Сделай Сам Свою Работу на 5

Онон, ки сабр пеша карданд ва бар Парвардигорашон таваккул мекунанд.





43. Агар худ намедонед, аз (уламои) аҳли Зикр (мӯъминони аҳли китоб) бипурсед, ки Мо пеш аз ту ба пайғамбарӣ нафиристодем, ғайри мардоне (на фариштагон), ки ба онҳо ваҳй мефиристодем,

44. ҳамроҳ бо далелҳои равшан (мӯъҷизаҳо) ва китобҳо ва бар ту низ Қуръонро нозил кардем, то он чиро барои мардум нозил шудааст, барояшон баён кунӣ ва бошад, ки бияндешанд.

45. Оё онон, ки муртакиби бадиҳо мешаванд, магар эминанд аз ин, ки замин ба фармони Худо онҳоро фурӯ барад ё азоб аз ҷое, ки намедонанд, бар сарашон фуруд ояд?

46. Ё ба ҳангоми омаду рафт фурӯ гирадашон,пас нестанд (Худоро) оҷизкунанда?

47. Ё ин ки дар ҳоли бим ва ҳаросе (аз марг, беморӣ, тангдастӣ ва дигар балову мусибатҳо) гирадашон? Ҳаройна Парвардигоратон мушфиқу меҳрубон аст!

48. Оё чизҳоеро, ки Худо офаридааст, наменигаранд, ки барои саҷда ба даргоҳи ӯ сояҳояшон аз росту чап ҳаракат доранд ва дар баробари ӯ хошеъанд (тобеъанд).

49. Ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст аз ҷунбандагону фариштагон Худоро саҷда мекунанд ва такаббур намеварзанд.



50. Аз Парвардигорашон, ки ҳоким бар онҳост, метарсанд, ва ба ҳар чӣ амр шудаанд, ҳамон мекунанд.

51. Худо гуфт: «Ду Худоро мапарастед (маъбуди дугона нагиред) ва ҷуз ин нест, ки ӯст Маъбуди ягона. Пас аз Ман битарсед!»

52. Ҳар чи дар осмонҳову замин аст, аз они ӯст ва парастиш хоси ӯст. Оё аз ғайри Худо метарсед?

53. ҳар неъмате, ки шуморост, аз ҷониби Худованд аст ва чун ранҷе ба шумо расад, ба пешгоҳи ӯ зорӣ мекунед.

54. Ва боз чун ранҷро ба поён орад, гурӯҳе аз шумо ба Парвардигорашон мушрик мешаванд,

55. то неъматеро, ки ба онҳо додаем, ношукрӣ кунанд. Акнун баҳраманд шавед, ба зудӣ хоҳед донист!

56. Он гоҳ аз он чӣ рӯзиашон додаем, насибе барои бутоне, ки ҳеҷ намедонанд, муъайян мекунанд. Ба Худо савганд ба сабаби дурӯғе, ки мебандед, бозхост мешавед!

57. Барои Худованде, ки аз ҳар гуна олоиш ва ниёзе пок аст духтароне қоил мешаванд2ва барои худ ҳар чӣ дӯст доранд (мурод писарон аст).

58. Ва чун ба якешон муждаи духтар диҳанд, сияҳрӯй шавад ва хашмгин гардад.



59. Аз шарми ин мужда аз мардум пинҳон мешавад. Оё бо хорӣ (хориро пазируфта) нигоҳаш дорад ё дар хок ниҳонаш кунад? Огоҳ бошед, ки бад доварӣ мекунанд.

60. Сифати бад аз они касонест, ки ба қиёмат имон намеоваранд ва сифати бартар аз они Худованд аст. Ва ӯст пирӯзманду ҳаким!

61. Агар Худованд бихоҳад, ки мардумро ба гуноҳашон ҳалок кунад, бар рӯи замин ҳеҷ ҷунбандае боқӣ нагузорад, вале азобашро то муддате муъайян ба таъхир меафканад. Ва чун аҷалашон фаро расад, як лаҳза пасу пеш нашаванд.

