Сделай Сам Свою Работу на 5

Шуморо аз замин офаридем ва ба он бозмегардонем ва бори дигар аз он берун меоварем.





56.Албатта ҳамаи оёти Худоро ба ӯ (Фиръавн) нишон додем, вале дурӯғ баровард ва саркашӣ кард.

57.Гуфт: «Эй Мӯсо, оё назди мо омадаӣ, то бо сеҳрат моро аз сарзаминамон ҷудо кунӣ?

58.Мо низ дар баробари ту ҷодуе чун ҷодуи ту меоварем. Байни мову худ ваъдагоҳе дар замини ҳамвор бигузор, ки на мо ваъдаро хилоф кунем ва на ту».

59.Гуфт: « Ваъдагоҳи шумо рӯзи зинат (рӯзи иди бузурге, ки бахшида ба наҳри Нил аст ва мардум худро дар он меоростаанд) аст ва ҳамаи мардум ба он ҳангом, ки офтоб баланд гардад, гирд оянд.

60.Фиръавн баргашт ва ёрони ҳилагари хешро гирд овард ва боз омад.

61.Мӯсо гуфташон (ҷодугаронро): «Вой бар шумо, бар Худо дурӯғ мабандед, ки ҳамаи шуморо ба азобе ҳалок кунад ва ҳар ки дурӯғ бандад, навмед шавад».

62.Пас ба якдигар дар кори худ ба машварат пардохтанд. Ва пинҳон розҳо гуфтанд.

63.Гуфтанд: «Ин ду ҷодугароне ҳастанд, ки мехоҳанд ба ҷодуи хеш шуморо аз сарзаминатон биронанд ва дини бартари шуморо маҳв кунанд.

64.Шумо тадбирҳои худ гирд оваред ва дар як саф биёед. Касе, ки имрӯз пирӯз шавад, растагорӣ ёбад».



65.Гуфтанд: «Эй Мӯсо, оё ту меафканӣ ё мо нахуст бияфканем?»

66.Гуфт: «Шумо бияфканед». Ногаҳон аз ҷодуе, ки карданд, чунон дар назараш омад, ки он бандҳо ва асоҳо ба ҳар сӯ медаванд.

67.Мӯсо хештанро тарсон ёфт.

68.Гуфтем: «Матарс, ки ту бартар ҳастӣ.

69.Он чӣ дар дасти рост дорӣ, бияфкан, то ҳар чиро, ки сохтаанд, фурӯ барад. Онон ҳилаи ҷодувон сохтаанд ва ҷодугар ҳеҷ гоҳ пирӯз намешавад».

70.Соҳирон ба саҷда водор шуданд. Гуфтанд: «Ба Парвардигори Ҳоруну Мӯсо имон овардем».

71.Фиръавн гуфт: «Оё пеш аз он, ки шуморо рухсат диҳам, ба ӯ имон овардед? ӯ бузурги шумост, ки ба шумо ҷодугарӣ омӯхтааст. Дастҳову поҳотонро аз чапу рост мебурам ва бар танаи дарахти хурмо ба доратон меовезам, то бидонед, ки азоби кадом як аз мо сахттару пояндатар аст».

72.Гуфтанд: «Савганд ба он зоте, ки моро офаридааст, ки туро бар он нишонаҳои равшан, ки дидаем, тарҷеҳ намедиҳем (беҳтар намешуморем), ба ҳар чӣ хоҳӣ, ҳукм кун, ки ривоҷи ҳукми ту дар зиндагии инҷаҳонист.



73.Инак ба Парвардигори хеш имон овардем, то аз хатоҳои мо ва он ҷодугарӣ, ки моро ба он водоштӣ, даргузарад, ки Худо беҳтару пойдортар аст.

74.Албатта, ҳар кас, ки гунаҳкор назди Парвардигораш биёяд, ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст, ки дар он ҷо на мемирад ва на зинда мешавад.

75.Ва онон, ки бо имон назди ӯ (Парвардигор) оянд ва корҳои шоиста кунанд, соҳиби дараҷоте баланд бошанд.

76.(Барои онҳост) биҳиштҳои ҷовидон, ки дар он наҳрҳо равон аст ва абадӣ дар он ҷо бошанд. Ва ин аст подоши покон.

77.Ба Мӯсо ваҳй кардем, ки бандагони Моро шабҳангом берун бибар ва барояшон (бо мӯъҷиза) дар баҳр гузаргоҳе хушк биҷӯй ва матарс, ки бар ту даст ёбанд ва тарс ба дил роҳ мадеҳ!

78.Фиръавн бо лашкарҳояш аз паяшон равон шуд. Ва баҳр чунон, ки бояд, ононро дар худ фурӯ гирифт.

