Сделай Сам Свою Работу на 5

Худо ваъда додааст ва ваъдаи худ хилоф накунад, вале бештари мардум намедонанд.





7.Онон ба зоҳири зиндагии дунё огоҳанд ва аз охират бехабаранд.

8.Оё бо худ намеандешанд, ки Худо осмонҳову заминро ва ҳар чӣ дар миёни онҳост, барҳақ ва то муддате маҳдуд, офаридааст? Ва ҳаройна, бисёре аз мардум ба дидори Парвардигорашон имон надоранд.

9.Оё дар замин намегарданд, то бингаранд, ки чӣ гуна будааст оқибати касоне, ки пеш аз онҳо зистаанд? Касоне, ки тавонашон бештар будааст ва заминро ба шудгор задан зеру рӯ карда ва бештар аз онҳо ободаш сохта буданд ва паёмбароне бо мӯъҷизаҳо ба назди онҳо омаданд. Худо ба онҳо ситам накарда буд, онон худ ба хештан ситам мекарданд.

10. Сипас оқибати он касон, ки корҳои бад карданд, ногувортар буд. Зеро инҳо оёти Худоро дурӯғ бароварданд ва онҳоро ба масхара гирифтанд.

11. Худо мавҷудотро меофаринад, он гоҳ дигар борашон бозмегардонад, он гоҳ ҳама ба сӯи ӯ бозгардонда мешавед.

12. Рӯзе, ки қиёмат барпо шавад, гунаҳкорон ҳайратзада бимонанд.

13. Онҳоро аз миёни бутонашон шафеъоне нест. Ва дигар ба бутони худ бовар надоранд.

14. Ва чун қиёмат барпо шавад, дар он рӯз аз якдигар бибуранд.



15. Аммо онҳо, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар ҷаннат ба шодмонӣ бипардозанд.

16. Ва аммо онҳое, ки кофир шудаанд ва оёти Моро дурӯғ баровардаанд ва дидори охиратро дурӯғ пиндоштаанд, ҳамаро дар азоб ҳозир оранд.

17. Худоро биситоед, ба он ҳангом ки ба шаб дармеоед ва ба он ҳангом ки ба субҳ дармеоед.

18. Сипос ӯрост дар осмонҳову замин, ҳангоми шаб ва ба ҳангоме ки ба нимрӯз мерасед.

19. Зиндаро аз мурда берун орад ва мурдаро аз зинда. Ва заминро пас аз мурданаш зинда месозад ва шумо низ инчунин аз гӯрҳо берун карда мешавед.

20. Аз нишонаҳои қудрати ӯст, ки шуморо аз хок биёфарид, то он гоҳ инсон шудед ва ба ҳар сӯ пароканда гаштед.

21. Ва ин нишонаҳои қудрати ӯст, ки бароятон аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то ба онҳо оромиш ёбед ва миёни шумо дӯстиву меҳрубонӣ ниҳод. Албатта, дар ин иборатҳоест барои мардуме, ки меандешанд.

22. Ва аз нишонаҳои қудрати ӯст офариниши осмонҳову замин ва гуногунии забонҳову рангҳоятон. Дар ин ибратҳоест барои доноён.



23. Ва аз нишонаҳои қударати ӯ хобидани шумост дар шаб ва рӯз ба талаби рӯзӣ бархостани шумост. Албатта, дар ин ибратҳоест барои мардуме, ки мешунаванд.

24. Ва аз нишонаҳои қудрати ӯст, ки барқро ба қасди биму умед ба шумо менамоёнад. Ва аз осмон борон мефиристад, то замини мурдаро бо он зинда созад. Албатта, дар ин ибратест барои касоне, ки ба ақл дамеёбанд.

25. Ва аз нишонаҳои қудрати ӯст, ки осмону замин ба фармони ӯ барпой истодаанд. Сипас шуморо аз замин бо нидое фаро мехонад (бо нафхи сур) ва шумо, фавран, аз замин (баъди ба охир расидани дунё) берун меоед.

26. Аз они ӯст ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст ва ҳама фармонбардори ӯ ҳастанд.

