Сделай Сам Свою Работу на 5

Касест, ки бимирад ва фарзанду падару модар надошта бошад. 3 глава





227. Ва агар азми талоқ карданд, Худованд шунаво ва доност!

228. Бояд, ки занони муталлақа (талоқшуда) то се бор пок шудан аз шавҳар кардан бозистанд. Ва агар ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд, раво нест, ки он чиро, ки Худо дар раҳми онон офаридааст, пинҳон доранд. Ва дар он айём агар шавҳаронашон қасди ислоҳ дошта бошанд, ба бозгардониданашон сазовортаранд. Ва барои занон ҳуқуқе шоиста аст, монанди вазифае, ки бар ӯҳдаи онҳост, вале мардонро бар занон мартабаест. Ва Худо пирӯзманду ҳаким аст!

229. Ин талоқ ду бор аст34ва аз он пас ё ба ваҷҳи некӯ нигаҳ доштани ӯст ё ба ваҷҳи некӯ раҳо сохтанаш. Ва ҳалол нест, ки аз он чӣ ба занон додаед, чизе бозситонед, магар он ки бидонанд, ки ҳудуди Худоро риоят намекунанд. Аммо ҳар гоҳ донистед, ки он ду ҳудуди Худоро риоят намекунанд, агар зан худро аз шӯй бозхарад, гуноҳе бар он ду нест. Инҳо ҳудуди Худо аст. Аз он таҷовуз макунед, ки ситамкорон аз ҳудуди Худо таҷовуз мекунанд.

230. Пас агар боз занро талоқ дод, дигар бар ӯ ҳалол нест, магар он, ки ба никоҳи марде дигар дарояд (ва бо он мард ҷимоъ кунад), ва ҳар гоҳ он мард занро талоқ диҳад, агар медонанд, ки ҳудуди Худоро риоя мекунанд, руҷӯъашонро гуноҳе нест. Инҳо ҳудуди Худост, ки барои мардуми доно баён мекунад.



231. Ҳар гоҳ занонро талоқ додед ва мӯҳлаташон қариб омад ё ононро ба ваҷҳи некӯ нигаҳ доред ё ба ваҳҷи некӯ раҳо созед. Ва нигоҳашон мадоред (ба қасди дароз кардани идда), то ки бар онҳо зиён бирасонед ё ситам бикунед. Ва ҳар кас, чунин кунад, ба хештан ситам кардааст. Ва оёти Худоро ба лаъбу лаҳв магиред ва аз неъмате, ки Худо ба шумо додааст ва аз оёту ҳикмате, ки барои панди шумо фиристодааст, ёд кунед ва аз Худо битарсед ва бидонед, ки ӯ ба ҳама чиз огоҳ аст!

232. Ва чун занонро талоқ додед ва мӯҳлаташон сар омад, монеъ машавед, ба никоҳи ҳамсарони худ, ҳар гоҳ ки миёнашон ризояте ҳосил шуда бошад, дароянд. Касе, ки аз шумо ба Худо ва рӯзи қиёмат имон оварда бошад, инчунин панд гирад. Ва ин шуморо беҳтар ва ба покӣ наздиктар аст. Худо медонад ва шумо намедонед!



233. Модароне, ки мехоҳанд шир доданро ба фарзандони худ комил созанд, ду соли тамом ширашон бидиҳанд. Хӯроку либоси он ба ваҷҳе матлуб (урфи мардум) бар ӯҳдаи соҳиби фарзанд аст ва ҳеҷ кас беш аз қудраташ таклиф намешавад. Набояд ҳеҷ модаре ба хотири фарзандаш зиёне бубинад ва ҳеҷ падаре ба хотири фарзандаш. Ва вориси падар низ чунин бар ӯҳда дорад. Ва агар падару модар бихоҳанд, бо ризоят ва мушоварати якдигар фарзандашонро аз шир бозгиранд (яъне пеш аз ду сол), муртакиби гуноҳе нашудаанд. Ва ҳар гоҳ бихоҳед касе дигарро ба шир додани фарзандатон гиред, агар музде некӯ бипардозед, гуноҳе нест. Аз Худо битарсед ва бидонед, ки ӯ ба коре, ки мекунед, биност!

