Сделай Сам Свою Работу на 5

Оё онон, ки ёрони шумоянд, тавонанд дар боробари Худо ёриатон кунанд? Кофирон дар фиребе беш нестанд.





21. Оё кист он зоте, ки ба шумо рӯзӣ диҳад, агар ӯ рӯзии хеш боздорад? Балки, дар саркашиву дурӣ аз ҳақ пойдор меистанд.

22. Оё он касе, ки нагунсор (хамшуда) ба рӯй афтода роҳ меравад, ҳидоятёбандатар аст ё он ки бар пой истода ва ба роҳи рост меравад?

23. Бигӯ: «ӯст, ки шуморо офаридааст ва гӯшу чашму дил додааст. Чӣ андак шукр мегузоред!»

24. Бигӯ: «ӯст, ки шуморо дар замин офарид ва дар қиёмат назди ӯ гирд оварда мешавед».

25. Мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда чӣ вақт фаро мерасад?»

26. Бигӯ: «ҳаройна, илми он (қиёмат) назди Худост ва ҳаройна, ман бимдиҳандае ошкорам».

27.Пас, чун кофирон онро (азоби қиёматро) наздик бубинанд (аз дидани азоб), чеҳраашон гирифта шавад (ва ҳоли инсонеро пайдо мекунанд, ки ӯро ба қатлгоҳ мебаранд). Ва ба онҳо гуфта мешавад: «Ин аст он чӣ ботилаш мехондед (ва ба фаро расидан ва дидани он шитоб меварзидед)!»

28.Бигӯ: «Хабар диҳед, ки агар (фаразан) Худо марову ҳамроҳонамро (ки имон овардаанд) ҳалок кунад ё бар мо раҳмат оварад, чӣ касе кофиронро аз азоби дардовар мераҳонад2?»



29.Бигӯ: «ӯ Худои раҳмон, аст ба ӯ имон овардем ва бар ӯ таваккул кардем. Ва ба зудӣ, хоҳед донист, ки чӣ касе дар гумроҳии ошкор аст!»

30.Бигӯ: «Хабар диҳед, агар обатон дар замин фурӯ равад, чӣ касе шуморо оби равон хоҳад дод?»

Сураи Қалам1

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Нун, савганд ба қалам ва он чӣ менависанд,

2.ки ту ба фазли Парвардигорат девона нестӣ

3.ва ҳаройна, турост, бе шак, мукофоте поённопазир

4.ва ҳаройна, турост хулқе азим.

5.Ба зудӣ ту мебинӣ ва онҳо низ мебинанд,

6.ки девонагӣ дар кадом яке аз шумост.

7.Албатта, Парвардигори ту беҳтар медонад чӣ касе аз роҳи ӯ гумроҳ гашта ва ӯ ба роҳёфтагон донотар аст.

8.Пас, ба дурӯғ шуморандагон итоъат макун.

9.Дӯст доранд, ки нармӣ кунӣ, то нармӣ кунанд.

10. Аз ҳар фурӯмояе (пасте), ки бисёр савганд мехӯрад, пайравӣ макун:

11. айбҷӯе, ки барои суханчинӣ ин ҷову он ҷо меравад,

12. Боздоранда аз хайр, аз ҳад гузаранда, гунаҳкор,



13. дағалмарде, ношинохтанасаб,

14. ба он ҷиҳат, ки соҳиби молу фарзанд аст.

15. Чун оёти Мо бар ӯ хонда шавад, гӯянд: «Афсонаҳои пешиниён аст»

16.Ба зудӣ бар биниаш доғ гузорем.

17.ҳаройна, Мо онҳоро озмудаем, чунон ки соҳибони он бӯстонҳоро озмудем. Он гоҳ, ки қасам хӯрданд, ки фардо бомдод меваҳоро хоҳанд чид.

18.Ва иншоаллоҳ нагуфтанд.

19.Пас, шабҳангом, ки ба хоб буданд, офате аз осмон омад,

20.ва бӯстонҳо сиёҳ шуд.

21.Ва саҳаргоҳон якдигарро нидо доданд:

22.«Агар мехоҳед мева бичинед, бомдодон ба киштзори худ биравед!»

23.Ба роҳ афтоданд ва оҳиста мегуфтанд:

24.ки имрӯз набояд бенавое ба бӯстони шумо дарояд.

25. Субҳгоҳон ба ин оҳанг, ки метавонанд бенаворо манъ кунанд, берун шуданд.

26.Чун бӯстонҳои худро диданд, гуфтанд: «Роҳро гум кардем.

27.Балки, мо аз ҳосил маҳрумшудаем».

28.Некмардашон гуфт: «Шуморо нагуфтам, чаро Худоро тасбеҳ намегӯед?»

29. Гуфтанд: «Пок аст Парвардигори мо, ҳаройна, мо ситамкор будаем».

Пас, забон ба маломати якдигар кушуданд.