62. Он чиро намеписанданд, ба Худо нисбат мекунанд ва забонашон ба дурӯғ гӯяд, ки хубиҳо аз они онҳост, на, бешак насиби онҳо оташ аст ва онҳоро ба шитоб ба сӯи он баранд!

63. Ба Худо савганд, ки барои мардуме ҳам, ки пеш аз ту будаанд, паёмбароне фиристодаем. Вале шайтон аъмолашонро дар чашмашон биёрост. Ва дар он рӯз шайтон дӯсташон хоҳад буд ва онҳорост азобе дардовар!

64. Мо ин китобро (қуръонро) бар ту нозил кардаем, барои он ки ҳар чиро, ки дар он ихтилоф доранд, барояшон баён кунӣ. Ва низ роҳнамову раҳмате барои мӯъминон бошад.

65. Ва Худо аз осмон борон фиристод ва замини мурдаро бо он зинда кард. Барои мардуме, ки гӯши шунаво доранд, дар ин ибратест!

66. Барои шумо дар чорпоён пандест. Аз шири холис, ки аз шикамашон, аз миёни саргину хун, берун меояд, серобатон мекунем. Шире, ки коми нӯшандагонаш гуворост.

67. Ва аз меваҳои хурмоҳову токҳо шаробе мастиовар (қабл аз таҳрими хамр) ва ризқе некӯ ба даст меоваред ва хирадмандонро дар ин ибратест.



68. Парвардигори ту ба занбӯри асал илҳом кард, ки аз кӯҳҳову дарахтон ва дар биноҳое, ки месозанд, лонае интихоб кун.

69. Он гоҳ аз ҳар самарае бихӯр ва фармонбардор ба роҳи Парвардигорат бирав. Аз шиками ӯ шаробе рангоранг берун меояд, ки дар он шифо аст барои мардум. Ва соҳибони андешаро дар ин ибратест.

70. Худо шуморо биёфарид, он гоҳ мемиронад ва аз миёни шумо касеро ба пирӣ мерасонад, то ҳар чиро, ки омӯхтааст, аз ёд бибарад, зеро Худо донову тавоност!

71. Худо рӯзии баъзе аз шуморо аз баъзе дигар афзун кардаст. Пас онон, ки фузунӣ ёфтаанд, аз рӯзии худ ба бандагони хеш намедиҳанд, то ҳама дар рӯзӣ яксон шаванд. Оё неъмати Худоро инкор мекунед?

72. Худо барои шумо аз миёни худатон ҳамсароне қарор дод ва аз ҳамсаронатон фарзандон ва фарзандзодагон падид овард ва аз чизҳои хушу пок рӯзиятон дод. Оё ҳанӯз ба ботил имон меоваранд ва неъмати Худоро куфрон мекунанд?

73. Ғайри Худо чизҳоеро мепарастанд, ки нотавонанд ва ёрои он надоранд, ки аз осмонҳову замин рӯзияшон диҳанд.

74. Барои Худо чизеро мисол (шабеҳ, назир , анбоз) наёваред; Худо медонад ва шумо намедонед.

75. Худо ғуломи зархаридеро мисол меорад, ки ҳеҷ қудрате надорад ва касеро, ки аз ҷониби хеш ризқи некӯяш додаем ва дар ниҳону ошкоро нафақа мекунад. Оё ин ду баробаранд? Сипос (ситоиш) хоси Худост, балки бештарашон намедонанд.

76. Ва Худо мисоли ду мардро баён мекунад, ки яке гунг асту тавони ҳеҷ чиз надорад ва бори дӯши хоҷаи худ аст, ҳар ҷо, ки ӯро бифиристад, ҳеҷ фоидае ҳосил намекунад. Оё ин мард бо он кас, ки мардумро ба адл фармон медиҳад ва худ бар роҳи рост меравад, баробар аст?