234. Касоне, ки аз шумо бимиранд ва заноне бар ҷой гузоранд, он занон бояд, ки чаҳор моҳу даҳ рӯз интизори кашанд ва чун муддаташон ба сар омад, агар дар бораи хеш коре шоиста кунанд, бар шумо гуноҳе нест, ки Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!

235. Ва агар ба киноят аз он занон хостгорӣ кунед ё андешаи худ дар дил ниҳон доред, гуноҳе бар шумо нест. Зеро Худо медонад, ки аз онҳо ба зудӣ ёд хоҳед кард. Вале дар ниҳон бо онон ваъда мадиҳед, магар он ки ба ваҷҳе некӯ сухан гӯед ва майли бастани никоҳ макунед, то он муддат тамом шавад ва бидонед, ки Худо ба он чӣ дар дил доред, огоҳ аст. Аз ӯ битарсед ва бидонед, ки ӯ омурзанда ва бурдбор аст!

236. Агар занонеро, ки бо онҳо наздикӣ накардаед ва маҳре барояшон муқаррар надоштаед, талоқ гӯед, гуноҳе накардаед. Вале онҳоро ба чизе баҳраманд созед: тавонгар ба қадри тавонаш ва тангдаст ба қадри тавонаш баҳраманд созанд ба ваҷҳе матлуб (урфи мардум). Ин корест шоистаи некӯкорон.



237. Агар барояшон маҳре муайян кардаед ва пеш аз наздикӣ, талоқашон медиҳед, нисфи он чӣ муқаррар кардаед, бипардозед, магар он ки онҳо (занон) худ ё касе, ки ақди никоҳ ба дасти ӯст35, онро бубахшад. Ва бахшидани шумо ба парҳезгорӣ наздиктар аст. Ва фазилатро миёни худ фаромӯш макунед, ки Худо ба корҳое, ки мекунед, биност!

238. Намозҳо ва намози миёниро пос доред ва мутеъона барои Худо қиём кунед.

239. Ва агар аз душман бимнок будед, пиёда ё савора намоз кунед. Ва чун эмин шудед, Худоро ёд кунед, зеро ба шумо чизҳое омӯхт, ки намедонистед.

240. Мардоне аз шумо, ки мемиранд ва заноне бар ҷой мегузоранд, бояд, ки дар бораи занони худ васият кунанд, ки нафақаи онҳоро ба муддати як сол бидиҳанд ва аз хона берунашон накунанд. Пас агар худ хориҷ шаванд, бо нияти шоистае (яъне никоҳ ба таври шаръӣ), гуноҳе бар шумо нест. Ва Худо ғолибу ҳаким аст.

241. Барои занони талоқшуда баҳраест ба ваҷҳе матлуб (урфи мардум), чунонки лозим аст бар мардони парҳезгор.

242. Худо оёташро барои шумо инчунин баён мекунад, то ки таъаққул (фаҳм) кунед!

243. Оё он ҳазорон танро надидаӣ, ки аз бими марг аз хонаҳои хеш берун рафтаанд? Сипас, Худо ба онҳо гуфт: «Бимиред!» Он гоҳ ҳамаро зинда сохт. Худо ба мардум неъмат медиҳад, вале бештари мардум шукри неъмат ба ҷой намеоваранд!

244. Дар роҳи Худо ҷанг кунед ва бидонед, ки Худо шунаво ва доност!

245. Кист, ки ба Худо қарзи нек (нафақа дар роҳи Худо) диҳад, то Худо бар он чанд баробар афзояд? Худо тангдастӣ диҳад ва тавонгарӣ бахшад ва шумо ба сӯи ӯ бозгардонда мешавед!

246. Оё ин гурӯҳ аз бани Исроилро пас аз Мӯсо надидӣ, ки ба яке аз паёмбарони худ гуфтанд: «Барои мо подшоҳе қарор кун, то дар роҳи Худо биҷангем». Гуфт: «Наздик аст, ки агар ҷанг бар шумо фарз гардонида шавад, аз он сар боз хоҳед зад?» Гуфтанд: «Чаро дар роҳи Худо наҷангем, дар ҳоле, ки мо аз сарзаминамон берун ронда шудаем ва аз фарзандонамон ҷудо афтодаем?» ва чун ҷанг бар онҳо муқаррар шуд, ҷуз андаке аз он рӯй бартофтанд. Худо ба ситамкорон огоҳ аст!

