Сделай Сам Свою Работу на 5

Чи сон ман орзуи васл созам

Васфи ту аз арш боло мебарам.

МАҲБАСНОМА

Садои қулфи дар аз нав баромад,

Ба наздам посбон бозам даромад.

Худоё, ин чи сон доми бало буд,

Ситам омад, раҳоиям наёмад.

Накардам ман гунаҳ, ёрон, накардам,

Вагар кардам, ҳазорон тавба кардам.

Навишта сўзи дил болои коғаз,

Ба даргоҳат, Худоё, навҳа кардам.

Агар чи маҳбасиям, одам астам,

Вале ҳайрон зи шарри олам астам.

Накардам фикри фарзандони дилбанд,

Фитода дар балову дар ғам астам.

Кунун бояд хамўшӣ пеша кардан,

Илоҷи кори худ андеша кардан.

Худоё, аз бароям ту раҳимӣ,

Намо роҳи сабурӣ пеша кардан.

Макун сархам ба пеши душманонам,

Намо раҳме ба ҳоли кўдаконам.

Худоё, ҷуз ту ҳамрозе надорам,

Ки пешаш рози дил бикшода монам.

БИЁ, ЛАЙЛО

Зи ҳаҷрат дил пурафғонам, биё, Лайлои ман, боз о,

Ба роҳат дида гирёнам, биё, Лайлои ман, боз о.

Шабу рўзона месўзам, ба роҳат дида медўзам

Ба шамъи хирае монам, биё, Лайлои ман, боз о.

Ба зиндонам, набитвонам биёям назди ту, ҷонам,

Ту озодӣ, азизи дил, биё, Лайлои ман, боз о.

Садои дилнавози ту, нигоҳи пур зи нози ту,

Даво бошад ба ҳар мушкил, биё, Лайлои ман, боз о.

Наоӣ гар ту мемирам, бубин дар пой занҷирам,

Асирам ман, асирам ман, биё, Лайлои ман, боз о.

Биё, то бо ту бошам ман, дилам гирад даме ором,

Ҳавои тоза гирам ман, биё, Лайлои ман, боз о.

Биё, шинам ба паҳлўят, бимонам сар ба зонуят,

Равам хобу туро бинам, биё, Лайлои ман, боз о.

Фироқат карда беморам, сукутат карда афгорам,

Гули васли ту кай чинам, биё, Лайлои ман, боз о.

ПАДАРҶОН

Ин саҳар вақти намозам зора кардам бар Худо,

То ки бошам, қиблагоҳам, ҳар нафас пеши шумо.

То бигардам дастёру меҳрубону ҳамнафас,

То ки бошад бар сарам дасти пур аз меҳру сахо.

Ёд кардам ман, падар, он рўзҳои боҳамӣ,

Гирди дастархон нишаста сўҳбати бомуддао.

Рафта хоб аз дидагонам бо ғаму садҳо алам,

Менависам номаи ҳиҷронам аз баҳри шумо.

Бо дилам наздик ҳастам бо Шумову бо Худо,

Гарчи қисмат дур кардам аз канори босафо.

Ё Худоё, кай шавад то боз пеши ҳам шавем,

Ман, ки ҳастам як писар, як эркатулфори шумо.

ПАРИЗОД

Гули хонадон туӣ,

Хуршеди тобон туӣ

Баҳри дадот ягона,

Мўнису дармон туӣ.

Падар туро меҳрубон,

Модар туро пуштибон.

Бобою бибиҷонат,

Баҳри ту афсонахон.

Асло ғама набинӣ,

Дасти кама набинӣ.

Ба сад дароӣ, ҷонам,

Чашми нама набинӣ.

Шаҳду шакар Паризод,

Зодрўзат муборак бод.

Шамъи фурўзон туӣ,

Ҳаргиз нурат кам мабод.

МАҲЛИҚО

Парии ту париву маҳлиқоӣ,

Чаро ки нисфи шаб дар хобам оӣ.

Ба даргоҳи Худоҷон нола дорам,

Ки рўзе беибо пешам дароӣ.

