Сделай Сам Свою Работу на 5

Ва бар Худо таваккул кун, зеро Худо корсозиро басанда аст.





4.Худо дар даруни ҳеҷ марде ду қалб наниҳодааст. Ва занонатонро, ки модари худ мехонед2, модаронатон қарор надод ва фарзандхондагонатонро фарзандатон насохт. Инҳо суханонест, ки ба забон мегӯед. Ва Худованд ҳақ мегӯяд ва ӯст, ки роҳ менамояд.

5.Писархондагонро ба номи падарашон бихонед, ки дар назди Худо мувофиқи инсоф аст. Агар падарашонро намешиносед, бародарони динӣ ва маволии (дӯстони) шумо бошанд. Агар пеш аз ин хатое кардаед, боке нест, магар он, ки ба қасди дил кунед. Ва Худо омурзандаву меҳрубон аст!

6.Паёмбар ба мӯъминон аз худашон сазовортар аст ва занонаш модарони мӯъминон ҳастанд ва дар китоби Худо хешовандони насабӣ3аз мӯъминону муҳоҷирон ба якдигар сазовортаранд, магар он, ки бихоҳед ба яке аз дӯстони худ некӣ кунед. Бошад ин ҳукм дар китоби Худо навишташуда.

7.Ва (ба ёд ор), он ҳангомро, ки аз паёмбарон паймон гирифтем ва аз туву аз Нӯҳ ва Иброҳим ва Мӯсо ва Исо бинни Марям ва аз ҳамаи онҳо паймоне сахт гирифтем,

8.то ростгӯёнро аз сидқашон бипурсад ва барои кофирон азобе дардовар муҳайё кардааст.



9. Эй касоне, ки имон овардед, аз неъмате, ки Худо ба шумо додааст, ёд кунед, ба он ҳангом, ки лашкарҳо бар сари шумо ҳуҷум карданд ва Мо бодро ва лашкарҳоеро, ки намедидед, бар сарашон фиристодем ва Худо ба он чӣ мекардед, бино буд!

10. (Ба хотир биёред), он гоҳро, ки аз самти боло ва аз самти поин бар шумо тохтанд, чашмҳо хира шуданд ва ҷонҳо ба лаб расида буданд ва ба (ваъдаи) Худо гумонҳои гуногун мебурдед.

11. Дар он, ҳангом, мӯъминон имтиҳон карда шуданд ва сахт такон хӯрданд!

12. Ва (ба ёд оред), замонеро, ки мунофиқон ва онҳое, ки дар дилашон беморист, мегуфтанд: «Худо ва паёмбараш ҷуз фиреб ба мо ваъдае надодаанд!»

13. Ва (ба ёд оваред), замонеро, ки гурӯҳе аз онҳо гуфтанд: «Эй мардуми Ясриб, ин ҷо ҷои монданатон нест. Бозгардед». Ва гурӯҳе аз онҳо аз паёмбар рухсат талабиданд, мегуфтанд: «Дар ҳақиқат, хонаҳои моро ҳифзкунандае нест». Хонаҳояшон беҳифзкунанда набуд, мехостанд бигурезанд

14. Ва агар аз атроф хонаҳояшонро муҳосира кунанд ва аз онҳо бихоҳанд, ки кофир шаванд, кофир хоҳанд шуд ва ҷуз андаке мӯҳлат раво нахоҳанд дошт.



15. Инҳо пеш аз ин бо Худо паймон баста буданд, ки дар ҷанг ба душман пушт накунанд. Худо аз паймони худ бозхост хоҳад кард.

23. Аз мӯъминон мардоне ҳастанд, ки ба паймоне, ки ба Худо баста буданд, вафо карданд. Баъзе бар сари паймони хеш ҷон бохтанд ва баъзе чашм ба роҳанд ва ҳеҷ паймони худ дигаргун накардаанд.

24. То Худо ростгӯёнро ба сабаби ростии гуфторашон подош диҳад ва мунофиқонро агар хоҳад азоб кунад ё тавбаи онҳоро бипазирад. Албатта, Худо омурзандаву меҳрубон аст!

25. Худо кофирони хашмгирифтаро бозпас гардонид. Инҳо ба ҳеҷ ғанимате даст наёфтанд. Ва дар майдони ҷанг мӯъминонро Худо басанда аст. Зеро Худо пуртавону пирӯзманд аст!

26. Аз аҳли Китоб он гурӯҳро, ки ба ёриашон5 бархоста буданд, аз қалъаҳояшон фуруд овард ва дар дилҳояшон бим афканд. Гурӯҳеро куштед ва гурӯҳеро ба асорат гирифтед.

27. Худо замину хонаҳо ва амволашон ва заминҳоеро, ки бар онҳо пой наниҳодаед, ба шумо вогузошт. Ва Худо бар ҳар коре тавоност!

