Сделай Сам Свою Работу на 5

Ва маро фармудаанд, ки нахустини мусалмонон бошам».





13. Бигӯ: «ҳаройна, ман агар Парвардигорамро нофармонӣ кунам, аз азоби он рӯзи бузург метарсам».

14. Бигӯ: «Худоро мепарастам ва барои ӯ дар дини худ ихлос меварзам.

15. Бипарастед ҳар чизи дигареро ҷуз ӯ» Бигӯ: «ҳаройна, зиёнкунандагон касоне ҳастанд, ки дар рӯзи қиёмат худ ва хонадонашонро аз даст бидиҳанд. Баҳуш бошед, ки ин зиёне ошкор аст.

16. Болои сарашон табақоти оташ аст ва дар зери пояшон табақоти оташ». Ин чизест, ки Худо бандагони худро ба он метарсонад. Пас, эй бандагони Ман, аз Ман битарсед!

17. Ва касонеро, ки аз парастиши бутон парҳез кардаанд ва ба Худо рӯй овардаанд, башорат (хабари хуш) аст. Пас, бандагони Маро башорат деҳ:

18. он касоне, ки ба сухан гӯш медиҳанд ва аз беҳтарини он пайравӣ мекунанд, онҳоянд касоне, ки Худо ҳидояташон карда ва инҳо хирадмандонанд.

19. Оё касеро, ки ҳукми азоб бар ӯ бароварда шуда, ту метавонӣ ӯро, ки дар оташ аст, бираҳонӣ?

20. Аммо барои онон, ки аз Худо метарсанд, ғурфаҳоест (иморатҳоест) бар болои ҳам сохта, ки аз зерашон ҷӯйборон равон аст. Ин ваъдаи Худост ва Худо ба ваъдаи худ хилоф нахоҳад кард!



21. Оё надидаӣ, ки ҳаройна, Худо аз осмон борон фиристод ва онро чун чашмасорҳое дар замин равон гардонид, он гоҳ ба он киштаҳои рангоранг бирӯёнид, сипас ҳама хушк мешаванд ва мебинӣ, ки зард (хазон) шудаанд, он гоҳ реза-резаашон месозад? Албатта, хирадмандонро дар он пандест!

22. Оё касе, ки Худо дилашро бар рӯи ислом кушуд ва ӯ дар партави нури Парвардигораш ҷой дорад, монанди касест, ки имон надорад? Пас, вой бар сахтдилоне, ки ёди Худо дар дилҳояшон роҳ надорад. Инҳо дар гумроҳии ошкор ҳастанд.

23. Худо беҳтарин суханро нозил кардааст. Китобе муташобеҳ ва дуто-дуто2, ки аз тиловати он касонеро, ки аз Парвардигорашон метарсанд, аз хавф танашон меларзад. Сипас тану ҷонашон ба ёди Худо биёромад. Ин роҳи Худост, ки ҳар киро бихоҳад, ба он роҳнамоӣ мекунад ва ҳар киро Худо гумроҳ кунад, ӯро ҳеҷ роҳнамое нахоҳад буд!

24. Оё он кас, ки дар рӯзи қиёмат бо чеҳраи хеш азоби сахти қиёматро аз худ боз медорад (яъне, ҷуз чеҳрааш чизе наёбад, ки азобро аз худ дур кунад), (монанди касест, ки биҳиштист)? Ба ситамкорон гуфта мешавад: «Ба кайфари (ҷазои) корҳое, ки мекардаед, азобро бичашед!»



25. Пешиниёнашон (паёмбаронро) дурӯғгӯ бароварданд ва азоб аз ҷое, ки намедонистанд, бар сарашон расид.

26. Худо дар ин ҷаҳон расвояшон сохт, вале агар бидонанд, азоби охират бузургтар аст.

27.Мо дар ин Қуръон барои мардум ҳар гуна масале овардем, шояд панд гиранд.

28. Қуръоне ба забони арабӣ, бе ҳеҷ инҳирофу каҷӣ. Шояд парҳезгорӣ кунанд.

29. Худо масале мезанад: «Мардеро, ки чанд тан дар ӯ шариканд3ва бар сари ӯ ихтилоф доранд ва марде, ки танҳо аз они яке бошад. Оё ин ду бо ҳам баробаранд? Сипос Худоро. Балки, бештарашон намедонанд.

30. ҳаройна, ту мемирӣ ва онҳо низ мирандаанд.