247. Пайғамбарашон ба онҳо гуфт: «Худо Толутро подшоҳи шумо кард». Гуфтанд: «Чӣ гуна ӯро бар мо подшоҳӣ бошад? Мо сазовортар аз ӯ ба подшоҳӣ ҳастем ва ӯро дороии чандоне надодаанд». Гуфт: «Худо ӯро бар шумо баргузидааст ва ба донишу тавоноии ӯ бияфзудааст ва Худо подшоҳияшро ба ҳар кӣ хоҳад, диҳад, ки Худо кушоишдиҳанда ва доност!»

248. Пайғамбарашон гуфт, ки нишони подшоҳии ӯ ин аст, сандуқе, ки оромии дил аз Парвардигоратон ва боқии мероси хонадони Мӯсо ва хонадони Ҳорун дар он аст ва фариштагон мебардорандаш, назди шумо ояд. Агар мӯъмин бошед, ин барои шумо ибратест.

249. Чун Толут сипоҳро ба роҳ андохт,37 гуфт: «Худо шуморо ба ҷӯи обе меозмояд: ҳар кӣ аз он нахӯрад ё танҳо кафе биёшомад, аз ман аст». Ҳама, ҷуз андаке аз он нӯшиданд. Чун ӯ ва мӯъминоне, ки ҳамроҳаш буданд, аз наҳр гузаштанд, гуфтанд: «Имрӯз моро тавони Ҷолут ва сипоҳаш нест». Онон, ки медонистанд, ки бо Худо дидор хоҳанд кард, гуфтанд: «Ба хости Худо чӣ басо гурӯҳи андаке, ки бар гурӯҳи бисёре ғалаба кунад», ки Худо бо касонест, ки собиранд.

250. Чун бо Ҷолут ва сипоҳаш рӯ ба рӯ шуданд, гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, бар мо сабр бибору моро собитқадам гардон ва бар кофирон пирӯз соз!»

251. Пас ба хости Худо онҳоро шикаст доданд ва Довуд Ҷолутро бикушт ва Худо ба ӯ подшоҳиву ҳикмат дод ва он чӣ мехост, ба ӯ биёмӯхт. Ва агар Худо баъзе аз мардумро (куффоро) ба василаи баъзе дигар (мӯъминон) дафъ намекард, замин табоҳ мешуд, вале Худо бар ҷаҳониён фазлу карами хешро арзонӣ медорад.

252. Ин аст оёти Худо, ки ба ростӣ бар ту мехонем ва ту аз паёмбарон ҳастӣ!

253. Баъзе аз ин паёмбаронро бар баъзе дигар бартарӣ додем. Худо бо баъзе сухан гуфт ва баъзеро ба дараҷоте барафрошт. Ва ба Исо ибни Марям мӯъҷизаҳо додем ва ӯро ба Рӯҳулқудс (яъне, ҷабраил) ёрӣ кардем. Ва агар Худо мехост, мардуме, ки баъд аз онҳо буданд, пас аз он, ки ҳуҷҷатҳо бар онон ошкор шуда буд, бо якдигар қитол намекарданд. Вале онон ихтилоф карданд: баъзе имон оварданд ва баъзе кофир шуданд. Ва агар Худо мехост, бо ҳам қитол намекарданд, вале Худо ҳар чӣ хоҳад мекунад.

254. Эй касоне, ки имон овардаед, пеш аз он ки он рӯзе фаро расад, ки на дар он хариду фурӯше бошад ва на дӯстиву шафоъате, аз он чӣ ба шумо рӯзӣ додаем, инфоқ кунед. Ва кофирон худ ситамкоронанд.

255. Аллоҳ худоест, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз ӯ нест. Зиндаву тадбиркунандаи ҳама чиз аст. На хоби сабук (пинак) ӯро фаро мегирад ва на хоби сангин. Аз они ӯст, ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Чӣ касе ҷуз ба иҷозати ӯ дар назди ӯ шафоъат кунад? Он чиро, ки пеши рӯ ва он чиро, ки пушти сарашон аст, медонад ва ба илми ӯ ҷуз он чӣ Худ хоҳад, иҳота натавонанд ёфт. Курсии ӯ осмонҳо ва заминро дар бар дорад. Нигаҳдории онҳо бар ӯ душвор нест. ӯ баландпояву бузург аст!