28. Эй паёмбар, ба занонат бигӯ: « Агар хоҳони зиндагии дунё ва зинатҳои он ҳастед, биёед, то шуморо баҳраманд созам ва ба тарзи некӯ раҳоятон кунам

29. ва агар хоҳони Худову паёмбари ӯ ва сарои охират ҳастед, пас, ҳаройна, Худо ба некӯкоронатон подоше (мукофоте) бузург хоҳад дод.

30.Эй занони паёмбар, ҳар кас аз шумо кори зишти сазовори уқубат кунад, Худо азоби ӯро ду баробар мекунад. Ва ин бар Худо осон аст.



31. Ва ҳар кас аз шумо, ки фармонбардории Худо ва паёмбарашро давом диҳад ва кори шоиста кунад, ду баробар ба ӯ подош диҳем. Ва барои ӯ ризқе нек омода кардаем.

32. Эй занони паёмбар, шумо монанди дигар занон нестед, агар аз Худо битарсед. Пас, ба нармӣ сухан магӯед, то он марде, ки дар қалби ӯ маразе аст, ба тамаъ афтад. Ва сухани писандида бигӯед.

33. Ва дар хонаҳои худ бимонед. Ва чунонки дар замони пешини ҷоҳилият мекарданд, зинатҳои худро ошкор макунед. Ва намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва аз Худову паёмбараш итоъат кунед. Эй аҳли байт6, Худо мехоҳад палидиро аз шумо дур кунад ва шуморо пок нигоҳ дорад.

34. Он чиро, ки дар хонаҳоятон аз оёти Худо ва ҳикмат тиловат мешавад, ёд кунед. ҳаройна, Худо борикбину огоҳ аст!»

35. Худо барои мардони мусалмон ва занони мусалмон ва мардони мӯъмину занони мӯъмин ва мардони аҳли тоъату занони аҳли тоъат ва мардони ростгӯву занони ростгӯй ва мардони босабру занони босабр ва мардони худотарсу занони худотарс ва мардони садақадиҳандаву ва занони садақадиҳанда ва мардони рӯзадору занони рӯзадор ва мардоне, ки шармгоҳи худ ҳифз мекунанд ва заноне, ки шармгоҳи худ ҳифз мекунанд ва мардоне, ки Худоро фаровон ёд мекунанд ва заноне, ки Худоро фаровон ёд мекунанд, омурзиш ва музде бузург омода кардааст!

36. Ҳеҷ марди мӯъмину зани мӯъминро нарасад, ки чун Худову паёмбараш дар коре ҳукме карданд, онҳоро дар он корашон ихтиёре бошад, ҳар кӣ аз Худову паёмбараш нофармонӣ кунад сахт дар гумроҳӣ афтодааст.

37. Ва ту ва он мард, ки Худо неъматаш дода буд ва ту низ неъматаш дода будӣ, гуфтӣ: «Занатро барои худ нигаҳ дор ва аз Худо битарс». Дар ҳоле ки дар дили худ, он чизро7, ки Худо ошкор сохт, махфӣ дошта будӣ ва аз мардум метарсидӣ, ҳол он ки Худо аз ҳар каси дигар сазовортар буд, ки аз ӯ битарсӣ. Пас, чун Зайд аз ӯ ҳоҷати хеш бигузорад, ба ҳамсарии туаш даровардем, то мӯъминонро дар заношӯӣ бо занони фарзандхондагони худ, агар ҳоҷати хеш аз ӯ бигузорида бошад, манъе набошад. Ва ҳукми Худованд шуданист.

38.Бар паёмбар дар анҷом додани он чӣ Худо ба ӯ муқаррар кардааст, ҳараҷе (гуноҳе) нест, ҳамчунон ки Худо барои паёмбарони пешин низ чунин суннате ниҳода буд ва фармони Худо фармонест бе ҳеҷ зиёдаву нуқсон.

39. Касоне, ки паёмҳои Худоро мерасонанд ва аз ӯ метарсанд ва аз ҳеҷ кас ҷуз ӯ наметарсанд, Худо барои ҳисоб кардани аъмолашон кофист!

40. Муҳаммад падари ҳеҷ як аз мардони шумо нест. ӯ расули Худо ва хотами паёмбарон аст. Ва Худо ба ҳар чизе доност!

41. Эй касоне, ки имон овардаед, Худоро фаровон ёд кунед!

42. Ва ҳар бомдоду шабонгоҳ тасбеҳаш гӯед!

43.ӯст, ки Худ ва фариштагонаш бар шумо дуруд (ки аз тарафи Худованд лутф ва раҳмат аст ва аз ҷониби фариштагон дуъои хайр) мефиристанд, то шуморо аз торикӣ (куфр ва гумроҳӣ) ба равшанӣ (имон ва ҳидоят) бибаранд, зеро Худованд бо мӯъминон меҳрубон аст!