31.Сипас ҳама дар рӯзи қиёмат дар назди Парвардигоратон бо якдигар хусумат хоҳед кард.

32. Пас, кист ситамкортар аз он, ки бар Худо дурӯғ мебандад ва сухани ростеро, ки бар ӯ омадааст, дурӯғ мебарорад. Оё кофиронро дар ҷаҳаннам ҷойгоҳе нест?

33. Ва касе, ки сухани рост овард ва тасдиқаш кард, онон парҳезгоронанд.

34.Барояшон ҳар чӣ бихоҳанд, дар назди Парвардигорашон муҳайёст. Ин аст подоши ( мукофоти) некӯкорон,

35.то Худо бадтарин аъмолеро, ки кардаанд, аз онон нобуд кунад ва ба беҳтар аз он чӣ ки кардаанд, подошашон диҳад.

36. Туро ба касоне, ки ғайри Худо ҳастанд, метарсонанд. Оё Худо барои нигаҳдории бандааш кофӣ нест? Ва ҳар касро, ки Худо гумроҳ созад, пас, барои ӯ ҳеҷ роҳнамое нахоҳад буд.



37.Ҳар касро, ки Худо роҳнамоӣ кунад, ӯро гумроҳкунандае нест. Оё Худо пирӯзманду интиқомгиранда нест?

38. Агар аз онҳо бипурсӣ: «Чӣ касе осмонҳову заминро офаридааст?» ҳатман, хоҳанд гуфт: «Худои якто» Бигӯ: «Пас, онҳоеро, ки ғайри ӯ мепарастед, чӣ гуна мебинед? Агар Худои якто бихоҳад ба ман ранҷе бирасонад, оё инҳо метавонанд он ранҷро дафъ кунанд? Ё агар бихоҳад ба ман раҳмате арзонӣ дорад, метавонанд он раҳматро аз ман боздоранд?» Бигӯ: «Худо барои ман басанда аст. Таваккулкунандагон ба ӯ таваккул мекунанд».

39.Бигӯ: «Эй қавми ман, мувофиқи имкони хеш амал кунед. Ман низ амал мекунам. Ба зудӣ хоҳед донист, ки

40. чӣ касе ба азобе, ки хораш месозад гирифтор мешавад ё азоби ҷовид бар сари ӯ фуруд меояд».

41.ҳаройна, Мо ин китобро барҳақ барои ҳидояти мардум бар ту нозил кардем. Пас, ҳар кас, ки ҳидоят ёфт, ба суди худи ӯст ва ҳар кӣ гумроҳ шуд, албатта, ба зиёни худ ба гумроҳӣ афтода ва ту вакили онҳо нестӣ.

42. Худо ҷонҳоро ба ҳангоми мурданашон мегирад ва низ ҷони касонеро, ки дар хоби худ намурдаанд. Ҷонҳоеро, ки ҳукми марг бар онҳо ронда шуда, нигаҳ медорад ва дигаронро то замоне, ки муъайян аст, боз мефиристад. ҳаройна, дар ин ибратҳост барои онҳое, ки меандешанд.

43. Оё ғайри Худо шафеъоне ихтиёр карданд? Бигӯ: «Ҳатто агар он шафеъон қудрат ба коре надошта бошанд ва чизеро дарнаёбанд?»

44. Бигӯ: Шафоъат саросар аз они Худост. Аз они ӯст фармонравоии осмонҳову замин. Сипас ҳама ба назди ӯ бозгардонда мешавед».

45. Чун Худоро ба яктоӣ ёд кунанд, дилҳои он касон, ки ба қиёмат имон наёвардаанд, нафрат гирад ва чун номи дигароне (бутҳо), ҷуз Худо бурда шавад, шодмон шаванд.

46. Бигӯ: « Бор Худоё, Тӯӣ офаринандаи осмонҳову замин, донои ниҳону ошкор, Ту миёни бандагонат дар ҳар чӣ дар он ихтилоф мекардаанд, доварӣ хоҳӣ кард».

47. ҳаройна, агар ҳар чӣ дар рӯи замин аст ва монанди он аз они ситамкорон мебуд, ки дар рӯзи қиёмат худро ба он аз азоби дарднок бозмехариданд. (Натавонанд, ки бозхаранд) ва аз Худо барояшон азобе ошкор шавад, ки ҳаргиз гумон намекарданд.

