Сделай Сам Свою Работу на 5

Туро холи лабат зебанда бошад,





Ду чашмонат ҳаме рахшанда бошад.

Бимирам дар ғами ишқат нигоро,

Маро бе ту ҷаҳон равшан набошад.

ШАБИ ТОРИК

Шаби тор аст, ман бедорӣ дорам,

Зи равзан бар само наззора дорам.

Панаҳ кар(д) пораи абр рўи маҳро,

Ҷаҳон торик шуд, ғам гашт ёрам.

Ҳама он ёди ширин ёд дорам,

Ту буди сарвинозам дар канорам.

Ҳавои хонаам пур буд зи атрат,

Дигар манро набуд парвои олам.

Гузашт он рўзҳои неки дунё,

Ҷудо карда кунун тақдир моро.

Нишаста бар само наззора дорам,

Ки боре ҳам бубинам рўи моҳро.

Ба ҳар гармову сармо тоб дорам,

Ба зиндонам, вале парво надорам.

Маро як дард шуд ҳаҷри рухи ту,

Ба ёди дурии ту нола дорам.

БАРОДАР

(Ба бародарам Фаррух)

Бародар, омадӣ чун меҳмоне,

Нишастӣ назди моён як замоне.

Бихондӣ шеърҳоям гашта мамнун,

Маро шодӣ бидодӣ як ҷаҳоне.

Маро шеърам давои дард бошад,

Худо манро на шоир офаридаст.

Вале чун бишнавам сўзи бародар,

Ба ў шеър офарам, фарзам ҳамин аст.

Ту ҳам бошӣ чу ман як дилшикаста,

Ба маҳбас ҳамраҳи ёрон нишаста.



Ту ҳам аз зиндагонӣ ҷабр дидӣ,

Раҳоият муаммоест баста.

Худо бошад туро доим нигаҳдор,

Ба раҳму шафқаташ бошӣ сазовор.

Ба ёру ҳамраҳон некӣ намудӣ,

Расад некӣ туро аз Офаридгор.

БА ЁД ОМАД

Зи қабристон гузар кардам, ҷавониям ба ёд омад,

Ҷамолат пеши чашм, он шаҳди гуфторат ба ёд омад.

Сафедиҳои мўят барфи навборро шабеҳе дошт,

Ба рўи ҷонамоз ожанги рухсорат ба ёд омад.

Ту умре, модарам, дар фикри ободии ман будӣ,

Мани гумроҳро бингар, кунун ёди ту ёд омад.

Наметонам, ки бо ин нолаҳо умрам қафо орам,

Фақат модар ғаму дарде туро додам ба ёд омад.

Ту ҳам будӣ замоне тозаву тар рўи ин дунё,

Пайи хушбахтии мо кор мекардӣ ту субҳу шом.

Барои бахти мо аз бахту тахти худ гузар кардӣ,

Зи дунё даргузаштӣ, зери хок осудаву ором.

Тавонӣ бахш бар ман модаро ҳар як хатоямро,

Ки умр аз нисф бигзашту маро пирӣ ба ёд омад.

Ба рўҳат ман дуо созам дуоямро қабул бинмо,

Ки фарзанди бамеҳратро кунун ёд аз дуо омад.



ИНТИЗОРӢ

Хамушам ман даруни сина холӣ,

Вале ашкам зи чашмам ҳаст ҷорӣ.

Диламро тавба додам, ки нагиряд,

Набошад умри кас бе ранҷу хорӣ.

Ба душвории дунё тоб дорам,

Надорам шиква аз дунё, надорам.

Зи тақдирам наменолам ману лек,

Ғамам яктост - бе ту беқарорам.

Харобам карда ин дарди ҷудоӣ,

Диламро забт карда беқарорӣ.

Асирам ман ба зиндонам, чӣ созам,

Маро як чора мондаст: интизорӣ.

МОДАРАМ

Модарам, зода маро ғам дидаӣ,

Рўзи хушро ин қадар кам дидаӣ.

Аз азал баҳри манат ғам буд фузун

Ҳар замон андўҳу мотам дидаӣ.

Тарбият додӣ, маро кардӣ калон,

Бо умедҳо кардиям мактаб равон.

Як ҷавоне ман шудам қоматбаланд

Фахри ту буд аз замин то осмон.

Тўй дода, хонадорам кардаӣ,

Орзўи бешуморам кардаӣ.

Ҳар гаҳе тобам нашуд, хобат гурехт

Зориҳои бисёрам кардаӣ.

Fам ҳамеша ҳамраҳи ту, модаро,

Кош дар дунё намезодӣ маро.

Бурда фарзанди ту маҳкам кардаанд

Тарк карда хоб чашмони туро…

Модарам, умре азобат додаам,

Дарду ранҷи беҳисобат додаам,

Гар тавонӣ, бахш, иштибоҳи ман

Хоб мебинам, ки обат додаам.

ИНТИЗОРАМ

Маро буд бо ту дунёям дигаргун,

Ҳаётам буд баҳори сабзи гулгун,

Даме, ки туҳфа фарзандам намудӣ

Чун ман хушбахт кам буде ба гардун.