44. Рӯзе, ки бо ӯ дидор кунанд, дурудашон ин аст: «Салом!» Ва Худо барояшон подоше некӯ омода кардааст.

45. Эй паёмбар , мо туро фиристодем, то шоҳиду муждадиҳанда ва бимдиҳанда бошӣ!

46. Ва мардумро ба фармони Худо ба сӯи ӯ даъват кунӣ ва чароғе тобнок бошӣ!

47. Ва мӯъминонро хушхабар деҳ, ки аз сӯи Худо барояшон фазилате бузург омадааст!

48.Ба кофирону мунофиқон итоъат макун ва озорашонро вогузор ва бар Худо таваккул кун, ки Худо корсозиро басандааст!

49. Эй касоне, ки имон овардаед, чун занони мӯъминро никоҳ кардед ва пеш аз он ки бо онҳо наздикӣ кунед, талоқашон гуфтед, шуморо бар онҳо иддае нест, ки бипоянд. Пас, ононро ҳадя диҳед ва ба некӯтарин ваҷҳ раҳояшон кунед.

50. Эй паёмбар, Мо занонеро, ки маҳрашонро додаӣ ва ононро, ки ба унвони ғаниматҳои ҷангӣ, ки Худо ба ту арзонӣ додааст, молик шудаӣ ва духтарони амак ва духтарони аммаҳо ва духтарони тағо ва духтарони холаҳои туро, ки бо ту муҳоҷират кардаанд бар ту ҳалол кардем ва низ зани мӯъмине, ки агар худашро ба паёмбар бахшида бошад, ҳар гоҳ паёмбар бихоҳад, ӯро ба занӣ гирад. Ин ҳукм махсуси туст, на барои дигар мӯъминон. Мо медонем дар бораи занонашон ва канизонашон чӣ ҳукме кардаем, то барои ту мушкиле пеш наёяд. Ва Худо омурзандаву меҳрубон аст!

51. Аз занони худ ҳар киро хоҳӣ ба навбат муаххар (ақиб) дор ва ҳар киро хоҳӣ, бо худ нигаҳ дор. Ва агар аз онҳо, ки дур доштаӣ, якеро биталабӣ, бар ту гуноҳе нест. Дар ин гузиниш ва ихтиёр бояд, ки шодмон бошанд ва ғамгин машаванд ва аз он чӣ ба онҳо медиҳи, бояд, ки хушнуд гарданд8ва Худо медонад, ки дар дилҳои шумо чист. Ва Худост, ки донову бурдбор аст!

52. Баъд аз ин занон ҳеҷ зане бар ту ҳалол нест ва низ зане ба ҷои онҳо ихтиёр кардан, ҳар чанд туро аз зебоии ӯ хуш ояд, магар он чӣ ба ғанимат ба дасти ту афтад. Ва Худо назораткунандаи ҳар чизест!

53.Эй касоне, ки имон овардаед, ба хонаҳои паёмбар дохил машавед, магар шуморо ба хӯрдани таъоме фаро хонанд, бе он ки мунтазир биншинед, то таъом ҳозир шавад. Агар шуморо фаро хонданд, дохил шавед ва чун таъом хӯрдед, пароканда гардед. На он ки барои саргармӣ сухан оғоз кунед. Албатта, ин корҳо паёмбарро озор медиҳад ва ӯ аз шумо (барои гуфтани инҳо) шарм медорад. (зеро мизбон аст) Вале Худо аз гуфтани ҳақ шарм намедорад. Ва агар аз занони паёмбар чизе хостед, аз пушти парда бихоҳед, ин кор ҳам барои дилҳои шумо ва ҳам барои дилҳои онҳо покдорандатар аст. Шуморо нарасад, ки паёмбари Худоро биёзоред ва на он ки занҳояшро баъд аз вай ҳаргиз ба занӣ гиред. Албатта, ин корҳо дар назди Худо гуноҳе бузург аст.

54.Агар чизеро ошкор кунед ё махфӣ доред, пас дар ҳар ҳол, Худо ба ҳар чизе огоҳ аст.

8. Зеро медонанд, ки дар ин гузиниш ва ихтиёр фармони Худо (ҷ) аст ва ту дар партави он метавонӣ беҳтар фикри худро мутаваҷҷеҳи масъулиятҳои бузургу сангини рисолат ва маслиҳатҳои муҳимми уммати исломӣ созӣ.

55. Занонро гуноҳе нест, агар дар назди падарону писарон ва бародарону бародарзодагон ва хоҳарзодагону занони ҳамдинашон ва ё канизони худашон бе ҳиҷоб бошанд. Ва бояд, ки аз Худо битарсед. ҳаройна, Худо бар ҳар чизе нозир аст.

