Сделай Сам Свою Работу на 5

Дафъ кардани узрро ё бим карданро,





7.ки ҳаройна, он чӣ ба шумо ваъда дода шавад, воқеъ хоҳад шуд!

8.Пас, он гоҳ ки ситорагон хомӯш шаванд

9.ва он гоҳ ки осмон бишикофад

10.ва он гоҳ ки кӯҳҳо пора-пора гарданд

11.ва он гоҳ ки паёмбаронро вақте муъайян шавад.

12.Барои чӣ рӯзе муъайян шавад?

13.Барои рӯзи фасл2.

14.Ва чӣ донӣ, ки рӯзи фасл чист?

15.Дар он рӯз вой бар дурӯғшуморандагон!

16.Оё аввалинҳоро ҳалок накардаем

17.ва охиринҳороро3низ аз паи онҳо намебарем?

18.Бо гунаҳкорон чунин рафтор мекунем.

19.Дар он рӯз вой бар дурӯғшуморандагон!

20.Оё шуморо аз обе ҳақиру ночиз (нутфа) наёфаридаем?

21.Ва онро дар ҷойгоҳе устувор қарор надодем,

То замоне муъайян?

23.Пас, Мо тавоно будаем ва нек тавоно ҳастем!

24.Дар он рӯз вой бар дурӯғшуморандагон!

25.Оё заминро ҷойгоҳе насохтем

Барои зиндагиву маргатон?

27.Дар он (замин) кӯҳҳои баланд падид овардем ва аз обе гуворо серобатон сохтем.

28.Дар он рӯз вой бар дурӯғшуморандагон!

29.Ба сӯи он чӣ дурӯғаш мешумурдед, ба роҳ дароед.

30.Ба сӯи он дуди се шӯъба (се қисм) ба роҳ афтед,



31.ки на аз осебатон нигаҳ дорад ва на дафъи он шӯъла кунад.

32.Ҳаройна, ҷаҳаннам шарораҳое меафканад, ҳар як ба баландии қасре азим,

33.гӯӣ, ки уштуроне зард бошанд.

34.Дар он рӯз вой бар дурӯғшуморандагон!

35.Ин рӯзест, ки кас сухан нагӯяд.

36.Онҳоро рухсат надиҳанд, то узр хоҳанд.

37.Дар он рӯз вой бар дурӯғшуморандагон!

38.Ин рӯз рӯзи фасл аст, ки шумо ва пешиниёнатонро гирд меоварем.

39.Пас, агар ҳилае доред, ба кор баред.

40.Дар он рӯз вой бар дурӯғшуморандагон!

41.Ҳаройна, парҳезгорон дар сояҳову канори чашмасоронанд,

42.бо ҳар мевае, ки орзу кунанд.

43.Ба подоши корҳое, ки мекардаед, бихӯреду биёшомед, шуморо гуворо бод.

44.Ҳаройна, Мо некӯкоронро инчунин подош медиҳем!

45.Дар он рӯз вой бар дурӯғшуморандагон!

46.Бихӯреду андак баҳрае баргиред (дар дунё), ки ҳаройна, шумо гунаҳкоронед.

47.Дар он рӯз вой бар дурӯғшуморандагон!

48.Ва чун гӯяндашон, ки рукӯъ кунед, рукӯъ намекунанд (намоз намехонанд).



49.Дар он рӯз вой бар дурӯғшуморандагон!

50.Пас, аз Қуръон ба кадом сухан имон меоваранд?

Сураи НАБАЪ1

(хабар)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Аз чӣ чиз мепурсанд?

Аз он хабари бузург,

Ки дар он ихтилоф мекунанд.

4.На чунин аст (ки мепиндоранд), ба зудӣ хоҳанд донист.

5.Боз ҳам, на чунин аст (ки мепиндоранд), ба зудӣ хоҳанд донист!

Оё Мо заминро бистаре насохтем?

7.Ва кӯҳҳоро мехҳое?

8.Ва шуморо ҷуфт-ҷуфт офаридем.

Ва хобатонро осоишатон гардонидем.

10.Ва шабро пӯшишатон қарор додем.

11.Ва рӯзро вақти талаби маъишат.

12.Ва бар болои саратон ҳафт осмони устувор бино кардем.

13.Ва чароғе равшан офаридем.

14.Аз абрҳои боронзой обе фаровон нозил кардем,

15.то ба он донаву рӯстанӣ бирӯёнем

16.ва боғҳои анбӯҳ (сердарахт).

17.Албатта, рӯзи доварӣ, рӯзест муъайян.

18.Рӯзе, ки дар сур дамида шавад ва шумо гурӯҳ- гурӯҳ биёед.

19.Осмон шикофта шавад ва ҳар шикоф даре бошад.

20.Ва кӯҳҳо равон шаванд ва сароб гарданд.

21.ҳаройна, ҷаҳаннам дар интизор бошад.

22.Саркашонро бозгаштангоҳест.

23.Замоне дароз дар он ҷо бошанд.