27. ӯст, ки мавҷудотро меофаринад, сипас онҳоро бозмегардонад. Ва ин кор бар ӯ осонтар аст. ӯрост сифати бартарӣ дар осмонҳову замин ва ӯст пирӯзманду ҳаким!

28. Барои шумо аз худатон масале меоварад: магар бандагонатон дар он чӣ ба шумо рӯзӣ додаем, бо шумо шарик ҳастанд, то дар мол бо шумо баробар бошанд ва ҳамчунон ки шумо озодон аз якдигар метарсед, аз онҳо ҳам бимнок бошед? Оётро барои мардуме, ки оқилона меандешанд, ин тавр тафсил медиҳем.5

29. Оре, ситамкорон бе ҳеҷ донише аз ҳавои нафси худ пайравӣ кардаанд. Онҳоро, ки Худо гумроҳ кардааст, чӣ касе ҳидоят мекунад? Онҳоро ҳеҷ ёваре нест.

30. Ба яктопарастӣ рӯй ба дин овар. Фитратест, ки Худо ҳамаро ба он фитрат биёфаридааст ва дар офариниши Худо тағйире нест. Дини поку пойдор ин аст, вале бештари мардум намедонанд!



31. Ба ӯ бозмегардед ва аз ӯ битарсед ва намоз бигузоред ва аз мушрикон мабошед.

32. Аз онон мабошед, ки дини худро пора –пора карданд ва фирқа- фирқа шуданд ва ҳар фирқае бар ҳар чӣ дошт, дилхуш буд.

5. Хулосаи масал ин аст, ки мамлук (банда) бо молик (хоҷа) баробар нест. Пас, бандаи Худоро шарики ӯ натавон гуфт.

33. Чун бар одамиён зиёне расад, Парвардигорашонро бихонанд ва ба даргоҳи ӯ тавба кунанд ва чун раҳмати хеш ба онҳо бичашонад, гурӯҳеро бинӣ, ки ба Парвардигорашон ширк меоваранд.

34. Пас, неъматеро, ки ба онҳо додаем, куфрон кунанд. Акнун баҳраманд шавед, ба зудӣ, ки хоҳед донист!

Оё барояшон далеле нозил кардем, то аз чизе, ки бо Худо шарик месозанд, сухан гуфта бошад?

36. Чун ба мардум раҳмате бичашонем, шодмон мешаванд ва чун ба сабаби корҳое, ки кардаанд ранҷе бар онҳо расад, фавран, навмед мегарданд!

37. Оё намебинед, ки Худо рӯзии ҳар касро, ки бихоҳад, фаровон мекунад ва ё ӯро тангрӯзӣ месозад? Албатта, дар ин ибратҳоест барои мардуме, ки имон меоваранд!

38. Ҳаққи хешовандон, мискин ва дар роҳ мондаро адо кун. Ин беҳтар аст барои касоне, ки ваҷҳи Худоро меҷӯянд ва онҳо наҷотёфтагонанд.

39. Моле, ки ба рибо медиҳед, то дар амволи мардум афзун шавад, назди Худо ҳеҷ афзун намешавад ва моле, ки барои ваҷҳи Худо аз бобати закот медиҳед, касоне, ки чунин кунанд, подоши дучанд доранд.

40. Худост, ки шуморо биёфарид, сипас рӯзӣ дод, сипас мемиронад, сипас зинда мекунад. Оё касоне, ки шарики Худо месозед, ҳеҷ аз ин корҳо тавонанд? Пок аст ӯ ва аз ҳар чӣ барояш шарик меоваранд, бартар аст.

41. Ба сабаби аъмоли мардум фасод дар хушкиву дарё ошкор шуд, то ба онон ҷазои баъзе аз корҳояшонро бичашонад, бошад, ки бозгарданд.

42. Бигӯ: «Дар замин бигардед ва бингаред, ки оқибати пешиниён, ки бештаринашон аз мушрикон буданд, чӣ гуна будааст».