56. Ба таҳқиқ, Худо ва фариштагонаш ба паёмбар салавот мефиристанд. Эй касоне, ки имон овардаед, бар ӯ салавот фиристед ва салом гӯед, саломе некӯ.

57. Ҳаройна, касонеро, ки Худо ва паёмбарашро озор медиҳанд, Худо дар дунё ва охират лаънат карда ва барояшон азобе хоркунанда муҳайё кардааст.

58. Ва касоне, ки мардони мӯъмину занони мӯъминро бе ҳеҷ гуноҳе, ки карда бошанд меозоранд, пас дар ҳақиқат, тӯҳмату гуноҳи ошкореро бар дӯш мекашанд.

59. Эй паёмбар, ба занону духтарони худ ва занони мӯъминон бигӯ, ки чодари худро бар сар пӯшанд. Ин муносибтар аст, то шинохта шаванд ва мавриди озор воқеъ нагарданд. Ва Худо омурзандаву меҳрубон аст!

60. Агар мунофиқон ва касоне, ки дар дилҳояшон маразест ва онҳо, ки дар Мадина шойеъа (овоза) паҳн мекунанд, аз кори худ боз наистанд, ҳаройна, туро бар онҳо ғолиб мегардонем, то аз он пас ҷуз андаке бо ту дар шаҳр ҳамсоя набошанд.

61. Инҳо лаънатшудагонанд. Ҳар ҷо ёфта шаванд, бояд дастгир гарданд ва ба сахтӣ кушта шаванд.

62. Ин суннати Худовандист, ки дар миёни пешиниён низ буд ва ҳаргиз дар суннати Худо тағйире нахоҳӣ ёфт!

63. Мардум туро аз қиёмат мепурсанд, бигӯ: «Илми он назди Худост». Ва ту чӣ медонӣ, шояд қиёмат наздик бошад.

64. Албатта, Худо кофиронро лаънат карда ва барояшон оташе сӯзон муҳайё кардааст,

65. ки дар он ҷовидонаанд ва ҳеҷ дӯсту ёваре нахоҳанд ёфт.

66. Рӯзе, ки рӯйҳояшонро (худи онҳоро) дар оташ бигардонанд, (мисли сихкабоб) мегӯянд: «Эй кош Худоро итоъат карда будем ва расулро итоъат карда будем!»

67. Ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, аз сарварону бузургони худ итоъат кардем ва онон моро гумроҳ карданд.

68. Эй Парвардигори мо, азобашонро дучандон кун ва ба лаънати бузурге гирифторашон соз!»

69. Эй касоне, ки имон овардаед мабошед монанди он касон, ки Мӯсоро озурда карданд ва Худояш аз он айбе, ки (барои ӯ) гуфта буданд, покаш сохт ва назди Худо обрӯманд буд.

70. Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва сухани дуруст бигӯед.

71. (Худо) корҳои шуморо ба салоҳ оварад ва гуноҳатонро биёмурзад. Ва ҳар кӣ аз Худову паёмбараш итоъат кунад пас дар ҳақиқат, ба комёбии бузурге даст ёфтааст.

72. Мо ин амонатро бар осмонҳову замин ва кӯҳҳо арза доштем, аз таҳаммули он рӯй гардонданд ва аз он тарсиданд. Инсон он амонатро бар дӯш гирифт, ки ҳаройна, ӯ ситамкору нодон буд,

73. то Худо мардони мунофиқу занони мунофиқ ва мардони мушрику занони мушрикро азоб кунад ва тавбаи мардони мӯъмину занони мӯъминро бипазирад, ки Худо омурзандаву меҳрубон аст!

Сураи Сабо1

(сабо)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Ситоиш аз они Худоест, ки ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, аз они ӯст. Ва дар он ҷаҳон низ ситоиш аз они ӯст ва ӯ ҳакиму огоҳ аст!

2.Ҳар чиро, ки дар замин фурӯ шавад ва ҳар чиро, ки аз замин берун ояд ва ҳар чиро, ки аз осмон фуруд ояд ва ҳар чиро, ки бар осмон боло равад, медонад. Ва ӯ меҳрубону омурзанда аст!

3.Кофирон гуфтанд: «Моро қиёмат нахоҳад омад!» Бигӯ: «Чаро, савганд ба Парвардигорам, ки донандаи илми ғайб аст, албатта, (қиёмат) шуморо хоҳад омад, ҳеҷ чиз аз назари Худо, ғоиб нест, агар чи ба қадри заррае бошад, дар осмонҳову замин, ҳатто он чи ки хурдтар аз зарра ё бузургтар аз он бошад, ҳама дар китоби мубин2 омадааст»,

4. то касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, подош диҳад. Барои онҳост омурзиш ва ризқи некӯ.

