Сделай Сам Свою Работу на 5

Касест, ки бимирад ва фарзанду падару модар надошта бошад. 2 глава





121. Касоне, ки китобашон додаем ва ончунон, ки сазовор аст, онро мехонанд, мӯъминони ба он ҳастанд ва онон, ки ба он имон надоранд, зиёнкорон ҳастанд.

122. Эй бани Исроил, аз он неъмате, ки бар шумо арзонӣ доштам ва шуморо бар ҷаҳониён бартарӣ додам, ёд кунед!

123. Ва битарсед аз рӯзе, ки ҳеҷ кас дигареро ба кор наёяд ва фидя пазируфта нашавад ва шафоъат судашон накунад ва касе ба ёрияшон барнахезад!

124. Ва Парвардигори Иброҳим ӯро ба калимоте чанд биёзмуд ва Иброҳим он калимотро ба тамомӣ ба анҷом расонид. Худо гуфт: «Ман туро пешвои мардум гардонидам». Гуфт «Фарзандонамро ҳам?» Гуфт: «Паймони ман ситамкоронро дар бар нагирад».

125. Ва Каъбаро ҷойгоҳи иҷтимоъ ва макони амни мардум сохтем. Мақоми Иброҳимро намозгоҳи хеш гиред. Мо Иброҳим ва Исмоилро фармон додем: «Хонаи маро барои тавофкунандагону муқимон ва рокиъону соҷидон покиза доред!»

126. Ва Иброҳим гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин шаҳрро ҷои амне гардон ва аз мардумаш ононро, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд, аз ҳар самаре рӯзӣ соз!» Гуфт: «Ҳар кас, ки кофир шуд, ӯро андак бархурдорӣ диҳам, сипас ба азоби оташ дучораш гардонам», ки бад саранҷомест!



127. Ва чун Иброҳим ва Исмоил пояҳои хонаро боло бурданд, гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, аз мо бипазир, ки ту шунаво ва доно ҳастӣ!»

128. Парвардигори мо, моро фармонбардори хеш соз ва низ фарзандони моро фармонбардори хеш гардон ва маносикамонро ба мо биёмӯз ва тавбаи мо бипазир, ки ту бисёр тавбапазиранда ва меҳрубон ҳастӣ!

129. «Эй Парвардигори мо, аз миёнашон паёмбаре бар онҳо мабъус гардон, то оёти туро бар онҳо бихонад ва ба онҳо китобу (қуръон ва дигар китобҳои осмонӣ) ҳикмат (маърифати дин) биёмӯзонад ва онҳоро покиза созад ва ту пирӯзманду ҳаким ҳастӣ!»

130. Чӣ касе аз кеши Иброҳим рӯй барметобад, ҷуз он ки худро бехирад сохта бошад? Иброҳимро дар дунё баргузидем ва ӯ дар охират низ аз шоистагон аст.

131. Ва Парвардигораш ба ӯ гуфт: «Таслим шав». Гуфт: «Ман дар баробари Парвардигори ҷаҳониён таслимам».

132. Иброҳим ба фарзандони худ васият кард, ки дар баробари Худо таслим шаванд. Ва Яъқуб ба фарзандони худ гуфт: «Эй фарзандони ман, Худо барои шумо ин динро баргузидааст, мабодо бимиред, бе он ки ба он гардан ниҳода бошед».



133. Оё шумо ҳозир будед, он гоҳ ки марги Яъқуб фаро расид ба фарзандонаш гуфт: «Пас аз ман чӣ чизеро мепарастед?» Гуфтанд: «Худои ту ва Худои ниёкони ту, Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқро ба яктоӣ хоҳем парастид ва дар баробари ӯ таслим ҳастем».

134. Онҳо умматҳое будаанд, ки акнун даргузаштаанд. Он чӣ карда буданд, аз они онҳост ва он чӣ шумо кунед, аз они шумост ва шуморо аз аъмоле, ки онҳо мекарданд, намепурсанд.

135. Гуфтанд: «Яҳудӣ ё насронӣ шавед, то роҳи рост ёбед». Бигӯ: «Мо дини яктопарастии Иброҳимро баргузидем ва ӯ мушрик набуд».