79.Фиръавн қавмашро гумроҳ кард, на раҳнамоӣ.

80.«Эй банӣ Исроил, шуморо аз душманатон раҳонидем ва бо шумо дар ҷониби рости кӯҳи Тур ваъда ниҳодем ва бароятон манна (ширинӣ) ва салво (бедона) нозил кардем.

81.Аз чизҳои покиза, ки шуморо рӯзӣ додаем, бихӯред ва аз ҳад магузаронедаш, то мабодо хашми Ман ба шумо расад, ки ҳар кас, ки хашми Ман ба ӯ бирасад, дар оташ афтад.

82.Ҳар кас, ки тавба кунад ва имон оварад ва кори шоиста кунад ва ба роҳи ҳидоят равад, ҳаройна, Ман тавба пазирам.

83.Эй Мӯсо, чӣ чиз туро водошт, то бар қавмат пешӣ гирӣ?»

84.Гуфт: «Онҳо ҳамонҳоянд, ки аз пайи ман равонанд. Эй Парвардигори ман, ман ба сӯи Ту шитофтам, то хушнуд гардӣ».



85.Гуфт: «Мо қавми туро пас аз ту озмоиш кардем ва Сомирӣ гумроҳашон сохт».

86.Мӯсо хашмгин ва пурандӯҳ назди қавмаш бозгашту гуфт: «Эй қавми ман, оё Парвардигоратон шуморо ваъдаҳои некӯ надода буд? Оё дер кардани ман ба дароз кашид ё хостед, ки хашми Парвардигоратон ба шумо фурӯд ояд, ки ваъдаи маро хилоф кардед?»

87.Гуфтанд: «Мо ба ихтиёри хеш ваъдаи ту хилоф накардем. Аз зару зевари он қавм бардоштем. Онҳоро дар оташ андохтем. Ва Сомирӣ низ андохт.

88.Ва барояшон пайкараи гӯсолае, ки садои говонро дошт, бисохт ва гуфтанд: «Ин Худои шумо ва Худои Мӯсост. Ва Мӯсо фаромӯш кардааст».

89.Оё намедонанд, ки ҳеҷ посухе ба суханашон намедиҳад ва ҳеҷ суду зиёне барояшон надорад?

90.Ҳорун низ пеш аз ин ба онҳо гуфта буд: «Эй қавми ман, шуморо ба ин гӯсола озмудаанд. Парвардигори шумо Худои Раҳмон аст. Аз паи ман биёед ва фармонбардори ман бошед!»

91.Гуфтанд: «Мо ҳамвора ба парастиши ӯ менишинем, то Мӯсо ба назди мо бозгардад».

92.Гуфт: «Эй Ҳорун, ҳангоме ки дидӣ гумроҳ мешаванд, чи туро боздошт?

93.Чаро аз пайи ман наомадӣ? Оё ту низ аз фармони ман сарпечӣ карда будӣ?»

94.Гуфт: «Эй писари модарам, чанг бар ришу сари ман маяндоз. Ман тарсидам, ки бигӯӣ: «Ту миёни бани Исроил ҷудоӣ афкандӣ ва гуфтори маро риъоят накардӣ».

95.Гуфт: «Ва ту, эй Сомирӣ, ин чӣ коре буд, ки кардӣ?»

96.Гуфт: «Ман чизе дидам, ки онҳо намедиданд. Муште аз хоке, ки нақши пои расул (Ҷабраил) бар он буд, баргирифтам ва дар он қолаб афкандам ва нафси ман ин корро дар чашми ман биёрост».

97.Гуфт: «Бирав, дар зиндагии ин дунё чунон шавӣ, ки пайваста бигӯӣ: «Ба ман наздик машав». Ва низ туро ваъдаест, ки аз он раҳо нашавӣ ва инак, ба худоят, ки пайваста ибодаташ мекардӣ, бингар, ки месӯзонемаш ва ба дарё меафшонемаш.

98.Ҷуз ин нест, ки худои шумо Аллоҳ аст, ки ҳеҷ худое барҳақ ҷуз ӯ нест ва илмаш ҳама чизро дар бар гирифтааст».

99.Инчунин хабарҳои гузаштаро барои ту ҳикоят мекунем. Ва ба ту аз ҷониби Худ Қуръонро ато кардем.

100. Ҳар кас, ки аз он рӯй бартобад, рӯзи қиёмат бори гуноҳ бар дӯш мекашад.

101. Дар он кор ҳамвора бимонад. Ва бори рӯзи қиёмат барояшон бори бадест!

102. Рӯзе, ки дар сур дамида шавад ва гунаҳкоронро дар он рӯз кабудчашм гирд оварем.