43. Ба дини поки пойдор рӯй биёвар, пеш аз он ки рӯзе фаро расад, ки аз амри Худо бозгаштанаш набошад. Дар он рӯз мардум ду гурӯҳ шаванд:

44. касоне, ки кофир бошанд, куфрашон ба зиёнашон бошад ва онҳо, ки коре шоиста карда бошанд, барои худ подоше (мукофоти) некӯ омода кардаанд,

45. то касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, аз фазли худ подош диҳад. Ба таҳқиқ, Худо кофиронро дӯст надорад!

46. Ва аз нишонаҳои қудрати ӯ он бодҳои муждадиҳандаро мефиристад, то раҳмати Худро ба шумо бичашонад ва то киштиҳо ба фармони ӯ равон бошанд ва аз фазли ӯ рӯзӣ биҷӯед. Бошад, ки шукр гӯед!

47. Ва пеш аз ту паёмбаронеро бар қавмашон фиристодем. Онон бо далелҳои равшани худ наздашон омаданд. Ва Мо аз касоне, ки гуноҳ карданд, интиқом гирифтем ва ёрӣ додани мӯъминон бар ӯҳдаи Мо буд.

48. Худост, ки бодҳоро мефиристад, то абрҳоро барангезад ва чунонки хоҳад бар осмон бигустурад ва онро пора – пора кунад ва бинӣ, ки борон аз даруни абрҳо берун меояд. Ва чун боронро ба ҳар кӣ хоҳад аз бандагонаш бирасонад, фавран, шодмон шаванд,

49. агарчи пеш аз он ки борон бар онҳо биборад, навмед будаанд.

50. Пас, ба осори раҳмати Худо бингар, ки чӣ гуна заминро пас аз мурданаш зинда мекунад. Дар ҳақиқат, Худо, бе шак, зиндакунандаи мурдагон аст ва ба ҳар коре тавоност.

51. Ва агар боде (сӯзон) бифиристем, ки киштаҳоро зард бубинанд, аз он пас ҳама кофир шаванд.

52.Ба таҳқиқ, ту наметавонӣ мурдагонро шунаво созӣ ва агар инҳо низ аз ту бозгарданд, овози худро ба гӯши он карон нарасонӣ.

53. Ту ҳидояткунандаи нобиноён аз гумроҳияшон нестӣ. Ту садоятро танҳо ба гӯши касоне мерасонӣ, ки ба оёти Мо имон овардаанд ва таслим шудаанд.

54. Худост, ки шуморо нотавон биёфарид ва пас аз нотавонӣ нерӯманд сохт, он гоҳ пас аз нерӯмандӣ нотавониву пирӣ овард. Ҳар чӣ бихоҳад, меофаринад ва ӯ донову тавоност!

55. Рӯзе, ки қиёмат барпо шавад, кофирон савганд хӯранд, ки ҷуз соъате дар гӯр наорамидаанд. Оре, инчунин аз ҳақ каҷрав мешуданд.

56. Онон, ки донишу имон дода шудаанд, гӯянд: «Шумо бар мувофиқи китоби Худо то рӯзи қиёмат дар гӯр орамидаед ва ин рӯзи қиёмат аст ва шумо намедонистаед».

57. Дар ин рӯз узрхоҳии ситамкорон ба ҳолашон суд надиҳад ва аз онҳо нахоҳанд, ки тавба кунанд.

58. Мо дар ин Қуръон барои мардум ҳар гуна масал овардаем. Ва чун ояте барояшон биёварӣ, кофирон, ҳатман, хоҳанд гуфт: «Шумо беҳудагӯёне беш нестед!»

59. Инчунин Худо ба дилҳои касоне, ки аз доноӣ бебаҳраанд, мӯҳр мениҳад!

60. Пас, сабр кун, ки албатта, ваъдаи Худо ҳақ аст. Мабод онон, ки бар марҳалаи яқин нарасидаанд, туро бесуботу безобита гардонанд!

Сураи ЛУҚМОН1

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон!

Алиф, лом, мим.

2.Инҳо оятҳои китоби ҳикматомез аст.

3. Некӯкоронро ҳидояту раҳматест:

4.онон, ки намоз мегузоранду закот медиҳанд ва ба охират яқин доранд.