48. Подоши бади аъмоле, ки мекарданд, барояшон ошкор шуд ва он чӣ масхарааш мекарданд, гирдогирдашонро бигирифт.

49.Чун одамиро ранҷе расад. Моро мехонад ва чун аз ҷониби хеш неъмате арзонияш дорем, гӯяд: «ҳаройна, ба сабаби доноиям ин неъматро ба ман додаанд». Ин озмоише бошад, вале бештаринашон намедонанд.

50. Ин сухане буд, ки пешиниёнашон ҳам мегуфтанд, вале ҳар чӣ гирд оварда буданд, ба ҳолашон суд накард.

51. Уқубати аъмолашон домангирашон шуд ва аз ин миён ба онҳо, ки роҳи куфр пеш гирифтаанд, уқубати аъмолашон хоҳад расид ва наметавонанд аз Мо бигурезанд.

52. Оё ҳанӯз надонистаанд, ки ҳаройна, Худост, ки рӯзии ҳар касро, ки бихоҳад, афзун месозад ё тангрӯзиаш мекунад? Ва ҳаройна, дар ин худ ибратҳост барои мардуме, ки имон меоваранд.

53. Бигӯ: «Эй бандагони Ман, ки бар зиёни хеш исроф кардаед, аз раҳмати Худо ноумед машавед. Зеро Худо ҳамаи гуноҳонро меомурзад. ҳаройна, ӯст омурзандаву меҳрубон!

54. Пеш аз он ки азоб фаро расад ва касе ба ёриатон барнахезад, ба Парвардигоратон рӯй оваред ва ба ӯ таслим шавед.

55. Ва пеш аз он ки баногоҳ ва бехабар азоб бар шумо фуруд ояд, аз беҳтарин чизе, ки аз ҷониби Парвардигоратон нозил шудааст, пайравӣ кунед,

56. то касе нагӯяд: «Эй дареғо, ки дар кори Худо кӯтоҳӣ кардам ва (эй дареғо) аз масхаракунандагон будам».

57. Ё бигӯяд: «Албатта, агар Худо маро ҳидоят карда буд, ман аз парҳезгорон мебудам».

58. Ё чун азобро бубинад, бигӯяд: «Албатта, агар бори дигар ба дунё бозмегардидам, аз накӯкорон мешудам!»

59. Оре, оёти ман барои ту нозил шуд ва ту гарданкашӣ кардӣ ва аз кофирон будӣ.

60. Дар рӯзи қиёмат касонеро, ки ба Худо дурӯғ бастаанд, мебинӣ, рӯяшон сиёҳ шудааст. Оё такаббуркунандагонро дар ҷаҳаннам ҷойгоҳе нест?

61. Худо парҳезгоронро ба сабаби роҳи наҷотёбӣ, ки дар пеш гирифта буданд, мераҳонад. Ба онҳо ҳеҷ бадӣ нарасад ва аз андӯҳ ба дур бошанд.

62. Худо офаридгори ҳар чизест ва ӯст нигаҳбони ҳар чизе.

63. Калидҳои осмонҳову замин назди ӯст ва онҳо, ки ба оёти Худо кофир шудаанд, зиёндидагон ҳастанд.

64. Бигӯ: «Эй нодонон, оё маро фармон медиҳед, ки ғайр аз Худоро бипарастам?».

65. ба ту ва паёмбарони пеш аз ту ваҳй шудааст, ки агар ширк биёваред, аъмолатон ночиз гардад ва худ аз зиёнкунандагон хоҳед буд.

66. Балки Худоро бипараст ва сипосгузори ӯ бош!

67. Худоро нашинохтанд, он чунонки шоёни шинохти ӯст. Ва дар рӯзи қиёмат замин як ҷо дар қабзаи ӯст ва осмонҳо дар ҳам печида дар яди рости қудрати ӯ. Пок аст ва бартар аз ҳар чӣ шарики ӯ мепиндоранд.

68. Ва дар сур дамида шавад. Пас, ҳар кӣ дар осмонҳо ва ҳар кӣ дар замин аст, ҷуз онҳо, ки ӯ бихоҳад, беҳуш мешаванд. Ва бори дигар дар он дамида шавад, ногаҳон аз ҷой бармехезанд ва менигаранд.

69. Ва замин ба нури Парвардигораш равшан шавад ва номаҳои аъмолро биниҳанд ва паёмбарону гувоҳонро биёваранд ва дар миёни мардум ба дурустӣ доварӣ шавад ва бар касе ситаме наравад.

