Сделай Сам Свою Работу на 5

Биёву то абад дар назди ман мон.

Париҷонам, париҷонам, париҷон,

Бароят ҷон диҳам, манро маранҷон.

Қади сарви ту бошад зеби бўстон,

Фидоят мекунам ҷонро, париҷон.

ДИЛОЗОР

Парешонам дар ин дунёи пурғам,

Ба дил дорам ҳазорон сўзу мотам.

Ба доми ишқи ту дармондаам ман

Набитвонам раҳо ёбам аз ин банд.

Гирифторам ту кардӣ, ай дилозор,

Зи дасти ту бидидам ҷабри бисёр.

Кунун рафтӣ, куҷо хомўш гаштӣ,

Ба кӣ ҳамдарду ҳамоғўш гаштӣ?

Ту назди дигаре донам, ки ҳастӣ,

Ҳамон аҳде, ки бо мо буд, шикастӣ.

Бикандӣ риштаи аҳду вафоро,

Дари умедро бар ман бубастӣ.

Надорад зиндагонӣ қадр бар ман,

Агар ту нестӣ, эй ёри беғам.

Биёву марҳаме бар ҷони ман шав,

Ки ин дил пора гашта, дида пурнам.

ОЗОДӢ

Хатои кардаамро бахш, ҷонам,

Ки тақдир аз азал карда нишонам.

Ба дунё одами беайб набвад,

Зи қисмат ин ҳама, ман хуб донам.

Паси як луқма мегаштам пасу-пеш,

Ки гардад зиндагонӣ беҳ каму беш.

Намегуфтам, ки розиқ ҳаст Аллоҳ,

Худамро мешумурдам розиқи хеш.

Ба роҳи каҷ қадам нодида мондам,

Бихўрдам пешпо, худро шинондам.

Сазои ман ҳамину чорае нест,

Зи фарзанду анисам дур мондам.

Нишаста гўш месозам, ки боре,

Ки шояд бишнавам з-онҳо садое.

Вале ҳайҳот, ҷуз овози дарбон,

Намеояд садои ошное.

Қарорам рафтаву қувват надорам,

Ки занҷирам канам, пешат бароям.

Худоё, раҳм кун бар ҳоли зорам,

Дари озодӣ бикшо аз бароям.

БО ДИГАРЕ ДИДАМ

Дилам хун шуд аз ин дунё,

Аз ин шўру аз ин савдо.

Худоё, ҷони ман бистон,

Ба наздат бар маро Яздон.

Каманди зулфи ту, ҷоно,

Ба дасти дигаре дидам.

Ниҳоли бахту уммедам,

Ба боғи нокасе дидам.

Саро по ҳасрату дардам,

Ба қалбам ҷо шуда мотам.

Агар чи зинда мегардам,

Бидон, ки бе ту мемирам.

МУҲАММАДҶОН

Ба набераи дўстрўякам

Туро, эй дўстрўяк, ёд кардам,

Бароят ин сухан эҷод кардам.

Даме чашмам бипўшам пешам ойӣ,

Ту ҷонам мерасӣ бар ёд ҳар дам.

Бароям беҳтарини ганҷҳоӣ,

Муҳаммадҷони манн, ту бебаҳоӣ.

Бихоҳам, ҷони бобо, ғам набинӣ,

Ки ту ҳосил зи умри бебаҳоӣ.

Чунон хушрўву зебоӣ, Муҳаммад,

Барои ман ту яктоӣ, Муҳаммад.

Ҳамеша некрў, зебо бимонӣ,

Ту дар ҷону дилам ҷоӣ, Муҳаммад.

Сад афсўсо, зи наздам дур ҳастӣ,

Бидонам ин замон ранҷур ҳастӣ.

Худоё, пеши дилбандам расонам,

Ба ҳам орандаи маҳҷур ҳастӣ.

БО ЁДИ МАН БОШ

Сароям аз бароят ман сурудам,

Ки шояд лаҳзае аз дил равад ғам.

Надонистам чу қадри боҳамиҳо,

Чи суд дорад кунун, ин сўзу мотам.

Ситам бар ман макун, эй бемуруват,

Чаро ин қадр ҳастӣ бе адолат.

Ба ҷуз ту мунису ёре надорам,

Агар дорам, бихон манро ту номард.

Нигоро, аз ғамат бемор гаштам,

Зи дуриҳои ту афгор гаштам.

Насими дур орад бўи мушкат,

Ба дидори рухат ман зор гаштам.

Ба ҳар ҷо бошӣ, ман ёди ту дорам,

Даруни сина фарёди ту дорам.

Ту ҳам бо ёди ман бош, эй азизам,

Туро ман бар Худоям месупорам.

ТУ БОШӢ

Назар кардам гулистону надидам,

Гуле зебо чу лабқанди ту бошад.

Тамоми рўи оламро бигаштам,

Надидам кас, ки монанди ту бошад.