Нигоро, шафқату раҳме надорӣ,

Чаро бар аҳди худ ноустуворӣ.

Фироқат карда ноҷўрам, азизам,

Бисўзам дар ғамат, парво надорӣ.

Тараҳқум кун, ало зебо нигорам,

Биё, як дам ба бедорӣ канорам.

Ба як дидор ҳуснат кам намешад,

Қасоси зиндагӣ аз ту барорам.

ДЎСТИ ҶОНӢ

Намози шом шуд, дилгир ҳастам,

Бародар, аз забар дар зер ҳастам.

Садои дилнавозат ёдам омад,

Биё, аз дурият ҷонсер ҳастам.

Бародар, ой, дар оғўш гирам,

Сухан кун то ҳама дар гўш гирам.

Тамоми касс фаромўшам шуда лек,

Ба ёди сўҳбатат хомўш гирям.

Агар, ки дўстон бошанд нонӣ,

Ва ё бошанд ёрони забонӣ.

Барои мову ту дахле надорад,

Тамоми умр мебошем ҷонӣ.

УМЕДИ ДИДОР

(Ба Сўҳроб)

Шамол омад шамоли Истаравшан,

Шунидам қиблагоҳ омад ба дидан.

Зиёрат омадӣ, манро надидӣ,

Ба пушти дар нишаста бо умедӣ.

Зиёрат омадӣ, гаштам гунаҳкор,

Ки ҳаққи ман бувад рафтан ба дидор.

Илоҷе нест, ман чора надорам,

Ки занҷирам канам, пешат бароям.

Маро бо ростӣ ту парваридӣ,

Азобе аз барои ман кашидӣ.

Ниҳоли киштаат чун бор овард,

Туро навмед карду хор овард.

Ба айби худ нагаштам ман гунаҳкор,

Нашояд, ки зи фарзандат кунӣ ор.

Чи кардам ман, ба роҳи рост кардам,

Раҳи динӣ ба худ ман боз кардам.

Нашав ту ноумед асло падарҷон,

Ки одам бо умед, навмед шайтон.

Худо хоҳад, бубинем якдигар боз,

Шаванд дарҳои маҳбасхонаҳо боз.

МОДАР

(Ба Собир)

Модаро, бо ёди ту сар мекунам,

Аз ту дур афтода ин ҷо номаам.

Нест ғайри ту ба дунё одаме,

То хабар бошад зи сўзу нолаам.

Ҳам падар будӣ, маро ҳам модарам,

Ҳар даму ҳар гоҳ будӣ дар барам,

Дар раҳи пурпечутоби зиндагӣ,

Ҳам муаллим будиву ҳам ёварам.

Бо умеду орзуи беканор,

Кардӣ манро пеши мардум хонадор.

То ки бошам ман сутуни хонаат,

То ки донам беш қадри рўзгор.

Рафт бар бод орзуят модарам,

Аз қазо омад балое бар сарам.

То шудам манн аз канори ту ҷудо,

Ҳуҷраи маҳбас гирифт андар барам..

Собирам ту ном мондӣ, сабр кун,

Амри тақдир шуд ҳама, андеша кун.

Модаро, покам ба назди кирдугор,

Меравам наздат, таҳаммул пеша кун.

ПАНДИ РЎЗ

Аҷаб дунё пурасрор аст,

Ба гетӣ одамӣ хор аст.

Якеро бахту давлат ёр,

Дигар мазлуму нодор аст.

Агар бошӣ ту сарватманд,

Ба ҳар ҷо ҳурматат созанд.

Надорӣ илм, шарте нест,

Туро хонанд донишманд.

В-агар нодорию сархам,

Нагўяндат туро одам.

Набошад қадрат аз саг беш,

Ки соҳиб дораду ҳамдам.

На меҳре бар ако, додар,

На ҳурмат бар падар, модар.

Ба хонат аблаҳон меҳмон,

Азизонат ба пушти дар.

Дар ин дунё, ки меҳмонӣ,

Бисотат бар касон монӣ.