136. Бигӯед: «Мо ба Худо ва оёте, ки бар мо нозил шуда ва низ он чӣ бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва сибтҳо нозил омада ва низ он чӣ ба Мӯсо ва Исо фиристода шуда ва он чӣ бар паёмбарони дигар аз ҷониби Парвардигорашон омадааст, имон овардаем. Миёни ҳеҷ як аз паёмбарон фарқе намениҳем ва ҳама дар баробари Худо таслим ҳастем».

137. Агар ба он чӣ шумо имон овардаед, онҳо низ имон биёваранд, ҳидоят ёфтаанд. Аммо агар рӯй бартофтанд, пас бо ту сари хилоф доранд ва дар баробари онҳо Худо туро кофист, ки ӯ шунаво ва доност!

138. Ин ранги (яъне, дини) Худост ва ранги (дини) чӣ касе аз ранги (дини) Худо беҳтар аст. Мо парастандагони ӯ ҳастем.

139. Бигӯ: «Оё дар бораи Худо бо мо баҳсу муҷодала мекунед? ӯ Парвардигори мову шумост. Аъмоли мо азони мо ва аъмоли шумо азони шумост ва мо ӯро ба покдилӣ мепарастем.



140. Оё мегӯед, ки Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва сибтҳо яҳудӣ ё насронӣ буданд? Бигӯ: «Оё шумо огоҳтаред ё Худо? Ситамкортар аз касе, ки гувоҳии худро аз Худо пинҳон мекунад, кист? Ва Худованд аз корҳое, ки мекунед, ғофил нест».

141. Онҳо умматҳое будаанд, ки акнун даргузаштаанд. Он чӣ онҳо карданд, азони онҳост ва он, чи шумо мекунед, азони шумост ва шуморо аз аъмоли онҳо намепурсанд.

142. Аз мардум онон, ки камхираданд, хоҳанд гуфт: «Чӣ чиз онҳоро аз қиблае, ки рӯ ба рӯи он меистоданд, баргардонид?»20Бигӯ:«Машриқу Мағриб аз они Худост ва Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад!»

143. Оре, чунин аст, ки шуморо беҳтарини умматҳо гардонидем, то бар мардумон гувоҳ бошед ва паёмбар бар шумо гувоҳ бошад. Ва он қиблаеро, ки рӯ ба рӯи он меистодӣ, дигаргун накардем, магар ба он сабаб, ки ононро, ки аз паёмбар пайравӣ мекунанд, аз онон, ки рӯй мегардонанд (аз дин), бозшиносем. Ҳарчанд, ки ин амр ҷуз бар ҳидоятёфтагон душвор менамуд. Худо имони (намози) шуморо табоҳ намекунад. ӯ бар мардумон ниҳоят меҳрубон ва бахшоянда аст!

144. Нигаристанатро ба атрофи осмон мебинем, Туро ба сӯи қиблае, ки меписандӣ, мегардонем. Пас рӯй ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ва ҳар ҷо, ки бошед, рӯй ба он ҷониб кунед. Аҳли китоб медонанд, ки ин дигаргунӣ ба ҳақ ва аз ҷониби Парвардигорашон будааст. Ва Худо аз он чӣ мекунед, ғофил нест!

145. Барои аҳли Китоб ҳар бурҳону нишонае, ки биёварӣ, аз қиблаи ту пайравӣ нахоҳанд кард ва ту низ аз қиблаи онҳо пайравӣ намекунӣ ва онҳо ҳам худ пайрави қиблаи якдигар нахоҳанд буд. Ҳар гоҳ пас аз огоҳӣ, дар пайи хоҳишҳои онҳо биравӣ, аз ситамкорон хоҳӣ буд.

146. Аҳли Китоб ҳамчунон, ки фарзандони худро мешиносанд, ӯро мешиносанд вале гурӯҳе аз онҳо дар айни огоҳӣ ҳақиқатро пинҳон медоранд.

147. Он чӣ аз ҷониби Худо бар ту нозил шуда, ҳақ ҳамон аст, шубҳа макун!

148. Ҳар касеро ҷонибест, ки ба он рӯй меоварад. Пас дар некӣ кардан бар якдигар сабқат гиред. Ҳар ҷо, ки бошед, Худо шуморо ҳозир мекунад, ки ӯ бар ҳар коре тавоност!

