Сделай Сам Свою Работу на 5

Дили зиндониям хандон намеша.

МЕҲРНОМА

Хабар омад, ки фардо ёрам ояд,

Ба дидори дили беморам ояд,

Худоё, кай шавад имрўз фардо, азизам,

Дилбару дилдорам ояд.

Дилам донад чӣ сон озор дидӣ,

чӣ ранҷе аз барои ман кашидӣ,

Напўшидӣ, нахўрдиву нагашти илоҷи

кори ман танҳо ту дидӣ.

Замоне буд фитодам ман ба бистар,

ту ҳам аз сўзи ман ноҷўр будӣ,

Паи дармони ман гашта шабу рўз,

намедидӣ, ки худ ранҷур будӣ.

Тасаллӣ дода манро, менамудӣ

азобатро зи чашми кас ту пинҳон,

Наёбад душманон огаҳ зи ҳолат,

наханданд то ба ҳоли ту рақибон.

Сиҳат гаштам, зи нав омад балое шудам

қарздор, наёфтам ман раҳое,

Фурўхта хонаву мошину анҷом, бимондам

дар ними роҳ чун гадое.

Дигар азми сафар кардам ба Маскав,

гирифта ҳамраҳам фарзанди дилбанд,

Ният кардем зи нав ду кас як тан

илоҷи кори худ ёбем дубора.

Вале ҳайҳот ният монд нимкора,

Шикаст манро фалак аз нав, дубора

Бидодам ман зи даст фарзанди худро,

сиёҳ шуд рўзгори ман, чӣ чора.

Равон кардам тобути писарро ҷигарбанду

шаҳид гулгункафанро,

Худоё, ин чӣ шўре бар сари ман,

ки тобути писар бар дўш - овора.

Ба хок мондӣ ҷигарбанд меҳрубонат,

баромад бар фалак оҳу фиғонат,

Ба дилбардории ман ту шитофтӣ,

накардӣ фикри хешу ақрабонат.

Ба Маскав раҳсипор гаштӣ, азизам,

ба ҷонам ту даво гаштӣ азизам,

Ду кас мондем ду сол аз баҳри чора,

Пасон гаштем ватан аз нав дубора.

Кунун омад балои осмонӣ: намуданд

шавҳаратро зиндонӣ,

Ту ҳам мард гаштаӣ ҳам зан, азизам,

худат танҳо шудӣ дар зиндагонӣ.

Гаҳе фикри ман аст дар қалбу ҷонат,

гаҳе фикри падар, гаҳ фикри фарзанд,

Миёни роҳ шудӣ, эй меҳрубонам,

чӣ созам ман илоҷе ҳам надорам.

ДАРЁИ СИР

Чӣ асрори ниҳон дорӣ, аё Сир,

Чиро дар мавҷ аён дорӣ, аё Сир?

Ту чандин асрҳоро пушти сар кардӣ,

Дили шўху ҷавон дорӣ, аё Сир.

Садои дилхароши ошнои ту,



Хурўши пурталотум мавҷҳои ту.

Насими рўҳфизои соҳилони ту,

Дили шўридаи манро ба ваҷд орад.

Ту шоҳиди ҳазорон розҳо ҳастӣ,

Шарики дарду ғам бо одамон ҳастӣ.

Зи лаппишҳои ту кас рўҳ мегирад

Умеду орзуи ташнагон ҳастӣ.

ХОКИСТАРАМ МОНД

Дигар ҳаргиз намеоям ба сўят,

Ба дил асло надорам орзуят.

Бирав бар кўи дигар оташ афрўз,

Ки ман хокистарам дар пеши кўят.

Зи гулзорат нахоҳам гул бичинам,

Ба паҳлўят намехоҳам, ки шинам.

Ту ҳам аз ёди худ созам фаромўш,

Дигар дар кунҷи ғам танҳонишинам.