70. Подоши ҳар кас баробари кирдораш ба тамомӣ адо шавад, дар ҳоле, ки Худо ба корҳое, ки мекардаанд, огоҳтар аст.

71. Ва кофиронро гурӯҳ-гурӯҳ ба ҷаҳаннам биронанд. Чун ба ҷаҳаннам расанд, дарҳояш кушуда шавад ва нигаҳбонони оташ гӯянд: «Оё паёмбароне аз худи шумо бар шумо фиристода нашудаанд, то оёти Парвардигоратонро бароятон бихонанд ва шуморо аз дидор бо чунин рӯзе битарсонанд?» Мегӯянд: «Бале». Вале бар кофирон азоб муҳаққақ шуда буд.

72. Гуфта шавад: «Аз дарҳои ҷаҳаннам дохил шавед, ҳамеша дар он ҷо хоҳед буд». Ҷойгоҳи саркашон чӣ бад ҷойгоҳест!

73. Ва ононро, ки аз Парвардигорашон тарсиданд гурӯҳ-гурӯҳ ба биҳишт мебаранд. Чун ба биҳишт бирасанд дарҳояш кушуда шавад. Ва дарбонҳои биҳишт гӯяндашон: «Салом бар шумо, биҳиштатон хуш бод, ба дарун биёед, ҳамеша дар ин ҷо хоҳед буд!

74. Мегӯянд: «Сипос Худоеро, ки ҳар ваъда, ки ба мо дод, рост буд. Он заминро ба мерос ба мо дод. Ва акнун дар ҳар ҷои биҳишт, ки бихоҳем, макон мегирем». Амалкунандагонро чӣ музди некӯест!

75. Ва (эй Муҳаммад) фариштагонро мебинӣ, ки гирди арши Худо ҳалқа задаанд ва ба ситоиши Парвардигорашон (аз рӯйи талаззуз на таъаббуд) тасбеҳ мегӯянд. Миёни онҳо (бандагон) ба дурустӣ доварӣ гардад (ва аслан ба онҳо ҳеҷ гуна ситаме нашавад) ва (дар ивази адолат ва қазои Худо аз сӯйи ҳама ҳастӣ) гуфта шавад2, ки ситоиш аз они Худоест, ки Парвардигори ҷаҳониён аст!

Сураи Ғофир1

(Мӯъмин)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Ҳо, Мим.

2.Нозил шудани ин китоб аз ҷониби Худои пирӯзманди доност,

3.омурзандаи гуноҳ, пазирандаи тавба, сахтуқубат, соҳиби неъматҳо. Ҳеҷ Худое барҳақ ҷуз ӯ нест. Бозгашти ҳама ба сӯи ӯст.

4.Фақат кофирон дар оёти Худо ҷидол мекунанд. Пас, ҷавлонашон (сайру гашташон) дар шаҳрҳо туро нафиребад.

5.Пеш аз онҳо қавми Нӯҳ ва гурӯҳҳое, ки баъд аз онҳо буданд, паёмбарашонро дурӯғгӯ бароварданд. Ва ҳар уммате оҳанги он кард, ки паёмбарашонро дастгир кунанд ва ба ботил ба ситеза бархостанд, то ҳақро аз миён бардоранд. Аммо Ман онҳоро ба уқубат фурӯ гирифтам ва уқубати Ман чӣ сахт буд!

6.Ҳамин тавр ҳукми Парвардигори ту бар кофирон муҳаққақ шуд, ки ҳаройна, онҳо аҳли ҷаҳаннаманд!

7.Онон, ки Аршро мебардоранд ва онҳо, ки бар гирди он ҳастанд, ба ситоиши Парвардигорашон тасбеҳ мегӯянд ва ба ӯ имон доранд ва аз ӯ барои мӯъминон омурзиш мехоҳанд: «Эй Парвардигори мо, раҳмату илми Ту ҳама чизро фаро гирифтааст. Пас, ононро, ки тавба кардаанд ва ба роҳи ту омадаанд, биёмурз ва аз азоби ҷаҳаннам нигаҳ дор!

8.Эй Парвардигори мо, ононро ва ҳар кӣ солеҳ бошад, аз падарону ҳамсарон ва фарзандонашон ба биҳиштҳои ҷовидонӣ, ки ба онҳо ваъда додаӣ, дохил кун, ки ҳаройна, Ту пирӯзманду ҳакимӣ!