24.На хунукӣ чашанду на об,

25.ҷуз оби ҷӯшону хуну чирк.

26.Ин ҷазоест мувофиқи кирдор.

27.ҳаройна, онон ба рӯзи ҳисоб умед надоштанд.

28.Ва оёти Моро ба сахтӣ дурӯғ мебароварданд.

29.Ва Мо ҳама чизро дар китобе шумора кардаем.

30.Пас, бичашед, ки ҷуз бар азоби шумо нахоҳем афзуд!

31.ҳаройна, парҳезгоронро (ки дар дунё Худоро итоъат кардаанд) ҷойест эмин аз ҳар осеб (ва мушшараф шудан ба боғҳои пурнеъмат ва раҳоӣ аз оташи дӯзах),



32.боғҳову токзорҳои (сарсабзу хурам, ки дар он анвоъи дарахтон ва гулҳо мавҷуд аст)

33.ва духтароне ҳамсинни норпистон

34.ва ҷомҳои пур (аз шароби тасфияшуда, ки мисли шароби дунё мастию беҳушӣ намеорад).

35.На сухани беҳуда шунаванд (дар биҳишт) ва на дурӯғ (зеро биҳишт дору-с-салом аст ва ҳар чӣ дар он қарор дорад аз ботил ва нуқсон солим аст)

36.ва ин подошест кофӣ аз ҷониби Парвардигорат (ки раҳматаш ҳама чиро дар бар гирифтааст)

37.Парвардигори осмонҳову замин ва он чӣ миёни онҳост. Он Худои раҳмон (дар он рӯзи пурҳайбат), ки касро ба ӯ ёрои хитоб набошад (дар мавриди дафъи бало ё рафъи азоб),

38.рӯзе, ки рӯҳ2ва фариштагон ба саф меистанд ва касе сухан намегӯяд, магар он ки Худои раҳмон ба ӯ рухсат диҳад ва ӯ сухан ба савоб гӯяд.

39.Он рӯз рӯзест омаданӣ. Пас ҳар кӣ хоҳад (бо имон овардан ва анҷом додани амали солеҳ), ба сӯи Парвардигораш бозгардад.

40.ҳаройна, Мо шуморо аз азобе наздик (яъне, азоби охират) метарсонем: рӯзе, ки одамӣ ҳар чиро (аз амалҳои неку бади худ, ки) пешопеш фиристодааст, мебинад ва кофир мегӯяд: «Эй кош, ман хок мебудам!»

Сураи НОЗИЪОТ1

(фариштагони гирандаи ҷон)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Савганд ба фариштагоне, ки ҷонҳоро (ҷонҳои кофиронро) ба сахтӣ мегиранд

2.ва савганд ба фариштагоне, ки ҷонҳоро (ҷонҳои мӯъминонро) ба осонӣ мегиранд

Ва савганд ба фариштагоне, ки шиноваранд

4.ва савганд ба фариштагоне, ки бар якдигар пешӣ мегиранд

5.ва савганд ба онҳо, ки тадбири корҳоро мекунанд,

6.ки он рӯз, ки нахустин нафхаи қиёмат (дамидани дар сур) заминро биларзонад

Ва нафхаи дуввум аз паси он биёяд,

8.дар он рӯз дилҳое дар ҳарос бошанд

9.ва нишони хушӯъ (хорӣ) дар дидагон намоён!

10. Мегӯянд (кофирон): «Оё мо ба ҳолати нахустин бозмегардем,

11. он гоҳ ки устухонҳое пӯсида будем?»

12. Гӯянд (кофирон): «Ин бозгашти мо бозгаштест зиёновар!

13. Ҷуз ин нест, ки танҳо як бонг бармеояд

14. ва онҳо худро дар он саҳро хоҳанд ёфт.

15. Оё достони Мӯсо ба ту расидааст?

16. Он гоҳ ки Парвардигораш ӯро дар водии муқаддаси Туво нидо дод:

17. Ба сӯйи Фиръавн бирав, ки ҳаройна, ӯ аз ҳад гузаштааст.

18. Бигӯ: «Оё туро рағбате ҳаст, ки покиза шавӣ (аз куфру исён),

19. ва ман туро ба Парвардигорат роҳ бинамоям ва ту битарсӣ (аз Худо)?»

20. Пас, он ояти бузургро ба ӯ нишон дод.

21. Ва ӯ дурӯғ шумориду нофармонӣ кард.

Сипас пушт карду мешитофт.

23. Пас, ҳамаро гирд овард ва нидо дод.

24. ва гуфт: «Ман парвардигори бартари шумо ҳастам!»

Худо ба азоби охирату дунё гирифторашон кард.

26. Ҳаройна, дар ин ибратест барои касе, ки метарсад!

27. Оё шумо ба офариниш сахттаред ё ин осмоне, ки ӯ бино ниҳода?

28. Сақфашро барафрошт ва дуруст кард,

29. шабашро торик кард ва рӯзашро рӯшан сохт

Ва пас аз он заминро бигустурд

31. ва аз он об берун овард ва чарогоҳҳо падид кард

32. ва кӯҳҳоро устувор гардонид

33. барои баҳрагирии шумо ва чорпоёнатон.

