Сделай Сам Свою Работу на 5

Касест, ки бимирад ва фарзанду падару модар надошта бошад. 1 глава





23.05.2007 22:55:10

Сураи ФОТИҲА 1

1. Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

2.Ситоиш Худоро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.

3.Бахшояндаи меҳрубон,

4.Фармонравои рӯзи ҷазо.

5.Танҳо Туро мепастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем.

6.Моро ба роҳи рост ҳидоят кун:

7.Роҳи касоне, ки онҳоро неъмат додаӣ, на хашмгирифтагонӣ2 бар онҳо ва на гумроҳон3.

1. Аз он рӯй, ки калому-л-лоҳи маҷид бо ин сура оғоз мешавад, фотиҳату-л-китобаш хондаанд. Аз дигар номҳои он «Сабъулмасонӣ» аст, зеро ҳафт оя дорад ва ба ривояте ду бор ба паёмбар нозил шудааст ё дар ҳар намоз ду бор хонда мешавад. Фотиҳа ту-л-китоб дар Макка нозил шудааст.

2. Онҳоеанд, ки ҳақро донистанд ва аз он саркашӣ карданд (ҳамчун яҳудон).

3. Онҳоеанд, ки ҳақро нашинохтанд ва гумроҳ шуданд (ҳамчун насоро).

Сураи БАҚАРА 1

(гов)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

Алиф. Лом. Мим2 .

2. Ин аст ҳамон китобе, ки дар он ҳеҷ шакке нест. Парҳезгоронро раҳнамост:

3. онон, ки ба ғайб имон меоваранд ва намоз мегузоранд ва аз он чӣ рӯзияшон додаем, инфоқ (харҷ) мекунанд.



4. ва онон, ки ба он чӣ бар ту ва бар паёмбарони пеш аз ту нозил шудааст, имон меоваранд ва ба охират яқин доранд.

5. Онҳо аз сӯи Парвардигорашон қарини ҳидоятанд ва худ растагоронанд.

6. Кофиронро хоҳ битарсонӣ ё натарсонӣ, барояшон яксон аст, имон намеоваранд.

7. Худо бар дилҳояшон ва бар гӯшашон мӯҳр ниҳода ва бар рӯи чашмонашон пардаест ва барояшон азобест бузург.

8. Порае (баъзе) аз мардум мегӯянд: «Ба Худо ва рӯзи қиёмат имон овардаем». Ҳол он ки имон наовардаанд.

9. Инҳо Худову мӯъминонро мефиребанд ва намедонанд, ки танҳо худро фиреб медиҳанд.

10. Дар дилҳояшон маразест (бемории маънавӣ, мисли шакку шубҳа ва нифоқ) ва Худо низ бар маразашон бияфзудааст ва ба ҷазои дурӯғе, ки гуфтаанд, барояшон азобест, дардовар.

11. Чун ба онон гуфта шавад, ки дар замин фасод накунед, мегӯянд: «Мо муслиҳонем (некӯкоронем)».

12. Огоҳ бошед, ки инҳо худ табаҳкоронанду намедонанд.

13. Ва чун ба онҳо гуфта шавад, ки шумо низ монанди дигар мардумон имон биёваред, мегӯянд: «Оё мо низ монанди бехирадон имон биёварем?» Огоҳ бошед, ки онон худ бехирадонанду намедонанд.



14. Ва чун ба мӯъминон мерасанд, мегӯянд: «Имон овардаем». Ва чун бо шайтонҳои (инсӣ мисли пешвоёнашон) хеш хилват мекунанд, мегӯянд: «Мо бо шумо ҳастем, мо масхараашон мекунем».

15. Худост, ки онҳоро масхара мекунад ва вомегузорадашон, то ҳамчунон дар туғёни хеш саргардон бимонанд.

16. Инҳо гумроҳиро ба ҳидоят хариданд, пас тиҷораташон суд накард ва дар шумори ҳидоятёфтагон дарнаёмадаанд.

17. Мисолашон мисли он касест, ки оташе афрӯхт,чун перомунашро равшан сохт, Худо рӯшноӣ аз онҳо бозгирифт ва нобино дар торикӣ раҳояшон кард.

18. Каронанд, гунгонанд, куронанд, пас онҳо бознамегарданд (аз куфр ба имон)!