5. Инҳо аз ҷониби Парвардигорашон ҳидоят ёфтаанд ва инҳо наҷотёфтагонанд.

6. Баъзе аз мардум харидори суханони беҳудаанд,2 то ба нодонӣ мардумро аз роҳи Худо гумроҳ кунанд ва онро (оятҳои Қуръонро) ба масхара мегиранд. Насиби инҳо азобест хоркунанда.

7. Ва чун оёти Мо бар онҳо хонда шавад, бо худписандӣ рӯй баргардонанд, чунонки гӯӣ нашунидаанд. Ё монанди касе, ки гӯшҳояшон вазнин шуда бошад. ӯро ба азобе дардовар мужда деҳ!

8. Насиби онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ҳатман, боғҳои пурнеъмати биҳишт аст.

9. Дар он ҷо ҷовидонаанд, ваъдаи Худо рост аст. ӯ пирӯзманду ҳаким аст!

10. Осмонҳоро бе ҳеҷ сутуне, ки бубинед, биёфарид ва бар рӯи замин кӯҳҳоро бияфканд, то наларзонадатон ва аз ҳар гуна ҷунбандае дар он пароканда кард. Ва аз осмон об фурӯд овардем ва дар замин ҳар гуна гиёҳи некӯе рӯёнидем.

11. Ин офариниши Худост. Пас, ба Ман нишон диҳед онҳо, ки ғайри ӯ ҳастанд, чӣ офаридаанд. Балки золимон дар гумроҳии ошкоре ҳастанд.

12. Албатта, ба Луқмон ҳикмат додему гуфтем: «Худоро сипос гӯй, зеро ҳар кӣ сипос гӯяд, албатта, ба суди худ сипос гуфта ва ҳар кӣ носипосӣ кунад, ҳаройна, Худо бениёзу сутуданист!»

13. Ва (ёдовар шав) он гоҳ, ки Луқмон ба писараш гуфт ва ӯро панд медод, ки эй писараки ман, ба Худо ширк маёвар, ҳар- ойна, ширк ситамест бузург.

14. Одамиро дар бораи падару модараш супориш кардем. Модараш ба ӯ ҳомила шуд ва ҳар рӯз нотавонтар мешуд ва пас аз ду сол аз шираш бозгирифт. Ва супориш кардем, ки Марову падару модаратро шукр гӯй, ки саранҷоми ту назди ман аст.

15. Агар он ду ба кӯшиш аз ту бихоҳанд, то чизеро, ки намедонӣ чист, бо Ман ширк гардонӣ, итоъаташон макун. Дар дунё бо онҳо ба тариқе писандида зиндагӣ кун ва худ роҳи касеро, ки ба даргоҳи Ман бозмегарданд, дар пеш гир. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст ва аз корҳое, ки мекардед, огоҳатон мекунам.

16. Эй писараки ман! «Агар амал ба қадри як донаи хардал дар даруни харсанге ё дар осмонҳо ё дар замин бошад, Худо, ҳатман, ба ҳисобаш меоварад, ки ҳаройна, ӯ заррабину огоҳ аст!

17. Эй писараки ман! Намоз бигузор ва амр ба маъруфу наҳй аз мункар кун ва бар ҳар чӣ бар ту расад, сабр кун, ки ин албатта, аз корҳоест, ки бояд дар он азмро ҷазм кунӣ (субот варзӣ).

18. Ба такаббур аз мардум рӯй магардон ва худписандона бар замин роҳ марав, ҳаройна, Худо ҳеҷ мутакаббири фахрфурӯшеро дӯст надорад.

19. Дар рафторат роҳи миёнаро баргузин ва овозатро фуруд ор, (паст кун) зеро нохуштарини овозҳо овози харон аст.

20. Оё надидаед, ки Худо ҳар чиро, ки дар осмонҳову замин аст, ҳаройна, роми шумо кардааст ва неъматҳои худро чи ошкору чи пинҳон ба тамомӣ бар шумо арзонӣ дошта? Ва баъзе аз мардум бе ҳеҷ донише ё роҳнамоеву китоби равшане дар бораи Худо ҷидол мекунанд.