77. Аз они Худост ниҳони осмонҳову замин. Ва фаро расидани қиёмат танҳо як чашм барҳам задан (як мижа задан) ё наздиктар аз он аст. Зеро Худо бар ҳар коре тавоност!

78. Худо шуморо аз батни модаронатон берун овард ва ҳеҷ чизро намедонистед. Ва бароятон чашму гӯшу дил биёфарид, то ки шукргузорӣ кунед!

79. Оё он паррандагони ромшуда дар фазои осмонро намебинанд? Ҳеҷ кас ҷуз Худо онҳоро дар ҳаво нигоҳ натавонад дошт. Ва дар ин барои мардуме, ки имон меоваранд, ибратҳост.

80. Худо хонаҳоятонро ҷои оромишатон қарор дод ва аз пӯсти чаҳорпоён бароятон хаймаҳо сохт, ки ба ҳангоми сафар ва ҳангоми иқомат сабукашон меёбед (ва аз бардоштани онҳо дар ранҷ намеафтед). Ва аз пашму курку мӯяшон то рӯзи қиёмат бароятон асоси хона ва асбоби зиндагӣ сохт.

81. Худо барои шумо аз чизҳое, ки офаридааст, сояҳо падид овард. Ва дар кӯҳҳо бароятон ғорҳо сохт. Ва ҷомаҳо, ки шуморо аз гармо ҳифз мекунад, ва либосҳое, ки дар ҷанг нигаҳдори шумост. Худо неъматҳои худро инчунин бар шумо комил мекунад. Бошад, ки таслими фармони ӯ шавед.

82. Агар рӯй гардонанд, ҷуз ин нест, ки вазифаи ту таблиғи ошкор аст (ва онро ҳам ба ҷой овардаи).

83. Неъматҳои Худоро мешиносанд, боз ҳам мункири он мешаванд, зеро бештарашон кофиронанд.

84. Рӯзе, ки (қиёмат фаро мерасад) аз ҳар уммате гувоҳе барангезем, сипас ба кофирон рухсати сухан гуфтан дода нашавад ва узрашон пазируфта нашавад.

85. Ва ситамкорон азобро бингаранд, азобе, ки ҳеҷ сабукӣ наёбанд ва ҳеҷ мӯҳлат дода нашаванд.

86. Ва чун мушрикон ононро, ки шарики Худо месохтанд, бубинанд, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, инҳо шарикони мо ҳастанд, ки мо ба ҷои Ту онҳоро мехондем». Онон посух мегӯянд, ки шумо дурӯғ мегӯед!

87. Ва дар ин рӯз (ҳамаи ситамгорон баъд аз такаббур ва саркашиҳои дунявӣ) ба бандагӣ хештанро таслими Худо мекунанд ва он дурӯғҳо, ки мебофтанд, нобуд шавад.

88. Онон, ки кофир шуданд ва дигаронро аз роҳи Худо боздоштанд, ба ҷазои фасоде, ки мекарданд, азобе бар азобашон хоҳем афзуд.

89. Ва рӯзе бошад, ки аз ҳар уммате шоҳиде аз худашон бар худашон барангезем ва туро биёварем, то бар онон шаҳодат диҳӣ. Ва мо Қуръонро, ки баёнкунандаи ҳар чизест ва ҳидояту раҳмат ва хушхабар барои мусалмонон аст, бар ту нозил кардаем.

90. Худо бар адлу эҳсон ва бахшиш ба хешовандон, фармон медиҳад. Ва аз фаҳшову зишткорӣ ва ситам, наҳй мекунад. Шуморо панд медиҳад, бошад, ки пазирои панд шавед!

91. Чун бо Худо паймон бастед, ба он вафо кунед ва чун савганд хӯрдед, онро машканед, ки Худоро зомини хеш кардаед ва ӯ медонад, ки чӣ мекунед!