Кунун шодӣ ҳама поён расида,

Туро, ҷонам, ғаму савдо расида.

Ту, фарзандам, даме оғўш созӣ

Равон гардад зи чашмат оби дида.

Чи созам, ки чунин тақдир буда

Маро аз ҳамсари худ дур кардаст,



Даме ёдам расӣ, дудам барояд,

Саропоям ҳама андўҳу дард аст.

Азизам, ман ба сахтӣ тоб орам,

Зи даргоҳи Худо умед дорам,

Ки рўзе мерасад як ҷо шавем мо

Фақат бо хотири ту интизорам.

БА МОДАРИ МУҲАММАДҶОН

Аё модар, бароям сўхтӣ ту,

Ҳаме дида ба роҳам дўхтӣ ту,

Ба умеди ҳақиқат сабр кардӣ,

Ба роҳам чашми дилро дўхтӣ ту.

Надонистӣ ҳақиқат аз Худо аст

Ба пеши ў ниҳонҳо ошкор аст,

Ба ноҳақ гар маро маҳбус карданд,

Пагоҳ қозиашон Парвардигор аст.

Махўр ғам, модари ҷон, бегуноҳам,

Ба ғайри ту ғами дигар надорам,

Худо, бошӣ саломат бар сари ман

Ба умеди ту дар дунё қарорам.

Туро, модар, чу ҷонам дўст дорам,

Ҳамеша фикри ту, ёди ту дорам,

Бароям қиблаи умед ҳастӣ,

Сари таъзим пешат мегузорам.

ХАЙРИ АЛЛОҲ

Писарҷонам, ҷавон рафтӣ зи наздам,

Намегирям, зи ҳаҷр хомўш ҳастам.

Намехоҳам бигўям даргузаштӣ,

Бигўям: бо ту ҳамоғўш ҳастам.

Намедонӣ чи сонат дўст дорам,

Ба рўи қабри ту гул мегузорам,

Надидам гул, ки зебо аз ту бошад,

Аз ин гулдастаам худ шарм дорам.

Ҳамон китфу қаду раҳ гаштани ту,

Ба наздам шиштану хандидани ту,

Ба ёдам мерасад дил мезанад гум

Надидам дар чаҳон зеботар аз ту.

Дар ин дунё ба мисли меҳмонем,

Расад рўзе, ба қабре сар бимонем.

Вале ҳоло ғами ту ҳамраҳи ман

Ба кўйи ту расонад ин раҳи ман…

ДИ ТУ ДОРАМ

Аз ин ҷо то Хуҷанд сабза дамидаст,

Дар ин ҷо буданам аз сарнавишт аст.

Хаёлам нисфи умрам аз ту дурам

Агар чи сол як акнун гузаштаст.

Дами субҳ асту ман ёди ту дорам,

Даруни сина фарёди ту дорам,

Худамро пеши мардум мард гирам,

Валекин аз ғами ту дилфигорам.

Насим ҳар дам биёрад бўи атрат,

Ҷудоӣ аз ту бар ман сўзу дард аст,

Бигирям кунҷи дил аз чашм пинҳон

Чӣ талху шўр, ҷонам, ашки мард аст.

ДИЛАМ ФИДОИ ТУ БОД

Хуш омадӣ, ба кулбаам, дилам фидои ту бод,

Сари баланди ман имрўз хоки пои ту бод.

Ба манзили ман омадиву назди ман ҳастӣ,

Тамоми нозу неъмати фалак барои ту бод.

Расид фасли баҳор, лолаву насрин бишукуфт,

Гулу себарга чу қолин ба пеши пои ту бод.

Канори соҳили дарё ба таманнои висол

Расам даме ба висол, ҷони ман фидои ту бод.

Маро ба ҷуз ту намондаст ҳавою ҳавасе

Ҳама ашъори Шаҳриёр дар санои ту бод!

ҶАВОНӢ РАФТ

Ҷавон будам, ҷавониям зи дастам рафт,

Баҳори зиндагониям зи дастам рафт.

Гумон кардам ҷавонӣ ҷовидон бошад

Ҳавасҳои ниҳониям зи дастам рафт.

Куҷо шуд он ҳама бе фикр гаштанҳо,

Зи баҳри лоларуён дил тапиданҳо,

Агар як лаҳза аз маъшуқа дур монем

Ба худ печидану фарёд карданҳо.

Кунун бо фикри дунёи дигар бандам

Зи олам ноламу дилсард мегардам,

Намуда фикри даврони ҷавониро

Парешонам, пурармонам, пури дардам.

ГУЛИ МАН

Дилам оҳу фиғон дорад, гули ман,

Азоби бекарон дорад, гули ман.

Ба ёди ёри ширин саргарон аст

Ки ғамҳои гарон дорад, гули ман.

Ҳумо астӣ, надонам хонаатро,

Куҷо кобам раҳи кошонаатро,

Ҳама бо ҷуфти худ парвоз дорад

Ҷудо аз ту намоям нолаамро.