9.Ононро аз азобҳо ҳифз кун, ки ҳар киро дар он рӯз аз азобҳо ҳифз кунӣ, бар ӯ раҳмат овардаӣ ва он комёбии бузургест!»

10.ҳаройна, кофиронро нидо медиҳанд, ки душмании Худо бо шумо аз душмании шумо бо худатон, он гоҳ ки ба имонатон фаро мехонданд ва роҳи куфр пеш мегирифтед, бузургтар аст.

11.Мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, моро ду бор мирондӣ ва ду бор зинда сохтӣ ва мо ба гуноҳонамон иқрор кардаем. Оё берун шуданро роҳе ҳаст?»

12.Ин азоб ба он сабаб аст, ки чун Худоро ба яктоӣ мехонданд, шумо инкор мекардед ва агар барои ӯ шарике қарор медоданд, шумо ба он шарик имон меовардед. Пас фармон фармони Худои баландмартабаи бузург аст.

13.ӯст, он ки оёти Хешро ба шумо нишон дод ва бароятон аз осмон рӯзӣ фиристод. Танҳо касе панд мегирад, ки рӯй ба Худо оварад.

14.Пас, Худоро бихонед, дар ҳоле,ки танҳо барои ӯ дар дин ихлос меварзед, агарчи кофиронро нохуш ояд.

15.Баландкунандаи мартабаҳо соҳиби Арш, ки бар ҳар як аз бандагонаш, ки бихоҳад, ба фармони Худ ваҳй мефиристад, то мардумро аз рӯзи қиёмат битарсонад.

16.Он рӯз, ки ҳамагон ошкор шаванд, ҳеҷ чиз аз онҳо бар Худо пӯшида намонад. Дар он рӯз фармонравоӣ аз они кист? Аз они Худои яктои қаҳҳор!

17.Он рӯз ҳар касро монанди аъмолаш ҷазо дода мешавад ва ба касе ситаме намеравад. Ва ҳаройна, Худо зуд ба ҳисобҳо мерасад!

18.Аз рӯзи қиёмат битарсонашон. Он гоҳ ки дилҳо лабрез аз андӯҳ (аз хавфи қиёмат) наздики гулӯҳо расад. Ситамкоронро дар он рӯз на хешованде бошад ва на шафеъе, ки суханашро бишнаванд.

19.(Худованд) дуздона нигоҳ кардани чашмҳоро2 ва ҳар чӣ дилҳо ниҳон доштаанд, медонад.

20.Худ ба дурустӣ доварӣ мекунад. Вале касоне, ки ғайри ӯро ба худоӣ мехонанд, ҳеҷ доварӣ натавонанд кард. Албатта, Худо мешунавад ва мебинад!

21.Оё дар замин сайр намекунанд, то бингаранд, ки оқибати пешиниёнашон чӣ гуна будааст? Тавоноии онҳо ва ёдгориҳое, ки дар рӯйи замин падид оварда буданд, аз инҳо бештар буд. Ва Худо онҳоро ба ҷазои куфрашон фурӯ гирифт ва аз қаҳри Худованд онҳоро нигаҳдорандае набуд.

22.Ин ба он сабаб буд, ки паёмбаронашон бо далелҳои равшан наздашон омаданд, вале (паёмбаронашро) инкор карданд ва Худо ҳам ононро фурӯ гирифт. Ва ҳаройна, Худо нерӯманд аст ва ба сахти уқубат мекунад!

23.Мо Мӯсоро бо оёти Худ ва ҳуҷҷате ошкор фиристодем

24.ба сӯи Фиръавну Ҳомон ва Қорун. Ва гуфтанд, ки ӯ ҷодугаре дурӯғгӯст!

25.Чун дини ҳақро аз ҷониби Мо ба онҳо арза дошт, гуфтанд: «Писарони касонеро, ки ба ӯ имон овардаанд, бикушед ва занонашонро зинда бигузоред?» Ва ҳиласозии кофирон дар тариқи табоҳӣ бошад.

2. Ибни Аббос (р) гуфтааст: “Иборат аст аз марде, ки чун бо мардон нишаста бошад ва зане аз канорашон бигузарад, дуздона ба он зан нигоҳ мекунад.”