149. Аз ҳар ҷое, ки берун шавӣ, рӯи худ бар ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ҳақ ҳамон аст, ки Парвардигорат ба он амр фармуда. Ва Худо аз корҳоятон ноогоҳ нест!

150. Аз ҳар ҷое, ки берун шавӣ, рӯи хеш ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ва ҳар ҷо, ки бошед рӯй ба он сӯй кунед, то ҳеҷ касро, ҷуз ситамкорон, бо шумо баҳсу муҷодалае набошад. Аз онҳо матарсед, аз Ман битарсед, то неъмати хеш бар шумо тамом кунам, то ки ҳидоят шавед.

151. Ҳамчунон ки паёмбаре аз худи шумо бар шумо фиристодем, то оёти моро бароятон бихонад ва шуморо покиза гардонад ва китобу ҳикмат омӯзад ва он чиро, ки намедонистед, ба шумо ёд диҳад.

152. Пас маро ёд кунед, то шуморо ёд кунам. Маро сипос гӯед ва носипосии ман накунед.

153. Эй касоне, ки имон овардаед, аз сабру намоз мадад ҷӯед, ки Худо бо сабркунандагон аст.

154. Ононро, ки дар роҳи Худо кушта мешаванд, мурда наҳисобед. Онҳо зиндаанд ва шумо дарнамеёбед.

155. Албатта, шуморо ба андаке тарс ва гуруснагиву бенавоӣ ва бемориву нуқсони дар маҳсулот меозмоем. Ва сабркунандагонро мужда деҳ.

156. Касоне, ки чун мусибате ба онҳо расид, гуфтанд:«Мо аз они Худо ҳастем ва ба ӯ бозмегардем».

157.Дуруд ва раҳмати Парвардигорашон бар онон бод, ки ҳидоятёфтагонанд.

158. Сафо ва Марва23 аз шиъорҳои Худост. Пас касоне, ки ҳаҷҷи хона ё умраро ба ҷой меоваранд, агар бар он ду кӯҳ тавоф кунанд, муртакиби гуноҳе нашудаанд. Пас ҳар кӣ кори некеро ба рағбат анҷом диҳад, бидонад, ки Худо шукргузорандае доност!

159. Касонеро, ки далелҳои равшан ва ҳидояткунандаи моро, пас аз он ки дар китоб барои мардум баёнашон кардем, пинҳон мекунанд, ҳам Худо лаънат мекунад ва ҳам дигар лаънаткунандагон.

160. Магар онҳо, ки тавба карданд ва ислоҳ шудан ва он чӣ пинҳон дошта буданд, ошкор сохтанд, тавбаашонро мепазирам ва ман тавбапазир ва меҳрубонам!

161. Бар онон, ки кофир буданд ва дар кофирӣ мурданд, лаънати Худо ва фариштагону ҳамаи мардум бод!

162. Ҷовидона дар лаънатанд ва дар азобашон сабукӣ дода нашавад ва лаҳзае мӯҳлаташон надиҳанд.

163. Худои шумо Худоест якто. Худое барҳақ, ҷуз ӯ нест бахшоянда ва меҳрубон!

164. Дар офариниши осмонҳову замин ва дар рафтуомади шабу рӯз ва дар киштиҳое, ки дар дарё мераванд ва мояи суди мардуманд ва дар бороне, ки Худо аз осмон фурӯ мефиристад, то замини мурдаро ба он зинда созад ва ҷунбандагонро дар он барангезад ва дар ҳаракати бодҳо ва абрҳои ромшуда миёни замину осмон, барои хирадмандоне, ки дармеёбанд, нишонаҳост!

165. Баъзе аз мардум Худоро ҳамтоёне ихтиёр мекунанд ва онҳоро чунон дӯст медоранд, ки Худоро. Вале онон, ки имон овардаанд, Худоро бештар дӯст медоранд. Ва он гоҳ, ки ситампешагон азобро бубинанд, дарёбанд, ки ҳамаи қудрат аз они Худост. Ҳар ойна Худо ба сахтӣ уқубат мекунад!