19. Ё чун бороне сахт дар зулмат ҳамроҳ бо соиқа (оташак) аз осмон фуруд ояд, ва аз тарси марг, ангуштони хеш дар гӯшҳо кунанд. Ва Худо бар кофирон иҳота (огоҳии комил) дорад.

20. Наздик бошад, ки барқ дидагонашонро нобино созад. Ҳар гоҳ ки равшанӣ диҳад барқ эшонро, чанд қадаме бармедоранд ва чун хомӯш шавад, аз рафтан бозистанд. Агар Худо мехост, гӯшҳояшонро кару чашмонашонро кӯр месохт, ки ӯ ба ҳар коре тавоност!3

21. Эй мардум, Парвардигоратонро, ки шумо ва пешиниёнатонро биёфаридааст, бипарастед. то ки парҳезгор шавед!

22. Он Худованде, ки заминро чун фаршҳое бигустурд ва осмонро чун биное бияфрохт ва аз осмон обе фиристод ва бо он об барои рӯзии шумо аз замин ҳар гуна самаре бирӯёнид ва худ медонед, ки набояд барои Худо ҳамтоёне қарор диҳед!



23. Ва агар дар он чӣ бар бандаи хеш нозил кардаем, дар шак ҳастед, сурае монанди он биёваред ва ҷуз Худой ҳамаи ҳозиронатонро фаро хонед, агар рост мегӯед.

24. Ва ҳар гоҳ чунин накардаед, ки ҳаргиз натавонед кард, пас битарсед аз оташе, ки барои кофирон муҳайё шуда ва ҳезуми он мардумон ва сангҳо ҳастанд.

25. Ба онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, мужда деҳ ки барояшон биҳиштҳоест, ки дар он наҳрҳо ҷорист. Ва ҳар гоҳ, ки аз меваҳои он бархурдор шаванд, гӯянд: «Пеш аз ин дар дунё аз чунин меваҳое бархурдор шуда будем, ки ин меваҳо шабеҳ ба якдигаранд». Ва низ дар он ҷо ҳамсароне покиза доранд ва дар он ҷо ҷовидона бошанд.

26. Худо ибое надорад, ки ба пашша ва болотар аз он (мисли анкабут) масал бизанад. Онҳо, ки имон овардаанд, медонанд, ки он масал дуруст ва аз ҷониби Парвардигори онҳост. Ва аммо кофирон мегӯянд, ки Худо аз ин масал чӣ мехостааст? Бисёреро ба он гумроҳ мекунад ва бисёреро ҳидоят. Аммо танҳо фосиқонро гумроҳ мекунад.

27. Касоне, ки паймони Худоро (ба воситаи ақл, фитрат ва таблиғи паёмбарон, ки бастаанд), пас аз бастани он мешикананд ва он чиро, ки Худо ба пайвастани он фармон дода (аз қабили пайвастани силаи раҳм, риояти ҳуқуқи инсонӣ, дӯстӣ ва ғайра), мебуранд ва дар замин фасод мекунанд, зиёнкоронанд.

28. Чӣ гуна Худоро инкор мекунед, дар ҳоле ки мурда будед ва ӯ шуморо зинда сохт, боз мемиронад ва зинда мекунад ва он гоҳ ба назди ӯ бозгардонда мешавед?

29. ӯст, ки ҳамаи чизҳоеро, ки дар рӯи замин аст, бароятон биёфарид, он гоҳ ба осмон муставӣ шуд4 ва ҳар ҳафт осмонро барафрошт ва ӯ аз ҳар чизе огоҳ аст!

30. Ва чун Парвардигорат ба фариштагон гуфт; «Ман дар замин халифае меофаринам», гуфтанд: «Оё касеро меофаринӣ, ки дар он ҷо фасод кунад ва хунҳо бирезад ва ҳол он ки мо ба ситоиши Ту тасбеҳ мегӯем ва Туро ба покӣ иқрор мекунем?» Гуфт: «Ман он чиро донам, ки шумо намедонед».

31. Ва номҳоро ба тамомӣ ба Одам биёмӯхт. Сипас онҳоро ба фариштагон арза кард, ва гуфт: «Агар рост мегӯед, Маро ба номҳои инҳо хабар диҳед».