5. Ва онон, ки ба оёти Мо дарафтоданд, то Моро ба нотавонӣ оранд, барояшон азобест сахт дардовар.

6.Онон, ки аз дониш баҳрамандӣ ёфтаанд, медонанд, ки он чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шудааст, ҳақ аст ва ба роҳи Худои пирӯзманди сутуданӣ роҳ менамояд.

7.Кофирон гуфтанд: (ба якдигар масхаракунон)«Оё мехоҳед ба марде далолататон кунем, ки шуморо хабар медиҳад»: «Он гоҳ ки пора-пора шавед ва рез-рез (узвҳоятон аз якдигар ҷудо шуда хок шаванд), албатта, аз нав офарида, хоҳед шуд?

8.Оё бар Худо дурӯғ мебандад, ё девонааст»? На, онон, ки ба охират имон надоранд, дар азобанд ва сахт аз роҳ дуранд.

9.Оё ба пеши рӯй ё пушти сари худ аз осмонҳову замин наменигаранд? Агар бихоҳем, онҳоро дар замин фурӯ мебарем ё қитъае аз осмонро бар сарашон меафканем. Албатта, дар ин барои ҳар бандае, ки ба Худо бозмегардад, ибратест.

10. Ва дар ҳақиқат, Довудро аз сӯи худ фазилате додем, ки эй кӯҳҳо ва эй паррандагон, бо ӯ (дар тасбеҳ гуфтан ва тақдис) ҳамовоз шавед. Ва оҳанро барояш нарм кардем.

11. ки зиреҳҳои (ҷавшан, либосҳои ҷангӣ, даръ) баланд бисоз ва дар бофтани зиреҳ андозаҳоро нигаҳ дор. Ва корҳои шоиста кунед, ки албатта, Ман ба корҳоятон биноам!

12. Ва бодро роми Сулаймон кардем. Бомдодон якмоҳа роҳ мерафт ва шабонгоҳ якмоҳа роҳ. Ва чашмаи мисро барояш ҷорӣ сохтем ва гурӯҳе аз девҳо ба фармони Мо назди ӯ кор мекардан ва агар яке аз онҳо аз фармони Мо сар мепечид, ба ӯ азоби оташи сӯзонро мечашонидем.

13. Барои вай ҳар чӣ мехост, аз биноҳои баланд ва суратҳо ва косаҳое чун ҳавз ва дегҳои маҳками бар ҷой, месохтанд. Эй хонадони Довуд, барои сипосгузорӣ коре кунед ва андаке аз бандагони ман сипосгузоранд.

14. Чун маргро бар ӯ муқаррар кардем, девҳоро бар маргаш на- огоҳонид, магар кирми чубхорае, ки асояшро (наздики як сол ) мехоид. Пас, вақте ки ӯ (Сулаймон) биафтид, девҳо фаҳмиданд, ки агар илми ғайбро медонистанд, дар азоби хоркунанда намемонданд.

15.Мардуми Саборо дар истиқоматгоҳашон ибрате буд: ду боғ доштанд, яке аз ҷониби рост ва яке аз ҷониби чап. Аз он чӣ Парвардигоратон ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва шукри ӯ ба ҷой оваред. Шаҳре хушу покиза ва Парвардигоре омурзанда!

16. Рӯй гардонданд. Мо низ сели вайронгарро бар онҳо фиристодем ва ду боғашонро ба ду боғ бадал кардем, бо мевае талх ва шӯраг ва андаке сидр (номи дарахт).

17. Онҳоро, ки носипос буданд, инчунин ҷазо додем. Оё Мо ҷуз носипосонро ҷазо медиҳем?

18. Миёни онон аз қарияҳое (деҳаҳое), ки баракат дода будем, шаҳрҳое ободон ва бар сари роҳ падид овардем. Ва манзилҳои баробар муъайян кардем. «Дар он роҳҳо боамну осоиштагӣ шабҳову рӯзҳо сафар кунед!»

19. Бар хештан ситам карданд ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, манзилгоҳҳои моро аз ҳам дур гардон!» Мо низ афсонаи рӯзгорашон гардонидем ва сахт парокандаашон сохтем ва дар ин ибратҳост барои сабркунандагони сипосгузор!

20. Шайтон гумони худро дар бораи онҳо дуруст ёфт. Ва ҷуз гурӯҳе аз мӯъминон дигарон аз ӯ пайравӣ карданд.

21. Ва шайтонро бар онон ғолибияте набуд, магар он ки мехостем маълум дорем, ки чӣ касоне ба қиёмат имон доранд ва чӣ касоне аз он дар шак ҳастанд. Ва Парвардигори ту нигаҳбони ҳар чизест!