31.Гуфтанд: «Вой бар мо, ҳаройна, мо мардуме саркаш будаем,

32.бошад, ки Парвардигори мо дар иваз, чизе беҳтар аз он моро диҳад.

ҳаройна, Мо ба Парвардигори худ рӯй овардаем!»

33.Инчунин аст азоб! Ва агар бидонанд, азоби охират бузургтар аст!

34.ҳаройна, барои парҳезгорон дар назди Парвардигорашон бӯстонҳоест пурнеъмат.

35.Оё бо таслимшудагон чун ба гунаҳкорон рафтор мекунем?

36.Шуморо чӣ шудааст? Чӣ сон доварӣ мекунед?



Оё шуморо китобест, ки аз он мехонед?

38.Ва ба таҳқиқ, ҳар чӣ ихтиёр кунед, дар он ҳаст?

39.Ё ба Мо паймоне, ки то рӯзи қиёмат боқӣ монад, бастаед, ки ҳаройна, ба ҳар чӣ ҳукм кунед, ҳаққи шумо бошад?

40.Аз онҳо бипурс, кадом якашон зомини чунин паймонест?

41.Ё онҳоро шариконест? Агар рост мегӯянд, шарикони худро биёваранд.

42.Рӯзе, ки он воқеъаи азим падидор шавад (қиёмат) ва онҳоро ба саҷда фаро хонанд, вале натавонанд.

43.Ваҳшат дар чашмонашон пайдост, хорӣ бар онҳо ғолиб шудааст, пеш аз ин низ онҳоро дар айни тандурустӣ ба саҷда даъват карда буданд (аммо дар дунё имтиноъ меварзиданд, акнун Худованд дар рӯзи қиёмат қудрати саҷда карданро аз онҳо мегирад, то саҷда карда натавонанд).

44.Пас, Маро бо онҳо, ки ин суханро (қуръонро) дурӯғ мебароранд, вогузор (Ман худ медонам, ки бо онҳо чи кор кунам), то андак –андак, чунон ки дарнаёбанд (огоҳ нашаванд), ба азоб гиремашон

45.ва ба онҳо мӯҳлат диҳам (ва дар азобашон шитоб нахоҳем кард). Албатта, тадбири Ман тадбири устувор аст (ва касе аз он раҳоӣ надорад).

46.Ё аз онон музде талабидаӣ (дар ивази таблиғи рисолат) ва акнун аз адои он дар ранҷанд?

47.Ё илми ғайб медонанд ва (он чиро, ки мегӯянд) онҳоянд, ки менависанд?

48.Дар баробари фармони Парвардигорат собир (ва дар кори таблиғ муқовим ва устувор) бош ва чун соҳиби моҳӣ2мабош, ки бо диле пурандӯҳ нидо баровард.

49.Агар неъмати Парвардигораш набуд, дар айни бадҳолӣ ба саҳрое беобу гиёҳ меафтод.

50.Пас, Парвардигораш ӯро ихтиёр кард ва дар зумраи солеҳонаш даровард3.

51.Ва кофирон чун Қуръонро шуниданд, наздик буд, ки туро бо чашмони худ билағжонанд4ва мегӯянд, ки ӯ девона аст

52.ва ҳол он ки Қуръон барои ҷаҳониён фақат панде аст!

Сураи ҲОҚҚА1

( рӯзи барҳақ, рӯзи қиёмат)

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон!

1.Он рӯзи барҳақ!

2.Чист он рӯзи барҳақ?

3.Ва чӣ донӣ, ки он рӯзи барҳақ чист2?

4.Қавми Самуду Од рӯзи растохезро дурӯғ шумориданд.

5.Пас, аммо қавми Самуд ба он бонги сахт ҳалок шуданд.

6.Ва аммо қавми Од бо вазиши боди сар-сар (сахт) ба ҳалокат расиданд.

7.Он азобро ҳафт шабу ҳашт рӯз пай дар пай бар онон фиристод. Он қавмро чун танаҳои пӯсидаи дарахти хурмо медидӣ, ки афтодаанду мурдаанд.

8.Оё касеро мебинӣ, ки аз онҳо бар ҷой монда бошад?

9.Ва Фиръавну мардуме, ки пеш аз ӯ буданд ва низ мардуми Мӯътафиқа2гунаҳкор омаданд.

10.Фиристодаи Парвардигорашонро нофармонӣ карданд ва Худо низ ононро ба сахтӣ фурӯ гирифт.

11.Чун об туғён кард, шуморо ба киштӣ савор кардем,

12.то онро мояи пандатон гардонем ва гӯшнигаҳдорандаи панд онро фаро гирад.

Чун як бор дар сур дамида шавад

14.ва замину кӯҳҳоро баргиранд ва якбора дарҳам кӯбанд,

15.он рӯз он ҳодиса ба вуқӯъ пайваста бошад

16.ва осмон, ки дар он рӯз суст шудааст, бишикофад.