26.Фиръавн гуфт: Бигузоред, Мӯсоро бикушам ва ӯ Худои худро ба ёрӣ талабад. Метарсам динатонро дигаргун кунад ё дар ин сарзамин фасоде барангезад!

27. Мӯсо гуфт: «Ман ба Парвардигори худ ва Парвардигори шумо аз ҳар мутакаббире, ки ба рӯзи ҳисоб бовар надорад, паноҳ мебарам!»

28. Ва марде мӯъмин аз хонадони Фиръавн, ки имонашро пинҳон дошта буд, гуфт: «Оё мардеро, ки мегӯяд, Парвардигори ман Худои барҳақ аст ва бо далелҳои равшан аз ҷониби Парвардигоратон омадааст, мекушед? Агар дурӯғ мегӯяд, гуноҳи дурӯғаш бар гардани худи ӯст ва агар рост мегӯяд, баъзе аз ваъдаҳое, ки додааст, ба шумо хоҳад расид. Албатта, Худо ҳеҷ исрофкори дурӯғгӯеро ҳидоят намекунад!

29. Эй қавми ман, имрӯз фармонравоӣ аз они шумост. Бар ин сарзамин ғалаба доред. Вале агар азоби Худо бар сари мо ояд, чӣ касе ёриамон хоҳад кард?» Фиръавн гуфт: «Шуморо ҷуз он чӣ худ маслиҳат мебинам, роҳе нанамоям ва ҷуз ба роҳи савоб роҳнамоӣ накунам».

30. Он, ки имон оварда буд, гуфт: «Эй қавми ман, бар шумо аз он чӣ бар сари он қавмҳои дигар омадааст, бимнокам.

31.Монанди қавми Нӯҳ ва Од ва Самуд ва касоне, ки аз он пас омадаанд. Ҳол он ки Худо барои бандагонаш хостори ситам нест.

32.Ва эй қавми ман, аз он рӯз, ки якдигарро ба фарёд бихонед, бар шумо бимнокам.

33.Он рӯз, ки ҳамагӣ пуштгардону гурезонед ва ҳеҷ кас шуморо аз азоби Худо нигоҳ намедорад. Ва ҳар касро, ки Худо гумроҳаш кунад, ҳеҷ роҳнамое надорад!

34.Юсуф пеш аз ин бо далелҳои равшан бар шумо фиристода шуд ва шумо аз он чӣ оварда буд, ҳамчунон дар шак мебудед. Чун Юсуф бимурд, гуфтед: «Худо пас аз ӯ, ҳаргиз, дигар паёмбаре нахоҳад фиристод!» Худо таҷовузкори шаковарандаро ин гуна гумроҳ месозад!

35. Касоне, ки бе ҳеҷ ҳуҷҷате, ки дар даст дошта бошанд, дар оёти Худо ҷидол мекунанд. Кори онон назди Худову мӯъминон сахт нописанд аст. Худо бар дили ҳар мутакаббири ҷабборе инчунин мӯҳр мениҳад!

36. Фиръавн гуфт: “Эй Ҳомон, барои ман қалъаи баланде бисоз, шояд ба он дарҳо даст ёбам:

37. дарҳои осмонҳо. Ва Худои Мӯсоро бубинам, зеро пиндорам, ки дурӯғ мегӯяд». Ба ин тарз кирдори зишти Фиръавн дар назараш ороста шуд ва ӯ аз роҳ бозмонд ва чораҷӯии ӯ ҷуз зиён ҳеҷ набуд.

38. Он марде, ки имон оварда буд, гуфт: «Эй қавми ман, аз паи ман биёед, то ба роҳи савоб ҳидоятатон кунам.

39. Эй қавми ман, ин зиндагии дунё беарзишу хушгузарониест (яъне, андак аст). Ва охират сарои бақост.

40. Ҳар кас кори баде бикунад, ҷуз монанди амалаш ҷазо наёбад. Ва ҳар кас аз марду зан, ки мӯъмин бошад ва амали солеҳе ба ҷой орад, пас онҳо ба биҳишт дохил шаванд ва беҳисоб рӯзиашон диҳанд.

41.Эй қавми ман, чист, ки ман шуморо ба наҷот мехонам ва шумо маро ба оташ фаро мехонед?

42.Маро даъват мекунед, ки ба Худо кофир шавам ва чизеро, ки намешиносам, шарики ӯ қарор диҳам, ҳол он ки ман шуморо ба Худои пирӯзманди омурзанда даъват мекунам.