166. Он гоҳ, ки пешвоён азобро бингаранд, аз фармонбарони хеш безорӣ ҷӯянд ва пайванди миёни онҳо гусаста гардад.

167. Ва он пайравон гӯянд: «Кош бори дигар бозмегаштем, то он чунонки аз мо безорӣ ҷӯстанд, аз онҳо безорӣ меҷӯстем. Худованд кирдорҳояшонро инчунин мояи ҳасраташон менамояд ва онон аз оташ раҳоӣ наёбанд!»

168. Эй мардум, аз он чизҳои ҳалолу покиза, ки дар замин аст, бихӯред ва пой ба ҷои пойи шайтон магузоред, ки душмани ошкори шумост.

169. ӯ шуморо ба бадиву зиштӣ фармон медиҳад ва мехоҳад, ки дар бораи Худо чизҳое бигӯед, ки ба он огоҳ нестед.

170. Чун ба онҳо гуфта шавад, ки аз он чӣ Худо нозил кардааст, пайравӣ кунед, гӯянд: «На, мо ба ҳамон роҳе меравем, ки падаронамон мерафтанд». Ҳатто агар падаронашон бехираду гумроҳ буданд?.

171. Мисоли кофирон мисли ҳайвонест, ки касе дар гӯши ӯ овоз кунад ва ӯ ҷуз бонгеву овозе нашнавад. Инҳо каронанд, гунгонанд, кӯронанд ва ҳеҷ дарнамеёбанд!

172. Эй касоне, ки имон овардаед, аз он чизҳои покизае, ки рӯзии шумо кардаем, бихӯред ва агар Худоро мепарастед, шукрашро24ба ҷой оваред.

173. Ҷуз ин нест, ки мурдорро ва хунро ва гӯшти хукро ва он чиро, ки ба ҳангоми забҳ номи ғайри Худо бар он бихонанд, бар шумо ҳаром кард. Аммо касе, ки ночор шавад, ҳар гоҳ ки бемайлӣ ҷӯяд ва аз ҳад нагузаронад, пас гуноҳе анҷом надодааст. Албатта Худо омурзанда ва бахшоянда аст!

174. Онон, ки Китоберо, ки Худо нозил кардааст, пинҳон медоранд, то баҳои андаке биситонанд, шикамҳои худро ҷуз аз оташ пур намесозанд. Ва Худо дар рӯзи қиёмат ба онҳо сухан нагӯяд ва покашон насозад ва барои онҳо азобе дардовар аст!

175. Инҳо гумроҳиро ба ҷои ҳидоят баргузиданд ва азобро ба ҷои омурзиш. Чӣ чиз бар оташ босабрашон сохта?

176. Зеро ки Худо китобро ба ҳақ нозил кард ва касоне, ки дар китоби Худо ихтилоф мекунанд, дар мухолифате дур аз савобанд.

177. Некӣ он нест, ки рӯи худ ба ҷониби Машриқу Мағриб кунед, балки некӯкор касест, ки ба Худо ва рӯзи бозпасин ва фариштагон ва китоби Худо ва паёмбарон имон оварад. Ва моли худро, бо он ки дӯсташ дорад, ба хешовандону ятимон ва дармондагону мусофирон ва гадоёну дарбандмондагон бубахшад. Ва намоз бигузораду закот бидиҳад. Ва низ касоне ҳастанд, ки чун аҳде мебанданд, ба он вафо мекунанд. Ва онон, ки дар бенавоиву беморӣ ва ба ҳангоми ҷанг сабр мекунанд, инҳо ростгӯён ва парҳезгоронанд.

178. Эй касоне, ки имон овардаед, дар бораи куштагон бар шумо қасос муқаррар шуд: озод дар баробари озод ва банда дар баробари банда ва зан дар баробари зан. Пас ҳар кас, ки аз ҷониби бародари худ афв гардад, бояд, ки бо хушнудӣ аз пайи адои хунбаҳо равад ва онро ба ваҷҳи некӯ ба ӯ пардозад. Ин ҳукм сабукиву раҳматест аз ҷониби Парвардигоратон ва ҳар кӣ аз он сар боз занад, насиби ӯ азобест дардовар!

179. Эй хирадмандон, шуморо дар қасос гирифтан зиндагист25. То ки парҳезгорӣ кунед!