17. Ва фариштагон дар атрофи осмон бошанд, Ва дар он рӯз ҳашт тан аз онҳо арши Парвардигоратро бар болои сарашон мебардоранд.

18.Он рӯз шуморо пеш оваранд ва ҳеҷ чизи шумо ниҳон намонад.

19.Аммо ҳар кас, ки номаи аъмолашро ба дасти росташ диҳанд, мегӯяд: « Номаи маро бигиреду бихонед.

20.Ман яқин доштам, ки ҳисоби худро хоҳам дид».

21.Пас, ӯ дар як зиндагии писандидаву хуш хоҳад буд

22.дар биҳиште олӣ,

23. ки меваҳояш дастрас бошад.

24.Бихӯреду биёшомед, гуворо бод шуморо. Инҳо мукофоти аъмолест, ки дар айёми гузашта ба ҷой меоваред!»

25.Аммо он кас, ки номаи аъмолашро ба дасти чапаш диҳанд, мегӯяд: «Эй кош, номаи маро ба дасти ман надода буданд

26.ва надониста будам, ки ҳисоби ман чист!

27.Эй кош, ҳамон марг мебуду бас!

Дороии ман маро суд набахшид,

29.қудрати ман аз дасти ман баргирифт!»

30.«Бигиредаш занҷираш кунед!

31.Ва ба ҷаҳаннамаш дароред!

32.Ва ӯро бо занҷире ба дарозои ҳафтод зироъ (аз оринҷ то ангушт) бикашед!

Зеро ба Худои бузург имон надошт

34.ва ба таъом додан ба мискинон касеро тарғиб намекард.

35.Дар он рӯз дар он ҷо ҳеҷ дӯсте нахоҳад дошт.

36.Таъомаш чизе ҷуз чирку хуни аҳли дӯзах нест.

37. Танҳо хатокорон аз он таъом мехӯранд.

38.Пас, савганд ба он чӣ мебинед

39.ва он чӣ намебинед,

40.ки албатта, ин ҳаройна, сухани фиристодае бузургвор аст,

41. на сухани шоъире. Чӣ андак имон меоваред!

42.Ва низ сухани коҳине (фолбин, ҷодугар) нест. Чӣ андак панд мегиред!

43.Аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён нозил шуда аст.

Агар паёмбар баъзе суханонро бофта бар мо мебаст,

45.ҳаройна, бо қудрат ӯро фурӯ мегирифтем,

46.сипас, ҳаройна, раги дилашро пора мекардем

47.ва ҳеҷ як аз шуморо тавони он набувад, ки монеъ шавад.

48.Ва албатта, Қуръон барои парҳезгорон пандест.

49.Мо, ҳаройна, медонем, ки аз миёни шумо касоне ҳастанд, ки такзиб мекунанд (дурӯғ мешуморанд).

50.Ва албатта, Қуръон кофиронро мояи пушаймонӣ аст.

51.Ва он, ҳаройна, сухани ҳақ ва яқин аст.

52.Пас, ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ бигӯй.

Сураи МАЪОРИҶ1

(осмонҳо)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

Пурсандае аз азобе пурсид, ки

2.бар кофирон фурӯд хоҳад омад, ки кас онро дафъ натавонад кард

3.аз ҷониби Худо, ки соҳиби осмонҳост2.

4. Дар рӯзе, ки миқдораш панҷоҳ ҳазор сол аст3, фариштагон ва рӯҳ ба он боло раванд.

5.Пас, сабр кун, сабре некӯ.

6.Албатта, онҳо он рӯзро дур мебинанд

Ва мо наздикаш мебинем

8.рӯзе, ки осмон чун филиз гудохта гардад

9.ва кӯҳҳо чун пашм (дар сабукӣ)

10.ва ҳеҷ хешованде аз ҳоли хешованди худ напурсад,

11.якдигарро баробари чашмашон оранд. Гунаҳкор дӯст дорад, ки хештанро бозхарад аз азоби он рӯз ба фарзандонаш

Ва занаш ва бародараш

13.ва аширааш (хешонаш), ки ӯро макон додааст.

14. ва ҳамаи онҳо, ки дар рӯи заминанд сипас, наҷот ёбад.

15.Ҳаргиз на, ки албатта, он шӯълаи оташ аст,

Пусти сарро меканад,

17.ҳар киро, ки ба ҳақ иъроз (пушт) кард ва аз фармон сар печид, ба худ мехонад

18.ва онро, ки гирд меоварду (молу сарваташро) ҷой мекард.

19. Албатта, одамиро ҳарису бесабр офарида шудааст.

20. Чун шарре (бадие) ба ӯ расад, беқарорӣ кунад.

21.Ва чун моле ба дасташ афтад, бахилӣ мекунад,

22. магар намозгузорандагон:

 








Не нашли, что искали? Воспользуйтесь поиском по сайту:



©2015 - 2024 stydopedia.ru Все материалы защищены законодательством РФ.