103. Оҳиста бо ҳам сухан мегӯянд, ки даҳ рӯз беш дар дунё наистодаед.

104. Мо бар гуфтори онон огоҳтарем, он гоҳ ки некӯравиштарини онҳо мегӯяд: « Ҷуз як рӯз наистодаед»,

105. Туро аз кӯҳҳо мепурсанд. Бигӯ: «Парвардигори ман ҳамаро пароканда месозад.

106. ва онҳоро ба замини ҳамвор бадал мекунад;

107. дар он ҳеҷ каҷиву пастиву баландӣ намебинӣ».

108. Дар он рӯз аз пайи он доъӣ (Исрофил), ки ҳеҷ каҷиро дар ӯ роҳ нест, равон гарданд. Ва садоҳо дар баробари Худои Раҳмон паст мешаванд ва аз ҳеҷ кас ҷуз садои пое нахоҳӣ шунид.

109. Дар он рӯз шафоъат суд надиҳад, магар онро, ки Худои Раҳмон иҷозат диҳад ва суханашро биписандад.

110. Ҳар чиро дар пеши рӯи онҳост ва ҳар чиро дар пушти сарашон аст, медонад ва илми онон ӯро дарбар нагирад.

111. Ва чеҳраҳо дар баробари Худои зиндаи поянда мутеъ мешавад ва ҳар кӣ бори куфр бар дӯш мекашад, навмед мегардад.

112. Ва ҳар кас, ки корҳои шоиста кунад ва мӯъмин бошад, набояд аз ҳеҷ ситаме ва шикасте битарсад.

113. Инчунин онро Қуръоне арабӣ нозил кардем ва дар он (ба шеваҳои) гуногун ҳӯшдор додем, шояд битарсанд ё панде тоза гиранд.

114. Пас бартар аст Худои барҳақ, он подшоҳи ростин! Ва пеш аз он ки ваҳй ба поён расад, дар хондани Қуръон шитоб макун. Ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, ба илми ман бияфзой».

115. Ва мо пеш аз ин бо Одам паймон бастем, вале фаромӯш кард ва босабраш наёфтем.

116. Ва он гоҳ, ки ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷда кунед». Ҳама ғайри Иблис, ки сарпечӣ кард, саҷда карданд.

117. Гуфтем: «Эй Одам, ин душмани ту ва ҳамсари туст, шуморо аз биҳишт берун накунад, ки бадбахт шавӣ,

118. ки албатта, ту дар биҳишт на гурусна мешавӣ ва на бараҳна мемонӣ

119. ва на ташна мешавӣ ва на дучори тобиши офтоб».

120. Шайтон васвасааш карду гуфт: «Эй Одам, оё туро ба дарахти ҷовидонӣ ва мулки заволнопазир роҳ бинамоям?»

121. Аз он дарахт хӯрданд ва шармгоҳашон дар назарашон падидор шуд. Ва ҳамчунон барги дарахтони биҳишт бар онҳо мечаспониданд. Одам ба Парвардигори хеш осӣ шуд ва роҳ гум кард.

122. Сипас Парвардигораш ӯро баргузид ва тавбаашро бипазируфт ва ҳидояташ кард.

123. Гуфт: «Ҳамагӣ аз он ҷо поин равед, душманони якдигар! Агар аз ҷониби Ман шуморо роҳнамоӣ омад, ҳар кас аз он роҳнамоии ман пайравӣ кунад, на гумроҳ мешавад ва на тирабахт.

124. Ва ҳар кас, ки аз ёди Ман рӯй гардонад, зиндагиаш танг шавад ва дар рӯзи қиёмат нобино зиндааш созем».

125. Гӯяд: « Эй Парвардигори ман, чаро маро нобино зинда кардӣ ва ҳол он ки ман бино будам?»

126. Гӯяд: «Ҳамчунон ки ту оёти Моро фаромӯш мекардӣ, имрӯз худ фаромӯш гаштаӣ.

127. Инчунин исрофкорон ва касонеро, ки ба оёти Парвардигорашон имон намеоваранд, ҷазо медиҳем. Албатта, азоби охират сахттару пойдортар аст!

128. Оё он ҳама мардуме, ки пеш аз ин дар масокини инҳо роҳ мерафтанд ва Мо ҳамаро ҳалок кардем, сабаби ҳидояташон нашуд? Инҳо нишонаҳоест барои хирадмандон!

129. Агар на сухане буд, ки Парвардигорат пеш аз ин гуфта ва замонро муъайян карда буд, азобашон дар ин ҷаҳон ҳатмӣ мебуд.