180. Ҳар гоҳ яке аз шуморо марг фаро расад ва моле бар ҷой гузорад, муқаррар шуд, ки дар бораи падару модар ва хешовандон аз рӯи инсоф васият кунад. Ва ин шоистаи парҳезгорон аст.

181. Пас ҳар кас, ки он васиятро бишнавад ва он гоҳ дигаргунаш созад, гуноҳаш бар он касест, ки онро дигаргун сохтааст. Худо шунаво ва доност!

182. Ҳар гоҳ бими он равад, ки васияткунандае дар васияти хеш дучори хато ё зулме шуда бошад, агар касе ба ислоҳи миёни онон пардозад, пас муртакиби гуноҳе нашудааст. Албатта Худо омурзанда ва меҳрубон аст!

183. Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза доштан бар шумо муқаррар шуд, ҳамчунон ки бар касоне, ки пеш аз шумо будаанд, муқаррар шуда буд, то парҳезгор шавед!

184. Рӯзҳое башумор. Ҳар кас, ки аз шумо бемор ё дар сафар бошад, ба ҳамон адад аз рӯзҳои дигар рӯза бидорад. Ва онон, ки тавоноии онро надоранд, ҳар рӯзро ба таъом додани мискине бозхаранд26. Ва ҳар кӣ ба рағбат дар он бияфзояд, барояш беҳтар аст ва агар мехоҳед бидонед, беҳтар он аст, ки худ рӯза бидоред.

185. Моҳи Рамазон (моҳест), ки дар он барои роҳнамоии мардум ва баёни роҳи равшани ҳидоят ва ҷудо сохтани ҳақ аз ботил, Қуръон нозил шудааст, пас ҳар кас, ки моҳро бубинад, бояд, ки дар он (моҳ) рӯза бидорад. Ва ҳар кас, ки бемор ё дар сафар бошад, ба ҳамон адад аз рӯзҳои дигар. Худо барои шумо хостори осонӣ аст, на сахтӣ ва то он ҳисобро комил созед. Ва Худоро ба он сабаб, ки роҳнамоиятон кардааст, ба бузургӣ ёд кунед ва шукр гӯед!

186. Чун бандагони Ман дар бораи Ман аз ту бипурсанд, бигӯ, ки Ман наздикам ва ба нидои касе, ки Маро бихонад, посух медиҳам. Пас ба нидои Ман посух диҳанд ва ба Ман имон оваранд, то роҳи рост ёбанд!

187. Ҳамбистарӣ бо занонатон дар шаби моҳи рӯза бар шумо ҳалол шуд. Онҳо пӯшиши шумоянд ва шумо пӯшиши онҳоед. Худо медонист, ки шумо бо хештан хиёнат (яъне, дар тарк кардани ҳамхобагӣ бо занонатон дар шабҳои рамазон) меварзед, пас тавбаи шуморо пазируфт ва шуморо афв кард. Акнун бо онҳо ҳамбистар шавед ва он чиро, ки Худо бар шумо муқаррар гардонидааст, анҷом диҳед ва бихӯреду биёшомед то риштаи равшани субҳдам дар торикии шаб ошкор шавад. Ва рӯзаро ба шаб бирасонед. Ва чун дар масҷид эътикоф кунед, бо занон ҳамбистар машавед. Инҳо ҳудуди фармони Худост, ба он наздик машавед. Худо оёти худро инчунин баён мекунад, то ки ба парҳезгорӣ бирасанд!

188. Амволи якдигарро ба ношоиста махӯред (ҳамчун ришва, рибо, ғасб ва дуздӣ) ва ба ҳокимон амволи худро марасонед, то ба он сабаб амволи гурӯҳе дигарро ба ноҳақ (ба ситам) бихӯред. Ва шумо худ медонед.

189. Аз ту дар бораи ҳилолҳои моҳ мепурсанд, бигӯ: «Барои он аст, ки мардум вақти корҳои хеш аз замони ҳаҷро бишиносанд». Ва писандида нест, ки аз пушти хонаҳо27 ба онҳо дохил шавед, вале писандида роҳи касонест, ки парво мекунанд ва аз дарҳо ба хонаҳо дароед ва аз Худо битарсед, то растагор шавед!

