Сделай Сам Свою Работу на 5

Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия





(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005, №7, мод. 402; соли 2007, №7, мод. 660; соли 2008, №10, мод.800; Қонуни ҶТ аз 26.12.11г., №772)

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми апрели соли 2005, № 53 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, № 4, моддаи 284) қабул гардидааст

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми июли соли 2005, № 94 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, № 7, моддаи 415)ҷонибдорӣ гардидааст

 

Ҳамин Қонун ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти мўътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, поктинатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсро муқаррар карда, навъҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва чораҳои ҷавобгариро барои онҳо муайян менамояд.



 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1 . Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- коррупсия - кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ; (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №772)

- истифодаи мақом ё имкониятҳои он – истифодаи якдафъагӣ, такрорӣ ё мунтазами ваколатҳои хизматӣ ва суиистифодаи мансаб, инчунин барқарор намудани алоқаҳои устувори як ё якчанд шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробар кардашуда бо шахсон ё гурўҳҳои алоҳида бо мақсадҳои дар сархати 1 ҳамин модда номбаршуда, ки ба манфиатҳои давлат ва ҷамъият таҳдид мекунанд;



- ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд – ҳуқуқвайронкуниҳои бо ҳамин Қонун ва дигар қонунҳо пешбинишудае, ки барои коррупсия шароит ба вуҷуд меоваранд, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии бо коррупсия алоқаманд, ҳамчунин ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидоштае мебошанд, ки боиси ҷавобгарии бо қонун муқарраршудаи интизомӣ, маъмурӣ, ҳуқуқии гражданӣ ва ҷиноӣ мегарданд;

- субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд – шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки ба шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда ғайриқонунӣ неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигарро пешниҳод менамоянд;(Қ ҶТ аз 26.12.11с., №772)

 

- шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор - шахсоне, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ ё мансабҳои давлатии хизмати давлатиро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамоянд, ҳамчунин шахсони мансабдори субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи моликияти онҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад; (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №772)



- шахсони ба шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор баробаркардашуда - шахсони мансабдори мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдори ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, шахсоне, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати номзад ба ишғоли мансабҳои давлатии интихобӣ ё аъзои мақомоти давлатии интихобӣ ба қайд гирифта шудаанд, ҳамчунин шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки бо мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат доранд; (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №772)

- вазифаҳои давлатӣ - вазифаҳое, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба ваколатҳои давлат, мақомоти он ва шахсоне, ки мансабҳои давлатиро ишғол менамоянд, мансуб донистаанд;

- хешовандони наздик – зан (шавҳар), фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан (шавҳар), қудоҳо,келинҳо, домодҳо, ҳамчунин дигар шахсоне, ки бо шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба он баробар кардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд.(Қ ҶТ аз 26.12.11с., №772)

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди коррупсия

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди коррупсия ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

1. Қонуни мазкур дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амал мекунад.

2. Қонуни мазкур берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном гардидаанд, амал мекунад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

3. Ҳамин Қонун нисбати шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ё бо шахсони мансабдор, мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат доранд, амал мекунад.

4. Мамониатҳои дохил шудан ба хизмати давлатӣ, маҳдудиятҳо, ўҳдадориҳо, инчунин ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии бо ин Қонун барои шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор пешбинишуда дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Қонун ба шахсоне, ки ба онҳо баробар карда шудаанд, татбиқ мегарданд.

5. Муқаррароти Қонуни мазкур оид ба манъи хизмати якҷояи хешовандони наздики дар сархати 4 қисми якуми моддаи 9, маҳдудиятҳои дар сархатҳои 1, 2, 3, 6, 7 ва 9 қисми 1 моддаи 10, ҳуқуқвайронкуниҳои дар сархатҳои 5, 6 ва 9 қисми 1 моддаи 11, сархатҳои 7, 12 ва 14 қисми 1 моддаи 12 ҳамин Қонун пешбинишуда нисбати шахсони мансабдори ташкилотҳои ба моликияти инфиродӣ ва оилавии шаҳрвандон таъсисгардида татбиқ намегарданд.