32. Гуфтанд: «Муназзаҳӣ (покӣ) Ту. Моро ҷуз он чӣ Худ ба мо омӯхтаӣ, донише нест. Тӯӣ донои ҳаким»!

33. Гуфт: «Эй Одам, онҳоро аз номҳояшон огоҳ кун!» Чун аз он номҳо огаҳашон кард, Худо гуфт: «Оё ба шумо нагуфтам, ки ман ниҳони осмонҳову заминро медонам ва бар он чӣ ошкор мекунед ва пинҳон медоштед, огаҳам?»

34. Ва ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷда кунед!» Ҳама саҷда карданд, ҷуз Иблис, ки рӯй гардонд ва бартарӣ ҷуст. Ва ӯ аз кофирон буд.

35. Ва гуфтем: «Эй одам, худ ва занат дар биҳишт ҷой гиред. Ва ҳар чӣ хоҳед, ва ҳар ҷо, ки хоҳед, аз самароти он ба хушӣ бихӯред. Ва ба ин дарахт наздик машавед, ки ба зумраи ситамкорон дароед».

36. Пас шайтон он дуро ба хато водошт ва аз биҳиште, ки дар он буданд, берун ронд. Гуфтем: «Поин равед, баъзе душмани баъзеи дигар ва қароргоҳу ҷои бархӯрдории шумо то рӯзи қиёмат дар замин бошад».

37. Одам аз Парвардигораш калимае чанд фаро гирифт. Пас Худо тавбаи ӯро пазируфт, зеро ӯ тавбапазир ва меҳрубон аст!

38. Гуфтем: «Ҳама аз биҳишт фурӯ шавед, пас ҳангоме, ки аз ҷониби Ман роҳнамоӣ бароятон омад, бар онҳо, ки аз роҳнамоии Ман пайравӣ кунанд, биме нахоҳад буд ва онҳо андӯҳнок намешаванд».

39. Касоне, ки кофир шаванд ва оёти Худоро дурӯғ бароранд, худ аҳли ҷаҳаннаманд ва ҷовидона дар он ҷо хоҳанд буд.

40. Эй бани Исроил, неъматеро, ки бар шумо арзонӣ доштам, ба ёд биёваред. Ва ба аҳди Ман вафо кунед, то ба аҳдатон вафо кунам. Ва аз Ман битарсед!

41. Ба он чӣ нозил кардаам ва китоби шуморо тасдиқ мекунад, имон биёваред ва аз нахустин касоне набошед, ки инкораш мекунанд. Ва оёти Маро ба баҳои андак мафурӯшед ва (танҳо) аз Ман бимнок бошед!

42. Ҳақро ба ботил наомезед ва бо он ки ҳақиқатро медонед, пинҳонаш макунед!

43. Ва намозро барпой доред ва закот бидиҳед ва бо рукӯъкунандагон рукӯъ кунед!

44. Оё дар ҳоле ки китобро мехонед, мардумро ба некӣ фармон медиҳед ва худро фаромӯш мекунед? Оё ба ақл дарнамеёбед?

45. Аз сабр ва намоз ёрӣ ҷӯед. Ва ин ду кор душворанд, ҷуз барои аҳли хушӯъ (хоксорон, фурӯтанон).

46. Онҳо, ки бегумон медонанд, ки бо Парвардигори худ дидор хоҳанд кард ва назди ӯ бозмегарданд.

47. Эй бани Исроил, неъматеро, ки ба шумо арзонӣ доштам ва шуморо бар ҷаҳониён бартарӣ додам, ба ёд биёваред.

48. Ва битарсед аз рӯзе, ки ҳеҷ кас дигареро ба кор наёяд ва ҳеҷ шафоъате аз касе пазируфта нагардад ва аз касе ивазе наситонанд ва касеро ёрӣ накунанд.

49. Ва (ба ёд оред) он гоҳ, ки шуморо аз фиръавниён раҳонидем: шуморо шиканҷаҳои сахт мекарданд, писаронатонро мекуштанд ва занонатонро зинда мегузоштанд. Ва дар ин озмоише бузург аз сӯи Парвардигоратон буд.