92. Ва монанди он зан, ки риштаеро, ки маҳкам тофта буд, аз ҳам кушуд ва қитъа-қитъа кард, мабошед, то савгандҳои худро василаи фиреби якдигар созед, ба ин баҳона, ки гурӯҳе бештар аз гурӯҳи дигар аст3. Худо шуморо ба он (фармони вафо ба аҳду паймон) меозмояд ва дар рӯзи қиёмат чизеро, ки дар он ихтилоф мекардед, бароятон баён мекунад.

93. Агар Худо мехост, ҳамаи шуморо як уммат карда буд, вале ҳар киро бихоҳад, гумроҳ месозад ва ҳар киро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва аз ҳар коре, ки мекунед, ҳатман, бозхост мешавед.

94. Савгандҳои худро василаи фиреби якдигар масозед, то қадамеро, ки устувор сохтаед, билағжад ва ба сабаби рӯйгардонӣ аз роҳи Худо гирифтори бадӣ шавед ва ба азобе бузург гирифтор оед.

95. Паймони Худоро ба баҳои андак мафурӯшед, зеро агар бидонед, он чӣ дар назди Худост, бароятон беҳтар аст!

96. Он чӣ назди шумост, фано мешавад ва он чӣ назди Худост, боқӣ мемонад. Ва ононро, ки сабр варзиданд, подоше беҳтар аз кирдорашон хоҳем дод.

97. ҳар зану марде, ки коре некӯ анҷом диҳад, агар имон оварда бошад, зиндагии хушу покизае ба ӯ хоҳем дод ва подоше беҳтар аз кирдорашон ато хоҳем кард.

98. Ва чун Қуръон бихонӣ, аз шайтони раҷим ба Худо паноҳ бубар.

99. Шайтонро бар касоне, ки имон оварданд ва бар Худо таваккул мекунанд, ғолибияте нест.

100. Ғолибияти ӯ танҳо бар касонест, ки дӯсташ медоранд ва касоне, ки ба Худо ширк меоваранд.

101. Чун оятеро ҷонишини ояти дигар кунем, Худо беҳтар медонад, кӣ чӣ чиз нозил кунад. Гуфтанд, ки ту дурӯғ мебофӣ, на, бештаринашон нодонанд!

102. Бигӯ: «Онро руҳулқудс (Ҷабраил) бар ҳақ аз ҷониби Парвардигорат нозил кардааст, то мӯъминонро (дар масирашон) устуворӣ арзонӣ дорад ва мусалмононро ҳидояту хушхабар бошад».

103. Медонем, ки мегӯянд: «Ин Қуръонро башаре ба ӯ меомӯзад». Забони касе (ҷабри румӣ) , ки ба ӯ нисбат мекунанд, аҷамист, ҳол он ки ин забони арабии равшанест (ки, ҳатто шумо арабҳо ҳам дар фасоҳати он ҳайрон ва аз сохтани як сурааш нотавон ва дармондаед).

104. Худо касонеро, ки ба оёташ имон намеоваранд, ҳидоят намекунад ва барояшон азобе дардовар муҳайёст.

105. Танҳо касоне дурӯғ мебофанд, ки ба оёти Худо имон надоранд. Инҳо худ дурӯғгӯянд.

106. Касе, ки пас аз имон ба Худо кофир мешавад,4на он ки ӯро ба зӯр водоштаанд, то изҳори куфр кунад ва ҳол он, ки дилаш ба имони хеш оромгирандаву осуда аст (қалбаш лабрези имон аст). Вале онон, ки дари дилро ба рӯи куфр мекушоянд, мавриди хашми Худоянд ва азобе бузург барояшон муҳайёст.

107. Ва ин (хашми Худо ва азоби бузург) ба он сабаб аст, ки инҳо зиндагии дунёро бештар аз зиндагии охират дӯст доранд ва Худо мардуми кофирро ҳидоят намекунад.

108. Худо бар дилу гӯшҳо ва чашмонашон мӯҳр ниҳодааст ва худ бехабаранд.