22. Бигӯ: «Бихонед касонеро, ки ҷуз Худои якто Худо мепиндоред!» Молики заррае, дар осмонҳову замин нестанд ва дар офариниши он ду ширкате надоштаанд ва Худоро дар офариниш ёрӣ накардаанд.

23.Шафоъат назди Худо суд накунад, магар дар бораи касе, ки ӯ худ иҷозат диҳад. Ва чун тарс аз дилҳояшон биравад, гӯянд: «Парвардигоратон чӣ гуфт?» Гӯянд: «Сухани ҳақ гуфт. Ва ӯ баландмартабаву бузург аст!»

24.Бигӯ: «Аз осмонҳову замин чӣ касе, ба шумо рӯзӣ медиҳад?» Бигӯ: «Худои якто». Дар ҳақиқат ё мо (паёмбар ва мӯъминон) ё шумо (мушрикон) дар роҳи ҳидоят ҳастем ё дар гумроҳии ошкор.

25.Бигӯ: «Агар мо гуноҳе кунем, шуморо бозхост намекунанд ва агар шумо гуноҳе, кардед, моро бозхост нахоҳанд кард».

26.Бигӯ: «Парвардигори мо мову шуморо гирд меоварад, сипас миёни мо ба ҳақ доварӣ мекунад. Зеро ӯст ҳукмкунандаву доно!»

27.Бигӯ: «Онҳоеро, ки шарики Худо пиндоштед, ба ман нишон бидиҳед! Ҳаргиз, ӯст Худои пирӯзманду ҳаким!»

28.Туро ба паёмбарӣ фиристодем, бар ҳамаи мардум: муждадиҳандаву бимдиҳанда. Вале бештари мардум намедонанд.

29.Ва мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда (қиёмат) чӣ вақт фаро мерасад?»

30.Бигӯ: «Он рӯз, ки меъоди (ваъдагоҳи) шумост, на соате таъхир кунед ва на соате пеш афтед».

31.Ва кофирон гуфтанд: «Мо, ҳаргиз, на ба ин Қуръон имон меоварем ва на ба китобҳои пеш аз он!» Агар бубинӣ он рӯз, ки ситамкоронро ба пешгоҳи Парвардигорашон нигоҳ доранд, ҳар кас гуноҳи худ ба гардани дигаре андозад. Забуншудагон (хоршудагон) ба қудратмандон гӯянд: «Агар шумо набудед, мо имон оварда будем».

32. Қудратмандон ба забуншудагон гӯянд: «Оё аз он пас, ки шуморо ба роҳи ҳидоят фаро хонданд, мо шуморо боздоштем? На, шумо худ гунаҳкор будед!»

33. Забуншудагон ба қудратмандон гӯянд: «На, шумо шабу рӯз ҳила мекардед, он гоҳ ки моро фармон медодед, ки ба Худои барҳақ кофир шавем ва барои ӯ шариконе қарор диҳем!» Ва чун азобро бубинанд, дар дил пушаймонӣ кунанд. Ва Мо ғулҳоро (тавқҳои азобро) бар гардани кофирон бигузорем. Оё на чунин аст, ки дар баробари аъмолашон ҷазо дода мешаванд?

34. Мо ҳеҷ бимдиҳандае ба деҳае нафиристодем, ҷуз он ки тавонгарони бо айшу ишраташ гуфтанд: «Мо ба он чӣ шуморо ба он фиристодаанд, имон намеоварем».

35. Ва гуфтанд: «Амволу авлоди мо аз ҳама бештар аст ва касе моро азоб накунад».

36. Бигӯ: «Парвардигори ман аст, ки рӯзии ҳар касро, ки бихоҳад, фаровон мекунад ва бар ҳар кӣ бихоҳад, танг мегирад. Вале бештари мардум намедонанд».

37. Амволу авлодатон чизе нест, ки шуморо ба Мо наздик созад. Магар онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ки подоши инҳо ба сабаби аъмолашон ду баробар аст ва эмин дар ғурфаҳои биҳишт ҳастанд.

38. онон, ки ба оёти Мо метозанд ва мепиндоранд, ки аз Мо мегурезанд, дар азоб ҳозир карда мешаванд.

39. Бигӯ: «Парвардигори ман аст, ки рӯзии ҳар кӣ аз бандагонашро, ки бихоҳад, фаровон мекунад ё ӯро ба тангӣ меафканад». Ва агар чизе садақа кунед, ивазашро хоҳад дод ва ӯ беҳтарини рӯзидиҳандагон аст!

40.Рӯзе, ки ҳамаро гирд оварад (Худованд), он гоҳ малоикаро гӯяд: «Оё инҳо буданд, ки шуморо мепарастиданд?