Накарди тоату некӣ,

Надорад суд пушаймонӣ.

ЁД ДОРӢ?

Ёд дорӣ, рўзи занги охирин,

Паҳлуи ҳам роҳ мерафтем мо.

Ҳарду биншаста лаби дарёи шўх,

Аз муҳаббат роз мегуфтем мо.

Дар лаби дарё нишаста рўи санг,

Бўсаи аввал зи ту бистондаме.

Сар ба зонуят ниҳода, ай парӣ,

Қиссаҳои ошиқият хондаме.

Аҳд кардӣ то абад бошӣ зи ман,

Оҳуи манн, кабки хушрафтори ман.

Рафтӣ аҳдатро шикастӣ, бевафо,

Ёри нав бигрифтӣ ағёри ман.

Оҳ, меояд садои ёр-ёр,

Ту арусиву шаҳи ту дигар аст.

Бахт мехоҳам туро дар зиндагӣ,

Гар чӣ бахти ту сияҳрўзи ман аст.

БА РАИСЕ

Рафта раисӣ аз даст,

Афтода раис ба даст.

Корҳо ҳама расво шуд,

Раис ба маҳбас ҷо шуд.

Раис чӣ шуд ба шумо,

Фурўхтед заминҳоро.

Пулаша кардед пинҳон,

Бало шумо раисҷон.

Акнун авфро мепоед,

Ба ҳар фикру савдоед.

Зиқ нашавед, авф ку ҳаст

Лек раисӣ рафт аз даст.

Зиқ нашавед раисҷон,

Мебароед аз зиндон,

Чорвои ҷамъоварда

Мебароред ба майдон.

Раисиро партоед

Ба нафақа бароед,

Набераҳо гирифта,

Сайри кўча бароед.

Ин суханҳо шўхӣ аст,

Раисҷон, хафа нашав.

Лекин гапи маро гир:

Ба замин чақа нашав.

МЕМИРАМ

Нафасгирам, дилам пурғам,

Зи ҳаҷрат дидаам пурнам.

Ба ёдат зору беморам,

Наоӣ гар ту мемирам.

Висолат доруи дард аст,

Сукутат баҳри ман марг аст.

Даруни синаам сард аст,

Наоӣ гар ту мемирам.

Аҷаб маҳрўву зебоӣ,

Даруни қалби ман ҷоӣ.

Ту барноӣ, дилороӣ,

Наоӣ гар ту мемирам.

Биё, ҷоно, туро бинам,

Ба паҳлуят даме шинам

Зи рухсори ту гул чинам,

Наоӣ гар ту мемирам.

ДУХТАРИ ДАДО

Зебо духтар, кӣ бошад,

Ҷону ҷигар кӣ бошад.

Хандонаку дўстрўяк,

Ҷони падар кӣ бошад.

Хоҳам зуд шавӣ калон,

Ба боғча шавӣ равон.

Пеши дугонаҳоят,

Бошӣ ту шўху хандон.

Касал нашав, духтарҷон,

Дадот шавад саргардон.

Модарат ҳам зиқ шавад,

Гули хона - духтарҷон.

Фардо сайругашт барам,

Ба ту ман зоча харам.

Акнун вақти хоб шуда,

Хоб кун, ширин духтарам.

ЭЙ ДЎСТ

Эй ҷўра,хабар надорӣ аз ҳоли ман,

Аз чист намепурсӣ зи аҳволи ман?

Гар дўстиву қадри дўстӣ медонӣ

Бархезу биё, ба туст дидаи ман

Шабҳо ҳама торасту сафеди саҳар аст,

Аз дарди дилам ҷўраи ман бехабар аст.

Ё ки хабараш ҳасту намесўзад вай,

Дасташ банду ба фикру кори дигар аст.

То, ки ҳастам ҳар нафасат ёд кунам,

Аз дурии ту нолаву фарёд кунам.

Гар қисмати талх туро ҷудо кард зи ман,

Дар васфи ту достон эҷод кунам.