190. Бо касоне, ки бо шумо ҷанг мекунанд, дар роҳи Худо биҷангед ва аз ҳад нагузаред. Зеро Худо аз ҳад гузарандагонро дӯст надорад!

191. Ҳар ҷо, ки онҳоро биёбед, бикушед ва аз он ҷо, ки шуморо рондаанд, биронедашон, ки фитна (яъне, куфр ва ширк) аз қатл бадтар аст. Ва дар Масҷидулҳаром бо онҳо маҷангед, магар он ки бо шумо биҷанганд. Ва чун бо шумо ҷангиданд, бикушедашон, ки ин аст ҷазои кофирон!

192. Ва агар бозистоданд, Худо омурзанда ва меҳрубон аст!

193. Бо онҳо биҷангед, то дигар фитнае набошад ва дин танҳо дини Худо шавад. Вале агар аз дини хеш даст бардоштанд, таҷовуз ҷуз бар ситамкорон раво нест!

194. Ин моҳи ҳаром дар муқобили он моҳи ҳаром28ва шикастан моҳҳои ҳаромро қасос аст. Пас ҳар кас бар шумо дастдарозӣ кунад, ба ҳамон андоза бар ӯ дастдарозӣ кунед ва аз Худо битарсед ва бидонед, ки ӯ бо парҳезгорон аст!

195. Дар роҳи Худо инфоқ кунед ва хештанро ба дасти хеш ба ҳалокат маяндозед (ба тарки инфоқ дар роҳи Худо) ва некӣ кунед, ки Худо некӯкоронро дӯст дорад.

196. Ҳаҷ ва умраро барои Худо комил ба ҷой оред. Ва агар шуморо аз ҳаҷ боздоштанд, он қадар, ки муяссар аст, қурбонӣ кунед ва сар матарошед, то қурбонии шумо ба қурбонгоҳаш бирасад. Агар яке аз шумо бемор ё дар сараш озоре бувад, ба унвони фидя рӯза бидорад ё садақа диҳад ё қурбонӣ кунад. Ва чун эмин шавад, ҳар кӣ аз умраи таматтӯъ ба ҳаҷ бозояд, он қадар ки ӯро муяссар аст, қурбонӣ кунад. Ва ҳар киро қурбонӣ муяссар нашуд, се рӯз дар ҳаҷ рӯза бидорад ва ҳафт рӯз чун аз ҳаҷ бозгардад, то даҳ рӯзи комил шавад. Ва ин ҳукм барои касест, ки аз мардуми Макка набошад. Аз Худо битарсед ва бидонед, ки Худо ба сахтӣ уқубат мекунад!

197. Ҳаҷ дар моҳҳои муъайянест. Ҳар кӣ дар ин моҳҳо ҳаҷро бар худ лозим кард (яъне, эҳром баст), бояд ки дар аснои он ҷимоъ (ҳамхобагӣ) накунад ва фисқе аз ӯ сар назанад ва муҷодала накунад. Ҳар кори неке, ки анҷом медиҳед, Худо аз он огоҳ аст. Ва тӯша бардоред, ки беҳтарини тӯшаҳо парҳезгорист. Эй хирадмандон, аз ман битарсед!

198. Агар ба ҳангоми Ҳаҷ толиби рӯзии Худо бошед, гунаҳгор нашудаед ва чун аз Арафот бозгаштед, Худоро дар Машъарулҳаром29 ёд кунед, аз он рӯ, ки шуморо ҳидоят карда, дар ҳоле ки пеш аз он гумроҳ будед.

199. Сипас аз он ҷо, ки дигар мардум роҳ мепаймоянд (даста- ҷамъона), шумо низ равона шавед ва аз Худо омурзиш бихоҳед, ки омурзанда ва меҳрубон аст!

200. Чун маносикатонро ба ҷой овардед, ҳамчунон ки падарони хешро ёд мекардед, ҳатто бештар аз он, Худойро ёд кунед. Бархе аз мардум мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, моро дар дунё чизе бахш». Инҳоро дар охират насибе нест.

201. Ва бархе аз мардум мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, моро ҳам дар дунё хайре бахш ва ҳам дар охират ва моро аз азоби оташ нигаҳ дор».