109. Шак нест, ки дар охират ҳам аз зиёндидагон бошанд.

110. Сипас Парвардигори ту барои касоне, ки пас аз ранҷҳо, ки диданд, ҳиҷрат карданд ва (баъд аз он) ба ҷиҳод (дар роҳи Худо) рафтанд ва (дар баробари сахтиҳо ва гирифториҳои ҳифзи дин ва таблиғи оинашон) сабр ва шикебои варзиданд, албатта Парвардигорат омурзандаву меҳрубон аст.

4. Ин оят тағлиз ва шиддатро дар муқобили гуноҳи аз дин баргаштан нишон медиҳад, зеро муртад дар аввал бо имон ошно шуда, лаззати имонро чашидааст. Сипас, ба хотири тарҷеҳ додани ҳаёти дунё бар охират муртад мешавад.

111. Рӯзи қиёмат ҳар кас ба дифоъ аз худ ба муҷодала мепардозад ва ҷазои ҳар кас, чунон ки ҳаққи ӯст, дода мешавад ва ба касе ситам раво надоранд.

112. Худо деҳаеро мисол меорад, ки амну ором буд, рӯзии мардумаш ба фаровонӣ аз ҳар ҷо мерасид, аммо ношукрии неъмати Худо карданд ва Худо ба ҷазои аъмолашон ба гуруснагиву ваҳшат мубталояшон сохт.

113. Паёмбаре аз худашон ба наздашон омад, дурӯғгӯяш номиданд ва азоб он ситамкоронро фурӯ гирифт.

114. Аз ин чизҳои ҳалолу покиза, ки Худо ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва шукри неъматашро ба ҷой оваред, агар Худоро мепарастед !

115. Худо ҳаром кардааст бар шумо мурдору хун ва гӯшти хук ва ҳар чиро, ки ҷуз ба номи Худои барҳақ забҳ карда бошанд. Аммо касе, ки ночор шавад, (ба хотири ҳифзи ҷон аз чизи ҳаром бихӯрад), ҳар гоҳ бемайлӣ ҷӯяд (дилбастагӣ надошта бошад) ва аз ҳад (аз андозае, ки миқдори зиндамонданашро ҳифз мекунад) нагузаронад, пас Худо омурзандаву меҳрубон аст.

116. То бар Худо дурӯғ бофед, барои ҳар дурӯғ, ки бар забонатон меояд, нагӯед, ки ин ҳалол асту ин ҳаром. Касоне, ки ба Худованд дурӯғ мебанданд, растагор намешаванд!

117. Андак баҳрае мебаранд ва дар иваз ба азобе дардовар гирифтор мешаванд.

118. Ва бар яҳудиён он чиро, ки пеш аз ин барои ту ҳикоят кардем, ҳаром карда будем. Мо ба онҳо ситам накардаем, онон худ ба хештан ситам кардаанд.

119. Парвардигори ту барои касоне, ки аз рӯи нодонӣ кунандаи коре зишт шаванд, сипас тавба кунанд ва ислоҳ шаванд, омурзандаву меҳрубон аст!

120. Дар ҳақиқат Иброҳим (уммате) бузургвор пешвое, мутиъ ва фармонбари Худо ва соҳиби дини ҳаниф (ҳақгаро) буд. Ва аз мушрикон набуд,

121. ва шукргузори неъматҳои ӯ буд, Худовандаш баргузид ва ба роҳи рост ҳидоят кард.

122. Дар дунё ба ӯ некӣ иноят кардем ва дар охират аз солеҳон аст.

123. (Сипас эй Муҳаммад) Ба ту низ ваҳй кардем, ки аз дини ҳанифи Иброҳим пайравӣ кун, ки ӯ аз мушрикон набуд.