34. Чун он ҳодисаи бузург даррасад,

35. рӯзе, ки одамӣ ҳамаи аъмоли худро ба ёд оварад

36. ва ҷаҳаннамро ба ҳар кӣ мебинад, нишон диҳанд.

37. Пас, ҳар кӣ аз ҳад гузашта бошад (дар куфру исён)

38. ва зиндагии ин ҷаҳониро ихтиёр карда,

39.Ҳаройна, ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст.

40. Аммо ҳар кас, ки аз истодан дар баробари Парвардигораш тарсида ва нафсро аз ҳаво (ва ҳавас) боздошта,

41. Ҳаройна, биҳишт ҷойгоҳи ӯст.

42. Туро (эй Паёмбар), аз қиёмат мепурсанд, ки чӣ вақт воқеъ шавад.

43.Туро чӣ огоҳӣ ва чӣ хабар аз он (яъне, ту чизе аз он намедонӣ)?

44. Интиҳои илми он назди Парвардигори туст.

45. Фақат ва фақат ту касонеро, ки аз он рӯз битарсанд, бим медиҳӣ.

46. Чун онро бубинанд, пиндоранд, ки гӯё дар ин ҷаҳон ҷуз як шомгоҳ ё чошт наистодаанд.

Сураи АБАСА1

(рӯй турш кард)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Рӯйро турш карда ва сар баргардонид,

Чун он нобино ба наздаш омад,

3.Ва ту чӣ донӣ, шояд, ки ӯ покиза шавад,

Панд гирад ва панди ту судмандаш афтад.

5.Аммо он ки ӯ тавонгар аст,

6.ту рӯи худ ба ӯ мекунӣ

7. ва агар ҳам пок нагардад, чизе бар зиёни ту нест.

Ва аммо он, ки шитобон ба назди ту меояд

Ва метарсад,

10.ту аз ӯ ба дигаре рӯй меорӣ.

11. Начунин аст, ин Қуръон пандест,

12. пас, ҳар кӣ хоҳад, аз он панд гирад.

13. Дар саҳифаҳое гиромӣ.

14. Баландқадру покиза,

Ба дасти котибоне2,

16. бузургвору некӯкор.

17. Марг бар одамӣ бод, ки чӣ носипос (ношукр) аст!

18. ӯро аз чӣ чиз офаридааст?

Аз нутфае офарид ва ба андоза падид овард,

20. сипас роҳашро осон сохт.

21. Он гоҳ бимирондаш ва дар гӯр кард.

22. Ва он гоҳ ки хоҳад зиндааш созад.

23. Начунин аст, ки ҳанӯз он чиро ба ӯ фармон дода буд, ба

ҷой наёвардааст.

24. Пас, одамӣ ба таъоми худ бингарад.

25. Мо боронро фурӯ боронидем, боронидане

Ва заминро шикофтем, шикофтане

27. ва дар он донаҳо рӯёнидем

Ва току сабзавот

Ва зайтуну нахл

30. ва боғҳои пурдарахт

Ва меваю алаф,

32. то шумо ва чорпоёнатон баҳра баред,

33. чун бонги қиёмат барояд,

34. рӯзе, ки одамӣ аз бародараш мегурезад

Ва аз модарашу падараш

Ва аз зану фарзандаш.

37. Ҳар касро дар он рӯз корест, ки ба худ машғулаш дорад.

38. Чеҳраҳое дар он рӯз дурахшонанд,

Хандонанду шодонанд.

40. Ва чеҳраҳое дар он рӯз ғуборолуданд,

41. дар сиёҳӣ фурӯ рафтаанд.

42. Инҳо кофирону фоҷиронанд (бадкорон)

Сураи ТАКВИР1

( торик шудан)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Чун хуршед бефурӯғ (хира) шавад

2.ва чун ситорагон фурӯ резанд

3.ва кӯҳҳо аз ҷои худ беҷо бишаванд

4.ва чун шутурони ҳомила ба ҳоли худ раҳо шаванд

5.ва чун ҷонварони ваҳшӣ гирд оварда шаванд

6.ва чун баҳрҳо оташ гиранд

7.ва чун рӯҳҳо бо танҳо (баданҳо) якҷоя гарданд

8.ва чун аз духтари зинда ба гӯршуда пурсида шавад, ки

9.ба чӣ гуноҳе кушта шудааст

10.ва чун саҳифаҳо боз карда шаванд

11.ва чун осмон аз ҷои худ канда шавад

12.ва чун ҷаҳаннам афрӯхта гардад

13.ва чун биҳиштро пеш оваранд,

14. ҳар кас бидонад, ки чӣ ҳозир овардааст.

Савганд ба ситорагони бозгарданда2,

16. сайркунандаи ғоибшаванда

 








Не нашли, что искали? Воспользуйтесь поиском по сайту:



©2015 - 2024 stydopedia.ru Все материалы защищены законодательством РФ.