.

НОМА БА АЗИЗИ ДИЛАМ

Ман бароят байт иншо мекунам,

Шиквае аз сўзи ҳиҷрон мекунам.

Тўҳфаам ночиз бошад, қадр кун,

З-он, ки тақдим аз дилу ҷон мекунам.

Ту, азизам, ҳастӣ бар дардам даво,

Ман ба ту як умр бошам мубтало.

Мову ту ду чашми як рухсораем,

Дур нейему вале аз ҳам ҷудо.

Ман зи Оллоҳ шукр дорам ҳар нафас,

Риштаи умрам Худо бо ту бубаст.

Аз ту ҳосил меваи дунё шудам,

Рўзу шаб дар дил маро шукрона аст,

Гарчи дурам аз ту, бо ёди туам,

Кунҷи маҳбас зори дидори туам.

Нест ғайри ту маро дар дил ҳавас,

Ман асиру ошиқи зори туам.

ДУБАЙТИҲО

Сари роҳат нишинам ҳар пагоҳӣ,

Ки шояд во кунӣ дарро, бароӣ.

Ду-се рўз аст, рўятро надидам,

Магар қаҳр кардаӣ, сўям наоӣ.

Нигорам, ҳар даме ёди ту дорам,

Ба дил орзуи дидори ту дорам.

Чу оҳу мехиромӣ гўшаи боғ,

Шавам сайёду дар домат дарорам.

Шаб асту ман ситора мешуморам,

Ба моҳи чордаҳ наззора дорам.

Зи баҳри ман гузаштӣ, махзани ишқ,

Туро ман бар Худоям месупорам.

Ҳаво абр аст, аммо нест борон,

Зи дурии гулам ҳастам парешон.

Мусулмонон, бубинед чораи ман,

Ба айби нокасе ҳастам ба зиндон.

Ало, эй моҳрўи сарвпайкар,

Дуоят мекунам аз кўча бигзар.

Таманнои дилам дидори рўят,

Сари роҳат нишастам чун қаландар.

Зи шаҳри ман гузар кун абри пурнам,

Ту нам-нам бору тар кун манзили ман.

Саломамро расон бар маҳҷабинам,

Бигў: ёрат асиру пой дар банд.

Ба сўи боғ рафтам сайри гулҳо,

Бидидам нозанине шишта танҳо.

Парешон гесувонаш рўи сина,

Ба зебоии худ дорад таманно.

Сабо овар(д) хабар аз кўи ёрам,

Ки ман беҳуда ўро интизорам.

Ба нокас ҳамнишин гашта азизам.

Мани сарсахт инҷо беқарорам.

Азизонам ба дунё дил набандед,

Шавед армониву навмед гардед.

Ки дунё бар касе тавфиқ накардаст,

Расад навбат паноҳ бар хок гардед.

Замин набвад ба одам мол эй ҷон,

Фаромўш соз ин фикри парешон.

Ту то дорӣ рамақ дар рўи онӣ,

Шави молаш чу аз тан меравад ҷон.

Зи Оллоҳ тўҳфа бар одам ҳаёт аст,

Ки ўро баҳри кас як бор додаст.

Накарди тўҳфаашро қадр имрўз,

Пушаймони туро фардо дучор аст.

Чаро бошам зи умри хеш хуррам,

Ҳамеша ҳамраҳи ман ғуссаву ғам.

Маро баҳри ситамҳо офариданд,

Ба дил дорам ҳамеша сўзу мотам.

МОДАРАМ

Модарам, ҷону дилам, тоҷи сарам,

Муниси танҳоиву ғампарварам.

Менависам баҳри ту ин достон,

Васфи ту то осмонҳо мебарам.

Ту шарики шодиву ғамҳои ман,

Ҳамраҳи пасту баландиҳои ман.

Гар ман уфтодам дили ту захм шуд,

Эй сипар андар ҳама дунёи ман.

Беҳ зи ҷонат дўст манро доштӣ,

Ин қадар нози маро парвардаӣ.

Аз азоби зиндагӣ тарсат набуд,

Умри худро сарфи тифлон кардаӣ.

Гарчи аз назди ту дуррам, модарам,

Нури ту равшан кунад кошонаам.

То даме, ки зиндаиву зиндаам,

Фикри ту, меҳри ту, ёди ту кунам.

ДАР ХАЁЛАМ

Намози бомдодон дар хаёлам,

Туро пеши назар ҷоно биёрам.

Намедонам ту хобӣ, ё ки бедор,

Маро ғам бурдаас(т) хобу қарорам.