ИЛТИҶО

Чи кардам дар ҳаётам носазое,

Ки гаштам ман гирифтори балое.

Агар донам, ки тақдирам чунин буд,

Намерафтам зи ҷое то ба ҷое.

Намегуфтам дигар розам ба ҳар кас,

Агар донам, ки он кас душман аст.

Дареғо, ки забон бе устухон аст,

Ба ҳар як дўст чандин душманон аст.

Ҳазорон мардро мебинам имрўз,

Ки бо айби ду-се номард шиштаст.

Зи тақдир аст гўянд ин ҳама ғам

Ниҳоли қомати онон шикастаст.

Худовандо, Худованди кабирам,

Шабу рўз илтиҷоят мекунам ман.

Ки боре ин чунин номардҳо ҳам,

Дароянд маҳбас, гарданд маҳкам.

Биёянд хешҳошон баҳри дидан,

Ба пушти маҳбасу аммо набинанд.

Бифаҳманд ин чӣ сон талх аст зиндон,

Ба пеши халқ сарҳошон шавад хам.

ЯК НАСИҲАТ

Самар аз боғи кас фарзанд бошад,

Ниҳоли боғи мо ҳарранг бошад,

Чуноне ки ниҳолат парваридӣ,

Ҳамон ҳосил зи он боғат бичидӣ.

Агар фарзанд мехоҳӣ ҳунарвар,

Намо тарбияаш аз рўзи аввал.

Ду се сол андар ин кор дер монӣ,

Ту як умре бимонӣ ормонӣ.

Чу фарзанд аст дар пирӣ мададгор,

Ба хурдӣ боядат бошӣ ту ҳушёр.

Ниҳоли тар ба ҳар сў хам бигардад,

Нашояд, ки равад фарзанд раҳи бад.

Бикўшу нек фарзандат бимон ном,

Намо тарбияашро аз дилу ҷон.

Агар фардо шавад фарзанд арҷманд,

Ту ҳам дар байни халқ гардӣ баруманд.

В-агар фарзанди ту гардад дилозор,

Қабеҳ гардад бигардад мардумзор.

Туро хонанд лаънат ҳар замоне,

Равӣ аз ин ҷаҳон бе як нишоне.

ҶОНИ МАН

Сатрҳо аз ёд рафтанд,

Мисраҳо гашта хато.

Фикрҳо нимкора монда,

Мову ту гаштем ҷудо.

Ту атое аз Худоӣ,

Бар мани бехонумон.

Пас чаро аз ман ҷудоӣ,

Дилбари номеҳрубон?

Бевафо, раҳме надорӣ,

Ҳоли зори ман бубин.

Кабкосо мегурезӣ,

Ай нигори маҳҷабин.

Ист боре ман бубинам,

Қомати барнои ту.

Дарди ман ором ёбад,

Ҷони манн, яктои ту.

Бас кунун дигар надорам,

Тоқати ҷабру ҷафо.

Раҳм кун бар ҳоли зорам,

Хез бар пешам биё.

ПАРИҶОН

Париҷонам, париҷонам, париҷон,

Бароят ҷон диҳам манро маранҷон.

Қади сарви ту бошад зеби бўстон,

Фидоят мекунам ҷонро, париҷон.

Ту чун гул нозанину маҳҷабинӣ,

Намедонам, ки бо кӣ ҳамнишинӣ.

Зи лабҳои маҳинат бўса гирам,

Ҳамехоҳам, ки паҳлўям нишинӣ.

Париҷонам, париҷонам, париҷон,

Бароят ҷон диҳам манро маранҷон.

Ту худ як гавҳари бас бебаҳоӣ,

Зи дастам дур, ахтар дар ҳавоӣ.

Чи сон ман орзуи васл созам

Ки дар чашмам, нигорам, ноаёнӣ.

Ту хуршедӣ, ту моҳӣ, эй париҷон,

Дуоят мекунам, манро маранҷон.

Давои дарди ҷонсўзам ту ҳастӣ,



©2015- 2017 stydopedia.ru Все материалы защищены законодательством РФ.