130. Барои он чӣ мегӯянд, бо сабр бош ва Парвардигоратро пеш аз тулӯъи хуршед ва пеш аз ғуруби он ба покӣ ва ҳамд ёд кун. Ва дар соати шаб ва аввалу охири рӯз тасбеҳ гӯй. Шояд хушнуд гардӣ.

131. Агар занону мардоне аз онҳоро (кофиронро) аз як зиндагии хуш баҳраманд сохтаем, ту ба онҳо манигар. Ин барои он аст, ки имтиҳонашон кунем. Ризқи Парвардигорат беҳтару пойдортар аст!

132. Касони худро ба намоз фармон деҳ ва худ дар он кор пойфишорӣ кун. Аз ту рӯзӣ намехоҳем. Мо ба ту рӯзӣ медиҳем. Ва оқибати хайр аз они парҳезгорон аст.

133. Ва гуфтанд: «Чаро мӯъҷизае аз Парвардигораш барои мо намеоварад?» Оё далелҳои равшане, ки дар саҳифаҳои пешин омада, ба онҳо нарасидааст?

134. Агар пеш аз омадани паёмбаре азобашон мекардем, мегуфтанд: «Эй Парвардигори мо, чаро расуле бар мо нафиристодӣ, то пеш аз он ки ба хориву расвоӣ афтем, аз оёти ту пайравӣ мекардем?»

135. Бигӯ: «Ҳама мунтазиранд, шумо низ мунтазир бимонед. Ба зудӣ хоҳед донист, онҳо, ки ба роҳи рост мераванд ва онҳо, ки ҳидоят ёфтаанд, чӣ касоне ҳастанд».

Сураи АНБИЁ1

(Паёмбарон)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1. Рӯзи ҳисоби мардум наздик шуд ва онон ҳамчунон ба ғафлат рӯй гардонанд.

2.Аз сӯи Парвардигорашон барояшон ҳеҷ панди тозае наёмад, ҷуз он ки онро ба шӯхӣ мешунаванд ва ба бозӣ мегиранд.

3.Дилҳояшон ғофил шудааст. Ва он ситамкорон сар гӯши якдигар ниҳоданду пинҳонӣ гуфтанд: «Оё ин мард ҷуз ин аст, ки инсоне монанди шумост? Оё бо он ки ба чашми худ мебинед, ҳамчунон аз паи ҷоду меравед?»

4.Гуфт: «Парвардигори ман аз ҳар сухане дар осмону замин огоҳ аст ва ӯ шунавову доност».

5.Гуфтанд: «На, хобҳои парешон аст ё дурӯғест, ки мебандад ё шоирест. Пас барои мо аз он гуна, ки ба паёмбарони пешин дода шуда буд, мӯъҷизае биёварад».

6.Пеш аз онҳо мардуми шаҳреро, ки ҳалок кардем, имон наёварда буданд. Оё инҳо имон меоваранд?

7.Мо пеш аз ту ба пайғамбарӣ нафиристодем, магар мардонеро, ки ба онҳо ваҳй мекардем ва агар худ намедонед, аз аҳли зикр (мӯъминон ва олимони аҳли китоб) бипурсед.

8.Онҳоро ҷасадҳое накардем, ки ба таъом мӯҳтоҷ набошанд ва умри ҷовидон ҳам надоштанд.

9.Сипас ҳар ваъдае, ки ба онҳо кардем, баровардем ва онҳову ҳар касро, ки хостем, раҳонидем ва аз ҳад гузарандагонро ҳалок кардем.

10.Китобе бар шумо нозил кардаем, ки дар он панди шумост. Оё ба ақл дарнамеёбед?

1.Аз он ҷиҳат, ки дар ин сура сухан аз паёмбарон рафтааст, сурату-л-анбиё (Паёмбарон) ном гирифтааст. Ин сура дар Макка нозил шуда ва яксаду дувоздаҳ оят дорад.

11.Ва чӣ бисёр ситамкор мардумеро, ки ҳалок кардем ва ба ҷояшон мардуме дигар биёфаридем.

12.Чун азоби моро ҳис мекарданд, ба ногоҳ аз он ҷо мегурехтанд.

13.Магурезед! Ба (зиндагонии) нозу ишрат ва хонаҳои хеш (ва ба он фахр мекардед) бозгардед, то бозхост шавед!

14.Гуфтанд: «Вой бар мо, мо ситамкор будем!»

15.Ва ҳамеша суханашон ин буд, то ҳамаро чун киштаи даравида ва оташи хомӯшгашта гардонидем.

16.Мо ин осмону замин ва он чиро миёни он ду ҳаст, барои шӯхӣ ва бозӣ наофаридаем.

 








Не нашли, что искали? Воспользуйтесь поиском по сайту:



©2015 - 2024 stydopedia.ru Все материалы защищены законодательством РФ.