202. Инҳо аз он чӣ хостаанд, баҳраманд мешаванд ва Худо босуръат ба ҳисоби ҳар кас мерасад!

203. Худовандро дар рӯзҳое чанд ёд кунед ва ҳар кӣ дар ду рӯз шитоб кунад, муртакиби гуноҳе нашудааст. Ҳар парҳезгоре ҳам, ки таъхир кунад, гуноҳе накардааст. Аз Худо битарсед ва бидонед, ки ҳамагон ба пешгоҳи вай гирд меоед!

204. Ва аз мардумон касе ҳаст, ки сухани ӯ дар боби зиндагонии дунё туро ба тааҷҷуб меорад ва Худоро бар он чи дар дили ӯст гувоҳ меорад, ҳол он ки ӯ сахтарини ситезандагон аст.

205. Чун аз назди ту бозгардад, дар замин фасод кунад ва киштзорҳо ва чорпоро нобуд созад ва Худо фасодро дӯст надорад!

206. Ва чун ба ӯ гӯянд, ки аз Худо битарс, худхоҳиаш ӯро ба гуноҳ кашонад. Ҷаҳаннам он ҷойгоҳи бад ӯро бас бошад!

207. Касе дигар аз мардум барои ҷустани хушнудии Худо ҷони хешро фидо кунад30. Худо бар ин бандагон меҳрубон аст!

208. Эй касоне, ки имон овардаед, ҳамагон ба итоъат дароед ва пой ба ҷойи пойи шайтон магузоред, ки ӯ душмани ошкори шумост.

209. Ҳар гоҳ пас аз он ки ин оёти равшани Худо ба шумо расид, дар имони хеш лағзише ёфтед, бидонед, ки Худо пирӯзманд ва ҳаким аст.

210. Оё инҳо мунтазири он ҳастанд, ки Худо бо фариштагон дар зери соябоне аз абр наздашон биёяд ва кор яксара шавад? Ҳол он ки Худо марҷаъи ҳамаи корҳост.

211. Аз бани Исроил бипурс, ки онҳоро чӣ оёти равшане додем. Ҳар кас, ки неъматеро, ки Худо ба ӯ иноят кардааст, дигаргун созад, бидонад, ки ӯ сахтуқубат аст!

212. Барои кофирон зиндагии ин ҷаҳонӣ ороста шудааст ва мӯъминонро масхара мекунанд. Онон, ки аз Худо метарсанд, дар рӯзи қиёмат болотар аз кофирон ҳастанд ва Худо ҳар касеро, ки бихоҳад, беҳисоб рӯзӣ медиҳад!

213. Мардум як уммат буданд, пас Худо паёмбарони муждадиҳанда ва тарсонандаро бифиристод ва бар онҳо китоби барҳақ нозил кард, то он китоб дар он чӣ мардум ихтилоф доранд, миёнашон ҳукм кунад, вале ҷуз касоне, ки китоб бар онҳо нозил шуда ва ҳуҷҷатҳо ошкор гашта буд, аз рӯи ҳасаде, ки нисбат ба ҳам меварзиданд, дар он ихтилоф накарданд. Ва Худо мӯъминонро ба иродаи худ дар он ҳақиқате, ки ихтилоф мекарданд, роҳ намуд, ки Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад!

214. Мепиндоред, ки ба биҳишт хоҳед рафт? Ва ҳанӯз он чӣ бар сари пешиниёни шумо омада, бар сари шумо наёмада? Ба онҳо фақру ранҷ расид ва такон дода шуданд, то он ҷо, ки паёмбар ва мӯъминоне, ки бо ӯ буданд, гуфтанд: «Пас ёрии Худо кай хоҳад расид?» Бидон, ки ёрии Худо наздик аст!

215. Аз ту мепурсанд, ки чӣ нафақа кунанд? Бигӯ: «Он чӣ аз моли худ нафақа мекунед, барои падару модар ва хешовандону ятимон ва мискинону раҳгузарон бошад ва ҳар кори неке, ки кунед, Худо ба он огоҳ аст».

216. Ҷанг бар шумо муқаррар шуд, дар ҳоле ки онро бад мебинед. Шояд чизеро бад бубинед ва дар он хайри шумо бошад ва шояд чизеро дӯст дошта бошед ва ӯ бароятон бад бошад. Худо медонад ва шумо намедонед!