256. Дар дин ҳеҷ маҷбурие нест. Ҳидоят аз гумроҳӣ мушаххас шудааст. Пас ҳар кас, ки ба тоғут куфр варзад ва ба Худо имон оварад, ба чунон риштаи устуворе чанг зада, ки гусастанаш набошад. Худо шунаво ва доност!

257. Худо ёвари мӯъминон аст. Онҳоро аз торикиҳо ба равшанӣ мебарад. Вале онон, ки кофир шудаанд, тоғут (бутҳо ва худоҳои дурӯғин) ёвари онҳост, ки онҳоро аз равшанӣ ба торикиҳо мекашад. Инҳо ҷаҳаннамиёнанд ва ҳамвора дар он хоҳанд буд.

258. Он касеро, ки Худо ба ӯ подшоҳӣ арзонӣ карда буд, надидӣ, ки бо Иброҳим дар бораи Парвардигораш мукобара (фахрфурӯшӣ) мекард? Он гоҳ, ки Иброҳим гуфт: «Парвардигори ман зинда мекунад ва мемиронад». ӯ гуфт: «Ман низ зинда мекунам ва мемиронам». Иброҳим гуфт: «Худо хуршедро аз машриқ бармеоварад, ту онро аз мағриб баровар». Он кофир ҳайрон шуд. Зеро Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад!

259. Ё монанди он кас, ки ба деҳе расид. Деҳе, ки сақфҳои биноҳояш фурӯ рехта буд. Гуфт: «Аз куҷо Худо ин мурдагонро зинда кунад?» Худо ӯро ба муддати сад сол миронд. Он гоҳ зиндааш кард. Ва гуфт: «Чӣ муддат дар ин ҷо будӣ?» Гуфт: «Як рӯз ё қисмате аз рӯз». Гуфт: «На, сад сол аст, ки дар ин ҷо будаӣ. Ба таъому обат бингар, ки тағйир накардааст ва ба харат бингар, мехоҳем туро барои мардумон ибрате гардонем, бингар, ки устухонҳоро чӣ гуна ба ҳам мепайвандем ва гӯшт бар он мепӯшонем». Чун қудрати Худо бар ӯ ошкор шуд, гуфт: «Медонам, ки Худо ба ҳар коре тавоност!»

260. Иброҳим гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба ман бинамой, ки мурдагонро чӣ гуна зинда месозӣ». Гуфт: «Оё ҳанӯз имон наёвардӣ? «Гуфт: «Бале, валекин мехоҳам, ки дилам ором ёбад». Гуфт: «Чаҳор парранда бигиру гӯшти онҳоро ба ҳам биёмез ва ҳар ҷузъе аз онҳоро бар кӯҳҳо бинеҳ. Пас онҳоро фарёд кун. Шитобон назди ту меоянд ва бидон, ки Худо пирӯзманд ва ҳаким аст».

261. Масали онон, ки моли худро дар роҳи Худо инфоқ (сарф) мекунанд, мисоли донаест, ки ҳафт хӯша бароварад ва дар ҳар хӯшае сад дона бошад. Худо подоши ҳар киро, ки бихоҳад, чанд баробар мекунад. Худо кушоишдиҳанда ва доност!

262. Музди касоне, ки амволи худро дар роҳи Худо инфоқ (сарф) мекунанд ва пас аз инфоқ миннате намениҳанд ва озоре намерасонанд, бо Парвардигорашон аст. На бимнок мешаванд ва на андӯҳгин.

263. Гуфтори некӯ ва бахшоиш беҳтар аз садақаест, ки озоре ба дунбол дошта бошад. Худо бениёз ва бурдбор аст!

264. Эй касоне, ки имон овардаед, монанди он кас, ки амволи худро аз рӯи риё ва худнамоӣ сарф мекунад ва ба Худову рӯзи қиёмат имон надорад, садақаҳои хешро ба миннат ниҳодан ва озор расонидан ботил макунед. Масали ӯ мисли санги софест, ки бар рӯи он хок нишаста бошад. Ба ногоҳ бороне тунд фурӯ борад ва он сангро ҳамчунон киштнопазир боқӣ гузорад. Чунин касон аз он чӣ кардаанд, суде намебаранд, ки Худо кофиронро ҳидоят намекунад.