43. Бешак, он чӣ шумо маро ба он даъват мекунед, тавоноии онаш нест, ки дар дунёву охират касеро ба сӯи худ хонад (яъне, ҳамон бут), ва ҳол он ки албатта, бозгашти мо ба сӯи Худои барҳақ аст ва ҳатман, таҷовузкорон дар ҷаҳаннам бошанд.

44.Ба зудӣ он чиро, ки акнун мегӯям, ба ёд хоҳед овард. Ва ман кори хеш ба Худо вогузор кардам, албатта, ӯ бандагонашро мебинад!»

45.Худо ӯро аз осеби макре, ки барояш андешида буданд, нигоҳ дошт ва он азоби ногувор хонадони Фиръавнро дар миён гирифт.

46. Оташ. Ҳар субҳу шом онҳо бар оташ арза шаванд3ва рӯзе, ки қиёмат барпо шавад (фариштагонро нидо дода шавад, ки), хонадони Фиръавнро ба сахттарин азобҳо дароваред!»

47.Ва он гоҳ дар даруни оташ бо якдигар ба муҷодала бархезанд ва нотавонон ба гарданкашон гӯянд, ки мо пайравони шумо будем, оё метавонед андаке аз ин оташе, ки насиби мо шудааст, бикоҳед?

48.Онон, ки саркашӣ карда буданд, мегӯянд: «Ҳамаи мо дар оташем. Ва Худост, ки миёни бандагонаш доварӣ кардааст!»

49.Ва онҳо, ки дар оташанд, ба нигаҳбонони ҷаҳаннам мегӯянд: «Аз Парвардигоратон бихоҳед, то як рӯз аз азоби мо кам кунад».

3. Чуноне, ки муфассирон гуфтаанд, мурод аз арза кардани оташ субҳу шом, азоби қабр аст. .

50.Мегӯянд (нигаҳбонони дӯзах): «Оё паёмбаронатон бо далелҳои равшан назди шумо наёмада буданд?» Мегӯянд (дӯзахиён): «Бале».Мегӯянд: «Пас, дархост кунед». Ва дархости кофирон, ҷуз он ки табоҳ шавад, ҳеҷ нахоҳад буд.

51.Мо паёмбаронамон ва мӯъминонро дар зиндагии дунё ва дар рӯзи қиёмат, ки шоҳидон барои шаҳодат барпой меистанд, ёрӣ мекунем.

52.Дар рӯзе, ки ситамкоронро узр хостан суд надиҳад ва насиби онҳо лаънат аст ва барояшон сарои бад аст!

53.Мо ба Мӯсо мартабаи ҳидоят додем ва он китобро ба бани Исроил мерос додем.

54.Китобе, ки худ ҳидоят аст ва барои хирадмандон андарз.

55.Сабр кун, ки албатта, ваъдаи Худо ҳақ аст. Барои гуноҳат омурзиш бихоҳ ва ҳар шомгоҳу бомдод ба ситоиши Парвардигоратон тасбеҳ бигӯй.

56.Онҳо, ки бе ҳеҷ ҳуҷҷате, ки аз осмон омада бошад, дар бораи оёти Худо муҷодала мекунанд, дар дилашон ҷуз ҳавою (ҳаваси) бузургӣ нест, вале ба он нахоҳанд расид. Пас, ба Худо паноҳ бибар, ки албатта, ӯ бисёр шунавою биност!

57.Офариниши осмону замин аз офариниши мардум бузургтар аст, вале бештари мардум намедонанд!

58.Нобинову бино баробар нестанд. Низ онҳое, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, бо зишткорон яксон набошанд. Чӣ андак панд мепазиред!

59.ҳаройна, қиёмат, ҳатман, меояд ва дар он шубҳае нест, вале бештари мардум имон намеоваранд.

60.Парвардигоратон гуфт: «Дуъову илтиҷо кунед Маро, то (дуъои) шуморо иҷобат кунам. Онҳое, ки аз парастиши Ман саркашӣ мекунанд, ба зудӣ дар айни хорӣ ба ҷаҳаннам дароянд!»

61.Худост, он ки шабро бароятон офарид, то дар он биоромед ва рӯзро равшаноӣ бахшид. ҳаройна, Худо фазли хеш, ҳатман, ба мардум арзонӣ медорад. Вале бештари мардум шукргузор нестанд.