Туро ҳар лаҳза пеши рўям орам,

Зи ҳаҷри ту, азизам, дилфигорам.

Маро дурӣ зи ту дард аст дард аст,

Шабу рўзон фақат фикри ту дорам.

Худо манро бароят офаридаст,

Туро бар ман ҳаме лоиқ бидидаст.

Вале тақдир моро дур гардонд,

Ту озоду маро зиндон расидаст.

Ту ҳам донам, ки бо ёди ман астӣ,

Ба қавли додаат истода астӣ.

Зи сахтиҳои умрат шукр гўӣ,

Ту дур аз ман гули пажмурда астӣ.

Машав ғамгин, гули ман, шодмон бош,

Ба ишқи худ сазовору матин бош.

Худо моро ба пеши ҳам расонад,

Ба ёри худ, ба ёди ман қарин бош.

МОДАРИ ҶОН

(Ба дўстам Ҳоҷӣ)

Маро танҳо бимондӣ, модари ҷон,

Гузаштӣ аз ҷаҳон қалбат пурармон.

Надидӣ соати некии дунё,

Намудӣ сарф умри худ ба моён.

Намедонам чаро ҳар лаҳза, модар,

Маро танҳо бувад ёди ту бар сар.

Ҳамеша пеши рўям менамоӣ,

Ба ҷуз фикрат надорам кори дигар.

Ғами худро намехўрдӣ ту ҳеҷ гоҳ,

Ба дарди дигарон будӣ ту ҳамроҳ.

Азобу ранҷи худ бар кас нагуфтӣ,

Ҳамеша такя мекардӣ ба Оллоҳ.

Чи сон қадри туро модар надонам,

Ба сад уммед кардӣ хонадорам,

Надида роҳат аз дунё гузаштӣ,

Кунун ман дар фироқат нола дорам.

Нишаста кунҷи маҳбас ман пурармон,

Ба ёди ту бирезам ашки сўзон.

Дуо гўям, ки руҳат шод бошад,

Ба ҷаннат ҷой бошӣ, модари ҷон.

ОШИҚИ ЗОР

Фироқат карда ошиқро ҷигархун,

Куҷо созам дигар ин қалби пурхун?

Маро бе ту ҷаҳон рўшан набошад,

Туро бинам даме, бошам дигаргун.

Чаҳоряк аср умрам бо ту бигзашт,

Тавонам рафт, пириям расида.

Чаро бошам кунун аз ту ҷудо ман,

Кадомин чашми бад моро расида.

Зи ҳаҷри ту нависам номаамро,

Ҳама розам, ҳама дарду аламро.

Анисам, гар ту дардамро надонӣ,

Ба кӣ гуям табу сўзи диламро?

Нишаста андаруни чор девор,

Набитвонам равам пешат ба дидор.

Паёмамро зи дурӣ қадр бинмо,

Манам он Шаҳриёри ошиқи зор.

ДУБАЙТИҲО

Зи ман дуру ба қалбам ҷой бошӣ,

Бароям ҳамдаму ҳамроз бошӣ.

Биё, ай нозанин, ҳолам хабар гир,

Ки дарди синаро дамсоз бошӣ.

Қади сарви ту бошад зеби бўстон,

Фидоят мекунам ҷонро, париҷон.

Қади сарви ту бошад зеби бўстон,

Фидоят мекунам ҷонро, париҷон.

Ба гулзорат дароям, гул бичинам,

Биё, ҷоно, дар оғўшат бигирам.

Надорам тоқати рўзи ҷудоӣ,

Бимон андар канори ту бимирам.

Ситора дар само шабёна дора,

Ҷилои чашми ту девона дора.

Насибам кун, Худо, дидори ёрам,

Ки қалби ман дигар тоқат надора.

Ҳамеша ёди ту дорам ба дил ҷо,

Маро ғайрат набошад фикри дунё.

Худам зиндониву ёди ту дорам,

Чаро ҳолам намепурсӣ, нигоро.

Ало, ҷоно, ба холи ту асирам,

Ҳамеша бо хаёли ту бигирям.

Агар сад ёр пешам дошта бошам,

Ҳамехом пеши пои ту бимирам.

Дар ин кую гузар меҳмонам, эй ҷон,

Зи дасти бахти бад сарсонам, эй ҷон.

Фитодам маҳбасу ҳолам табаҳ шуд,

Кунун аз ҳаҷри ту ҳайронам, эй ҷон.

 








Не нашли, что искали? Воспользуйтесь поиском по сайту:



©2015 - 2024 stydopedia.ru Все материалы защищены законодательством РФ.