50. Ва (ба ёд оред) он ҳангомро, ки дарёро бароятон шикофтем ва шуморо раҳонидем ва фиръавниёнро дар баробари чашмонатон ғарқа сохтем.

51. Ва (ба ёд оред) он ҳангомро, ки чиҳил шаб бо Мӯсо ваъда ниҳодем ва шумо, ки ситамкорон будед, баъд аз ӯ гӯсоларо парастидед.

52. Пас гуноҳонатонро афв кардем, то ки сипосгузор бошед!

53. Ва (ба ёд оред) он ҳангомро, ки ба Мӯсо китоб ва фурқон додем, ки ҳидоят шавед.

54. Ва (ба ёд оред) он ҳангомро, ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, шумо ба он сабаб, ки гӯсоларо парастидед, бар худ ситам раво доштед, инак, ба даргоҳи Офаридгоратон тавба кунед ва якдигарро бикушед, ки чунин коре дар назди Офаридгоратон беҳтар аст». Пас Худо тавбаи шуморо пазируфт, зеро тавбапазир ва меҳрубон аст5.

55. Ва (ба ёд оред) он ҳангомро, ки гуфтед: «Эй Мӯсо, мо то Худоро ошкор набинем, ба ту имон намеоварем». Ва ҳамчунон ки менигаристед, соиқа (оташак) шуморо фурӯ гирифт.

56. Боз шуморо пас аз мурдан зинда сохтем, то ки сипосгузор шавед!

57. Ва абрро соябонатон гардонидем ва бароятон манну салво6фиристодем: «Бихӯред аз ин чизҳои покиза, ки шуморо рӯзӣ додаем! Ва онҳо бар Мо ситам накарданд, балки бар худ ситам мекарданд».

58. Ва (ба ёд оред) он замонро, ки ба шумо гуфтем: «Ба ин қария8 дароед ва аз неъматҳои он ҳар чӣ ва ҳар ҷо, ки хоста бошед, ба фаровонӣ бихӯред! Вале саҷдакунон (бофурӯтанӣ) аз дарвоза дохил шавед ва бигӯед: «Бори гуноҳ аз мо кам кун». То хатоҳои шуморо биёмурзем ва ба подоши некӯкорон бияфзоем.

59. Аммо ситамкорон он суханро дигар карданд ва бар онҳо ба ҷазои исёне, ки карда буданд, азобе осмонӣ фуруд овардем.

60. Ва ба ёд оред он гоҳро, ки Мӯсо барои қавми худ об хост. Гуфтем: «Асоятро бар он санг бизан». Пас дувоздаҳ чашма аз он бикушод. Ҳар гурӯҳе маҳалли обнӯшии худро бидонист. Аз рӯзии Худо бихӯреду биёшомед ва дар рӯи замин ба фасод саркашӣ макунед!

61. Ва он гоҳро, ки гуфтед: «Эй Мӯсо, мо бар як навъи таъом натавонем сабр кард, аз Парвардигорат бихоҳ, то барои мо аз он чӣ аз замин мерӯяд, чун сабзӣ ва бодиринг ва сир ва наск ва пиёз бирӯёнад». Мӯсо гуфт: «Оё мехоҳед он чиро, ки бартар аст, ба он чӣ пасттар аст, бадал кунед? Ба шаҳре бозгардед, ки дар он ҷо ҳар чӣ хоҳед, ба шумо бидиҳанд. Муқаррар шуд бар онҳо хориву бечорагӣ ва ба хашми Худо гирифтор шуданд! Ва ин ба он сабаб буд, ки ба оёти Худо кофир шуданд ва паёмбаронро ба ноҳақ куштанд ва нофармонӣ карданд ва таҷовуз варзиданд!

62. Касоне, ки имон оварданд ва касоне, ки ойини яҳудон ва тарсоён ва собиийнро9 баргузиданд, агар ба Худо ва рӯзи қиёмат имон дошта бошанд ва коре шоиста кунанд, Худо ба онҳо ҷазои нек медиҳад ва на бимнок мешаванд ва на ғамгин.

63. Ва (ба ёд оред) он замонро, ки бо шумо паймон бастем ва кӯҳи Турро бар болои саратон бардоштем. Он чиро, ки ба шумо додаем,10бо итминон бигиред ва он чиро, ки дар он аст, ба хотир бисупоред! То ки парҳезгор шавед!