265. Ва масали касоне, ки амволи хешро барои талаби ризои Худо аз рӯи яқин ва эътиқод сарф мекунанд, мисли боғест бар теппае, ки бороне тунд бар он борад ва дучандон мева диҳад ва агар на бороне тунд, ки нарм бороне бар он борад. Худо бар корҳои шумо биност!

266. Оё аз миёни шумо касе ҳаст, ки дӯст дошта бошад, ки ӯро боғе аз хурмову ангур буда бошад ва ҷуйҳо дар пои дарахтонаш ҷорӣ бошад ва ҳар гуна мевае диҳад ва худ пир шуда ва фарзандоне нотавон дошта бошад, ба ногоҳ гирдбоде оташнок дар он боғ афтад ва бисӯзад? Худо оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, то ки бияндешед!

267. Эй касоне, ки имон овардаед, аз дастовардҳои некӯи хеш ва аз он чӣ бароятон аз замин рӯёнидем, харҷ кунед, на аз чизҳои нопоку бад, ки худ онҳоро ҷуз аз рӯи чашмпӯшӣ намеситонед. Ва бидонед, ки Худо бениёз ва сутуданист.

268. Шайтон шуморо аз бенавоӣ метарсонад ва ба корҳои зишт вомедорад, дар ҳоле, ки Худо шуморо ба омурзиши хеш ва афзунӣ ваъда медиҳад. Худо кушоишдиҳанда ва доност!

269. Ба ҳар ки хоҳад, ҳикмат ато кунад. Ва ба ҳар ки ҳикмат ато шуда, некии фаровон дода шуда. Ва ҷуз хирадмандон панд напазиранд.

270. Ҳар чиро садақа ё назр кардаед, Худо ба он огоҳ аст. Ва ситамкоронро ҳеҷ ёриву мададгоре нест!

271. Агар ошкоро садақа диҳед, коре некӯст ва агар дар ниҳон ба бенавоён садақа диҳед, некӯтар аст ва гуноҳони шуморо дур созад. Ва Худо бар корҳое, ки мекунед,огоҳ аст!

272. Ҳидоят ёфтани онҳо бар ӯҳдаи ту нест, балки Худост, ки ҳар киро бихоҳад, ҳидоят мекунад. Ва ҳар моле, ки садақа мекунед, савобаш азони худи шумост ва ҷуз барои хушнудии Худо чизе сарф макунед ва ҳар чӣ сарф кунед, мукофоти он ба шумо мерасад ва бар шумо ситам нахоҳад шуд.

273. Ин садақот аз они бенавоёнест, ки худро дар тоъати Ҳақ банд кардаанд ва дар талаби қут нотавонанд ва ончунон дар пардаи ифофанд (худдорӣ), ки ҳар кӣ ҳоли онҳо надонад, пиндорад, ки аз тавонгаронанд. Ононро аз симояшон мешиносӣ, ки ба исрор (бо хирагӣ) аз касе чизе нахоҳанд. Ва ҳар моле, ки сарф мекунед, Худо бар он огоҳ аст!

274. Онон, ки амволи хешро дар шабу рӯз, дар пинҳону ошкор сарф мекунанд, аҷрашон бо Парвардигорашон аст, на бимнок мешаванд ва на ғамгин!

275. Онон, ки рибо мехӯранд, дар қиёмат чун касоне аз қабр бармехезанд, ки ба осеби шайтон девона шуда бошанд. Ва ин ба ҷазои он аст, ки гуфтанд: «Рибо низ чун хариду фурӯш аст». Дар ҳоле, ки Худо хариду фурӯшро ҳалол ва риборо ҳаром кардааст. Ҳар кас, ки панди Худо ба ӯ расид ва аз рибохӯрӣ бозистод, Худо аз гуноҳони пешини ӯ даргузарад ва кораш ба Худо вогузор шавад. Ва онон, ки ба он кор бозгарданд, аҳли ҷаҳаннаманд ва ҷовидона дар он хоҳанд буд!

276. Худованд риборо ночиз мегардонад ва садақотро афзунӣ медиҳад ва ҳеҷ куфронкунандаи гунаҳкорро дӯст надорад!

277. Онон, ки имон овардаанд ва корҳои некӯ кардаанд ва намоз хондаанду закот додаанд, муздашон бо Парвардигорашон аст. На бимнок мешаванд ва на ғамгин!

278. Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва агар имон овардаед, аз рибо ҳар чӣ боқӣ мондааст, тарк кунед.

279. Ва ҳар гоҳ чунин накунед, пас ба ҷанги Худову расули ӯ хабардор бошед. Ва агар тавба кунед, асли сармоя аз они шумост. Дар ин ҳол на ситам кардаед ва на тан ба ситам додаед!

280. Ва агар қарздор тангдаст бувад, мӯҳлате бояд, то тавонгар гардад. Ва агар доно бошед, донед, ки чун бар ӯ бубахшоед, бароятон беҳтар аст!

281. Аз он рӯз, ки сӯи Худо бозмегардед ва ба ҳар кас подоши амалаш ба тамомӣ дода мешавад ва ситаме намебинад, бимнок бошед.

282. Эй касоне, ки имон овардаед, чун қарзе то муддате муъайян ба якдигар диҳед, онро бинависед. Ва бояд дар байни шумо котибе бошад, ки онро ба дурустӣ бинависад. Ва котиб набояд, ки дар навиштан аз он чӣ Худо ба ӯ омӯхтааст, сарпечӣ кунад. Ва қарздор бояд, ки бар котиб имло кунад ва аз Аллоҳ, Парвардигори худ битарсад ва аз он ҳеҷ накоҳад. Агар қарздор нодон ё сағир бувад ё худ навиштан наметавонист, валии ӯ аз рӯи адолат имло кунад. Ва ду шоҳиди мард ба шаҳодат гиред. Агар ду мард набувад, як марду ду зан, ки ба онҳо ризоият диҳед, шаҳодат бидиҳанд, то агар яке фаромӯш кард, дигаре ба ёдаш биёварад. Ва шоҳидон чун ба шаҳодат даъват шаванд, набояд, ки аз шаҳодат худдорӣ кунанд. Ва аз навиштани муддати қарзи худ, чӣ хурд ва чӣ бузург, малӯл машавед. Ин равиш дар назди Худо одилонатар аст ва шаҳодатро устувордорандатар ва шакку шубҳаро дуркунандатар. Ва ҳар гоҳ муъомалаи нақдӣ бошад, агар барои он санаде нанависед, муртакиби гуноҳе нашудаед. Ва чун муъомалае кунед, шоҳиде гиред. Ва набояд ба котибу шоҳид зиёне бирасонед, ки агар чунин кунед, нофармонӣ кардаед. Аз Худо битарсед. Худо шуморо таълим медиҳад ва ӯ бар ҳар чизе огоҳ аст!

283. Ҳар гоҳ дар сафар будед ва котибе наёфтед, бояд чизе ба гарав гирифта шавад ва агар касе аз шумо дигареро амин донист, он кас, ки амин дониста шуда, амонатро боздиҳад ва бояд аз Аллоҳ, Парвардигораш битарсад. Ва шаҳодатро пинҳон макунед. Ҳар кас, ки шаҳодатро пинҳон кунад, ба дил гунаҳкор аст ва Худо аз коре, ки мекунед, огоҳ аст!

284. Аз они Худост, ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст. Он чиро, ки дар дил доред, хоҳ ошкораш созед ё пӯшидааш доред, Худо шуморо ба он бозхост хоҳад кард. Пас ҳар киро, ки бихоҳад, меомурзад ва ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад. Ва Худо бар ҳар коре тавоност!

285. Паёмбар худ ба он чӣ аз ҷониби Парвардигораш ба ӯ нозил шуда, имон дорад. Ва ҳамаи мӯъминон ба Худову фариштагонаш ва китобҳояш ва паёмбаронаш имон доранд. Миёни ҳеҷ яке аз паёмбаронаш фарқе намениҳем. Гуфтанд: «Шунидем ва итоъат кардем, эй Парвардигори мо, омурзиши туро хосторем, ки саранҷоми ҳама ба сӯи туст!»

286. Худо ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тоқаташ амр намекунад. Некиҳои ҳар кас аз они худи ӯст ва бадиҳояш аз они худи ӯст. «Эй Парвардигори мо, агар фаромӯш кардаем ё хатое кардаем, моро бозхост макун! Эй Парвардигори мо, он гуна ки бар умматҳои пеш аз мо таклифи гарон ниҳодӣ, таклифи гарон бар мо манеҳ ва он чиро, ки тоқати он надорем, бар мо таклиф макун! Гуноҳи мо бубахш ва моро биёмурз ва бар мо раҳмат овар! Ту мавлои мо ҳастӣ. Пас моро бар гурӯҳи кофирон пирӯз гардон!»