21. Ва чун онҳо бигӯянд: « Ба он чӣ Худо нозил кардааст, пайравӣ кунед», гӯянд: « На, мо аз ойине, ки падарони худро бар он ёфтем, пайравӣ мекунем». Агарчи шайтон ба азоби оташашон фаро хонда бошад.

22. Ҳар кӣ рӯи хеш ба Худо кунад ва некӯкор бошад, албатта, ба дастгираи устуворе чанг задааст ва поёни ҳамаи корҳо ба сӯи Худост!

23. Он кас, ки кофир шудааст, куфраш туро ғамгин насозад. Бозгашташон назди Мост. Пас, ба корҳое, ки кардаанд, огоҳашон мекунем. ҳаройна, Худо ба он чӣ дар дилҳо мегузарад, доно аст!

24.Андаке комёбашон месозем,сипас ба бечорагӣ ба азоби сахташон мекашонем.

25. Агар аз онҳо бипурсӣ: «Чи касе осмонҳову заминро офаридааст?» ҳатман, хоҳанд гуфт: «Худо». Бигӯ: «Сипос Худоро!» Балки бештарашон намедонанд!

26. Аз они Худост он чӣ дар осмонҳову замин аст ва ҳаройна, Худо бениёзу сутуданист!

27. Ва агар ҳамаи дарахтони рӯи замин қалам шаванд ва дарё ранг ва ҳафт дарёи дигар ба мададаш биёяд, суханони Худо поён намеёбад. Ва албатта, Худо пирӯзманду ҳаким аст!

28. Офариниши ҳамаи шумо ва боз зинда карданатон танҳо монанди зинда кардани як тан аст. Албатта, Худо шунавову биност!

29. Оё надидаӣ, ки Худо аз шаб кам мекунаду ба рӯз меафзояд ва аз рӯз мекоҳаду ба шаб меафзояд ва офтобу моҳро ром сохт, ки ҳар як то замоне муъайян дар ҳаракат аст? Ва албатта, Худо ба корҳое, ки мекунед,огоҳ аст!

30.Ин ба он сабаб аст, ки Худои якто ҳақ аст ва ҳар чӣ ба ҷуз ӯ мехонанд, ҳаройна, ботил аст ва албатта, Худост баландмартабаву бузургвор.

31. Оё надидаӣ, ки киштӣ ба неъмати Худо дар дарё равон мешавад, то Худо баъзе аз оёти қудрати худро ба шумо бинамоёнад? ҳаройна, дар ин барои мардуми сабркунандаи сипосгузор ибратҳост!

32. Ва чун мавҷҳои азим монанди абрҳо онҳоро пӯшонад, Худоро аз рӯи ихлос дар дин бихонанд. Ва чун наҷоташон диҳад ва ба хушкӣ барад, баъзе ба аҳди хеш вафо кунанд. Ва ҷуз ғаддорони (нобакорон) кофири неъмат, оёти Моро инкор накунанд.

33. Эй мардум, аз Парвардигоратон битарсед ва аз рӯзе, ки ҳеҷ падаре ҷазои фарзандро ба ӯҳда нагирад ва ҳеҷ фарзанде ҷазои падарро ӯҳдадор нашавад, битарсед. Ваъдаи Худо, албатта, ҳақ аст. Зиндагии дунё фиребатон надиҳад ва низ шайтони фиребкор (васваса мекунад, ки Худо ҳар навъ гуноҳро мебахшад) ба карами Худо фиребатон насозад.

34. Албатта, Худост, ки медонад, ки қиёмат чӣ вақт меояд. ӯст, ки борон меборонад ва аз он чӣ дар шикамҳои занҳои ҳомила аст, огоҳ аст. Ва ҳеҷ кас намедонад, ки фардо чӣ чиз ба даст хоҳад овард ва касе намедонад, ки дар кадом замин хоҳад мурд. ҳаройна, Худо донову огоҳ аст!

Сураи САҶДА1

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

Алиф, Лом, Мим.