64. Вале з-он пас аз фармон сар боз задед ва агар фазлу раҳмати Худо набуд, аз зиёнкорон мебудед.

65. Ва шинохтаед он гурӯҳро, ки дар он рӯзи шанбе аз ҳадди худ таҷовуз карданд11, пас ба онҳо хитоб кардем: «Бӯзинагоне хору хомӯш гардед!»

66. Ва онҳоро ибрати муъосирон ва ояндагон ва панде барои парҳезгорон гардонидем.

67. Ва (ба ёд оред) он ҳангомро, ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Худо фармон медиҳад, ки говеро бикушед!» Гуфтанд: «Оё моро ба ришханд мегирӣ?» Гуфт: «Ба Худо паноҳ мебарам, ки аз нодонон бошам».

68. Гуфтанд: «Барои мо Парвардигоратро бихон, то баён кунад, ки он чӣ гуна говест?» Гуфт: «Мегӯяд; «Говест на сахт пиру аз кор афтода, на ҷавону корнокарда, миёнасол». Акнун бикунед он чӣ шуморо мефармоянд!

69. Гуфтанд: «Барои мо Парвардигоратро бихон, то бигӯяд, ки ранги он чист?» Гуфт: «Мегӯяд: «Говест на зарди баланд, рангаш бинандагонро шодмон месозад».

70. Гуфтанд: «Барои мо Парвардигоратро бихон, то бигӯяд он чӣ гуна говест? Ки он гов бар мо муштабеҳ шудааст ва агар Худо бихоҳад, мо ба он роҳ меёбем».

71. Гуфт: «Аз он говон нест, ки ром бошанд ва заминро ҷуфт кунанд ва киштро об диҳанд. Беайб асту якранг». Гуфтанд: «Акнун ҳақиқатро гуфтӣ». Пас онро куштанд, ҳарчанд, ки наздик буд, ки аз он кор саркашӣ кунанд.

72. Ва (ба ёд оред), он ҳангомро, ки касеро куштед ва бар якдигар бӯҳтон задед ва ба низоъ даргирифтед ва Худо он чиро, ки пинҳон мекардед, ошкор сохт.

73. Сипас гуфтем: «Порае аз онро бар он кушта бизанед. Худо мурдагонро инчунин зинда месозад ва нишонаҳои қудрати хешро инчунин ба шумо менамоёнад, то ки ба ақл дарёбед!»

74. Пас аз он дилҳои шумо чун санг сахт гардид, ҳатто сахттар аз санг, ки аз санг гоҳ ҷӯйҳо равон шаванд ва чун шикофта шавад, об аз он берун ҷаҳад ва гоҳ (санг) аз тарси Худо аз боло ба нишеб фурӯ ғалтад ва Худо аз он чӣ мекунед, ғофил нест!

75. Оё тамаъ медоред, ки ба шумо имон биёваранд ва ҳол он ки гурӯҳҳое12аз онҳо каломи Худоро мешуниданд ва бо он ки ҳақиқати онро меёфтанд, тағйираш мекарданд ва аз кори хеш огоҳ буданд?

76. Ва чун бо мӯъминон дидор кунанд, гӯянд: «Мо ҳам имон овардаем». Ва чун бо якдигар хилват кунанд, гӯянд: «Оё бо онҳо13аз донише, ки Худо ба шумо арзонӣ дошта, сухан мегӯед, то ба ёрии он дар назди Парвардигоратон бар шумо ҳуҷҷат оранд? Оё ба ақл дарнамеёбед?»

77. Оё намедонанд, ки ҳар чиро, ки пинҳон медоранд ва ҳар чиро, ки ошкор месозанд, Худо медонад?

78. Бархе аз онҳо бесаводоне ҳастанд, ки намедонанд дар китоб15чист, ҷуз суханоне, ки мехонанд (бетадаббур ва тафаккур дар он). Инҳо танҳо пойбанди гумони хешанд.

79. Пас вой бар онҳое, ки китобро худ ба дасти худ менависанд, то суде андак баранд, мегӯянд, ки аз ҷониби Худо нозил шуда. Пас вой бар онҳо ба он чӣ навиштанд ва вой бар онҳо аз суде, ки мебаранд!