Намехоҳам кунам ёд аз ҷудоӣ,

Ҳамегардам ба кўят чун гадое.

Шабамро дар фироқат рўз кардам,

Ки ҳамроҳи саҳар пешам дароӣ.

Чу офтоби саҳаргаҳ нур пошӣ,

Ҳамеша андар оғўшам ту бошӣ.

Зи лабҳои маҳинат бўса гирам,

Азизам, то ҷаҳон бошад, ту бошӣ!

ДИДОР

(Ба Умедҷони Истаравшанӣ)

Туро, эй модари ҷон, ёд кардам,

Ба номат ин сухан эҷод кардам.

Умеди ту будам дар зиндагонӣ,

Зи навмедӣ сухан бунёд кардам.

Худоё, сархаму тоқатпазирам,

Вале чун аз ҷудоиҳо нагирям.

Ки як фарзандаму дур аз диёрам,

Ба доми ҷабру зулмат ман асирам.

Зи шаб то рўз андар маҳбаси тор,

Ба як фикрам - фақат бо фикри дидор.

Ба кунҷе аз рафиқонам нишаста,

Ба ёдат гиря дорам, гиряи зор.

Гуноҳам чист, модар, ман надонам,

Ту донӣ, ай Худои меҳрубонам.

Агар будан мусулмон, ин гуноҳ аст,

Гуноҳи дигари худро надонам.

Чӣ дидам ман аз ин дунё, чӣ дидам,

Ба ҷуз нокомиву афсўсу мотам.

Худовандам маро фарзанд ато кард,

Вале сол аст ман ўро надидам.

Туро, модар, чи сахт аст бурдборӣ,

Зи ман вазнинтар ҳоле ту дорӣ.

Азобу ранҷҳо пират намудаст,

Шабу рўзона роҳам интизорӣ.

Умедат ман, ҳама дунё умед аст,

Худовандам ба мо сабр офаридаст.

Намо андак таҳҳамул, модари ҷон,

Ки поёни шаби торам сафед аст.

НАМЕНАМОӢ

Эй духтари хуҷандӣ, балоӣ,

Ҳам дар дилу дидаам ту ҷоӣ.

Чанд рўз, ки дар суроғат астам,

Пинҳон шудаӣ, намебароӣ.

Биё, як дам ба наздам, эй хуҷандӣ,

Магар чун ман асиру пойбандӣ?

Ба ҷуз ту дилбари дигар надорам,

Бихоҳам аҳди худ бо ман бубандӣ.

Биё, то лаҳзае бо ту нишинам,

Зи гулзори рухат гулҳо бичинам.

Ту армони манӣ, ту ғамбарорӣ,

Намехоҳам, ки дардатро бубинам.

Ҳамеша дар дилам ёди ту дорам,

Намонда тоқату сабру қарорам.

Биё, раҳме бикун бар ҳоли зорам,

Ба ҷуз ту дилбари дигар надорам.

Эй духтари хуҷандӣ балоӣ,

Андар дилу дидаам ту ҷоӣ.

Чанд рўз, ки дар суроғат астам,

Пинҳон шудаӣ, наменамоӣ.

ПЕШАМ НИШИН

Ай парии осмони беҳтарини беҳтарам,

Ошиқат гаштам азизам, меҳри ту шуд ҳосилам,

Ай муроди зиндагониям, ба ҳолам раҳм кун

Дил зи дастам дода, бо ёди ту гаштам ҳамқадам.

Ҳар шабе оӣ ба хобам, ҷони ман, то субҳидам,

Субҳ то шаб фикри дурии ту бошад дар дилам.

Дил ҳаме хоҳад, ки умре пеши ман бошӣ, вале

Даст кўтоҳ асту менолам кунун аз бори ғам.

Ман намедонам париӣ, ё ки ҳури осмон,

Як гули ноёфт ҳастӣ ту ба боғи ошиқон.

Васфи зебоии рўят дар ҷаҳон овоза шуд,

Пас чи сон гардӣ насиби ман ту, хушрўи замон.

Ҳар гаҳе абрўву миҷгони ту меояд ба ёд,

Дил бигардад пора-пора, рўзи ман бошад хароб.

Раҳм кун бар ҳоли зорам, як нафас пешам нишин,

Пас намонад дар дили мискини ман ранҷу азоб.

ЗИНДАГӢ

Боз як рўзе гузашт аз зиндагӣ,

Бо ҳазорон дарду бо ошуфтагӣ.

Сўзи ҳиҷрон мефишорад синаам,

Дида гирён аст аз ин дармондагӣ.

Боз бо ёди ту гаштам хунҷигар,

Дил ҳамехоҳад равад берун ба дар.

Он чунон талх аст дурӣ, талхи заҳр,

Рўзу шаб аз ҳаҷри ту хокам ба сар.