41.Мегӯянд: «Ту покӣ. Ту валии мо ҳастӣ, на онҳо. Инҳо ҷинҳоро мепарастиданд ва бештаринашон ба онҳо имон доштанд».

42.Он рӯз ба якдигар ҳеҷ суду зиёне натавонед расонд. Ва ба ситамкорон гӯем: «Бичашед азоби оташро, ки дурӯғаш мепиндоштед!»

43.Чун оёти равшани Мо бар онон хонда шуд, гуфтанд: «ин мардест, ки мехоҳад шуморо аз он чӣ падаронатон мепарастиданд, боздорад». Ва гуфтанд: «Ин ҷуз дурӯғе ба ҳам бофта чизи дигаре нест!» Ва касоне, ки ба Худо кофир шуда буданд, чун сухани ҳақ бар онҳо нозил шуд, гуфтанд: «Ин чизе ҷуз ҷодуе ошкор нест!»

44.Пеш аз ин китобҳое, ки онро бихонанд, ба онҳо (мушрикони араб) надодаем ва пеш аз ту бимдиҳандае бар онҳо нафиристодаем.

45.Ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд, паёмбаронро дурӯғгӯ хонданд ва инҳо худ ба даҳяки он чӣ ба онҳо дода будем, нарасидаанд ва бо ин ҳол паёмбарони Маро дурӯғгӯ шумориданд. Пас, уқубати Ман чӣ сахт буд!

46. Бигӯ: «Ба таҳқиқ, шуморо дар як чиз панд медиҳам: ду-ду ва як-як барои (ибодати) Худо бархезед. Сипас бияндешед, то бидонед, ки дар ёри шумо3девонагие нест.ӯст, ки шуморо пеш аз омадани азобе шадид, метарсонад!»

47.Бигӯ: «Ҳар музде, ки аз шумо талабидаам, аз они худатон бод. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Худост. ӯст, ки бар ҳар коре нозир аст!»

48.Бигӯ: «ҳаройна, Парвардигори ман илҳомбахши сухани ҳақ аст. Донои ғайбҳост!»

49.Бигӯ: «Ҳақ (Қуръон) омад ва ботил бознаёяд (дар партави нури ҳақ асаре аз он намонад ва нобуд шавад) ва ёрои бозгаштанаш нест!»

50.Бигӯ (ба мушрикони бутпараст): «Агар ман (бо тарки бутҳо ва дурӣ аз ойини шумо) гумроҳ шавам, албатта, зиёнаш бар ман аст (ва ҷазои онро мебинам) ва агар бо роҳи ҳидоят равам, ба он аст, ки Парвардигори ман ба ман ваҳй мекунад. ҳаройна, ӯ шунавову наздик аст (ва гуфтору кирдори мо бар ӯ пинҳон намемонад)!»

51.Агар бубинӣ (ҳоли ситамкоронро), он гоҳ, ки сахт битарсанд ва раҳоияшон набошад (аз азоби алим) ва аз маконе наздик гирифторашон созад.

52.(Ба ҳангоми гирифтор шудан дар чанголи муҷозоти илоҳӣ) гӯянд: «Инак, имон овардем (ба Худо, паёмбар ва қуръон). Аммо аз он ҷои дур (аз дунёи фонӣ, ки ҷойи пазириши имон ва киштзори охират буд) чӣ сон ба он (имон) даст ёбанд?.

53.Пеш аз ин (дар замони ҳаёт, ки аз ақлу ихтиёр ва ирода бар- хӯрдор буданд) кофир шуда буданд (ба Худо, паёмбар ва қуръон) ва ба гумони хеш (ба он) тӯҳмат мезаданд.

54.Миёни онҳо ва он орзу, ки доранд (ки пазириши имони онҳо ва наҷот аз азоб аст), ҷудоӣ афтод. Ҳамчунон ки бо дигарон, ки чунин меандешиданд ва сахт дар шубҳа буданд, низ чунин шуд. ҳаройна, онҳо сахт дар шубҳа буданд (ва зиндагиро пайваста бо гумони ботил ба сар бурданд).

Сураи ФОТИР1

(офаринанда)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Ситоиш аз они Худованд аст, офаринандаи осмонҳову замин, он ки фариштагонро расулон гардонид. Фариштагоне, ки болҳое доранд, ду-ду ва се-се ва чаҳор-чаҳор. Дар офариниш ҳар чӣ бихоҳад (фариштагон, одамон ва дигар махлуқоти ҷаҳон) меафзояд, ҳаройна, Худо ба ҳар коре тавоност!

2. Раҳмате, ки Худо бар мардум бикушояд, касе натавонад, ки бозаш дорад. Ва чун чизеро дареғ дорад, кас натавонад, ки ҷуз ӯ, равонаш дорад. Ва ӯст пирӯзманду ҳаким (аз ин рӯ на дар коре оҷиз мемонад ва на кореро бидуни ҳикмат анҷом медиҳад)!