80. Ва гуфтанд: «Оташ ҷуз чанд рӯзе моро насӯзонад». Бигӯ: «Оё бо Худо чунин паймоне бастаед, то ӯ хилофи паймони худ накунад? Ё он ки аз рӯи нодонӣ чунин нисбате ба Худо медиҳед?»

81. Оре, онҳо, ки муртакиби кори зишт шуданд ва гуноҳашон гирдо гирдашонро гирифт, аҳли ҷаҳаннаманд ва дар он ҷовидонанд.

82. Ва онҳо, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, аҳли биҳиштанд ва дар он ҷовидонанд.

83. он ҳангомро (ба ёд оред), ки аз бани Исроил паймон гирифтем, ки ҷуз Худоро напарастед ва ба падару модару хешовандон ва ятимону дарвешон некӣ кунед ва ба мардумон сухани нек гӯед ва намоз бихонед ва закот бидиҳед! Вале ҷуз андаке аз шумо пушт кардед ва шумоед рӯйгардондагон.

84. Ва он ҳангомро, ки ба шумо паймон ниҳодем , ки хуни ҳам марезед ва якдигарро аз хонумон овора масозед ва шумо ба паймон гардан ниҳодед ва худ бар он гувоҳ ҳастед.

85. Пас шумо чунин ҷамоъате ҳастед, ки якдигарро мекушед ва гурӯҳе аз худро аз хонумонашон овора мекунед ва бар зидди онҳо ба гуноҳ ва бедод ба ҳамдастии якдигар бармехезед ва агар ба асорати шумо дароянд, дар баробари озодияшон фидя мегиред ва ҳол он ки берун ронданашон бар шумо ҳаром буд. Оё ба баъзе аз китоб16 имон меоваред ва баъзе дигарро инкор мекунед? Подоши касе, ки чунин кунад, дар дунё ҷуз хорӣ нест ва дар рӯзи қиёмат ба сахттарин ваҷҳе шиканҷа мешавад ва Худо аз он чӣ мекунед, ғофил нест!

86. Инҳо ҳамон касонанд, ки охиратро доданд ва зиндагии дунёро хариданд. Аз азобашон кам нагардад ва кас ёриашон накунад.

87. Ба таҳқиқ Мӯсоро китоб додем ва аз паи ӯ паёмбарон фиристодем. Ва ба Исо ибни Марям далелҳои равшан иноят кардем ва ӯро бо Руҳу-л-қудс-таъйид намудем. Ва ҳар гоҳ паёмбаре омад ва чизҳое овард, ки писанди нафси шумо набуд, саркашӣ кардед ва гурӯҳеро дурӯғгӯ хондед ва гурӯҳеро куштед.

88. Гуфтанд: «Дилҳои мо дар ҳиҷоб аст». На, Худо онҳоро ба сабаби куфре, ки меварзанд, нафрин кардааст ва чӣ андак имон меоваранд!

89. Ва чун эшонро аз ҷониби Худо китобе омад ва ӯро шинохтанд, ҳарчанд китобашонро ҳам тасдиқ карда буд ва бо он ки аз он пеш хостори пирӯзӣ бар кофирон буданд, ба ӯ имон наёварданд, ки лаънати Худо бар кофирон бод!

90. Бо худ бадмуомилагӣ карданд, он гоҳ ки аз ҳасад ба китоби Худо кофир шуданд ва аз ин ки Худо фазлу карами хешро ба ҳар кас аз бандагони худ, ки бихоҳад, арзонӣ медорад, ҳасад бурданд ва қарини хашме афзун бар хашми дигар шуданд ва кофиронро азобест хоркунанда!

91. Ва чун ба онҳо гуфта шавад, ки ба он чи Худо нозил кардааст, имон биёваред, мегӯянд: «Мо ба он чи бар худамон нозил шудааст, имон меоварем». Ва ба ғайри он ҳарчанд бо ҳақиқат ҳамроҳ бошад ва китобашонро ҳам тасдиқ кунад, имон намеоваранд. Бигӯ: «Агар шумо имон оварда будед, аз чӣ сабаб паёмбарони Худоро пеш аз ин мекуштед?»