Ту бепаймон, фиребам додӣ осон,

Ба пеши душманам сархам ту кардӣ.

Зади ханҷар ба қалби беқарорам,

Ба доми худ гирифторам ту кардӣ.

Дигар ҳаргиз намеоям ба сўят,

Ба дил асло надорам орзуят.

Бирав бар кўи дигар оташ афрўз,

Ки ман хокистарам дар пеши кўят.

ДИЁРАМ

Ватан, пайванд бо ту ҷисму ҷонам,

Ту қувватбахш бар руҳу равонам.

Зи меҳри туст равшан хонаи дил,

Ба номи ту дар олам ҷовидонам.

Агарчанде ки дурам аз канорат,

Дилам гум мезанад ҳар дам ба ёдат.

Бароят ҷон диҳам, арзанда бошад,

Маро аз ганҷ беҳтар хоку бодат.

Диёрам, чун ту зебо ман надидам,

Ба дил меҳрат зи хурдӣ парваридам.

Канори туст манро дурри дунё,

Зи ту воло дигар мулке надидам.

Маро фахр аст аз он, ки тоҷикам ман,

Ватан дорам, ба меҳан содиқам ман.

Ҳама шаҳрат зи нав обод гаштаст,

Ба кўҳу водиҳоят ошиқам ман.

ТИФЛАКОНАМ

Ба як сў дур аз ёру рафиқон,

Фурў рафтам ба фикре кунҷи зиндон,

Ба ёди ман расиданд ду ҷигарбанд

Ду фарзанде, бароям беҳтар аз ҷон.

Шумо, эй дўстрўён, дур аз ман,

Куҷо донед чи бошад ёди фарзанд?

Ба шўру бозии худ саргаронед

Намедонед падар ин ҷост дар банд.

Қариб як сол, ки дур аз диёрам,

Ғами фарзанду зан кард дилфигорам,

Ба фикрат, Матлуба, ман банд ҳастам

Ба ёди ту, Муҳаммад, беқарорам.

Расид бар ман хабар, ки мебиёянд

Зану фарзанд ин ҷо дидани ман,

Зи шодӣ хоб аз чашмам паридаст

Раҳи фардо аз имрўз интизорам…

Чи сахт аст, тифлаконам, интизорӣ

Гузашта рўзу шаб бо беқарорӣ,

Шавад фардо шуморо боз бинам

Намонад дар дилам гарду ғуборе.

Ман аз ту, ҳамсарам, миннатпазирам

Ки дорӣ рўзгорамро ту сарҷамъ,

Ба фарзандон падар, ҳам модар астӣ

Илоҳо, ғам набинӣ дар ду олам!

НИЛУФАРАМРО

Дилам хоҳад равам саҳро нишинам,

Ба рўи махмали гулҳо нишинам.

Ману он моҳрў танҳо ба танҳо

Ба ҷуз рўяш дигар касро набинам.

Бигирам дар канор раъно нигорам

Бибўям накҳати бўи баҳорам,

Ба гўшаш гўям аз афсонаи ишқ

Бифаҳмад, ки чи сонаш дўст дорам.

Дар ин дунё надорам заррае ғам

Ба ҷуз бемеҳрии он ёри дилсанг,

Чаро бошад нигорам бемурувват

Куҷо пинҳон шудаст он беадолат?

Агар дар бар бигирам дилбарамро,

Гули зебои дил Нилуфарамро,

Намесозам раҳо дигар зи дастам

Сипеҳри осмон, тоҷи сарамро.

МУҲАММАДҶОН

Муҳаммадҷон, чи хелӣ, ҷони бобо?

Куҷо ҳастӣ, куҷо дорӣ ту ғавғо?

Ба ёдам мерасӣ ҳар рўзу соат

Ту кўдак ҳастӣ ёдат нест аз мо?

Чу фарзандам калон гаштӣ ту пешам

Туро чун ҷони худ ман дўст дорам,

Кунун аз ту ҷудо будан натонам,

Ба ёдат рўзу шабҳо беқарорам.