124. (Бузург доштани рӯзи) шанбе5 барои касоне, ки дар он ихтилоф карда буданд, лозим карда шуд ва Парвардигори ту дар рӯзи қиёмат дар бораи он чӣ ихтилоф мекарданд, ҳукм хоҳад кард!

125. Мардумро бо ҳикмату панди некӯ ба роҳи Парвардигорат бихон ва бо беҳтарин тарз бо онон муҷодала кун. Зеро Парвардигори ту ба касоне, ки аз роҳи ӯ каҷрав шудаанд, огоҳтар аст ва ҳидоятёфтагонро беҳтар мешиносад!

126. Агар уқубат мекунед, чунон уқубат кунед, ки шуморо уқубат кардаанд. Ва агар сабр кунед, собиронро сабр некӯтар аст.

127. (Эй паёмбар) сабр кун, ки сабри ту ҷуз ба тавфиқи Худо нест ва барояшон (барои имон наёвардани кофирон) ғамгин мабош ва аз макрашон дилтангӣ нанамой,

128. зеро, ҳаройна, Худо бо касонест, ки мепарҳезанд ва некӣ мекунанд!

Сураи ИСРО1

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон

1. Пок аст он Худое, ки бандаи худро шабе аз Масҷиду-л-ҳаром2ба Масҷиду-л-ақсо,3 ки гирдогирдашро баракат додаем, сайр дод, то баъзе аз оёти худро ба ӯ бинамоем, албатта, ӯ шунавову биност!

2. Ва китобро (тавротро) ба Мӯсо додем ва онро (китобро) роҳнамои бани Исроил гардонидем, ки ҷуз Ман корсозе интихоб накунед.

3. Эй фарзандони мардуме, ки бо Нӯҳ дар киштияшон нишонидем (мо падарони шуморо аз ғарқ шудан наҷот додем. Пас Худоро дар муқобили неъматҳояш шукургузор бошед), бидонед, кӣ ӯ (Нӯҳ) бандае сипосгузор буд.

4. Ва бани Исроилро дар он китоб (таврот) хабар додем, ки ду бор дар замин фасод хоҳед кард ва низ саркашӣ хоҳед кард, саркашӣ кардане бузург.

5. Чун аз он ду бор ваъдаи нахустин даррасид, гурӯҳе аз бандагони хешро, ки ҷанговароне зӯрманд буданд, бар сари шумо фиристодем. Онон ҳатто даруни хонаҳоро ҳам тафтиш мекарданд ва ин ваъда (ғалаба ва интиқом) ба анҷом расид.

6. Бори дигар (чун ислоҳ шудед) шуморо бар онҳо ғалаба додем ва ба молу фарзанд мадад кардем ва бар шумораатон афзудем.

7. Агар некӣ кунед, ба худ мекунед ва агар бадӣ кунед, ба худ мекунед. Ва чун ваъдаи дуввум фаро расид, касонеро бар саратон фиристодем, то шуморо (бо изову алам расонидан) ғамгин созанд ва чун бори аввал, ки ба масҷид даромада буданд, ба масҷид дароянд ва ба ҳар чӣ даст ёбанд, нобуд созанд.

8. Шояд Парвардигоратон бар шумо раҳмат оварад, (агар аз гуноҳ тавба кунед). Ва агар бозгардед (ба гуноҳ кардан), бозмегардем, (ба азоб карданатон дар ин ҷаҳон) ва ҷаҳаннамро зиндони кофирон сохтаем.

9. Ин Қуръон ба дурусттарини ойинҳо роҳ менамояд ва мӯъминонеро, ки корҳои шоиста ба ҷой меоваранд, хушхабар медиҳад, ки аз музде некӯ баҳраманд хоҳанд шуд.

10. Ва барои касоне, ки ба охират имон надоранд, азобе дардовар муҳайё кардаем.

11. Ва одамӣ ба дуъо бадиеро металабад, чунон, ки гӯӣ ба дуъо хайреро меҷӯяд. Ва одамӣ то буда, шитобзада будааст.