6. Нисбати шахсони мансабдори ташкилотҳои соҳаи кооператсияи матлубот, иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо), корхонаҳои иҷоравӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, фондҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар ташкилотҳои ба моликияти дастаҷамъии ғайриоилавӣ асосёфта, ки дар онҳо роҳбари ташкилот молик, муассис ё сармоягузори асосӣ намебошад қонуни мазкур ба истиснои муқаррароти сархатҳои 1, 2 ва 3 қисми 1 моддаи 10 татбиқ мегардад.

 

Моддаи 4 . Принсипҳои асосии мубориза бар зидди коррупсия

Мубориза бар зидди коррупсия, бо ба вуҷуд овардани шароити поктинатӣ барои шахсоне, ки дар сархати 4 моддаи 1 ҳамин Қонун номбар шудаанд, дар асоси принсипҳои зерин ба амал бароварда мешавад:

- эътироф, риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- баробарии ҳама дар назди қонун ва суд; (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №772)

- танзими дақиқи ҳуқуқии фаъолияти субъектҳои ҳуқуқвайронкунии бо коррупсия алоқаманд, қонуният,шаффофият ва ошкорбаёнӣ дар фаъолияти онҳо ва назорати давлативу ҷамъиятӣ аз болои ин субъектҳо;

- такмили сохтори дастгоҳи давлатӣ ва тартиби ҳалли масъалаҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дахл доранд;

- эътирофи раво будани маҳдудкунии ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, инчунин шахсони ба онҳо баробар кардашуда мутобиқи моддаи 14 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ногузир будани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд; (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №772)

- манъ будани иҷрои вазифаҳои давлатӣ дар ҳолати бархӯрди манфиатҳои шахсӣ ва давлатӣ;

- роҳ надодан ба хешутаборчигӣ, маҳалгароӣ ва пуштибонӣ ҳамчун зуҳуроти кирдорҳои коррупсионӣ;

- барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пешгирӣ намудан ва барҳам додани оқибатҳои зарарноки ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд;

- аз тарафи давлат муҳофизат намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони ба иљрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда, муқаррар намудани музди меҳнат ва имтиёзҳое, ки ба онҳо ва аҳли оилаашон сатҳи муносиби зиндагиро таъмин мекунанд;

- манъ будани ваколатдоркунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда ба танзими давлатӣ ва назорат аз болои фаъолияти соҳибкорӣ;

- пешбурди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ бо мақсади пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан ва рафъ намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта,ошкор ва муайян намудани шахсони онҳоро тайёркунанда, тайёркарда, содиркунанда ё содиркарда, инчунин татбиқи тадбирҳои махсуси назорати молиявӣ;

- таъмини амнияти шахсӣ ва кафолати ҳуқуқии шахсоне, ки ба мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд мусоидат менамоянд;

- ҳамкории давлат бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ. (Қ ҶТ аз 26.12.11с., №772)

Моддаи 5. Мақомоти мубориза бар зидди коррупсия

1. Мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, идоракунии ҳарбӣ, назорати маводи нашъаовар, андоз ва гумрук дар доираи салоҳияти худ бар зидди коррупсия мубориза мебаранд.»; 1. Мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, идоракунии ҳарбӣ, назорати маводи нашъаовар, андоз ва гумрук дар доираи салоҳияти худ бар зидди коррупсия мубориза мебаранд.

2. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия, пешбурди кори таҳлилӣ ба зиммаи мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мониторинги омории вазъи мубориза бар зидди коррупсия ба зиммаи мақомоти прокуратура гузошта мешавад.

3. Иҷрои талаботи моддаҳои 7, 8, 9, 10, 16 ва татбиқи ҷавобгарии интизомии дар моддаи 11 Қонуни мазкур муқарраршударо роҳбарони ҳама мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои давлатӣ ва дар ҳолатҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун роҳбарони ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар доираи ваколатҳои ба онҳо додашуда таъмин менамоянд.(Қ ҶТ аз 26.12.11с., №772)

4. Мубориза бар зидди коррупсия бо иштироки васеи аҳолӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма ба амал бароварда мешавад.

 








Не нашли, что искали? Воспользуйтесь поиском по сайту:



©2015 - 2024 stydopedia.ru Все материалы защищены законодательством РФ.