Рўзи нав сар мешавад, ғавғои нав,

Бо ғаму андўҳу бо савдои нав.

Нам шуда аз ашки чашмам бистарам,

Зам шавад бар дарди манн ғамҳои нав.

Эй Худо, аз умр навмедам макун,

Аз балою душман эминам бикун.

Ман надорам ғайри ту фарёдрас,

Бар аз ин пастию бар зинам бикун.

БЕҚАРОРАМ

Эй муроди зиндагонӣ,

Эй умеду орзу.

Гоҳ-гоҳе ёди мо кун,

Ди ёри ёратро бикун.

Бас, ки дуриат гарон аст,

Нестӣ фарёдрас,

Менависам сўзи дилро,

То шавам ман ёдрас.

Илтиҷо дорам расонӣ,

Номаамро, хаткашон.

То хабар ёбад Нигорам,

Аз мани бехонумон.

Ман надорам нозанинам,

Тоқати ҳаҷри туро.

Беқарорам, беқарорам,

Ҷони ширинам, биё.

ПАДАРҶОН

(Ба Фирдавс)

Шабе бигзашт, ман бедор ҳастам,

Зи сўзу мотамат бемор ҳастам.

Падардорӣ бувад давлат ба дунё,

Ту ______________рафтиву кунун ман хор ҳастам.

Ҳар он гоҳе туро бар ёд орам,

Ҷаҳонам мешавад торик он дам.

Наметонам фаромўшат намоям,

Ҷамолат пеши рўям ояд ин дам.

Фақат бо ёди ту ман менавозам,

Суруданҳои ту ман зинда созам.

Чунон талх, эй падарҷон, бе ту будан,

Ба оби дида дунё ғарқ созам.

Падарҷонам, ҷавон рафтӣ зи олам,

Ҳамеша фикри ту, ёди ту дорам.

Зи ман танҳо расад бар ту дуое,

Дари ҷаннат ба рўят боз хоҳам.

МОДАРАМ

(Ба Саидмунирхон мебахшам)

Модарам ҳар дам, ки ёдат мекунам,

Ашки чашмам худ ба худ дарё шавад.

Нест дар олам касе, ки пеши ман,

Қадри ў аз қадри ту боло шавад.

Оҳ, модар, ман кунун донистаам,

Аз ту дур афтода дар зиндони танг.

Ғайри ту дигар надидам ҳамдаме,

Ки маро бар ёд орад бедиранг.

Ман, ки фарзанди нахустини туям,

Меҳри ман беш аст дар руъёи ту.

Ту Мунирам ном мондӣ бо умед,

То мунаввар бошад ин дунёи ту.

Ҳеҷ надорам тарс аз зиндони тор,

Аз ғаму аз ранҷҳои бешумор.

Ёди ту ҳар дам маро гирён кунад,

Рўзи равшанро намояд шоми тор.

Як хато кардам, бубахшо, модаро,

Ин хато карда маро аз ту ҷудо.

Ман гунаҳгорам, вале гирёнӣ ту,

Кош Раб созад туро аз ғам раҳо.

Модарам, аз ман ту асло ғам махур,

Он чи мехурдӣ, аз он ҳеҷ кам махур.

Дар дилам ҳар лаҳза дар пеши туям,

Гарчи ин дам ҳастам аз назди ту дур.

Шукри он дорам, ки ҳастӣ, модарам,

Ганҷи ман бошӣ, ту дурру гавҳарам.

Гар Худо хоҳад, зи зиндон вораҳам,

Як арўсе ҳадя бар ту оварам.

То бигардад баҳри ту ў дастёр,

Бар падар гардад чу духтар меҳрдор.

Аз ҳама ғамҳо раҳо созам туро

Рўзу шаб дар хизматат гирам қарор.

ДОДИ ЗИНДАГӢ

Хуб мешуд гар ниҳоли бесамар мебудаме,

Аз азал дар ин ҷаҳон ман дар ба дар мебудаме.

Шуд хазон умрам ба фикри хонаву фарзандҳо,

Гар намебуд ин ҳама ман бехабар мебудаме.

Эй Худоё, аз чӣ ин ҷабру ситам бар ман раво,

Сол ба панҷо рафт ҳоло ҳам шабу рўзам сиё.

Бо кӣ гардам ҳамнафас, ў пешпоям медиҳад,

Бо кӣ ҳамроҳӣ кунам, месозадам ў бенаво.

Он қадар моле, ки сарф кардам ба ёру дўстон,

Ман худамро мешумурдам Ҳотами Тойи замон.

Ҳар замон мегуфт манро завҷаам аз сўзи дил,

Сарфи беҳуда надорад хосият инро бидон.

Буда ёронам шабу рўзона меҳмони дарам.

Ҳеҷ танҳоям намемонданд ҳамчун чокарам.



©2015- 2017 stydopedia.ru Все материалы защищены законодательством РФ.