12. Шабу рӯзро ду нишона қарор додем. Нишонаи шабро торикӣ гардонидем ва аломати рӯзро равшанӣ, то ба талаби ризқе, ки Парвардигоратон муқаррар дошта аст, бархезед ва шумори солҳову ҳисобро бидонед ва мо ҳар чизро ба тафсил баён кардаем.

13. Кирдори неку бади ҳар инсонеро чун тавқе ба гарданаш овехтаем. Ва дар рӯзи қиёмат барои ӯ номаи кушода берун оварем, то дар он бингарад.

14. (Гуем:)«Бихон номаатро (номаи аъмолатро). Имрӯз ту худ барои ҳисоб кардан (амалҳоятро), басандаӣ!»

15. Ҳар кӣ ҳидоят шавад, ба суди худ ҳидоят шуда ва ҳар кӣ гумроҳ гардад, ба зиёни худ гумроҳ шудааст ва ҳеҷ кас бори дигареро барнадорад ва Мо ҳеҷ қавмеро азоб намекунем то он гоҳ, ки паёмбаре бифиристем.

16. Чун бихоҳем деҳаеро ҳалок кунем, сарватмандони ғарқ дар шаҳавоташро амир ва сардор гардонем, то дар он ҷо табаҳкорӣ кунанд, ва он гоҳ азоб бар онҳо воҷиб гардад ва онро (қарияро) дарҳам фурӯ кӯбем.

17. Баъд аз Нӯҳ чӣ бисёр мардумеро ҳалок кардаем. Ва Парвардигори ту, огоҳӣ ёфтан ва дидани гуноҳони бандагонашро кофист.

18.Ҳар кас, ки хоҳони ин ҷаҳон бошад, ҳар чӣ бихоҳем ва ба ҳар кас ки салоҳ медонем, зудаш арзонӣ дорем, он гоҳ ҷаҳаннамро ҷойгоҳи ӯ созем, то сарзанишуда (аз тарафи Худо, фариштагон ва мардум) ва рондашуда (аз раҳмати Худо) ба он дарафтад.

19. Ва ҳар кӣ хоҳони охират бошад ва дар талаби он саъй кунад ва мӯъмин бошад, ҷазои саъйаш дода хоҳад шуд.

20. Ҳамаро: чи он гурӯҳро (ки охиратро талаб доранд) ва чи ин гурӯҳро (ки дунёро талаб доранд) аз атои Парвардигорат пай дар пай хоҳем дод, зеро атои Парвардигорат ҳаргиз (аз касе) мамнӯъ нагаштааст.

21. Бингар, ки чӣ гуна баъзеяшонро бар баъзе дигар бартарӣ ниҳодаем ва дар охират дараҷоту бартариҳо болотар аст.

22. Бо Худои барҳақ худои дигареро ба худоӣ магир, ки накӯҳидаву хор хоҳӣ монд.

23. Парвардигорат ҳукм кард, ки ҷуз ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ то ту зинда ҳастӣ, ҳар ду ё яке аз он ду солхӯрда шаванд, ононро маёзор ва ба дуруштӣ хитоб макун ва бо онон ба икром сухан бигӯй.

24. Дар баробарашон аз рӯи меҳрубонӣ боли хоксорӣ (киноя аз тавозуъи фаровон ва фурӯтании бисёр) фуруд овар ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, ҳамчунон ки маро дар хурдӣ парвариш доданд, бар онҳо раҳмат овар».

25. Парвардигоратон аз ҳар каси дигар ба он чӣ дар дилҳоятон мегузарад, донотар аст ва агар аз солеҳон бошед, пас ӯ албатта тавбакунандагонро меомурзад.

26. Ҳаққи хешованду мискин ва дар роҳмондаро адо кун ва ҳеҷ исрофкорӣ макун.

 








Не нашли, что искали? Воспользуйтесь поиском по сайту:



©2015 - 2024 stydopedia.ru Все материалы защищены законодательством РФ.