Надидам кўдакеро чун ту зебо

Ба хешгуфторият дорам таманно,

Ҳамон чашмони оҳувонаи ту

Набошад ҳеҷ касро рўи дунё.

Ту аз ман ҳастӣ, ман аз ту, Муҳаммад,

Ғамамро дур созад номи некат,

Худо хоҳад, ба дидорат расам ман

Чу шаҳзода бигирам дар канорат.

ШАВӢ ПУШАЙМОН

Ман дар ҳаваси ишқи ту мастам,

Дар кунҷи дилам меҳри ту бастам,

Сад шукр, туро Худо ба ман дод

Ҳар лаҳза ба ёди ту нишастам.

Ҷонона, қашангу дилрабоӣ,

Чашмам ба раҳ аст кай биёӣ?

Оҳ. омадани ту бас гарон аст

Аз чашми касон панаҳ биёӣ.

Шаб омаду ахтарон намоён,

Дар кулбаи ман чароғ гирён,

Фандам кунӣ гар ту бори дигар

Мирам зи ғамат, шавӣ пушаймон.

Чун ойӣ ба наздам, эй нигорам,

Шукре ба Худой мегузорам,

Дар роҳи расидани висолат

Сар гар равад, ормон надорам.

ҒАРҚИ ҒАМҲО

Ба баҳри беканоре ғарқи ғамҳо

Наҷотам деҳ, аё маҳбуби якто,

Ба киштии муродат ҷой бинмо

Сафо бинмо, раҳо созам зи ғавғо.

Каромат кун маро ёри гуландом

Ҷамоли нозанинат кун намоён,

Нигорам, аз фироқат сўхтам ман

Маро манмо зи ишқи худ пушаймон.

Биё бар кулбаи торам ҳамин дам,

Намо равшан ба нурат манзили ман.

Зи ҷоми ошиқона нўш бинмой

Бишав махмури дунёи дили ман.

Ба бўи атри ту мастам, нигорам,

Нахоҳам дур бошӣ аз канорам.

Биё, як дам тасаллои дилам шав

Ки беморам, таманнои ту дорам.

ДУНЁИ ҶАВОНӣ

Аҷаб дунёст, дунёи ҷавонӣ

Фазои беғубору шодмонӣ,

Набошад лаҳзае оромии дил

Ҳамеша дар талоши зиндагонӣ.

Вале ин лаҳзаҳо ҳам беамон аст,

Ҷавонӣ бигзарад, дунё ҳамон аст.

Ба ҳар як дам намо шукронаи умр

Ки ҳар рўзи ҷавонӣ ҳам як он аст.

Ҷавон астӣ, ҷавонӣ қадр бинмой

Наояд зиндагӣ аз нав ба такрор,

Ба роҳи рост рав, гар рост бошӣ

Туро Аллоҳ бошад худ мададгор.

ТАНҲО МОНДААМ

Дар баҳори зиндагонӣ зору ҳайрон мондаам,

Дар миёни чор деворам, ки танҳо мондаам.

Ҳам зи модар, ҳам зи додар, дур аз хешу табор

Раҳм кун, Парвардигорам, кунҷи зиндон мондаам.

Ё гуноҳамро биёбед ё ки худ авфам кунед,

Чун ки ин ҷо ноумеду дасти танҳо мондаам.

Гар гунаҳкорам ба ман ёбед шахси бегуноҳ

Ё фақат ман дар замин зери гунаҳҳо мондаам?

Ман нагўям дар ҳаётам нест манро як хато

Гар хатои ман набошад, аз чӣ ин ҷо мондаам?

Модарамро ёд кардам, додаронам дури дур

Бар кӣ гўям рози дилро, ман зи дунё мондаам.

Гар мунаввар мекунад номам дили пурмеҳратон

Ман дар ин торики дунё ғарқи ғамҳо мондаам.