3. Эй мардум, неъматеро, ки Худо бар шумо арзонӣ додааст (бо ба ҷой овардани шукр ва адои ҳаққи он), ёд кунед (ва сифла ва носипос набошед ва аз канори ин ҳама неъматҳо ва имконоту баракоти ҳаёт бепарво нагузаред, балки аз худ бипурсед). Оё ҷуз Худо офаринандаи дигаре ҳаст, ки шуморо аз осмону замин рӯзӣ диҳад? (не, асло не). Худое барҳақ, ҷуз ӯ нест, пас чӣ гуна аз ҳақ бероҳаатон мекунад?

4. Агар туро дурӯғгӯ шумориданд, паёмбаронеро ҳам, ки пеш аз ту будаанд, дурӯғгӯ бароварданд ва ҳамаи корҳо ба Худо бозгардонда шавад.

5. Эй мардум, ваъдаи Худо ҳақ аст. Зиндагии дунё шуморо нафиребад ва он шайтони фиребанда ба Худо мағруратон нагардонад.

6. Шайтон, ба таҳқиқ, душмани шумост. ӯро душман гиред. Албатта, ӯ фармонбарони хешро даъват мекунад, то ҳама аз дӯзахиён бошанд.

7.Ва кофиронро азобест сахт ва барои касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, омурзиш ва савоби бузургест.

8. Оё он ки кирдори бадаш дар назараш ороста шуда, чунон ки некӯяш пиндошт, монанди касест, ки чунин нест? Пас, Худо, ба таҳқиқ, ҳар киро хоҳад гумроҳ мекунад ва ҳар киро хоҳад, ҳидоят мекунад. Набояд, ки ҷони ту ба хотири онҳо дучори андӯҳ шавад. Албатта, Худо ба корҳое, ки мекунанд, огоҳ аст.

9. Худост, ки бодҳоро фиристод, то абрҳоро барангезанд. Ва Мо онҳоро ба сарзаминҳои мурда меронем ва замини мурдаро бо он зинда мекунем. Зинда гаштан дар рӯзи қиёмат низ чунин аст.

10. Ҳар кӣ хоҳони иззат аст, бидонад, ки иззат ҳамагӣ аз они Худост. Сухани хушу пок ба сӯи ӯ боло меравад ва кирдори нек аст, ки онро боло мебарад. Ва барои онон, ки аз рӯи макр ба фасодкорӣ мепардозанд, азобест сахт ва макрашон низ аз миён биравад.

11. Худо шуморо аз хок ва сипас аз нутфа биёфарид. Он гоҳ ҷуфтҳои якдигаратон қарор дод. Ҳеҷ зане ҳомила намешавад ва намезояд, магар ба илми ӯ. Ва умри ҳеҷ солхӯрдае ба дарозо накашад ва аз умри касе кам нагардад, ҷуз он ки ҳама дар китобе навишта шудааст. Ва бе шак, ин корҳо бар Худо осон аст!

12. Ин ду баҳр яксон нестанд яке обаш ширину гуворост ва яке шӯру талх. Аз ҳарду гӯшти тоза мехӯред (моҳӣ) ва аз онҳо чизҳое барои ороиши тани хеш берун мекашед (дурру марҷон) ва мебинӣ киштиҳоро (дар чаҳорчубаи қонуни вазни махсуси ашё), ки обро мешикофанд, то шумо аз фазли Худо рӯзӣ талабед ва бошад, ки сипосгузор бошед!

13. Аз шаб кам мекунаду ба рӯз меафзояд ва аз рӯз кам мекунаду ба шаб меафзояд ва офтобу моҳро ром мекунад (барои суди инсонҳо ба чархиш андохтааст). Ҳар як то замоне муъайян дар ҳаракатанд. Ин аст Худо, Парвардигори шумо. Фармонравоӣ аз они ӯст. Чизҳоеро, ки ғайри ӯ ба худоӣ мехонед, молики пӯсти миёни донаи хурмое ҳам нестанд.

14. Ва агар онҳоро бихонед, садоятонро намешунаванд ва агар бишнаванд, посухатон намегӯянд ва дар рӯзи қиёмат ширк оварданатонро инкор мекунанд ва кас монанди Худои огоҳ хабардорат насозад!

15. Эй мардум, ҳамаи шумо ба Худо мӯҳтоҷед. ӯст бениёзу сутуданӣ.

16. Агар бихоҳад, шуморо аз миён мебарад ва мардуми дигареро меоварад (ҷойгузини шумо месозад).

 








Не нашли, что искали? Воспользуйтесь поиском по сайту:



©2015 - 2024 stydopedia.ru Все материалы защищены законодательством РФ.