2.Нозил шудани ин китоб, ки дар он ҳеҷ шакке нест, аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст.

3. Оё мегӯянд: «Дӯруғест, ки худ ба ҳам бофта?» На, суханест барҳақ аз ҷониби Парвардигорат, то мардумеро, ки пеш аз ту бимдиҳандае надоштаанд, тарсонӣ. Шояд ба роҳи ҳидоят афтанд.

4. Худост, ки осмонҳову заминро ва он чӣ миёни онҳост, дар шаш рӯз биёфарид ва он гоҳ бар Арш муставӣ шуд2. Шуморо ҷуз ӯ корсозу шафеъе нест. Оё панд намегиред?

5. Корро аз осмон то замин сомон медиҳад. Сипас дар рӯзе, ки миқдори он ҳазор сол аст, чунон ки мешуморед, ба сӯи ӯ боло меравад.

6. ӯст, ки донои ниҳону ошкор аст. Пирӯзманду меҳрубон аст.

7.Он кӣ ҳар чиро офарид ба некӯтарин ваҷҳ офарид ва хилқати инсонро аз гил оғоз кард.

8. Сипас насли ӯро аз усораи (шираи) обе беқадр (нутфа) падид овард.

9. Он гоҳ аъзои ӯ рост кард ва аз рӯҳи худ дар он бидамид. Ва бароятон гӯшу чашмҳо ва дилҳо офарид. Чӣ андак шукр мегӯед!

10. Ва гуфтанд: «Оё вақте ки дар замин нопадид шавем, офариниши тозае хоҳем ёфт?» Оре, онҳо ба дидор бо Парвардигорашон имон надоранд!

11. Бигӯ: «Фариштаи марг, ки муваккал (гумошта) бар шумост, шуморо мемиронад. Сипас ба сӯи Парвардигоратон бозгардонида мешавед».

12. Ва туро аҷаб аст, он гоҳ ки гунаҳкоронро дар назди Парвардигорашон сарафканда бинӣ, ки (гӯянд): «Эй Парвардигори мо, дидем ва шунидем. Акнун моро бозгардон, то коре шоиста кунем, ки инак, ба яқин расидаем».

13. Агар мехостем, ҳидояти ҳар касро, албатта ба ӯ арзонӣ медоштем, вале ваъдаи Ман, ки ҳаройна, ҷаҳаннамро аз ҳамаи ҷинниёну одамиён пур мекунам, ҳақ аст.

14. Ба ҷазои он, ки дидори чунин рӯзеро фаромӯш карда будед, акнун (азобро) бичашед. ҳаройна, Мо низ шуморо аз ёд бурдаем. Ба сазои корҳое, ки мекардед, азоби ҷовидро бичашед!

15. Танҳо касоне ба оёти Мо имон овардаанд, ки чун оёти Моро бишнаванд, ба саҷда бияфтанд ва Парвардигорашонро ба покӣ биситоянд ва онҳо такаббур намекунанд.

16.Аз бистари хоб паҳлҳояшон дур мемонад3, Парвардигорашонро бо биму умед илтиҷо мекунанд ва аз он чӣ ба онҳо додаем, садақа мекунанд.

17. Ва ҳеҷ кас аз он мукофоте аз хушиву хурсандӣ хабар надорад, ки ба подоши корҳое, ки мекарда, барояш пинҳон карда шудааст!

18. Оё он кас, ки имон оварда, монанди касест, ки фисқ меварзад? Баробар нестанд!

19. Аммо онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба ҷазои неки аъмоле, ки мекарданд, барояшон манзилгоҳе дар боғҳои биҳишт мебошад.

20. Ва аммо фосиқон, манзилгоҳашон оташ аст. Ҳар гоҳ ки бихоҳанд аз он берун оянд, бори дигар онҳоро ба даруни оташ бозгардонанд ва бигӯяндашон: «Бичашед азоби оташеро, ки дурӯғаш мепиндоштед!»

 








Не нашли, что искали? Воспользуйтесь поиском по сайту:



©2015 - 2024 stydopedia.ru Все материалы защищены законодательством РФ.