Оҳ гўям, дуд ояд аз даруни синаам

Қатраи ашкам чу шабнам рўи гулҳо мондаам.

БЕХАЗОН БОШӢ

Ба номи ту нависам ман сурудам, ҷони ширинам,

Туро пазмон бигаштам, беҳтаринам, Моҳу Парвинам.

Агарчи дурӣ аз ман, меҳри ту ҷо дар дилам бошад

Ту бошӣ ғамбарори ман, ту ҳастӣ ёри деринам.

Зи нурат равшан ин қалбам, нигоро, аз куҷо донӣ

Маро ишқи ту ҷони тоза мебахшад, намедонӣ.

Дилам мерақсад ар тарҳи рўят пеши чашм ояд

Фироқат сўзи ман бошад, азизи ман, намедонӣ.

Дуоят мекунам, ҷоно, ки умре гулфишон бошӣ,

Баҳори сабз бошиву ҳамеша бехазон бошӣ,

Намехоҳам, ки дар боғат каси бегонае бинам

Фақат бо ёди ман бошӣ, аниси роздон бошӣ.

ДАР НИМАРОҲАМ

Худовандо, нигар бар ҳоли зорам

Намоям илтиҷо, бишнав ту оҳам,

Ту бошӣ раҳнамои ҳар ду дунё

Сафоям кун, ки ман дар нимароҳам.

Надонам бо кӣ гўям рози дилро,

Надидам дар ҷаҳон гўши шунво.

Зи дунё мондаам, зорам, асирам

Ғамам болои ғам гашта, Худоё!

На ман қонуни маҳбас офаридам,

На ман танҳо фитодам андар ин банд,

Вале гар з-осмон як санг борад

Ҳамон бояд биафтад бар сари ман.

Дилам сўзад ба ёди тифлаконам

Яке маҳтобу дигар офтобам,

Ғами дигар маро қонуни зиндон

Намедонам куҷо ёбам ҳисобам?

Худоё, раҳм кун бар ҳоли зорам,

Намо равшан ба нурат шоми торам.

Намудам ман хато, бахшандаӣ ту

Зи ту бас рўзи неке интизорам.

НАВМЕД МАБОШ

Ба зиндон сабр кардан кори мард аст,

Ситамро тоб меорад на ҳар кас.

Ба сахтиҳо ҳаме шукрона бинмой,

Ки имрўз аз бароят имтиҳон аст.

Нашав навмед аз гардиши айём,

Бидон шоми сияҳро бошад анҷом.

Бувад, ки шамси тобонат барояд,

Аз ин зиндон раҳо ёбӣ саранҷом.

Туро дар хона фарзанд интизор аст,

Азизонат ба роҳат чашми чор аст.

Куҷо бошӣ, Худоро ёд бинмо,

Ки танҳо ў туро ҳоҷатбарор аст.

Шавӣ озод агар, андешае кун,

Гузашти рўзҳо пеши назар кун.

Кунун ҳам дўстони ту ба банданд,

Зи пеши он бародарҳо гузар кун.

БЕВАФО ЁРАМ

Ба сар дорам ҳавои дидани номеҳрубон ёрам,

Чаро раҳме надорад, мегурезад, дода озорам?

Маро заҳри ҷудоӣ қатра-қатра ҷон ба лаб овард,

Давои дарди ман дур аст, кунун бе ҳуда афғонам.

Накардам бад, чаро аз ман гурезонӣ парипайкар,

Намо раҳме ба ҳоли ман, мадеҳ беҳуда озорам.

Нигар, ҷоно, даруни синаам холист ҷои ту,

Биё як лаҳза пешам шин, ки бошӣ рафъи хумморам.

Куҷо донӣ, ки аз дурии ту рангам хазон гаштаст,



©2015- 2017 stydopedia.ru Все материалы защищены законодательством РФ.