Сураи ОЛИ ИМРОН1

(Хонадони имрон)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон

Алиф. Лом. Мим.

2. Аллоҳ аст, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ғайри ӯ нест. Зиндаву поянда аст!

3. Ин китобро, ки тасдиқкунандаи китобҳои пеш аз он аст, ба ҳақ бар ту нозил кард ва қабл аз он Таврот ва Инҷилро,

4. барои ҳидояти мардум фиристод ва Фурқонро нозил кард. Барои онон, ки ба оёти Худо имон намеоранд, азобе сахт муҳайёст ва Худо пирӯзманду интиқомгиранда аст.

5. Ҳеҷ чиз дар замину осмон бар Худо пӯшида нест.

6. ӯст, ки шуморо дар раҳми модарон ба ҳар сон, ки хоста бошад, сурат мебандад. Нест маъбуде барҳақ ҷуз ӯ, ки пирӯзманду ҳаким аст!

7. ӯст, ки ин китобро бар ту нозил кард. Баъзе аз оятҳо муҳкамотанд2, ин оятҳо уммулкитобанд ва баъзе оятҳо муташобеҳотанд. Аммо онҳо, ки дар дилашон майл ба ботил аст, ба сабаби фитнаҷӯӣ (гумроҳ кардан) ва майл ба таъвил3, аз муташобеҳот пайравӣ мекунанд, дар ҳоле, ки маънии (ҳақиқии муташобеҳотро) онро ҷуз Худо (касе) намедонад. Ва онон, ки қадам дар дониш устувор кардаанд, мегӯянд: «Мо ба он имон овардаем. Ҳама аз ҷониби Парвардигори мост». Ва хирадмандоннанд, ки панд мегиранд.

8. Эй Парвардигори мо, аз он пас, ки моро ҳидоят кардаӣ, дилҳои моро ба ботил моил масоз ва раҳмати худро бар мо арзонӣ дор, ки ту бисёр бахшояндаӣ!

9. Эй Парвардигори мо, ту мардумро дар он рӯзе, ки ҳеҷ шакке дар он нест, гирд меоварӣ. Ба яқин, ки Худо ба ваъда хилоф накунад!

10. Кофиронро дороиҳо ва фарзандонашон ҳаргиз аз азоби Худо нараҳонад. Онҳо худ ҳезуми оташи ҷаҳаннаманд.

11. Ба шеваи оли Фиръавн ва пешиниёнашон оёти моро такзиб карданд (дурӯғ бароварданд). Пас Худо ононро ба ҷазои гуноҳонашон бозхост кард. Ва уқубати Худо сахт аст!

12. Ба кофирон бигӯй: «Ба зудӣ мағлуб хоҳед шуд ва дар ҷаҳаннам, он оромгоҳи бад, гирд хоҳед омад!»

13. Дар он ду гурӯҳ, ки ба ҳам расиданд, барои шумо ибрате буд: гурӯҳе дар роҳи Худо меҷангиданд ва гурӯҳе дигар кофир буданд. Ононро ба чашми худ дучандони хеш медиданд. Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ёрӣ диҳад. Ва соҳибназаронро дар ин ибратест!4

14. Дар чашми мардум ороиш ёфтааст ишқи ба орзуҳои нафсонӣ ва дӯст доштани занону фарзандон ва моли зиёде аз тилло ва нуқра ва аспони нишонадор ва чорпоён ва зироъат. Ҳамаи инҳо матоъи зиндагии ин ҷаҳонӣ ҳастанд, дар ҳоле, ки бозгашти нек назди Худост!

15. Бигӯ: «Оё шуморо ба чизҳое беҳтар аз инҳо огоҳ кунам?» Барои онон, ки парҳезгорӣ пеша кунанд, дар назди Парвардигорашон биҳиштҳоест, ки наҳрҳо дар онҳо равон аст. Инҳо бо занони покиза дар айни хушнудии Худо, ҷовидона дар он ҷо хоҳанд буд. Ва Худо аз ҳоли бандагон огоҳ аст:

16. Касоне, ки мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, имон овардаем, гуноҳи моро биёмурз ва моро аз азоби оташ ҳифз кун!».