92. Мӯсо бо далелҳои равшани хеш ба ҳидояти шумо омад ва шумо, ситамкорон, пас аз ӯ ба гӯсола гаравидед.

93. Ва бо шумо паймон бастем ва кӯҳи Турро бар болои саратон бидоштем. Акнун он чиро, ки бароятон фиристодаем, ба имони устувор бигиред ва каломи Худоро бишнавед. Гуфтанд: «Шунидаем ва ба кор нахоҳем баст». Бар асари куфрашон ишқи гӯсола дар дилашон омехта карда шуд. Бигӯ: «Агар ба он чӣ мегӯед, бовар доред, боваратон ба бадкорӣ вомедорад!»

94. Бигӯ: «Агар рост мегӯед, ки сарои охират назди Худо махсуси шумост, на мардуми дигар, пас орзуи марг кунед».

95. Вале ба сабаби аъмоле, ки кардаанд, ҳаргиз орзуи марг нахоҳанд кард. Худо ситамкоронро мешиносад!

96. Онҳоро аз мардуми дигар, ҳатто мушрикон, ба зиндагии инҷаҳонӣ ҳаристар хоҳӣ ёфт ва баъзе аз кофирон дӯст доранд, ки ҳазор сол дар ин дунё зист кунанд ва ин умри дароз азоби Худоро аз онон дур нахоҳад сохт, ки Худо ба аъмолашон биност!

97. Ба онҳо, ки ба Ҷабраил душманӣ меварзанд, бигӯ: «ӯст, ки ин оётро ба фармони Худо бар дили ту нозил кардааст, то китобҳои дигари осмониро тасдиқ кунад ва барои мӯъминон раҳнамун ва башорат бошад».

98. Ҳар ки душмани Худо ва фариштагони ӯ ва паёмбаронаш ва Ҷабраилу Микоил бошад, Худо ҳам душмани кофирон аст!

99. Бешак бар ту оёте равшан нозил кардем. Ва ҷуз фосиқон касе мункири онҳо нахоҳад шуд.

100. Оё ҳар бор, ки бо Худо паймоне бастанд, гурӯҳе аз онҳо паймоншиканӣ карданд? Оре, бештарашон имон нахоҳанд овард!

101. Ва гурӯҳе аз аҳли китоб чун паёмбаре аз ҷониби Худо бар онҳо фиристода шуд, ки ба китобашон ҳам гувоҳӣ медод, китоби Худоро, чунон, ки гӯӣ аз он бехабаранд, пушти сар афканданд.

102. Ва аз афсуне, ки девҳо ба рӯзгори подшоҳии Сулаймон мехонданд, пайравӣ карданд ва Сулаймон кофир набуд, вале девҳо, ки мардумро ҷодугарӣ меомӯхтанд, кофир буданд. Ва низ он афсун, ки бар он ду фаришта: –Ҳорут ва Морут дар Бобул нозил шуд, дар ҳоле, ки, он ду ба ҳар кас, ки ҷодугарӣ меомӯхтанд, мегуфтанд: «Кори мо фитна аст, мабодо кофир шавӣ». Ва мардум аз он ду ҷодуҳое меомӯхтанд, ки метавонистанд миёни зану шӯй ҷудоӣ афкананд ва онон ҷуз ба фармони Худо ба касе зиёне намерасониданд ва он чӣ мардум меомӯхтанд, ба онҳо зиён мерасонид, на суд. Ва худ медонистанд, ки харидорони он ҷодуро дар охират баҳрае нест. Худро ба бад чизе фурӯхтанд, агар медонистанд!

103. Агар имон оварда ва парҳезгор шуда буданд, подоше, ки аз ҷониби Худо ба онҳо дода мешуд, аз ҳар чизи дигаре некӯтар мебуд, агар медонистанд!

104. Эй касоне, ки имон овардаед, магӯед «роъино», бигӯед «унзурно». Ва гӯш фаро доред, ки барои кофирон азобест дардовар!

105. Аз миёни аҳли китоб онон, ки кофир шуданд ва низ мушрикон дӯст намедоранд, ки аз ҷониби Парвардигор ба шумо хайре фурӯ фиристода шавад. Ва ҳол он ки Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ба бахшоиши хеш махсус медорад. Худо соҳиби фазле бузург аст!