62.Ин аст Худои барҳақ, Парвардигори шумо, Офаридгори ҳама чиз. Худое барҳақ ҷуз ӯ нест. Пас, чӣ гуна аз ҳақ бероҳаатон мекунанд?

63.Ҳамчунин баргардонида мешаванд (аз ҳидоят) онон, ки оёти Худоро инкор мекарданд.

64.Худост, ки заминро қароргоҳи шумо сохт ва осмонро чун биное биафрохт. Ва шуморо сурат бахшид ва суратҳоятонро некӯ сохт. Ва аз чизҳои покизаву хуш рӯзиятон дод. Ин аст Худои барҳақ, Парвардигори шумо. Бартару бузургвор аст Худо, он Парвардигори ҷаҳониён!

65.ӯ зинда аст, Худое барҳақ ғайри ӯ нест. ӯро ибодат кунед, дар ҳоле, ки дини ӯро ба ихлос пазируфта бошед, ки ситоиш аз они Худоест, ки Парвардигори ҷаҳониён аст!

66.Бигӯ: «Маро манъ кардаанд, ки чизҳоеро, ки ғайри Худои барҳақ мепарастед, парастиш кунам, дар ҳоле, ки аз ҷониби Парвардигорам барои ман далелҳое равшан омадааст. Ва ба ман фармон додаанд, ки дар баробари Парвардигори ҷаҳониён таслим бошам».

67.ӯст он Худое, ки шуморо аз хок, сипас аз нутфа, сипас аз лахтаи хуне биёфаридааст. Он гоҳ шуморо, ки кӯдаке будед, аз раҳми модар берун овард, то ба синни ҷавонӣ бирасед ва пир шавед. Баъзе аз шумо пеш аз пирӣ бимиред ва баъзе ба он замони муъайян мерасед, то ки ба ақл дарёбед.

68. ӯст, ки зинда мекунад ва мемиронад. Ва чун иродае чизе кунад, мегӯядаш: «Мавҷуд шав!». Пас, мавҷуд мешавад.

69. Оё надидаӣ онҳое, ки дар оёти Худо кашмакаш мекунанд, чӣ гуна бероҳа мешаванд?

70.Касоне, ки ин китобро дурӯғ мешуморанд ва он чиро, ки ба василаи паёмбарон фиристодаем, такзиб мекунанд, ба зудӣ хоҳанд донист,

71.Он гоҳ ки тавқҳоро ба гарданашон андозанд ва бо занҷирҳо бикашандашон

72.дар оби ҷӯшон, сипас дар оташ афрӯхта шаванд.

73. Он гоҳ ба онҳо гуфта шавад: «Он шарикон, ки барои Худо мепиндоштед, куҷо ҳастанд?»

74.Мегӯянд: «Онҳоро аз даст додаем, балки пеш аз ин чизеро ба худоӣ намехондаем». Худо кофиронро ин гуна гумроҳ мекунад.

75.Ин ба он сабаб аст, ки ба ноҳақ дар замин шодмон будед ва нозу карашма мекардед.

76.Аз дарҳои ҷаҳаннам дохил шавед. Ҳамеша дар он ҷо бимонед. Ва ҷойгоҳи саркашон чӣ бад ҷойгоҳест!

77.(Эй Муҳаммад) пас, сабр кун, албатта, ваъдаи Худо рост аст. Ё баъзе аз он чизҳоро, ки ба онҳо ваъда додаем, ба ту нишон медиҳем ё туро бимиронем ва онҳо ба назди Мо бозгардонида шаванд.

78.пеш аз ту паёбароне фиристодаем. Достони баъзеро бароят гуфтаем ва достони баъзеро нагуфтаем. Ва ҳеҷ паёмбареро нарасад, ки ояте биёварад, магар ба фармони Худо. Ва чун фармони Худо даррасад, барҳақ доварӣ гардад ва онон, ки бар ботил будаанд, он ҷо зиён хоҳанд дид.

79.Худост, ки чорпоёнро бароятон офарид, то бар баъзе савор шавед ва аз баъзе бихӯред.

80.Ва шуморо дар он манфиъатҳост ва метавонед бо онҳо ба ҳоҷатҳое, ки дар назар доред, бирасед. Ва бар онҳо ва бар киштиҳо савор шавед.

 








Не нашли, что искали? Воспользуйтесь поиском по сайту:



©2015 - 2024 stydopedia.ru Все материалы защищены законодательством РФ.