217. Туро аз ҷанг кардан дар моҳи ҳаром мепурсанд. Бигӯ: «Ҷанг кардан дар он моҳ гуноҳе бузург аст. Аммо боздоштани мардум аз роҳи Ҳақ ва кофир шудан ба ӯ ва Масҷидулҳаром31 ва берун рондани мардумаш аз он ҷо, дар назди Худованд гуноҳе бузургтар аст ва ширк аз қатл бузургтар аст!» Онҳо бо шумо меҷанганд, то агар битавонанд, шуморо аз динатон бозгардонанд. Аз миёни шумо онҳо, ки аз дини худ бозгарданд ва кофир бимиранд, аъмолашон дар дунё ва охират табоҳ шуда ва ҷовидона дар ҷаҳаннам бошанд!

218. Касоне, ки имон овардаанд ва онҳо, ки ватанро тарк кардаанд ва дар роҳи Худо ҷиҳод намудаанд, ба раҳмати Худо умед медоранд ва Худо омурзанда ва меҳрубон аст!

219. Туро аз шаробу қимор мепурсанд. Бигӯ: «Дар он ду (шароб ва қимор), гуноҳест бузург ва судҳоест барои мардум. Ва гуноҳашон аз судашон бештар аст». Ва аз ту мепурсанд: «Чӣ чиз нафақа кунанд?» Бигӯ: «Он чӣ афзун ояд». Худо оётро инчунин барои шумо баён мекунад, то ки дар кори дунё ва охират бияндешед.

220. Туро аз ятимон мепурсанд. Бигӯ: «Ислоҳи ҳолашон беҳтар аст». Ва агар бо онҳо омезиш мекунед, чун бародарони шумо бошанд. Худованд табаҳкорро аз некӯкор бозмешиносад ва агар Худо хоҳад бар шумо сахт мегирад. Албатта Худо пирӯзманд ва ҳаким аст!

221. Занони мушрикаро то имон наёвардаанд, ба занӣ магиред ва канизи мӯъмина беҳтар аз озодзани мушрика аст, ҳарчанд шуморо аз ӯ хуш ояд. Ва ба мардони мушрик то имон наёваранд, зани мӯъмина мадиҳед. Ва бандаи мӯъмин (ғулом, барда) беҳтар аз мушрик аст, ҳарчанд шуморо аз ӯ хуш ояд. Инҳо ба сӯи оташ даъват мекунанд ва Худо ба ҷониби биҳишту омурзиш. Ва оёти худро ошкор баён мекунад, то ки бияндешанд!

222. Туро аз ҳайзи занон мепурсанд. Бигӯ «Ҳайз нопокист. Пас дар айёми ҳайз аз занон дурӣ гузинед ва ба онҳо наздик машавед, то пок гарданд. Ва чун пок шуданд, аз он ҷо, ки Худо фармон додааст, бо онҳо наздикӣ кунед. Ҳар ойна Худо тавбакунандагонро дӯст дорад!

223. Занонатон киштзори шумо ҳастанд. Ҳар ҷо, ки хоҳед, ба киштзори худ дароед. Ва барои хеш аз пеш чизе фиристед ва аз Худо битарсед ва бидонед, ки ба назди ӯ хоҳед рафт. Ва мӯъминонро мужда деҳ!

224. Худоро омоҷи (василаи) савгандҳои хеш қарор мадиҳед, то аз некӯкориву тақво ва ислоҳ дар миёни мардум бозистед, ки Худо шунаво ва доност!

225. Худо шуморо ба сабаби савгандҳои бидуни қасдатон бозхост намекунад, балки ба хотири нияте, ки дар дил ниҳон медоред, бозхост мекунад. Худо омурзанда ва бурдбор аст!

226. Барои касоне, ки савганд мехӯранд33, ки бо занони хеш наёмезанд, чаҳор моҳ мӯҳлат аст. Пас агар бозоянд, Худо омурзанда ва меҳрубон аст.

 








Не нашли, что искали? Воспользуйтесь поиском по сайту:



©2015 - 2024 stydopedia.ru Все материалы защищены законодательством РФ.