106. Ҳеҷ оятеро мансух ё тарк намекунем, магар он ки беҳтар аз он ё монанди онро меоварем. Оё намедонӣ, ки Худо бар ҳар коре тавоност?

107. Оё намедонӣ, ки Худо фармонравои осмонҳо ва замин аст ва шуморо ҷуз ӯ ёреву ёваре нест?

108. Оё мехоҳед аз паёмбари худ чизе бипурсед, ҳамчунон ки қавми Мӯсо пеш аз ин аз Мӯсо пурсида буданд? Он кас, ки куфрро ба ҷои имон ихтиёр кунад, чун касест, ки роҳи ростро гум карда бошад.

109. Бисёре аз аҳли китоб, бо он ки ҳақиқат бар онҳо ошкор шуда, аз рӯи ҳасад дӯст доранд шуморо пас аз имон оварданатон ба куфр бозгардонанд. Афв кунед ва гузашт кунед, то Худо фармонашро биёварад, кӣ ӯ бар ҳар коре тавоност!

110. Намоз бигзоред ва закот бидиҳед! Ҳар некиро, ки пешопеш барои худ равона медоред, назди Худояш хоҳед ёфт. Ҳар ойна Худо ба корҳое, ки мекунед, биност.

111. Гуфтанд: «Ҷуз яҳудон ва тарсоён касе ба биҳишт намеравад». Ин орзуи онҳост. Бигӯ: «Агар рост мегӯед, ҳуҷҷати хеш биёваред».

112. Оре, ҳар кас, ки аз рӯи ихлос рӯ ба Худо кунад ва некӯкор бувад, подошашро аз Парвардигораш хоҳад гирифт ва дастхуши биму андӯҳ намешавад.

113. Бо ин ки китоби Худоро мехонанд, яҳудон гуфтанд, ки тарсоён барҳақ наянд ва тарсоён гуфтанд, ки яҳудон барҳақ наянд. Ҳамчунон онҳо, ки ноогоҳанд сухане чун сухани онҳо гӯянд. Худо дар рӯзи қиёмат дар бораи он чӣ дар он ихтилоф мекунанд, миёнашон ҳукм хоҳад кард.

114. Кист ситамкортар аз он ки манъ кард масҷидҳои Худоро аз он ки ёд карда шавад номи Худо дар онҳо ва дар вайрон сохтани онҳо кӯшид? Раво нест дар он масҷидҳо ҷуз бимноку тарсон дохил шаванд ва насибашон дар дунё хорӣ ва дар охират азобе бузург аст!

115. Машриқу Мағриб аз они Худост. Пас бар ҳар ҷое, ки рӯ кунед, ҳамон ҷо рӯ ба Худост. Худо фарохраҳмат ва доност!

116. Гуфтанд, ки Худо фарзанде гирифт. Пок аст ӯ! Балки ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст, аз они ӯст ва ҳама фармонбардори ӯянд!

117. Офаринандаи осмонҳо ва замин аст. Чун иродаи чизе кунад, мегӯяд: «Мавҷуд шав!» ва он чиз мавҷуд мешавад.

118. Нодонон гуфтанд: «Чаро Худо бо мо сухан намегӯяд? Ё мӯъҷизае бар мо намеояд?» Пешиниёнашон низ чунин суханоне мегуфтанд. Дилҳошон монанди якдигар аст. Мо барои онҳо, ки ба яқин расидаанд, оётро баён кардаем.

119. Мо туро, ки сазовор ҳастӣ, ба рисолат фиристодем, то муждадиҳанда ва бимдиҳанда бошӣ. Ва пурсида нахоҳи шуд аз аҳли дӯзах.

120. Яҳудон ва тарсоён аз ту хушнуд намешаванд, то ба ойинашон гардан ниҳӣ. Бигӯ: «Ҳидоят, ҳидоятест, ки аз ҷониби Худо бошад». Агар аз он пас, ки Худо туро огоҳ кардааст, аз хостаи онҳо пайравӣ кунӣ, ҳеҷ ёвару мададгоре аз ҷониби ӯ нахоҳӣ дошт.

 








Не нашли, что искали? Воспользуйтесь поиском по сайту:



©2015 - 2024 stydopedia.ru Все материалы защищены законодательством РФ.