17.Собирону ростгӯён ва фармонбардорону инфоқкунандагон ва онон, ки дар саҳаргоҳон омурзиш металабанд.

18. Аллоҳ гувоҳӣ дод, ки ҳеҷ худое (барҳақ) ҷуз ӯ нест. Ва гувоҳӣ доданд фариштагону донишмандон дар он ҳол, ки Худо тадбиркунандаи олам аст ба адл. Худое (барҳақ) ҷуз ӯ нест, ки пирӯзманду ҳаким аст!

19. Ҳар ойна дин дар назди Худо дини ислом аст. Ва аҳли Китоб роҳи хилоф рафтанд, аз рӯи ҳасад аз он пас, ки ба ҳаққонияти он дин огоҳ шуданд. Онон, ки ба оёти Худо кофир шуданд, бидонанд, ки албатта ӯ ба зудӣ ба ҳисобашон хоҳад расид.

20. Агар бо ту ба муҷодала бархезанд, бигӯ: «Ману пайравонам дар дини хеш ба Худо ихлос варзидем». Ба аҳли Китоб ва мушрикон бигӯ: «Оё шумо ҳам ба Худо ихлос варзидаед?» Агар ихлос варзиданд, пас ҳидоят ёфтанд ва агар рӯй гардониданд, бар ту таблиғ асту бас ва Худо бандагонро мебинад.

21. Касонеро, ки ба оёти Худо имон намеоваранд ва паёмбаронро ба ноҳақ мекушанд ва мардумеро, ки аз рӯи адл фармон медиҳанд (ба ҳақ даъват мекунанд), мекушанд, ба азобе дардовар хабар деҳ!

22. Аъмоли инҳо дар дунё ва охират нобуд шудааст ва ҳеҷ ёваре надоранд!

23.Оё ононро надидӣ, ки аз китоб баҳрае ёфта буданд, чун даъват шуданд, то китоби Худо дар бораи онҳо ҳукм кунад, сипас гурӯҳе аз онҳо бозмегаштанд ва рӯйгардонӣ мекарданд?

24. Ва ин ба он сабаб буд, ки мегуфтанд: «Ҷуз чанд рӯзе оташи дӯзах ба мо нарасад». Ва ин дурӯғ, ки худ баста буданд дар динашон, фиребашон дод.

25. Пас ҳолашон чӣ гуна хоҳад буд (ва чӣ кор хоҳанд кард), ҳар вақто ки онҳоро ҷамъ оварем, аз барои он рӯзе, ки ҳеҷ шакке дар (вуқуъи) он нест ва подоши амали ҳар касро дода шавад ва онҳоро зулме (ситаме) нашавад?

26. Бигӯ: «Бор Худоё, Туӣ, молики мулк! Ба ҳар, ки бихоҳӣ, мулк медиҳӣ, ва аз ҳар кӣ бихоҳӣ, мулк меситонӣ! Ҳар касро, ки бихоҳӣ, иззат медиҳӣ ва ҳар касро, ки бихоҳӣ, хорӣ медиҳӣ! Ҳамаи некиҳо ба дасти туст ва ту бар ҳар коре тавоноӣ!

27.Аз шаб кам мекунӣ ва ба рӯз меафзоӣ ва аз рӯз кам мекунӣ ва ба шаб меафзоӣ! Зиндаро аз мурда (ҳамчунон ки мӯъминонро аз кофир ва чӯҷаро аз тухм) берун меоварӣ ва мурдаро аз зинда (кофирро аз мӯъмин ва тухмро аз мурғ). Ва ба ҳар ки бихоҳӣ, беҳисоб рӯзӣ медиҳӣ!

28.Набояд мӯъминон кофиронро ба ҷои мӯъминон дӯст гиранд. Пас ҳар кӣ чунин кунад, ӯро бо Худо робитае нест. Магар, ин ки аз онҳо бимнок бошед (яъне дафъи шарри эшон кунед, ба навъе аз ҳазар кардан). Ва Худо шуморо аз худаш (яъне аз иқобаш) метарсонад, ки бозгашт ба сӯи ӯст».

 








Не нашли, что искали? Воспользуйтесь поиском по сайту:



©2015 - 2024 stydopedia.ru Все материалы защищены законодательством РФ.