Даме биншин ба паҳлуям, баҳорам,

Хабар меёбӣ аз аҳволи зорам,

"Туро баҳри муҳаббат офариданд"

Вафодорӣ намо бар ман, нигорам.

ҲАМРОЗ

Канори соҳили дарё

Нишаста яккаву танҳо,

Ба гўши ман ҳамеояд

Садои мавҷи соҳилҳо.

Ту ҳамрози манӣ, дарё,

Ба ту гўям ғами дилҳо.

Агарчанде ки хомўшӣ

Зи ту гирам ҷавобамро.

Ту доим мекунӣ туғён,

Намефаҳмам туро осон,

Бигў рози дилат бар ман

Чи сир дорӣ зи ман пинҳон?

Чу ман бо ту бувад дамсоз

Ҳазорон дилбари танноз,

Вале ҳоло зи ман бошӣ,

Ту бо ман гаштаӣ ҳамроз.

ОМАДӢ

Бирафт аз ман қарору сабру тоқат

Ба наздам омадӣ ту бо дили сард,

Ту захми кўҳнаамро боз кардӣ

Зи нав қалбам бишуд лабрез аз дард.

Маро бар ту ниёзе, ёри ҷонам,

Зи манн дур астӣ, ин ҷо саргаронам.

Ҳар он дам, ки ба хотир рўят ояд

Дилам хун мешавад, эй меҳрубонам.

Туро беҳуда хорӣ менамудам,

Ҳама дам дилфигорӣ менамудам.

Чи коре мегузашт аз байни моён

Зи рўи дўстдорӣ менамудам.

Бидонам, қадри ёрат хуб донӣ,

Ту оқил ҳастию ҳам меҳрубонӣ.

Махур ғам з-он, ки дур астам зи пешат

То доим дар танам монанди ҷонӣ.

БА ЗИНДОНАМ

Ба зиндонам, ба зиндонам, ба зиндон,

Намедонам куҷост оғозу анҷом,

Гирифторам ба гирдоби фалокат

Раҳоиям надорад ҳеҷ имкон.

Куҷо ёбам раҳоӣ ман зи маҳбас

Надорам раҳнамову ёру пайванд,

Ғами беҳуда дорам, гиряам зўр,

Нафас андар гулўям монда дар банд.

Кунун бар ман ҷаҳон бегона бошад,

Маро як кунҷи маҳбас хона бошад,

Дилам аз интизорӣ хаста гашта,

Висоли ёр чун афсона бошад.

Худовандо, маро қувват ато кун,

Маро аз банди ин зиндон ҷудо кун.

Ба номи Ту фақат ман зинда бошам

Ва ё ҷонам бигир, аз ғам раҳо кун.

БЕМОР МЕГАРДАМ

Ба ёди рўи ту, ҷонам, кунун бемор мегардам,

Аз ин манзил ба он манзил қаландарвор мегардам,

Фироқатро намудам ҳамраҳам то зинда бошам ман

Зи ишқат гаштаам девона, Маҷнунвор мегардам.

Назар бар суратат кардам, инонам рафт аз дастам,

Зи танҳоӣ ҳаме чун соя бар девор мегардам.

На аз ту, балки аз тақдири бад имрўз нолонам

Чу гул, эй гул, шукуфтӣ лек ман афгор мегардам.

Ҳаётам сўхтӣ, ҷонам, маро партофтӣ, рафтӣ,

Ба назди ёру душман бо дили ғамдор мегардам.

Бароят бахт мехоҳам, ки бар хурсандӣ меарзӣ

Туро хушбахт бинам, як нафас бисёр мегардам.

ПАДАРБЕЗОР

Вой бар ҳоли туву хокат ба сар,

Ки ______________падарро ҷой кардӣ пушти дар,

Бо ҳазор умед кардастат калон

Дар дами пирӣ туро шуд дарди сар?

Ту намедонӣ туро дода ҳаёт

Ҳар чие, ки дошт, пеши ту гузошт,

Гар набуда давлаташ, айбаш набуд,

Чунки тақдираш Худо он ранг сохт.

Чун ту молик гаштӣ бар моли ҷаҳон,

Аз падар кардӣ ҳазар, ай бадзабон,

Он чӣ дар ҳаққи падар аз ту гузашт,

Сад карат бинӣ зи фарзандат, бидон.

ҲАҚҚИ ПАДАР

(Ба бародарам Фирўз)

Чор додар, чор ёри меҳрубон

Бо ҳазор умед падар карда калон,

Ҳар яки мо ғам фузунаш додаем

То шуда дар зиндагонӣ комрон.

Баҳри ризқи мо кашида ранҷҳо,

Луқмаи нони ҳалолаш шуд раво.

Заҳмати бисёр пираш кардааст

Мондааст акнун умеди ў ба мо.

Пас биёед ин, ки мо фикре кунем

Мо зи баҳри ў чӣ коре кардаем?

 








Не нашли, что искали? Воспользуйтесь поиском по сайту:



©2015 - 2024 stydopedia.ru Все материалы защищены законодательством РФ.